Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта

Ё қиссае дар бобати он, ки чӣ гуна сокинони маркази ноҳияи Комсомолобод чӣ будани ободиро  омӯхтанд.

16 декабр дар Портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” матлаби назаррас ва хуб далелнокшудаи Михаил Петрушков “Сайёҳии дохилӣ дар даврони пандемия: “Доираи наҷот” ё “сароб дар биёбон” нашр шуд. Муаллиф иқтидори баланди рушди сайёҳиро қайд карда, пешниҳод кардааст, ки дурнамои рушди он тавассути муколамаи байни бахши хусусӣ ва давлатӣ баррасӣ гардад ва бо хавотирии одилона мегӯяд, ки пас аз анҷоми пандемия, дар оғози авҷи нави сайёҳӣ Тоҷикистон метавонад имконоти худро аз даст диҳад ва даромад аз сайёҳиро ба ҳамсоягон гузашт кунад.

Тибқи иттилои ВАО то моҳи сентябри соли 2020  зиёда аз 355 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд ва  ин 590,9 ҳазор нафар камтар аз ҳамин давраи соли 2019 аст. Аз шумори онҳое, ки ба Тоҷикистон омадаанд – 317,2 ҳазор нафар сайёҳон мебошанд, ки миқдори онҳо ба 63,2% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 аст.

Як сайёҳ дар кишвари “мизбон” чӣ қадар пул мегузорад?

Ба мафҳуми “хароҷоти сайёҳон” созмони байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ UNWTO ҳама гуна маблағи пулиеро ворид мекунад, ки сайёҳон барои омадану рафтан, меҳмонхонаҳо, таом, барои молҳо ва хизматрасониҳои берун аз кишвари иқомати худ сарф мекунанд. Аз ин рӯ, омори хароҷоти сайёҳии байналмилалӣ дар кишварҳои гуногун ва ҳаҷми маблағҳое, ки сайёҳони хориҷӣ мустақиман ё ғайримустақим ба рушди иқтисод ворид месозанд, кайҳо тадқиқшуда ва маълуманд.

Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта
Сайёҳдухтар аз Олмон. Акс аз А.Захватов

Инчунин маълум аст, ки фоидаи зиёдтаринро ба кишвари мизбон дӯстдорони шикори ҳайвоноти ваҳшӣ меоранд, ки гуруҳ-гуруҳ – бо наворбардорон ва аксбардорон, ронандагон ва муҳофизон меоянд. Масалан, як сайди шикорӣ ба мисли шохи гӯсфанди кӯҳии Марко Поло, ки дар куҳҳои Тоҷикистон ба даст омадаасту барои шикораш муҷаввизи гаронарзиш дода мешавад, арзиши ҳазорҳо долларро дорад.

Аз рӯи маълумоти Маркази таҳлилии назди ҳукумати Россия, сайёҳони хориҷӣ дар сафар ба ФР ба ҳисоби миёна 2 ҳазор евро мегузоранд. Аз чор як ҳиссаи ин маблағро хароҷот барои меҳмонхонаҳо, аз ду як ҳиссааш барои харҷи роҳ, аз панҷ як ҳиссашро хароҷот баро хӯрок ва боқимондаашро хароҷот барои истироҳат, вақтгузаронӣ ва дигар мақсадҳо ташкил медиҳанд. Ҳаҷми умумии пулҳое, ки сайёҳони хориҷӣ дар Россия соли 2017  гузоштаанд, аз ҷониби коршиносон 8,95 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Аммо бо ҳамин рақам Россия дар рӯихати кишварҳои дорои хароҷоти зиёдтарин барои сайёҳони хориҷӣ мақоми 34-умро ишғол намуд ва зиёда аз 80% даромади кишварро  танҳоо якчанд марказҳои ҷалби сайёҳон овардааст. Чун қоида, дар як меҳмонхонаи Россия гардишгарони хориҷӣ 2-3 шабро мегузаронанд ва ба хизматрасонии операторони сайёҳӣ муроҷиат накарда, тартиб додани барномаи сафари худро афзалтар мешуморанд.

Дар Тоҷикистон манзара каме дигаргун аст. Ва ширкатҳои сайёҳӣ, ки маблағашонро барои тарғиби хизматрасониҳои худ сармоягузорӣ мекунанд метавонанд барои шарикони россиягии худ рақобати ҷиддиро ба вуҷуд оваранд. Барои Тоҷикистон лозим намеояд, ки зебоиҳои табиат ва иншоотҳои мероси фарҳангиашро ба таври сунъӣ бисозад – дар ин бобат табиат ва одамони дар асрҳои гузашта зиндагикарда ғамхорӣ кардаанд. Танҳо мебояд инфрасохтори сайёҳиро ба вуҷуд овард – ва сайёҳ барои дидани кишвар меравад. Ҳатто баъзан ин чиз ҳам аз рӯи адолат нест – ба Дубай сайёҳон на барои дидани биёбон, балки барои назаре кардан ба иншоотҳои беназири дастисохти ду даҳсолаи охир мераванд.

Дар бораи иқтидори сайёҳии Тоҷикистон сухан гуфта, амалан ҳамаи коршиносон як ақида доранд, ки кишвар аллакай ҳозир метавонад ҳамасола на камтар аз 1 миллион гардишгарони хориҷиро қабул кунад. Коршиносон анҷоми солҳои 80-умро ба хотир оварда маҳз ҳамин шумораро ёдовар мешаванд, замоне ки аз пойтахти Тоҷикистон танҳо ба Маскав дар як рӯз 4 парвози хатсайри ҳаррӯза ва 1-2 парвози  хатсайри иловагии тайёраҳои бисёрҷояи ТУ-154 анҷом дода мешуд ва дар давраи тобистон на камтар аз ними сарнишинонро гардишгарон ва истироҳаткунандагон ташкил менамуданд..

Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта
Ҳавопаймои ТУ-154 ширкати ҳавоии Аэрофлот

Ба якдигар дурудароз қисса кардан  мумкин аст, ки бо кадом услуб “гардишгарони хориҷӣ”-ро шумурдан лозим аст, садҳо ҳазор собиқ сокинони Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Россияро гирифтаанду ба назди волидонашон ба меҳмонӣ омадаанд, сайёҳ номидан мумкин аст ё не. Дар бобати он ки ҳазорҳо хизматчиёни хориҷии Сафоратҳо,созмонҳои байналмилалии Тоҷикистон ва оилаҳои ононро сайёҳ номидан мумкин аст, баҳс кардан имконпазир аст. Аммо мантиқ мегӯяд – ин хориҷиён на он табақаи сайёҳони “хориҷӣ”-янд, ки ба монанди Порис, Рим ва Венется ба иқтисоди кишвари қабулкунанда сармоягузории назаррас ворид месозанд.

Дар ҷомеаи коршиносӣ чунин қабул шудааст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки нархи маҳсулот хеле пасттар аз қисми аврупоии Россия аст, ҳамчунин дар кишварҳои Аврупо сафар карда, ҳар як сайёҳи хориҷӣ дар як ҳафтаи меҳмон шудан дар он кишвар  то 1 ҳазор доллар мегузорад. Тибқи натиҷаҳои пурсише, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар байни операторони сайёҳӣ гузаронидааст, гардишгари хориҷӣ ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон дар муддати 6-12 рӯзи истодан $800- $1200-ро харҷ мекунад ва ин маблағ аслан аз рақамҳои миёнаи ҷаҳонӣ хеле камтар аст.

Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта
Нуробод. Акс аз Drom.ru

Ҳаҷми асъори хориҷие, ки Тоҷикистон аз сайёҳии хориҷӣ қабл аз пандемия дар соли 2018 гирифтааст, 15,3% даромади умумии содиротиро ташкил додааст. Ва агар ҳадди аққал 100 ҳазор сайёҳони хориҷии на “қалбакӣ”, балки воқеӣ ба кишвар биёянд, онҳо ҳадди аққал 100 миллион доллар – як қисми хеле муҳими буҷаи давлатӣ ва ММД-и кишварро дар ҷумҳурӣ хоҳанд гузошт. Даромади зиёдтаринро барои Тоҷикистон гуруҳҳои зиёди шикорчиён дар Помир намеоранд, балки сайёҳони зиёди хориҷӣ дар сафарҳои саросари кишвар, осорхонаҳо, бозорҳои хӯрокворӣ, дӯконҳои антиқа ва армуғонҳо, ҷойҳои истироҳату фароғат ва табобат асъорро дар кишвар мегузоранд

Имрӯз, вақте ки дар натиҷаи пандемия соҳаи сайёҳии Тоҷикистон зарбаи эҳсосшаванда хӯрдааст, ба операторони сайёҳии тоҷик лозим меояд, ки барои барқарор кардани талафот чандин сол шадидан кор кунанд. Ҳамчунин далелҳои то имрӯз номаълум дар бораи таърихи на чандон дури Тоҷикистони замони ИҶШС нақл мекунанд, ки як замоне аз ҳамаи ҷумҳуриҳои бо “пардаи оҳанин” пӯшидашудаи Шӯравӣ даҳҳо ҳазор одамон кӯшиш  мекарданд, ки ба Тоҷикистон биёянд. Ҳар кас барои кори худ кӯшиш мекард – аз табиати зеботарини кишвари куҳӣ дидан кунад, бо кишвари Сомонӣ ва Рӯдакӣ ошно шавад, дар осоишгоҳҳои Тоҷикистон табобат гирад. Имрӯз ба ин чиз бовар кардан душвор аст, аммо як замон Тоҷикистон дар ҳақиқат чунин рӯзҳои хубро дида буд.

Хароҷоти хариди хаймаҳо ва тахтхобҳо дар як ҳафта рӯпӯш шуданд

Дар солҳои 1960-1980 дар Тоҷикистон дар назди чашмаҳои машҳури табобатии маъданӣ ва ҳароратии “Шоҳамбарӣ”, “Хоҷа Оби-Гарм”, “Обигарм”, “Гармчашма” ва ғ. осоишгоҳҳо ва хонаҳои истироҳатӣ бунёд шуданд. Роҳхатҳо барои истироҳат ва табобат нисбатан арзон буданд ва дар навбати аввал, миёни сокинони минтақаҳои Россия талаботи калон доштанд. Бо 303 рубл  маоши миёнаи даврони Шӯравӣ   арзиши як чиптаи тайёра аз Маскав то Душанбе 62 рубро ташкил мекард.

Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта
Соли 1990, толори ҳавопаймои мусофиркашонии ТУ-154М, хатсайри Душанбе-Москва, стюардесса Олга Илюшенко ба мусофирон шумораи нави рузномаи “Вечерний Душанбе”-ро пешниҳод мекунад

Хоҳишмандони истироҳат ва табобат дар Тоҷикистон дар навбати гирифтани роҳхатҳо меистоданд. Қуллаи сайёҳии хориҷӣ дар даврони шӯравӣ ба солҳои 1989-1990 рост меомад ва дар бораи далелҳои то ҳол номаълуми вуруди рекордии меҳмонон ба Тоҷикистон меарзад, ки муфассалтар нақл кунем.

Дар оғози соли 1990 дар рӯзномаи умумишӯравии касабавии “Труд” мақолаи дар нигоҳи аввал назарногире нашр шуд, ки  дар бораи муваффақиятҳои табобати як қатор бемориҳое, ки  табиб Алӣ бо гиёҳҳои куҳӣ табобат мекарду дар маркази ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) умр ба сар мебурд, қисса менамуд. Мақола шавқмандии зиёдеро ба вуҷуд овард, ба идораи дар Москва будаи рӯзнома ҳазорҳо номаҳо бо хоҳиши мусоидат барои рафтан ба пеши табиб ворид мешуданд. Номаҳо ба нуқтаи хабарнигории рӯзнома дар Душанбе ирсол карда мешуданд ва ҳангоме, ки шумораи онҳо аз 20 ҳазор гузашт ва ба ҷумҳурӣ талабгорони табобат бештар омадан гирифтанд, равшан шуд, ки бо ин анбӯҳи талабгорон бояд коре кард. Яке аз кооперативҳои Душанбе, ки хизмати иттилоотӣ мерасонид,  кори батанзимдарории сафар ба Тоҷикистон ва муайянсозии навбатро бар ӯҳдаи худ гирифт. Аллакай дар охири моҳи март ба он муяссар шуд, ки сели ҳазорон хоҳишманди сафари Душанберо ба тартиб овард,а то охири соли 1990 навбатпоиро ташкил намояд.

Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта
Хуш омадед ба Нуробод (пештара Комсомолобод)

Сокинони маркази ноҳия хуб дар ёд доранд, ки чӣ гуна аз баҳор то охири тирамоҳ ба Комсомолобод аз тамоми кишвари Шӯроҳо аввал даҳҳо ва сипас садҳову ҳазорҳо хоҳишмандон ба қабули табиб меомаданд. Ба онҳое, ки имкони гирифани  табобати гиёҳҳои шифобахши Қаротегини куҳӣ муяссар шуд, мегуфтанд, ки хоҳишманди боз чанд рӯзи истодан дар Тоҷикистон ҳастанд – мехоҳанд ба куҳҳои Тоҷикистон бароянд, ба осорхонаҳо раванд, таомҳои тоҷикиро тановул кунанд.

Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта
Ҳар касе, ки аз Комсомолобод (ҳозира Нуробод) боздид мекард, ҳатман ба чойхона барои хӯрдани таом меомад, аз дидани чанори садсола ва салқинии сояи он ҳаловат мебурд.
Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта

Ба хонаҳои сокинони Комсомолобод фаровонӣ омад. Меҳмонон дар маркази ноҳия ҳадди аққал 1-2 рӯз меистоданд. Дар рӯи ҳавлиҳо хаймаҳо гузошта мешуданд, айвонҳо сохтаву тахтхобҳо харидорӣ мешуданд, хароҷоташон танҳо пас аз чанд рӯз рӯпуш мешуд. Ба маркази ноҳия аз деҳоти наздик дегҳои бузург оварда мешуданд, ки дар онҳо барои мусофирон таом омода мекрданд. Коргоҳи нонпазии Файзобод дар се баст кор мекард ва нони болаззати Файзобод дар як шабонарӯз бо чандин мошинҳои нонкашон ба Комсомолобод фиристода мешуд.

Сокинони маркази ноҳия боз як усули даромад карданро ёфтанд – бо омадани тайёраҳо аз Маскав, Киев, Ленинград, Свердловск ва дигар шаҳрҳо ба фурудгоҳи Душанбе онҳо мошинҳои худро пешниҳод мекарданд ва ба зудӣ кооперативи мусофиркашониро таъсис доданд, ки барои давлат хеле манфиатовар буд. Одамон барои харидани масолеҳи сохтмониву бунёди хонаҳо ва харидани автомобилҳо маблағ пайдо карданд. Бо таасуфи зиёд барои сокинон, силсилаи муваффақияту даромадҳои бузургро оғози ҷанги шаҳрвандӣ қатъ кард.

Монеаи асосӣ маълум аст ва он пандемия нест…

Ҳамаи он мушкилотеро ки дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар оғози соли 2020 пайдо шуд, такроран гуфтану номбар кардан бемаъност, зеро онҳо аллакай маълуманд. Аммо вақте, ки сабаби харобгардии иқтисод ва соҳаи сайёҳиро пандемия мешуморанд, бо ин ақида баҳс кардан мумкин аст.

На танҳо баҳс кардан, балки бо тамоми итминон исбот кардан мумкин аст, ки пандемия абадӣ нест ва пас аз пандемия  беморону мизоҷони эҳтимолӣ аз кишварҳои ИДМ ба истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон зиёд мешаванд ва ба ин бояд омода буд. Тавре аз кори мақомоти давлатӣ фаҳмидан мумкин аст, дар ҳукумати Тоҷикистон инро хуб дарк мекунанд. Дар ду соли охир мақомоти Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ нисбат ба дигар бахшҳои иқтисод таваҷҷӯҳи зиёдтар кардааст. Аммо табиқи қарорҳо ва барномаҳои  тасдиқшудаи рушди сайёҳӣ ба таври пурра дар давраи таҳлилӣ шояд иҷро намешаванд ва сабабҳо чунинанд.

Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта
Манзараи шигифтангези Тоҷикистон. Нуробод. Акс аз Drom.ru

Сабаби асосие, ки Тоҷикистони сайёҳӣ ба ҳамсояҳояш дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон гузашт мекунад, ба ақидаи коршиносон,  нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз Россия ба Тоҷикистон мебошад, ҷое, ки ҳамеша мусофирони зиёд дорад. Фарқияти нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз Россия ба шаҳрҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба 50% мерасад, ки дар робита ба он қисми сайёҳони россиягӣ ба кишварҳои ҳамсоя парвоз анҷом дода, сипас ба Тоҷикистон бо автомобилҳо ворид мешаванд ва пулҳои худро дар кишварҳои ҳамсоя мегузоранд. Барои як чиптаи ҳавопаймо  аз як тараф 41 ҳазор рубли русӣ (зиёда аз 550 доллари ИМА)  пардохт кардан барои аксари сайёҳони россиягӣ ҳамеша гарон буд ва мемонад. Сафари гарми зимистонаи 6 рӯза ба Дубай ва ё Туркия бо ҳамин нарх барои як сокини Россия хеле ҷолибтар хоҳад буд. Хабарнигор ва коршиноси машҳури тоҷикистонӣ, Галим Фасхутдинов, ки дар оғози соли 2018 аз олам чашм пӯшид  бо тамоми итминон тасдиқ мекард: “ Ҳамаи гуфтугӯҳо дар бобати он, ки сайёҳӣ ва истироҳат дар Тоҷикистон барои русҳо ҷои Туркияро мегирад – ягон асосе надоранд. Барои сокинони Россияи сард истироҳат дар назди баҳри гарм дилписандтар аст, ки ба он ҷо бо нрархи арзонтаре нисбат ба Тоҷикистон рафтан мумкин аст”.

Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта
Гули Санг. Роҳ ба Сангвор (Тавилдараи пешин). Акс аз А.Захватов.

Гуфтан душвор аст, ки нархи парвозҳои ҳавоӣ дар Тоҷикистон дар давраи таҳлилӣ арзон мешавад ё не – нархи чиптаҳои ҳавопайморо ҳукумат не, ширкати ҳавопаймоӣ муқаррар мекунад. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаи коршиносии Тоҷикистон аллакай ду пешниҳоде пайдо шудаву фаъолона баррасӣ мегарданд, ки метавонанд вазъи вуруди асъорро аз сайёҳии хориҷӣ  ба хазинаи давлатӣ  воқеан дигару беҳтар созад.

Пешниҳоди аввал – ташкили сафарҳои махсус ба Тоҷикистон аз Русия ва шаҳрҳои кишварҳои ИДМ бо тахфифҳои назаррас дар чиптаҳои ҳавопаймо мебошад. Пешниҳоди дуввум – таъсиси як холдинги бузург дар Тоҷикистон аст, ки метавонад ширкати ҳавопаймоӣ, операторони бузурги гардишгарӣ ва соҳибони меҳмонхонаҳоро дар бар гирад. Ва он гоҳ ҳар як узви холдинг метавонад ҳиссаи худро аз даромад  ба даст оварда, нархи парвозҳои ҳавопаймоҳои сайёҳонро ба андозаи қобили қабул бирасонад.


Далер Ҷовидов

Оцените статью:

Ёддоштҳо дар бораи сайёҳии пешрафта Ё қиссае дар бобати он, ки чӣ гуна сокинони маркази ноҳияи Комсомолобод чӣ будани ободиро  омӯхтанд. 16 декабр дар Портали иттилоотӣ-таҳлилии “Нуқтаи назар” матлаби назаррас ва хуб далелнокшудаи Михаил Петрушков “Сайёҳии дохилӣ дар даврони пандемия: “Доираи наҷот” ё “сароб дар биёбон” нашр шуд. Муаллиф иқтидори баланди рушди сайёҳиро қайд карда, пешниҳод кардааст, ки дурнамои рушди […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *