Ваксинаи зидди COVID-19: Кӣ якум?

Масъалаи COVID-19 ду сол боз мардумро ором намегузорад. Мувофиқи омор, то ин замон 2,5 млн одам дар саросари ҷаҳон қурбонии вируси марговар шудааст. Гарчанде дигар  он ваҳм аз ин беморӣ, ки қариб тамоми соли 2020 идома дошт, дида намешавад ва кишварҳои пешгом ба олам чанд навъи ваксинаи зиддиковидиро пешкаш намуданд, ба ҳар сурат гуфтан намешавад, ки мардум худро комилан бехатар ҳис мекунанд. Ҷанги иттилоотии истеҳсолгарони ваксинаҳо, ки мехоҳанд аз ин ҳисоб маблағҳои ҳангуфт ба даст оранд, ба дарки он, ки кадом ваксина самаранок асту кадомаш не, халал мерасонад. Михаил Петрушков бозори саноати фарматсевтиро таҳлил намуда, хулосаҳои худро ба хонандагони Nuqta.tj арз мекунад.

Тибқи иттилои СҶТ (COVID-19 – Landscape of novel coronavirus candidate vaccine development worldwide), ба ҳолати то 26 феврали соли 2021 дар ҷаҳон раванди таҳияи 256 ваксина аз COVID-19 идома дошт. Зимнан, зиёда аз чоряки онҳо (74 ваксина) аллакай дар одамон озмуда мешавад, 182 ваксина айни ҳол дар марҳилаи озмоишҳои токлиникӣ қарор дорад, яъне дар ҳайвонот санҷида мешавад, 54 ваксина дар марҳилаи I, I/II ё II; 4 ваксина дар марҳилаи II/III; 12-тоаш дар марҳилаи III мебошад ва 4 ваксина ба марҳилаи IV-уми озмоишҳои клиникӣ  гузаштааст (озмоишҳои клиникӣ  – озмоишҳо бо иштироки одамон).

Қайд кардан мебояд, ки ҳеҷ ваксина ҳоло ба қайди доимии СҶТ ноил нагардидааст, зеро ягон истеҳсолкунада ба пуррагӣ озмоишҳоро анҷом надодааст. Аз сабаби пандемия ба қайди муваққатӣ ё фаврӣ то имрўз ваксинаҳои 10 истеҳсолкунанда сазовор гардидаанд: Маркази «Вектор», Маркази ба номи Гамалея, Маркази ба номи Чумакови АИР, AstraZeneca, Bharat Biotech, CanSino Biologics, Moderna, Pfizer/BioNTech, Sinopharm, Sinovac. Аммо инҷо ҳам кор бе камбудӣ нест: агар як қисми истеҳсолкунандагон, аз қабили Pfizer/BioNTech, Moderna, AstraZeneca ё Маркази ба номи Гамалея ҳисоботҳои пурра ё нопурраро доир ба натиҷаҳои таҳқиқи самаранокии онҳо ба маърази ом гузошта ва дар маҷаллаҳои илмӣ доир ба онҳо мақолаҳо чоп карда бошанд, дар бораи ваксинаҳои истеҳсолкунандагони дигар маълумоти возеҳ вуҷуд надорад.

Ваксинаи зидди COVID-19: Кӣ якум?
Акс REUTERS

Боз як лаҳзаи муҳим ҳаст: далели бақайдгирӣ дар ин ё он кишвар баёнгари дараҷаи таҳқиқшавии ваксина буда наметавонад. Зиёда аз ин, СҶТ расман ҳамаро аз он огоҳ месозад, ки ворид намудани ин ё он ваксина ба «COVID-19 – Landscape of novel coronavirus candidate vaccine development worldwide» набояд ҳамчун далели эътироф шудани ин ё он ваксина аз тарафи СҶТ баррасӣ ё маънидод шавад. Зиёда аз ин, СҶТ доир ба дақиқӣ, комилӣ, коршоямии ин ё он ваксина изҳороте пахш намекунад ва аз додани ҳар навъ кафолатҳо даст мекашад. Ва ҳам ҳар гуна масъулияташро, аз ҷумла масъулияти марг, маъюбӣ, осебҳо, азиятҳо, зиён ва дигар рўйдодҳои мухталифро, ки дар натиҷаи харид, паҳнкунӣ ва истифодаи ваксинае ба миён меоянд, рад мекунад.

Миқдор ба сифат табдил меёбад?

Теъдоди ин андоза зиёди ваксинаҳо барои чӣ лозим аст? Чаро ин қадар кишварҳои олам осемасар даст ба таҳияи ваксинаи худ заданд? Ба гумон аст, таърих боз ба ин монанд ҳодисаеро донад, ки садҳо кишвар на танҳо орзуи сохтани дорувории муайян карда бошанд, балки барои ин талошҳои бемисл пеш гиранд. Зимнан, ба ин “пойга” ҳатто онҳое ҳамроҳ шуданд, ки қаблан дар чунин корҳо фаъолие намоиш намедоданд.

Ваксинаи зидди COVID-19: Кӣ якум?

 Фарзия зиёд ва фарзияи расмии СҶТ чунин аст: аз 5 ваксинае, ки ба марҳилаи озмоиш дар одамон расидаанд, “бисёри бисёр” яктоаш муваффақ хоҳад шуд. Бинобар ин, коркарди саривақтии ин миқдор ваксинаҳо, махсусан бо назардошти пандемия, эҳтимоли сохтани якчанд (ё лоақал якто) ваксинаи бехатар ва босамарро бештар мекунад. Фарзияҳои ғайрирасмӣ бешуморанд: аз “назарияи сўиқасд” то тамаъкории одӣ – охир, дар шароити пандемия ваксинаи босамарро ҳатто кишварҳои қашшоқтарини олам низ харидорӣ хоҳанд кард – чӣ ҷои гуфтан аз талабот аз ҷониби кишварҳои сарватманд ва миёнаҳол! Арзёбии тахминии ҳаҷми кафолатшавандаи хариди ваксина ва даромади истеҳсолгарон гоҳо як-ду маротиба аз ҳам фарқ мекунанд, вале дар ҳар ҳолат, “гап” аз садҳо миллион не, аз ҳадди ақал миллиардҳо ва ҳатто аз даҳҳо миллиард доллар сар мешавад.

Мисолҳои аёнӣ инҷо зиёданд: ҳукумати Канада, барои ҳарчӣ зудтар дар мубориза алайҳи COVID-19 муваффақ шудан миқдори зиёдатии вояҳои ваксинаро харидорӣ кардааст (теъдоди вояҳои харидашуда 4,5 маротиба аз аҳолии Канада зиёдтар аст). Ё Ҷопонро мегирем, ки ба хариди иловагии миқдори зарурии ваксина розӣ шудааст (аз сабаби норасоии сўзандоруҳои махсус аз зарф, ки 6 вояи ваксина дорад, бо сўзандоруи одӣ танҳо 5 вояро гирифтан мумкин аст, дигарашро маҷбур мешаванд партоянд).

Лозим ба қайд аст, ки ин хел мавзеъгирии ширкатҳои фарматсевтии калон кайҳо боз вирди забонҳои тунд шудааст. Барои бисёр касон ҳодисаи хурўҷи эпидемияи зукоми «хук» дар соли 2009 хотирмон буд, вақте як қатор мансабдорони СҶТ ба алоқа бо ширкатҳои фарматсевтӣ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо бо роҳи эълони пандемияи зукоми «хук» ва тавсияи дорувориҳои муайян гумонбар шуда буданд. Тибқи тахминҳои рўзноманигорони кишварҳои мухталиф, ширкатҳои фарматсевтӣ дар ҳангомаи зукоми «хук» тавонистанд то 10 млрд доллар «бардоранд».

Ҷоҳу шўҳратталабии бисёр кишварҳоро низ набояд аз хотир баровард, ки маҳз ваксинаи худро ба олам пешниҳод намуда, мехоҳанд на танҳо даромади хуб аз ин ба даст оранд, балки ҳамчунин ба ҳайси «наҷотгари аҳли башар» шинохта шаванд.

Суоли асосии «нобоварон»: оё дар чунин муддати кўтоҳ таҳия намудани ваксинаи босамар имкон дорад?

Аз он шурўъ мекунем, ки муҳлат нисбатан кутоҳ аст. Ва ҳам равшан аст, ки мутахассисон дар кишварҳои пешрафтаи дунё барои таҳқиқи коронавируси нав оғози пандемияро интизор шуда нашиштаанд. Мониторинги фаъолии вирусҳо дар олам, пайгирии роҳҳои паҳншавӣ, муайянкунии штаммҳои нави вирусҳои маълум ва, албатта, вирусҳои нав ҳам кори ҳаррўзаи хадамоту идораҳои махсуси тамоми кишварҳои рушдкарда аст.

Албатта, агар ба «назарияи сўиқасд» бовар кунем, ки баромади сунъии COVID-19-ро дар назар дорад, метавон ба хулосаи мантиқие омад: барои сохтани ваксина вақт комилан кифоя буд. Ва аз онҳое, ки имрўз чунин вонамуд мекунанд, ки дар «пойгаи ваксина» ширкат доранд, бархе дар асл кор оид ба сохтани ваксинаро кайҳо боз сар кардаанд ва шояд ҳатто ваксинаро сохта, танҳо бо ҳадафе «танаффус» гирифтаанд ва аз эълони ин худдорӣ мекунанд.

Аммо агар ба ин навъ назарияҳо чуқур ғўта назанем, метавон вазъро таҳлил намуда гуфт: барои сохтани ваксина аз COVID-19 ба кишварҳои пешқадами олам тақрибан 1 сол талаб шуд.

Оё ин кам аст? Ва аз кадом ҳисоб «муъҷиза» ба даст омад?  Ё инҷо «муъҷизае» нест ва ба хотири дар муддатҳои кутоҳтарин ба натиҷае ноил гардида, онро ба оламиён эълом доштан аз баҳри чизе гузаштан лозим омад? Ё шояд сирри фаврияти кор дар чизи дигаре аст?

Дар воқеъ, ба ақидаи бисёр мутахассисон, дар ягонтои ин ваксинаҳо чизи аслан наве нест. Инҳо усулҳои куҳнаи санҷидашуда мебошанд, ки барои бисёр озмоишгоҳҳо ошноянд. Кашфиёти сенсатсионие инҷо вуҷуд надорад ва он ба касе лозим ҳам нест: ҳама медонанд, ки чӣ тавр амал кардан лозим аст, ҳарчанд ки аз платформаҳои гуногун истифода мекунанд. Касе кислотаи нуклеинро ба сифати асос қабул мекунад, дигаре дар асоси аденовирус ё вируси стоматити везикулярӣ корро пеш мебарад, сеюмӣ кўшиш мекунад ба платформаи коркарди ваксинаҳои зидди зуком такя намояд.

Ваксинаи зидди COVID-19: Кӣ якум?
Денис Логунов

Масалан, дар мусоҳиба бо «Медуза» созандаи ваксинаи «Спутник V», муовини мудир оид ба корҳои илмии Маркази ба номи Гамалея Денис Логунов «сирри» фаврияти кори худро ошкор намуд: «Мо онро ба тарзи барои ҳамаи ваксинаҳои векторӣ умумӣ сохтем. Ин хел ваксинаҳо наметавонанд дар ҷои холӣ ба вуҷуд оянд, онҳо фаъолона аз солҳои 1990-ум истифода мешаванд. Дар ин замина мо ваксинаро аз вируси Эбола сохта будем, ки дар мо расман сабтином шуда буд. То оғози пандемия мо се сол ба коркарди ваксина аз синдроми шарқиназдикии респиратории MERS машғул будем, аз ин рў шубҳае надоштем, ки бояд чӣ гуна амал кунем. Ин кори калон буд, мо то марҳилаи дуюми таҳқиқотҳои клиникӣ расидаем. Аз ин рў, вақте коронавируси дигар, «бародари» наздиктарин аз гурўҳи  бета-коронавирусҳо пайдо шуд, шубҳае надоштем, ки чӣ тавр амал кунем. Ин «копипаст»-е буд ба маънои аслӣ. Кор дар моҳи феврал сар шуд, сохтани худи ваксина бошад, ду ҳафта вақтро гирифт. Ғайр аз ин, ҳангоми таҳияи ваксинаи вектории «Спутник V» аз таҷрибаи Маркази ба номи Гамалея оид ба коркарди ваксинаи зидди вируси Эбола истифода бурда шуд.

Аз сабаби паҳншавии пандемия ва инфодемияи ба он ҳамроҳ аз ҷиҳати ихтиёриёни озмоиш камбудӣ надоштем. Аз аксари аксуламалҳо ва оризаҳои имконпазир таҳиягарони «Спутник V» ба туфайли ба сифати «асос» интихоб намудани ваксинаи векторӣ – аденовирус (дар аксари кулли одамон ҳаст) эмин мондан муяссар гардид, ки пас аз модификатсия (буридани 2 порчаи геном ва ҷой додани гене, ки сафеда-«хор»-и коронавирусро кодбандӣ мекунад) наметавонад дар ҳуҷайраҳои одии одам афзоиш ёбад.

Ғайр аз ин, Логунов бо ҳамкоронаш равишеро ба кор бурд, ки доир ба таъсирнокии он кайҳо боз дар олами илм баҳсҳо мераванд: истифода аз ду вектор ҳангоми таҳияи ваксина. Содатар гўем, ваксина аз ду унсури аз ҳам фарқкунанда, ки якдигарро иваз карда наметавонанд, иборат аст. Аз ин рў, эмкунӣ бо ваксинаи «Спутник V» аз ду марҳила иборат аст: аввал ба сифати вектор аденовируси нибсатан кам вохўрандаи аденовирус-26 ба кор бурда мешавад, баъдан (21 рўз пас) эмгузаронии такрорӣ бо унсури дуюм дар асоси аденовирус-5 анҷом дода мешавад.

“Ин печидагиҳо чӣ лозиманд?” –шояд суол кунад хонанда.

«Вектор»

Ёдрас мекунем, ки ваксинаи «векторӣ» чӣ тавр сохта мешавад: таҳиягарони ваксина ба сифати асос ё «вектор» вируси барои одам бехавфро гирифта, бо истифода аз усули муҳандисии генӣ, қисми вирусро бурида мегиранд ва ба ҷои онҳо «қитъа»-ҳоеро «дўхта» мемонанд, ки маълумоти генетикии коронавируси SARS-CoV-2-ро дорад.

Ҳангоми ваксинагузаронӣ вирус ба организми одам ворид мешавад, аммо нишонаҳои COVID-19-ро ба вуҷуд намеорад, зеро ин коронавируси SARS-CoV-2 нест. Аммо, азбаски дар вируси «модификатсияшуда» ахбори генетикии коронавирус SARS-CoV-2 ҷой дорад, организми одами эмгузаронишуда аксуламал нишон дода, S-сафеда (ба ном спайк)-ро истеҳсол мекунад ва ин дар навбати худ реаксияи низоми масуният, аз ҷумла, ҳосил шудани подтанҳо ва фаъолгардии Т-ҳуҷайраҳоро ба миён меорад,

Пас мушкилӣ дар чист?

Мушкилии асосӣ дар мавриди ваксинаҳои векторӣ дар он аст, ки ба сифати вектор вирусҳои бехавф истифода мешаванд, ки ба инсоният кайҳо боз, шояд аз қадимулайём шиносанд ва, мутаносибан, қисми аҳолӣ аз ин вирусҳо масуният дорад. Аз ин сабаб, ҳангоми ба организми одамони дорои масуният аз онҳо афтидани ин вирусҳо (ҳатто дар шакли модификатсияшуда ҳам бошад), вирусро низоми масунияти одам метавонад, то ҳосилшавии масуният ба коронавирус SARS-CoV-2, нобуд кунад. Яъне, сарфи назар аз эмгузаронӣ, дар организми ин хел одамон мумкин аст масуният ба COVID-19 тамоман ҳосил нашавад ё заиф ва кутоҳмуддат бошад, ки ин ҳам хуб нест.

Мувофиқи нақшаи Логунов ва ҳамкасбони ў, ин мушкилиро бояд ваксинае ҳал намояд, ки дар асоси ду навъи аденовируси одам таҳия шудааст:

«Мо медонем, ки такроран ворид намудани ҳамон як вектор чандон хубӣ надорад. Пас аз эмкунии аввал дар ҳамаи ихтиёриён аксуламал мушоҳида мешуд, аммо ҳангоми воридкунии такрорӣ таъсири назарраси шадидтар танҳо дар онҳое ба даст омад, ки ба онҳо ҷузъи дуюм дар асоси вектори дигар гузаронда шуда буд, гузарондани ҳамон як вектор шиддати хеле камро ҳосил кард. Ба ибораи дигар, агар касе ҳамон як векторро ворид кунад, хавф дорад, ки масунияти заифро ба вуҷуд меорад, ки он дар давоми 3-6 моҳ то андозаи бўҳронӣ коҳиш ёфта метавонад».

Аммо ин ҳанўз танҳо як фарзия аст, ки исботи амалиро мехоҳад. Мумкин маҳз аз сабаби исбот нашудан буд, ки рақибони Маркази ба номи Гамалея – таҳиягарони ваксинаҳои Johnson & Johnson ва CanSino Bio тасмим гирифтанд бо истифода аз аденовируси одам (навъҳои 5 ва 26) эмкунии 2-каратаро ба кор баранд, аммо бо маводи якхела.

Усули монандро AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд ба кор мебаранд, ки ваксинаи худро (ChAdOx1) дар асоси аденовируси шимпанзе омода кардаанд. Мувофиқи протоколи онҳо, ки низ дар марҳилаи коркард аст, ду тазриқ бо танаффуси 28-рўза талаб мешавад. Аммо фосилаи байни эмкуниҳо мумкин аст дарозтар карда шавад, зеро дар рафти озмоишҳои клиникӣ таъсири бештар доштани ваксина ҳангоми ин гуна график ошкор гардид.

Ба фарқ аз Маркази ба номи Гамалея, роҳҳали мушкили ба аденовирус масуният доштани қисми одамон ва дар оқибат самараи пасти эмгузарониро AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд дар истифода аз аденовируси шимпанзе диданд. Ҳампешагони онҳо – таҳиягарони ваксинаи  ReiThera/ LEUKOCARE/ Univercells аденовируси горилларо интихоб намудаанд.

Кӣ ҳақ асту фарзияи кӣ дуруст буд, вақт нишон медиҳад.

Ба ғайр аз истифода аз векторҳо, таҷрибаи таҳияи ваксина аз COVID-19 (коронавируси SARS-CoV-2) усулу равишҳои дигарро низ медонад. Аммо дар бораи онҳо дар матлаби дигар суҳбат хоҳем кард.

Михаил Петрушков, Раиси Ассотсиатсияи миллии муҳаққиқони сиёсати давлатӣ ва идоракунии ҶТ

Оцените статью:

Ваксинаи зидди COVID-19: Кӣ якум? Масъалаи COVID-19 ду сол боз мардумро ором намегузорад. Мувофиқи омор, то ин замон 2,5 млн одам дар саросари ҷаҳон қурбонии вируси марговар шудааст. Гарчанде дигар  он ваҳм аз ин беморӣ, ки қариб тамоми соли 2020 идома дошт, дида намешавад ва кишварҳои пешгом ба олам чанд навъи ваксинаи зиддиковидиро пешкаш намуданд, ба ҳар сурат гуфтан намешавад, […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *