Як танга фоидаю даҳ танга зарар

Ҳоло гармтарин моҳи сол – июл бошад ҳам, дар деҳоти мамлакат омодагӣ ба фасли зимистон оғоз шуда аст. Аксар  чорводорон бо ин мақсад коҳу хошок захира менамоянд. Маъракаи дигаре, ки деҳотиён аз он дил канда наметавонанд, аниқтараш даст кашидан намехоҳанд таппаккунист.

Агар имрўз ба деҳаҳо меҳмон шавед, ба ҷои нафас кашидан аз ҳавои тоза хоҳ-нохоҳ ба димоғатон бўи нохуши таппак мерасад. Наход дар асри XXI, ки асри илму нанотехнология аст, аз сўзишвории давраи ҷамъияти ибтидоӣ даст кашидан мушкил бошад? Илоҷи инро дар дигар кишварҳо кайҳо ёфта, аз порўи ҳайвонот биогаз мегиранд. Дар ин ҳолат самараи гармидиҳии порў даҳчанд зиёд шуда, пасмондаи порў ба нурии олидараҷа табдил меёбад.

– Порўи ҳайвоноту парандагон, партовҳои забҳхонаи чорво, пасмондаи сабзавот, буттаю баргҳо ва ҳар чизе, ки мепўсад, ашёи хоми биогаз ба шумор меравад. Биогаз дар таркиби худ 50- 87 фоиз метан, 15- 20 фоиз гази карбонат ва каме газҳои Н2 ва Н2S дорад. Агар биогазро аз СО2 тоза кунанд, биометан ҳосил мешавад, ки монанди гази табиӣ аст, – мегўяд доктори илмҳои химия Шамс Назаров.

Як танга фоидаю даҳ танга зарар
Заҳмати духтари деҳотӣ. Акс аз www.gazeta.uz.

Ҳоло зиёдтарин теъдоди таҷҳизоти биогаз дар Хитой мавҷуд буда, теъдодаш аз 50 миллион адад зиёдтар аст. Дар индустрияи биогази ин кишвар зиёда аз 70 ҳазор нафар кор мекунанд. Таҷҳизоти биогаз дар Ҳиндустону Ветнам, Непал, Шри Ланка ва дигар кишварҳо низ зиёданд.

Аз рўи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳ. Аҳмадов ва Ҳ. Каримов дар ҷумҳурӣ танҳо бо истифода аз порўи шумораи мавҷудаи чорво зиёда аз 10 миллион метри кубӣ биогаз гирифтан мумкин аст. Истеҳсоли биогаз дар мамлакат метавонад 5- 20 дарсади талабот аз ҳаҷми умумии гази табииро, ки Тоҷикистон қаблан аз хориҷа ворид мекард, қонеъ намояд. Пасмондаи истеҳсоли биогаз бошад, нурии дараҷаи олӣ буда, боиси ҳосилхезии заминҳо мегардад.

Ба ақидаи олимони соҳаи хокшиносӣ порўи ҳайвонотро аз таппак кардан дида, ҳамчун нурӣ ба замин бирезанд фоидааш беҳтар аст.

– Дар таркиби порў нитроген, фосфор, калий, калтсий ва дигар элементҳои барои зироатҳо зарурӣ зиёданд. Аз ин рў, порўро пўсонда, ба замин андохтан манфиати  бештар дорад. Илова бар ин порў қобилияти зиёд нигоҳ доштани гармӣ ва намиро дошта, структураи хокро беҳтар мекунад, -мегўяд номзади илмҳои кишоварзӣ Муродҷон Эргашев.

Як танга фоидаю даҳ танга зарар
Акс: mail.ru

Чанд сол пеш дар хоҷагии шахсии сокини деҳаи «Заргар»-и шаҳри Ваҳдат М. Одинаев бо дастгирии молиявии ташкилоти хориҷии INTAS ва кумаки олимони Институти физика ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти истеҳсоли гази биологӣ сохта шуд. Таҷҳизоти мазкур солҳои зиёд аз порў газ истеҳсол мекард, ки он барои тайёр намудани хўрок ва пухтани нон, инчунин истеҳсоли барқ тавассути генератори барқӣ истифода мешуд. Он бо риояи тамоми қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз гази табиӣ сохта шуда, ба манометр, сарпўшаки ҳифзкунанда, ҷумакҳои газӣ ва ғайра  муҷаҳҳаз гардидааст.

Ин таҷҳизотро дар ҳар як оилаи деҳот сохтан мумкин аст. Аммо сохтани он дар оғоз каме хароҷот дорад. Масалан, барои сохтани чоҳи бетонӣ ё харидани систернаи оҳанӣ, манометр, сарпўшаки ҳифзкунанда, ҷумакҳои газӣ, 10- 20 метр лўла (қубур)-и оҳанӣ маблағ лозим аст. Бо гузашти 3-4- сол хароҷоти мазкур пўшонида хоҳад шуд, вале маблағи аввалия барои деҳотиён гарон метобад.

Як танга фоидаю даҳ танга зарар
Таҷҳизоти украинӣ оид ба истеҳсоли биогаз. Акс аз Prom.ua

Ҳангоми таппак кардан, қисми зиёди гази метан ба фазо хориҷ мешавад. Метан 21 маротиба нисбат ба гази карбонат ба иқлим бештар таъсир мерасонад. Он дар атмосфера то 12 сол боқӣ мемонад. Аз тарафи дигар  ҳангоми таппаккунӣ пашшаи зиёд ба  гирду атроф паҳн мешавад. Замин низ аз нурии серғизо  маҳрум монда, дараҷаи ҳосилхезиаш паст меравад.

– Аз порўи як сар гов мувофиқи технологияи  биоэнергетикӣ соле  тақрибан  500 метри кубӣ биогаз ҳосил кардан мумкин аст. Ин баробари 350 литр сўзишвории шартӣ буда, имконият медиҳад, ки генератори тавоноияш 0,5 кВт бетаваққуф муддати як сол кор кунад, – мегўяд доктори илмҳои химия Ҳаким Аҳмадов.

Бори нахуст биогаз соли 1814 аз тарафи Дейви ном навовар аз порў гирифта шуд. Дастгоҳҳои истеҳсоли биогаз соли 1900 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон сохта шуданд. Соли 1895 биогазро дар Британияи Кабир барои равшан намудани кўчаҳо истифода бурданд. Баъдтар истеҳсоли биогаз дар Фаронса, Италия, ИМА, Белгия, Австрия, Швейтсария, Германия ва дигар кишварҳои пешрафта авҷ гирифт.

Хуб мешуд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта миёни сокинони деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, сохтани таҷҳизоти биогазро вусъат бахшем. Ҳадди ақал сарварони ҷамоатҳои деҳотро лозим аст, ки ба мардум фаҳмонанд, то порўро на ҳамчун таппак, балки ҳамчун нурии олидараҷа истифода баранд. Зеро фоидае, ки аз рехтани порў ба замин ҳосил мешавад, нисбат ба ҳамчун таппак истифода бурдани он даҳҳо маротиба бештар аст.

Сайфиддин СУННАТӢ

Оцените статью:

Як танга фоидаю даҳ танга зарар Ҳоло гармтарин моҳи сол – июл бошад ҳам, дар деҳоти мамлакат омодагӣ ба фасли зимистон оғоз шуда аст. Аксар  чорводорон бо ин мақсад коҳу хошок захира менамоянд. Маъракаи дигаре, ки деҳотиён аз он дил канда наметавонанд, аниқтараш даст кашидан намехоҳанд таппаккунист. Агар имрўз ба деҳаҳо меҳмон шавед, ба ҷои нафас кашидан аз ҳавои тоза хоҳ-нохоҳ […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *