Яроқи фаластиниҳо: “Ҳамос” бо чӣ шаҳрҳои Исроилро тирборон мекунад?

Сар задани муноқишаи нав байни гурӯҳҳои фаластинӣ дар навори Ғазза ва Исроил ба ҳарду ҷониб марг, ҳалокат ва азоб меорад – аммо дар таносуби хеле нобаробар. Зеро артиши Исроил дар муқоиса хеле пурқувват аст.

Нерӯҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳамлакунанда ва системаҳои ҷамъоварии маълумоти Исроил имкон медиҳанд, ки ҳадафҳо дар Ғаззаро бидуни монеа интихоб ва нобуд кунанд. Артиши Исроил итминон медиҳад, ки онҳо танҳо ба ҳадафҳои қонунӣ зарба мезананд, аммо ба далели зичии аҳолӣ дар навори Ғазза ва аз сабаби он, ки иншооти “Ҳамос” ва “Ҷиҳоди Исломӣ” дар шафати биноҳои ғайринизомӣ ҷойгиранд ва аксар вақт дар зербиноҳои онҳо пинҳон шудаанд, аз талафоти шаҳрвандӣ комилан ҷилавгирӣ кардан ғайриимкон аст. Дар баробари ин, “Ҳамос” ва “Ҷиҳоди Исломӣ” захираи хуби силоҳ доранд, ки бо он Исроилро зарба зада метавонанд. Онҳо дар ин набард имконоти гуногунро меозмоянд. Масалан, Исроилиён як ҳавопаймои бесарнишинро, ки эҳтимолан ҷангӣ буду аз Ғазза парвоз мекард, сарнагун намуданд. Илова бар ин, ба гуфтаи сухангӯи артиши Исроил, “як воҳиди элитаи Ҳамос” мехост тавассути нақби махфӣ вориди Исроил шавад – аммо исроилиён, зоҳиран, дар ин бора фаҳмидаанд ва, тавре ки сухангӯй гуфтааст, “нақбро тарконданд”. Ҳамчунин “Ҳамос” киштиҳои зериобӣ дорад, ки фосилавӣ идора мешаванд ва қодиранд то 50 кило маводи таркандаро барои зарба задан ба ҳадафҳои баҳрӣ дар худ ҷой диҳанд.

Аммо муҳимтарин силоҳи фаластиниҳо бешак мушакҳо – навъҳои гуногуни мушакҳои “замин- замин” аст.

Баъзеи онҳоро дар якҷоягӣ бо дигар силоҳҳо, ба монанди маҷмааи зиддитанкии “Корнет”-и истеҳсоли Русия ба эҳтимоли зиёд тавассути нақбҳо аз қаламрави Миср овардаанд. Аммо ҳам “Ҳамос” ва ҳам “Ҷиҳоди Исломӣ” бахши аъзами мушакҳои худро худашон тавлид мекунанд: онҳо дар навори Ғазза як маҷмааи калони тавлидӣ бунёд кардаанд, ки босуръат рушд мекунад ва хеле технологӣ аст.

Коршиносони исроилӣ ва хориҷӣ мӯътақиданд, ки Эрон дар эҷоди ин маҷмаа кумаки зиёд кардааст. Ҳоло, майдонҳои тавлид ва нигоҳдории мушакҳо бори дигар ҳадафи аслии артиши Исроил мебошанд. Фаластиниҳо чанд мушак доранд, маълум нест ва тахминҳои дақиқ ғайриимкон аст. Шояд ҳазорҳо. Маълум аст, ки артиши Исроил бояд баъзе далелҳоро дошта бошад, аммо онро бо мардум ошкор намекунад. Сухангӯи артиш танҳо мегӯяд, ки “Ҳамос”, ба гуфтаи онҳо, метавонад “ба муддати тӯлонӣ” ба сӯи Исроил тирандозӣ кунад.

Фаластиниҳо дар ихтиёри худ намудҳои гуногуни мушакҳоро доранд. Дар ин соҳае, ки дар солҳои охир босуръат афзудааст, ҳеҷ гуна моделҳои махсусан нав ва пешрафта ҳанӯз ёфт нашудаанд, аммо тамоюли пешравӣ ба афзоиши диапазон ва қудрати харобиовари мушакҳо ба назар мерасад. Бахши аъзами мушакҳои “Ҳамос”, ба эҳтимоли зиёд, мушакҳои “Қасам”- радиуси парвозашон ба масофаи то 10 километр, мушакҳои “Қудс”- радиуси парвозашон ба масофаи то 16 километр, системаҳои сершумори мушакии навъи “Град”- радиуси парвозашон ба масофаи то 55 километр, инчунин мушакҳои “Садҷилд”- радиуси парвозашон ба масофаи то 55 километр мебошад. Аммо “Ҳамос” боз мушакҳои дурпарвоз дорад: “М-75” – радиуси парвозаш то 75 километр, “Фаҷр” –  то 100 километр, “Р-160” – то 160 километр ва “М-302”  радиуси парвозаш то 200 километр. Яъне, “Ҳамос” метавонад ба Байтулмуқаддас, Тел-Авив ва тамоми соҳили сераҳолии Баҳри Миёназамини Исроил зарба занад.

Дар рӯзи сеюми ҷанг артиши Исроил хабар дод, ки аз 1000 мушакҳои “Ҳамос” тақрибан 200-тояш дар навори Ғазза афтодаанд. Шояд ин далели мушкилоти сифатии маҳсулоти маҷмааи саноати ҳарбии “Ҳамос” бошад, ки аз коргоҳҳои хурди парокандаи нимкасбӣ иборат аст.

Нерӯҳои дифоъи Исроил мегӯянд, ки 90% ҳамаи мушакҳои партофташударо системаи муҳофизатии “Гумбази оҳанин” (Железный купол) сарнагун намуданд. Дуруст аст, ки чанд муддат батареяи “гумбаз” дар шаҳри Ашкелон бинобар мушкилоти техникӣ аз кор монд. Яъне, “Гунбази оҳанин” бо ҳама имкониятҳои пешрафти худ ҳимояи комил аз мушакҳоро таъмин намекунад.

Аз ҳамлаҳои мушакӣ танҳо бо чанд роҳ дифо намудан имкон дорад. Метавон системаҳои зиддимушакиро ҷойгир кард, метавон ба анборҳо ва корхонаҳои васлкунии мушакҳо зарба зад, ҳамчунин метавон ба ҳуҷум гузашта, рақибро то ба масофаи бештар аз радиуси парвози мушакҳо ба қафо ронд. Аммо дар мавриди навори Ғазза ин имконнопазир аст. Ин яке аз заъфҳои фаластиниҳост – дар навори Ғаззаи хурд, ақибгоҳи амиқи стратегӣ вуҷуд надорад ва онҳо наметавонанд ақибнишинӣ кунанд.

Исроил метавонад барои фурӯ нишондани ҳамлаҳои мушакӣ амалиёти заминӣ анҷом диҳад. Аммо, тавре ки ҳуҷуми калони гузашта ба Ғазза дар соли 2014 нишон дод, арзиши чунин амалиёт бузург хоҳад буд. Он вақт 2251 фаластинӣ, аз ҷумла 1462 ғайринизомӣ, инчунин 67 сарбоз ва шаш ғайринизомии Исроил кушта шуданд.

Тамоми ин мушакпартоиҳо, зарбаҳои ҷавобӣ ва ҳуҷумҳо ба ҳеҷ натиҷа намерасонанд. Дар беҳтарин ҳолат, оромии муваққатӣ ба вуҷуд меояд. Барои ҳалли баҳси бисёрсолаи Исроил ва Фаластин иродаи ҷонибҳо ва талошҳои пайвастаи бозигарони беруна лозим аст. Аммо фаластиниҳо, чун ҳамеша аз ҳам ҷудоянд ва барои роҳбарияти ҳозираи Исроил ин мавзӯъ аслан афзалият надошт. Дар маҷмӯъ, заминаҳои пешравӣ ба сӯи сулҳи пойдор ҳоло ба назар намоён нестанд.

Холиқи Мухаммадназар

Оцените статью:

Яроқи фаластиниҳо: “Ҳамос” бо чӣ шаҳрҳои Исроилро тирборон мекунад? Сар задани муноқишаи нав байни гурӯҳҳои фаластинӣ дар навори Ғазза ва Исроил ба ҳарду ҷониб марг, ҳалокат ва азоб меорад – аммо дар таносуби хеле нобаробар. Зеро артиши Исроил дар муқоиса хеле пурқувват аст. Нерӯҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳамлакунанда ва системаҳои ҷамъоварии маълумоти Исроил имкон медиҳанд, ки ҳадафҳо дар Ғаззаро бидуни монеа интихоб ва нобуд […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *