Вазирон чӣ гуфтанд

Сарез ба мо таҳдид намекунад, тамошои силсилафилмҳои туркӣ хилофи ватанпарастист… Nukta.tj хабару изҳороти муҳиму ҳангомабарангезеро ҷамъ овард, ки дар нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои кишвар дар ҷамъбасти соли 2020 садо доданд.

Нуриддин Саид: Ман ватанпарварам

Дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ сардори он Нуриддин Саид нақл кард, ки Кумита то ҷашни Наврўз ба кор даровардани шабакаи «Илм ва табиат»-ро ба нақша дорад. Ў гуфт, масъалаи сармоягузорӣ ҳал шудааст, маблағҳои калон ҷудо гардидаанд ва таъмири бинову насби таҷҳизот идома дорад, қариб тамоми техникаи зарурӣ харидорӣ шудааст.

Ҳамчунин, ба қавли ў, вақтҳои наздик дар шабакаи «Тоҷикистон» шурўъ шудани якчанд барнома – “Фарҳанги точикон”, “Базми ханда”  ва ғайра дар нақша аст.

Нуриддин Саид дар идома гуфт, боз нақшаи рўи кор овардани барномаи ҳаҷвии «Нештар»-ро доранд, ки аз мушкилу камбудиҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нақл хоҳад кард ва ин ба ислоҳи камбудию мушкилот мусоидат мекунад.

Сардори Кумита ҳамчунин нақл кард, ки аз сабаби риоя нашудани қонунҳои соҳавии амалкунанда, ки тўли соли гузашта дар рафти тафтишҳо  ошкор карда шудааст, Маркази хизматрасонии «Каронфилм», шабакаи телевизионии «Анис» ва студияи «Суғдвидео» аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум гардиданд.

Бино ба суханони Н. Саид, айни замон дар кишвар 90 шабакаи телевизионӣ, радиоӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ амал мекунад. Аз ин миён 13 шабакаи телевизионӣ ва 10 шабакаи радиоӣ давлатӣ, 33 шабакаи телевизионӣ ва 22 шабакаи радиоӣ хусусӣ мебошад, инчунин 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъол аст. Фарогирии пахши рақамӣ аз 65,8%-и кишвар дар соли қаблӣ то ба 72% расонда шуд.

Рўзноманигорон пурсиданд, ки чаро дар шабакаҳои мо рўйдодҳои ҷиддии ҷумҳуриро бозтоб намедиҳанд, аммо агар, масалан, дар Австралия ба болои мошин дарахте афтад, гузоришро дар ин бора пахш мекунанд.

 «Ин хел нест. Масалан, мо ҳодисаҳоеро, ки дар ноҳияи Хуросон рўй доданд, пурра  иньикос намудем, дар бораи расонидани ёрӣ ба мардум аз тарафи ҳукумат, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ гузоришҳо омода намудем. Даҳҳо нафар ба мо барои ин миннатдорӣ изҳор намуданд».

Ба суол дар бораи намоиши филмҳои туркӣ дар шабакаҳои Тоҷикистон Нуриддин Саид чунин иброз дошт: «Назари ман ин аст, ки дар замони муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ кишварҳои абарқудрат бо ҳар роҳ фарҳанг, тарзи ҳаёту ҳаводиси таърихии худро, ки ба манфиати таъриху фарҳанги халқҳои майда нест, “экспансия” мекунанд. Мо бояд дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ маҳз бо арзишҳои миллӣ филмҳои худамонро таҳия кунем».

Раиси Суди олӣ: Исматулло Ҳаёев ва шарикони ў 80 млн сомонӣ кредитҳоро тасарруф кардаанд

Судҳои кишвар соли гузашта 561 парвандаи марбут ба ҷиноятҳои коррупсиониро баррасӣ намуданд. Дар ин давра 471 парванда доир ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор низ аз тарафи судҳо дида баромада шуд, хабар дод 8 феврал дар вохўрӣ бо рўзноманигорон раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.

Тибқи гуфтаҳои ў, дар Тоҷикистон дар соли 2020 судҳо 609 парвандаи маъмуриро оид ба нақзи Қонун «Дар бораи танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ» мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи мурофиаҳои судӣ барои вайрон кардани меъёрҳои қонуни мазкур 600 шаҳрванд ба маблағи умумии 2,6 млн. сомонӣ ҷарима шуданд.

Роҳбари Суди олӣ ҳамчунин шарҳ дод, ки чаро писари сарвазири Тоҷикистони замони шўравӣ Иззатулло Ҳаёев, роҳбари ширкати ХИМА Исматулло Ҳаёев ҷазои судӣ гирифт.

Ў гуфт, маълумоти қаблан паҳншуда дар хусуси он, ки Исматулло Ҳаёевро ба 8 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум намуданд, ба ҳақиқат мувофиқ нест. Нисбати Исматулло Ҳаёев Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мувофиқи моддаи 246 КҶ ҶТ (тасарруфи маблағҳое, ки ҳамчун кредит дода шудаанд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Исматулло Ҳаёев ва се шарики ў зиёда аз 80 миллион сомонӣ қарзҳоро, ки аз «Агроинвенстбонк» гирифтанд, тасарруф кардаанд, гуфт дар идома Шоҳиён.

Раиси Суди олии Тоҷикистон шарҳ дод, ки сокини 80-солаи ноҳияи Рўдакӣ Дониёр Набиевро барои чӣ маҳкум намуданд. Бино ба суханони ў, Набиев барои экстремизм ва маблағгузории терроризм 7 сол ҷазо гирифт.

 Ш. Шоҳиён ба ин маънӣ ибрози назар кард, ки бисёр касон менависанд, мўйсафедро беҳуда суд кардед, аммо Набиеви 80-сола тибқи моддаи 307.3 КҶ ҶТ ба ташкил намудани фаъолияти ташкилоти экстремистӣ айбдор дониста шуд ва пиронсолӣ аз ҷавобгарии судӣ озод намекунад. Адвокатҳои Д. Набиев аз ҳукми суди ноҳияи Рўдакӣ ба Суди олӣ эътироз баён намудаанд ва суд ба зудӣ шикояти кассатсионии онҳоро баррасӣ мекунад, гуфт ҳамчунин раиси Суди олӣ.

Сардори БМТ: Қарзи бонкҳо – зиёда аз 1 млрд. сомонӣ

Бонкҳои мушкилидори Тоҷикистон, ки дутои онҳо дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, соли панҷум боз наметавонанд бо муштариёни собиқи худ ҳисобӣ намоянд, иттило дод сардори Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе. Қарзи муштараки ин бонкҳо назди амонатгузорон ба ҳоли ҷорӣ аз 1 миллиард сомонӣ (наздики 90 миллион доллари ИМА) зиёд аст.

Ба қавли Холиқзода, ба ин бонкҳо фурўхтани моликият дар ҳаҷме муяссар намегардад, ки барои пас додани пулҳои ҳамаи амонатдорон кифоя бошад.

Вазирон чӣ гуфтанд
Ҳоким Холиқзода

Ў қайд намуд, ки айни замон қарзи пардохтнашудаи «Агроинвестбонк» 662 млн. сомонӣ,  «Тоҷиксодиротбонк» 344 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» 50 млн. сомонӣ, «Фонобонк» 5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми интиқолҳои пули шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон, мувофиқи суханҳои роҳбари Бонки миллӣ, дар соли 2020 6,3% коҳиш ёфт. Ў ҳамчунин ёдрас кард, ки соли 2019 ҳаҷми ин навъ интиқолҳо баръакс ҳамин андоза зиёд шуда буд. Сабаби кам шудани интиқолҳоро дар соли гузашта раиси БМТ пандемия гуфт, ки дар оқибати он сарҳадҳо баста шуданд ва муҳоҷирони меҳнатӣ натавонистанд ба хориҷ аз кишвар сафар намоянд.

Аз танзимгари тоҷикистонӣ, мисле ки пеш ҳам дида мешуд, оид ба интиқолоти пулӣ нишондодҳои дақиқ пешниҳод накарданд. Аммо Бонки марказии Россия тирамоҳи соли гузашта хабар дода буд, ки ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ба ҷумҳурии мо дар 9 моҳи соли 2020 ба $1 млрд. 224 млн. расид, ки ин қариб 37% камтар аз нишондоди ҳамин давраи соли 2019 аст.

Вазири меҳнат: Россия ба парвозҳо пас аз омўзиши вазъ дар Тоҷикистон иҷозат медихад

Ҳукуматдорони Россия омодаанд парвозҳои доимии ҳавопаймоҳоро миёни ФР ва ҶТ танҳо пас аз омўзиши ҳолати эпидемиологӣ дар Тоҷикистон аз сар гиранд. Аз ин хусус вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон Ширин Амонзода дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе рўзи 11 феврал гуфт.

Роҳбари Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Россия, ки 8-9 феврал дар Москва доир гардид, ширкат варзид.

Ҷониби Россия гуфт, ки барои баҳо додан  ба вазъи эпидемиологии Тоҷикистон комиссия равон мекунад, мувофиқи натиҷаҳои сафари комиссияи мазкур тасмим оиди роҳ додани шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвар гирифта мешавад, қайд намуд Ширин Амонзода.

Россия ва Тоҷикистон алоқаи ҳавоии мунтазамро муваққатан қатъ намуда, фурудгоҳҳои худро аз 20 марти соли 2020 ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бастанд. Моҳи июн баровардани тоҷикистониҳои дар хориҷа, аз ҷумла дар Россия дармонда тариқи парвозҳои чартерӣ шурўъ шуд. Феълан даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз имкони ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия сафар кардан маҳрум мемонад.

Ширин Амонзода таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави сироятёбӣ бо COVID-19 ба қайд гирифта нашудаанд. Бино ба гуфтаҳои ў, Вазорати меҳнат аз ширкатҳои россиягӣ дархостҳои сершумор барои фиристодани муҳоҷирон гирифтааст, аммо айни замон ин аз сабаби баста будани марзҳо ва манъи вуруд ба ФР ғайриимкон мебошад.

Сардори КҲФ: Хавфи кандашавии кўли Сарез вуҷуд надорад

Сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода дар рафти нишасти матбуотии 11 феврал изҳор дошт, ки кўли Сарез дар Тоҷикистон таҳти назорати доимии мутахассисони тоҷик қарор дорад ва ҳеҷ сабабе барои ҳарос доштан аз кандашавии эҳтимолии дар оқибтаи офатҳои табиӣ вуҷуд надорад.

Ў гуфт, дар назди кўл низоми огоҳии барвақтӣ насб карда шудааст, ки шабу рўз тамоми тағйиротеро, ки дар мавзеи кўли номбурда, аз ҷумла дар қаъри он ба амал меояд, назорат мекунад.

Вазирон чӣ гуфтанд
Рустам Назарзода

Назарзода таъкид намуд, бо назардошти он, ки низоми огоҳии барвақтӣ соли 2004 насб карда шуд ва соли 2005 ба истифода дода шуд, ба ҳоли имрўз он кўҳна шудааст. Дар робита ба ин дар ҳамдастӣ бо Бонки осиёии рушд тасмим гирифта шуд, ки барои васеъ намудани низоми мониторинги огоҳии барвақтии ин кўл маблағ ҷудо карда шавад. Баъд аз ин лоиҳае омода карда шуд, ки амалӣ кардани он соли гузашта оғоз ёфт.

Арзиши дастгирии техникӣ барои низоми мониторинги кўли Сарез 750 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, сардори КҲФ хабар дод, ки соли 2020 дар дарёву ҳавзҳои Тоҷикистон 107 нафар ғарқ шуданд. Кормандони КҲФ дар давраи ҳисоботӣ 55 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Боз 8 нафари дигар дар оқибати ҳолатҳои фавқулода ҳалок гардиданд – 4 нафар дар пайи фаромадани сел, 2 нафар аз зарбаи раъду барқ, 2 нафари дигар зери тарма мондаанд.

 «Соли 2020 дар кишвар 213 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс бо соли 2019 467 ҳолат камтар аст»,- иттило дод Рустам Назарзода.

Nukta.tj

Оцените статью:

Вазирон чӣ гуфтанд Сарез ба мо таҳдид намекунад, тамошои силсилафилмҳои туркӣ хилофи ватанпарастист… Nukta.tj хабару изҳороти муҳиму ҳангомабарангезеро ҷамъ овард, ки дар нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои кишвар дар ҷамъбасти соли 2020 садо доданд. Нуриддин Саид: Ман ватанпарварам Дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ сардори он Нуриддин Саид нақл кард, ки Кумита то ҷашни Наврўз […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *