Варзиш ва тиҷорат. Чӣ гуна метавон варзиши тоҷикро болонишин ва фоидаовар кард?

Дар бисёр кишварҳо варзиш як бахши тиҷорати бузург шудааст ва на танҳо барои варзишгарону сарпарастон, балки ба давлат ҳам даромади калоне меорад. Ба варзиши тоҷик чӣ халал мерасонад, ки ин гуна натиҷаҳоро соҳиб шавад?

Миллиардҳои футбол, андоз ва ҷойҳои корӣ

Имрӯз варзиш – на танҳо мусобиқаи варзишгарон, медалҳо ва рекордҳост. Ҳамасола намудҳои оммавии варзиш ба қаҳрамонони он, федератсияҳо ва сарпарастони он даромадҳои бузург меоранд. Қисми зиёди “кулчақанди бузург” ба буҷаи давлатҳое ворид мешавад, ки дар он ҷо варзишгарон ва клубҳои варзишӣ баромад мекунанд.

Маъмултарин намуди варзиш дар ҷаҳон – футбол имрӯз яке аз муваффақтарин лоиҳаҳои тиҷоратӣ аст, ки ба ширкаткунандагони он миллиардҳо доллар меорад.

Масалан, клуби футболи маскавии ССКА аз иштирок дар мусобиқаҳо барои ба даст овардани Ҷоми Аврупо зиёда аз 94 миллион евро мукофотпулӣ ба даст овардааст. Тими “Спартак”-и Москва бошад, дар мавсими 2018/19 бо барномаи чиптавӣ наздики 1 миллиард рубл кор кардааст.

Ширкати CIES Football Observatory, ки қароргоҳаш дар Швейтсария аст, ба наздикӣ ҳисоботи фаъолияти интиқолии клубҳои лигаҳои пешрафтатарини Аврупоро аз соли 2010 ба нашр расонд. Раддабандии клубҳое, ки зиёдтар аз ҳама аз интиқолот даромад ба даст овардаанд, ҷолиб аст. Дар мақоми аввал “Монако”-и фаронсавиҳо ҷой гирифт, ки қариб миллиард евро (950 миллион) даромад кардааст.

Ширкати байналмилалии машаваратии Pricewaterhouse Coopers дар бобати он гузориш пешниҳод намудааст, ки футболи ҳирфаӣ дар бахши иҷтимоиву иқтисодии Испания чӣ нақше дорад.

Бино бар ин тадқиқот, футбол ба кишвар наздики 200 ҳазор ҷои корӣ муҳайё кардааст. Ба маблағи зиёда аз 4 миллиард евро андозҳо пардохт шуда, гардиши маблағҳо 15 миллиард евро ва ё 1,5 %  ММД-и Испанияро ташкил медиҳад.

Варзиш ва тиҷорат. Чӣ гуна метавон варзиши тоҷикро болонишин ва фоидаовар кард?
Тими яккачини Испания – қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2010.

“Ин иттилоъ нақши азими иҷтимоӣ ва молиявии футболи ҳирфаиро дар кишвари мо ва ҳамин тариқа, аҳамияти қабули қарорҳои салоҳиятнок ва оқилонаро дар тамоми он чизе, ки ба соҳа дахлдор ва барои ҷомеаи мо ниҳоят муҳим аст, тасдиқ мекунад”, – гуфт ба расонаҳои испанӣ роҳбари собиқи Ла Лига Хавйер Тебас.

Дар кишвари мо чӣ гуна аст?

Имрӯз Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи бекорӣ мушкилоти зиёде дорад. Ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар маҷбур мешаванд, ки оилаҳои худро гузошта ба  муҳоҷират бираванд.  Айни ҳол мисоли нақши футболи испанӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии давлат, дар ҳалли мушкили шуғли аҳолӣ бозгӯи он аст, ки варзиш метавонад он бахше бошад, ки на танҳо сатҳи бекориро паст мекунад, балки манбаи хуби пур кардани буҷаи кишвар низ гардад.

-Варзиш кайҳо ба тиҷорати бузург табдил ёфтааст, ки дар атрофи он пулҳои калон давр мезананд, – мегӯяд мураббии футбол Алишер Тағаев. – Масалан имрӯз касеро шартномаи миллиондолларии як футболбоз ҳайрон намекунад. Пас, ба суратҳисоби федератсияҳо, шабакаҳои телевизионӣ, иншоотҳои варзишӣ, ки мусобиқаҳои қаҳрамонии қитъавӣ, ҷаҳонӣ баргузор мешаванд, чӣ қадар маблағҳо танҳо аз реклом ворид мешаванд? Охир, ин пули калон аст. Ва ба варзиши тоҷику тоҷирони тоҷик кайҳо вақти он расидааст, ки ба ин тиҷорат, ин тарғибгари тарзи ҳаёти солим ҷиддӣ муносибат кунанд.

Аммо, ба гуфтаи коршиносони бахши варзиш, барои он ки ягон намуди варзишро ба соҳаи даромаднок табдил диҳем, бояд корҳои бузургеро ба анҷом расонем.

-Барои он ки варзишгар ва ё клуб шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кунаду даромад орад, лозим аст, ки маблағи бузургеро сармоягузорӣ кунед. Барои машқу тамрин, либосу анҷом, хӯрок, сафарҳо, мусобиқаҳо маблағ лозим аст. Вале маблағ намерасад, – мегӯяд гӯштигири анъанавии чанде пеш машҳур Фарҳод Норбӯтаев.

Соли 2019 Тоҷикистон барои ширкати варзишгарони тоҷик дар 150 мусобиқоти байналмилалӣ, ҳам осиёгӣ ва ҳам ҷаҳонӣ наздики 3 млн сомонӣ (қариб 300 ҳазор доллари ИМА) харҷ кардааст.

– Соли гузашта дар яке аз сафарҳои худ ба мусобиқоти байналмилалӣ ман  нақшаи стандартии хароҷоти солона барои як варзишгарро дидам. Медонед, он ҷо чӣ қадар хароҷот ҳаст? 44 ҳазор доллар!, – нақл мекунад Олим Абдурозиқов, мураббии калони дастаи яккачини Тоҷикистон оид ба муҳорибаи озод.

-Яъне маблағи ҷудогардида тибқи меъёрҳо танҳо хароҷоти 8-10 нафар варзишгаронро рӯпӯш карда метавонаду халос.

– Кош барои варзишгарони мо 10 ҳазор долларӣ барои ҳар нафар ҷудо мегардид, аммо ҳамон ҳам нест, – афсӯс мехӯрад мураббӣ.

Мураббиёну варзишгарон ҳастанд – пул нест

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор иншооти варзишӣ амал мекунанд. Дар тамоми ҷумҳурӣ 140 мактаби варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 50 ҳазор варзишгарони ҷавон дар 4 ҳазор бахш бо машғулият фаро гирифта шудаанд.

Дар маҷмуъ, мо пойгоҳи хубе барои омода кардани варзишгарон дорем, мураббиёну варзишгарони боистеъдод ҳастанд. Аммо аксари федератсияҳои варзишгарӣ мушкилоти молиявӣ доранд. Бисёре аз онҳо наметавонанд, ки ҳатто аъзоҳаққиро пардозанд, дар бобати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷои гап ҳам нест. Масалан, ҳатто чунин намуди дар Тоҷикистон маъмули варзиш – самбо қариб буд, ки аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳз бо сабаби напардохтани қарзи 900 доллар барои аъзоҳаққии сесола маҳрум шавад. Хайрият, дар охирин лаҳза роҳбари нави федератсия қарзро пардохта, барои омода кардани самбочиён маблағ ҷудо кард. Ва натиҷа ҳамин шуд, ки мо соҳиби боз як қаҳрамони ҷаҳон – Хушқадам Хусравов шудем.

Варзиш ва тиҷорат. Чӣ гуна метавон варзиши тоҷикро болонишин ва фоидаовар кард?
ФФТ бо ширкати PARIMATCH созишномаи шарикӣ имзо кард

Шояд танҳо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи муҳорибаи самбо то имрӯз дар фаъолияти худ дар бахши маркетинг ва пешбурди бренди худ ба баъзе дастовардҳо ноил гаштаанд.

Ҷалби маркетологҳои ҷавону донишманд, пешбарии мутахассисони ботаҷриба дар мансабҳои мураббигӣ, ки аксарияташон дар футбол собиқаи чандинсола доранд, кор бо инфрасохтор ба чунин натиҷа расонид, ки имрӯз футбол дар Тоҷикистон тадриҷан ба майдонҳо бармегардад, ба ҷумҳурии мо баргузор намудани мусобиқоти осиёгиро бовар мекунанд. Наврасони мо – ояндаи футболи тоҷик, ҳунари худро дар арсаи байналмилалӣ беҳтару бештар  нишон медиҳанд. Аллакай бисёр футболбозони ҷавонро ба клубҳои машҳури Осиё даъват мекунанд. Футболбозони моро ҳатто дар тимҳои аврупоӣ низ дидан мумкин аст. Ва албатта, дар ин ҷо ҳам чанд кореро анҷом додан лозим аст. Дар навбати аввал, ин ба тақвияти мусобиқоти қаҳрамонии ҷумҳурӣ оид ба футбол дахл дорад. Мутаассифона, нимаи зиёди клубҳо мушкилоти молиявӣ доранд ва ин ҳолат имкон намедиҳад, ки бо дигарон ба таври арзанда рақобат кунанд.

 “Бе мудирияти босаводона варзиш фоидаовар намешавад”

Мисоли дигаре низ ҳаст – чӣ тавр гурӯҳи хурди кормандон зимни мудирияти босаводона ба муваффақияти ҷиддӣ ноил мегардад. Сухан дар бораи Лигаи муҳорибаи самбо  ва ММА-и Тоҷикистон меравад.

-Мо корро ба маънои пуррааш аз варақи сафед оғоз кардем, – мегӯяд менеҷери кулли Лига Даврон Комилов. – Самбочиёни дар гузаштаи наздик машҳур – бародарон Хокироевҳо дар атрофи худ якчанд  муҳорибагарони ҷавону ояндадорро гирд оварданд. Ба мусобиқа ҷиддан омодагӣ дида, айни замон маъракаи тарғиботиро низ ба роҳ монданд. Дере нагузашта, дар соли 2010, пас аз иштироки муваффақона дар сабқати байналмилалӣ дар Россия ва силсилаи видеонаворҳои кутоҳи  муҳорибагаронамон, мо барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Пан-Америкен” оид ба муҳорибаи самбо дар ИМА дархост фиристодем. Аз он ҷо бо ду медали тилло ва як нуқра баргаштем.

Ба гуфтаи Комилов, маҳз тарғиби густардаи  муҳорибагарони Лига дар расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷойгиркунии пайвастаи наворҳои хурди видеоӣ, аксҳо, хабарҳо дар бораи фаъолияти ташкилот ва албатта, заҳмати зиёди варзишгарону мураббиён натиҷаи хуб дод – дар бораи Лига, муҳорибагарони он ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар хориҷи он зиёд мегуфтанду менавиштанд.

Варзиш ва тиҷорат. Чӣ гуна метавон варзиши тоҷикро болонишин ва фоидаовар кард?
Қаҳрамони Осиё Баҳодур Усмонов ҳангоми муҳориба.

– Моро диданд, ба мо таваҷҷӯҳ зоҳир карданд, сарпарастон пайдо шуданд, моро ба мусобиқаҳои калон даъват мекарданд. Дар ҷумҳурии худ шуҳрат ёфта, мо бори аввал бо дастгирии сарпарастон дар Тоҷикистон мусобиқаи машҳури “Ҷоми Исмоили Сомонӣ”-ро баргузор кардем, ки ҳоло анъанавӣ гаштааст. Бренди шинохтатарини мо муҳорибагар Муин Ғафуров бо тахаллуси “Тоҷик” аст. Ӯ ба зудӣ аввалин тоҷикистоние хоҳад шуд, ки ҳаққи дар мусобиқоти қаҳрамонии  UFC ширкат карданро ба даст овардааст.

Дар Тоҷикистон тиҷорати варзишӣ нав рушд карда истодааст ва ҳоло камбуди менеҷерон дар ин сохтор эҳсос мешавад, – мегӯяд Даврон Комилов.

Мудирият ва имтиёзот –  ду боли тиҷорати варзишӣ мебошанд. Дар оғоз дастгирӣ дар сатҳи давлат лозим аст – масалан, пешниҳоди имтиёзоти андозӣ ба ширкатҳо, тоҷироне, ки варзишро маблағгузорӣ мекунанд. Итминон дорам, ки мо дар ин кор муваффақ мешавем. Мушкилиҳо ҳастанд, аммо бартарафшавандаанд, – таъкид мекунад коршинос.

Ба гуфтаи сарвари тими ССКА “Помир”, тоҷири таҷрибадор Хабир Давлатов, мушкилоти аксари федератсияҳо – набудани маркетолог (бозорёб)-ҳои чашмикордон аст.

– Бе мудирияту маркетинги босаводона варзиш фоидаовар нахоҳад шуд. Аксари федератсияҳо кайҳо аз рушд бозмондаанд, – мегӯяд коршинос. – Фаъолияти онҳо аз тамринҳои дохили ҷумҳурӣ ва ҳар сол фиристодани якчанд варзишгарон ба ду-се сабқатҳои байналмилалӣ иборат аст, ки як қисми маблағро КМО ва ё Кумитаи кор бо ҷавонон ҷудо мекунад ва қисми дигари маблағро худи варзишгарон меёбанд. Тамом, вассалом. На пешравӣ ҳасту на омодагии лозимӣ ва на натиҷа. Танҳо иштирок. Кайҳо бояд инро дарк кард – дар ҳама федератсияҳо ҳатман бозорёбҳои босаводу кордон лозиманд, ки на танҳо ба ҷустуҷӯи сарпарастон, балки ба пешбурди бренд низ машғул мешаванд.

Ба гуфтаи Давлатов, ба клуби ССКА дар мавсими порсола муяссар шуд, ки бо ширкати X-bet созишномаи шарикӣ бандад.

-Муносибати босаводона кардан лозим аст. Назди тоҷир рафта маблағ пурсидан мумкин нест. Ба ӯ собит кардан лозим, ки ӯ ба клуби варзишӣ ва варзишгар саҳм гузошта, дар ҷавоб худаш низ бар ивази он чизеро соҳиб мешавад – маъруфияти бренд, афзоиши мизоҷон ва ғ. Он гоҳ, ҳатман ӯ шуморо дастгирӣ мекунад.

Чи тавре ки мебинем, баъзе мансабдорони соҳаи варзиш дарк мекунанд, ки соҳа ба дигаргунсозии куллии муносибатҳо дар мудирият ва ба ислоҳот ниёз дорад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки “маърифат”-и умумӣ кай фаро мерасад ва кай федератсияҳои мо худкифоя, варзишгаронамон таъмин мешаванд ва буҷаи кишвар бо андози даромадҳои аз саноати варзиш ба дастомада пур мегардад.

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Варзиш ва тиҷорат. Чӣ гуна метавон варзиши тоҷикро болонишин ва фоидаовар кард? Дар бисёр кишварҳо варзиш як бахши тиҷорати бузург шудааст ва на танҳо барои варзишгарону сарпарастон, балки ба давлат ҳам даромади калоне меорад. Ба варзиши тоҷик чӣ халал мерасонад, ки ин гуна натиҷаҳоро соҳиб шавад? Миллиардҳои футбол, андоз ва ҷойҳои корӣ Имрӯз варзиш – на танҳо мусобиқаи варзишгарон, медалҳо ва рекордҳост. Ҳамасола намудҳои оммавии варзиш ба […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *