Ваксинагузаронии ҳатмӣ: хуб аст ё…?

Дар Тоҷикистон эмкунии шаҳрвандони аз 18-сола боло, ба истиснои баъзе гурўҳҳо, аз COVID-19 ҳатмӣ шуд. Аммо оё ба ҳама ваксина мерасад? Он аз ҳисоби кист? Ҳатмӣ кардани ваксинагузаронӣ хилофи ҳуқуқи инсон нест?

Дар матлаби Nuqta.tj ин ва дигар паҳлуҳои масъала ба таҳлил кашида шудаанд.

Мувофиқи қарори «Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сирояти коронавируси COVID-19» дар Тоҷикистон, ваксинагузаронии шаҳрвандони аз 18-сола боло аз COVID-19 ҳатмӣ шуд. Истисно модароне, ки кўдаки ширхора доранд ё ҳомила мебошанд, инчунин мавридҳое ҳастанд, ки ба тасф, хурўҷи бемориҳои музмин ва сироятӣ алоқаманданд.

Нафароне низ, ки дар давраи ваксинагузаронӣ бо коронавирус сироят ёфтаанд, ба рўихати истисноҳо ворид карда шуданд. Онҳоро шаш моҳ баъди паси сар кардани беморӣ ваксина мекунанд. Ғайр аз ин, айни замон эмкунии шахсоне, ки бемориҳои саратонӣ ва аутоиммунӣ доранд, маҳдуд карда шудааст.Ваксинаи ҳатмӣ ба шаҳрвандони кишвар ройгон пешкаш мешавад.

Дар тамоми олам ҳатмӣ мешавад?

Ба ақидаи мутахассиси шинохтаи соҳаи тиб, роҳбари шуъбаи тандурустии IFRC (минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ), доктори илмҳои тиб Даврон Муҳаммадиев, ваксинагузаронии ҳатмӣ барои кишвару халқи мо иқдоми манфиатовар аст.

Ваксинагузаронии ҳатмӣ: хуб аст ё…?
Даврон Муҳаммадиев. Акс: Sputnik.

Ва қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, ки дар мутобиқати пурра бо қоидаҳои байналмилалии тиббӣ-санитарӣ амал мекунад, ба ҳеҷ ваҷҳ хилофи ҳуқуқи инсон нест. Охир ҳадаф аз амалӣ кардани ҳамаи ин қоидаҳо таъмини муҳофизати ҳамаи халқҳои олам аз паҳншавии беморӣ аст. 

Аммо «чораҳои маъмурӣ дар танҳоӣ натиҷаи лозима намедиҳанд». Доктор Муҳаммадиев муътақид аст, ки «кор бо аҳолӣ унсури муҳим ва ҷудоинопазири омодагӣ ба гузарондани маъракаи ваксинагузаронӣ аст. Муҳим таваҷҷуҳи зарурӣ ба пешкаши маълумоти дақиқ, саҳеҳ, илман асоснок ба аҳолӣ, мубориза бо тасаввуроти нодуруст, хавфу тарсҳои аҳолӣ аз эмкунӣ аст. Ҳамчунин далели муҳим ба фоидаи ваксинагузаронӣ манфиати бешаки он мебошад: дар як қатор кишварҳо, ки ваксинагузаронии оммавиро амалӣ карданд (беш аз 50% аҳолӣ), устувории вазъ ва коҳиш ёфтани фавтнокӣ, сабук шудани сарбории беморхонаҳо ва дар натиҷа кам шудани хароҷот барои тандурустӣ ва коҳиши сарборӣ ба иқтисоди кишвар мушоҳида мешавад.

Роҳандозӣ кардани маъракаи фаъолона дар ВАО, ба воситаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ муҳим аст. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҶТ аллакай бо ҷидду ҷаҳд гузарондани корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ шурўъ намудааст. Ва ҳамаи ин корҳо ҳатман бояд бо идомаи тадбирҳои фаъолонаи беҳдоштӣ: ниқобҳо, фосилаи иҷтимоӣ, беҳдошти инфиродии дастон, пешгирӣ аз ҷамъомадҳои оммавӣ сурат гиранд».

Анқариб дар тамоми олам пандемия дар авҷ аст, ки худ ҳолати фавқулода мебошад, бинобар ин ваксинагузаронии ҳатмӣ дар тамоми кишварҳо ногузир аст, мегўяд Даврон Муҳаммадиев.

Қонун чӣ мегўяд?

Нуқтаи назари дигар ҳам вуҷуд дорад. Як қатор коршиносон, бо такя ба Қоидаҳои байналмилалии тиббии санитарӣ мегўянд, ки ваксинагузаронии ҳатмӣ хилофи меъёрҳои бунёдгузори ин Қоидаҳо мебошад. Ҳар одам бояд ҳуқуқи интихоб дошта бошад, ки эм шавад ё не. Ва кишварҳое, ки бо ин ё он сабаб маҷбуранд ваксинагузаронии ҳатмӣ эълон намоянд (аз ҷумла, таҳти фишори сохторҳои гуногун), ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро поймол мекунанд. Ғайр аз ин, дар Кодекси тандурустии ҶТ ҳатто мафҳуми «ваксинагузаронии ҳатмӣ» вуҷуд надорад.

Ба ақидаи коршиносон, барои ваксинагузаронии ҳатмӣ, масалан, дар Тоҷикистон, албатта, асосҳои қонунӣ вуҷуд доранд. Барои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар мутобиқат бо Конститутсия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар бояд низоми ҲФ (ҳолати фавқулода) ҷорӣ карда шавад.

Вале чунин низом метавонад, масалан, ҳангоми эпидемия татбиқ гардад. Дар ҳоле, мувофиқи иттилооти расмӣ, дар кишвар ҳолатҳои ҷудогонаи сироятёбӣ бо COVID-19 ба қайд гирифта мешаванд. Ҳатто соли 2020 Вазорати тандурустии  ҶТ вазъи эпидемиологиро дар кишвар ҳамчун хурўҷи COVID-19 арзёбӣ мекард, на чун эпидемия. Имсол, бино ба маълумоти расмӣ, хурўҷҳои гаҳгоҳии COVID-19 мушоҳида мегардад, ки равшан аст, ҳамчун эпидемия ва ҲФ тасниф намудани ин ҳолат имкон надорад.

Аз ин бармеояд, ваксинагузаронӣ аз COVID-19 бояд ба таври ихтиёрӣ, мувофиқи тақвими миллии эмгузаронӣ ба роҳ монда шавад.

Ғайр аз ин, муътақиданд як қатор коршиносон, ба Тоҷикистон, ки ҳуқуқи мустақилона қабул кардани қонунҳо ва татбиқи онҳоро мувофиқи сиёсати худ дар соҳаи тандурустӣ дорад, кифоя аст, ки бо ваксинагузаронии ҳатмии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ: шахсони маъюб, гирифтори бемории қанд, солхўрдагон, табибон, омўзгорон, кормандони мақомоти қудратӣ ва ғайра қаноат кунад. Барои боқимондаи аҳолӣ ваксинагузаронии ихтиёрӣ басанда аст. Ин сарбориро ба буҷаи давлат ва шиддати нолозим дар ҷомеаро коҳиш медиҳад.

Оё Тоҷикистон ба ваксинагузаронии ҳатмӣ омода аст?

Ба ақидаи сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, муовини сардухтури давлатии санитарии ҶТ Наврўз Ҷаъфаров, дар кишвар барои ваксинагузаронии ҳатмӣ тамоми имкониятҳо ҳастанд.

Ваксинагузаронии ҳатмӣ: хуб аст ё…?
Наврўз Ҷаъфаров. Акс: Facebook

 «Айни ҳол бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми беш аз 8 миллион доллар қарордод баста шудааст. Инчунин шартнома бо Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 25 миллион доллар ба имзо расидааст», – меорад суханони Н. Ҷаъфаровро агентии «Ховар». Хариди ваксинаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатии кишвар низ дар нақша аст. Ғайр аз ин гуфтушунидҳо барои зиёд кардани воридоти ваксинаҳо бо истифода аз манбаъҳои дигар низ бурда мешаванд. Масалан, миқдори навбатии ваксинаи Astra Zeneca (192 ҳазор воя), тибқи нақша, бояд дар доираи ҳамкориҳо бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи Кўдакони СММ ва Эътилофи глобалӣ оид ба ваксинаҳо ва иммунизатсия ба Тоҷикистон дар нимаи дуюми августи соли 2021 оварда шавад.

Умедҳои зиёд, бино ба гуфтаҳои доктор Ҷаъфаров, ба истеҳсолгарони ваксина аз Чин вобастаанд. ВТ ҶТ бо ин кишвар дар хусуси таъмини ройгон бо ваксинаҳо дар чорчўбаи ваксинагузаронии ҳатмӣ дар музокира аст. То ин замон ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаҳои чинии «CoronaVaс» «Sinovac Research & Development Co. Ltd» ва 300 800 дона шпритси якдафъаина овардан муяссар гардид».

Наврўз Ҷаъфаров бовар дорад, ки ёрии ҶМЧ дар шакли пешкаши ройгони ваксинаҳо дар чорчўбаи ин ташаббус на танҳо идома, балки афзоиш низ меёбад. Ки ин ба Тоҷикистон дар ваксинагузаронии ҳатмӣ ёрӣ мерасонад.

Доктор Ҷаъфаров ба яке аз суолҳои асосӣ ҷавоб медиҳад, ки аслан барои ҳар нафаре, ки вояи ваксинаи Astra Zeneca ва Corona Vaс гирифтааст, мароқангез аст: «Аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки хавотир набошанд. Ҳамаи онҳое, ки вояи якуми ваксинаро гирифт, вояи дуюмашро ҳам дар муҳлате, ки истеҳсолкунандагони ваксина тавсия медиҳанд, мегирад. Касе бе вояи дуввум намемонад. Ба аҳолии кишварамон муроҷиат мекунем, ки ба овозаҳо бовар накунанд ва ба воҳима дода нашаванд. Мувофиқи тавсияҳои СҶТ, дар марҳилаи дуюми ваксинакунӣ ҳамон ваксинае гузаронда мешавад, ки бори якум истифода шуда буд. Ғайр аз ин, мехостам боз як бор таъкид кунам: ваксинаҳои Astra Zeneca ва CoronaVaс ба фарқ аз «Спутник-V»-и русиягӣ яктаркибаанд. Аммо онҳоро ҳам 2 бор бо фосилае, ки истеҳсолкунандааш муқаррар намудааст, гузарондан мебояд.

Содда карда гўем, вақти кор бо ваксинаи яктаркиба ба одам ҳам бори якуму ҳам дуюм ҳамон як ваксинаро ворид мекунанд. Дар мавриди ваксинаҳои дутаркиба ҳангоми воридкунии якум одам қисми 1-уми ваксинаро мегирад ва ҳангоми воридкунии дуюм қисми 2-юмашро. Онҳо якдигарро иваз карда наметавонанд. Ва имкон надорад, ки, масалан, аввал қисми 2-юми ваксинаро гузаронанду пасон 1-умашро. Ё ду карат танҳо 1-ум ё танҳо 2-юмашро.

Ваксинагузаронии ҳатмӣ: хуб аст ё…?
Акс: function.mil.ru

Ваксинаҳои айни замон истифодашавандаи Astra Zeneca ва CoronaVaс аз чунин хусусият, ки маъракаи ваксинагузарониро мушкилтар мекунад, орӣ мебошанд».

Ваксинагузаронии ҳатмӣ: дер намешавад?

Дар чаҳорчўбаи ваксинагузаронӣ, мувофиқи маълумоти расмӣ, бояд 5,8 млн нафари то 18-сола эм гиранд. Бо назардошти шарти гузарондани 2 ваксина ба Тоҷикистон ҷамъулҷамъ 11,6 млн воя лозим мешавад. То имрўз кишвар 192 ҳазор вояи ваксинаи Astra Zeneca ва 300 ҳазор вояи Corona Vaс гирифтааст. Иловатан, аз гирифтани 192 ҳазор ваксинаи Astra Zeneca моҳи августи соли 2021 хабар дода шуд. Ба ин тариқ, ба ҳоли имрўз 684 ҳазор вояи ваксина гирифта шуд, ки барои ваксинагузаронии дукаратаи 342 ҳазор нафар басанда аст.

Ҳисобҳои одӣ нишон медиҳанд: барои анҷоми маърака дар ҳаҷми матлуб ба низоми тандурустии ҷумҳурӣ қариб 11 млн воя лозим аст. Ва онҳоро на танҳо аз истеҳсолкунандагони ҷаҳонӣ харидан ё дар чорчўбаи механизми тақсимоти ваксинаҳо аз COVID-19-и СҶТ – COVAX гирифтан, балки боз ба ҶТ овардан, дар анборҳо нигоҳ доштан, логистикаро дар дохили кишвар, инчунин бевосита худи ваксинагузарониро ба роҳ мондан зарур аст. Муҳлатҳои баргузории эмкунии ҳатмӣ – то охири марти соли 2022-ро ба назар гирифта, бояд гуфт, масъала хеле мушкил аст. Охир то анҷоми муҳлати таъиншудаи ваксинагузаронии ҳатмӣ 265 рўз мондааст, яъне ҳар рўз ба ҳисоби миёна тақрибан 41,5 ҳазор касро эм кардан лозим меояд. Оё низоми тандурустии Тоҷикистон аз уҳдаи ин масъала мебарояд ё на, вақт нишон медиҳад, аммо бидуни муболиға метавон гуфт, ки ба чунин масъала низоми мо бори аввал дучор мешавад.

Метавон андозаи маблағгузории талабшавандаро ҳам тақрибан ҳисоб кард. Агар арзиши миёнаи 1 вояи ваксина (бе назардошти логистика, фрахт, нигоҳдорӣ ва хароҷоти бевосита бо ваксинагузаронӣ алоқаманд) аз 4 то 7 доллар бошад, ба кишвар сармоя дар ҳаҷми 44 то 77 млн доллари ИМА талаб мешавад. Маблағе, ки бо назардошти грантҳои аллакай ҷудошудаи Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд ҷайби кишвари мо мебардорад.

Ақидаи шаккокон: замин сахту… ?

Ба фарқ аз муҳлатҳои ваксинагузаронии ҳатмӣ ва ҳаҷми маблағгузорӣ, ки нисбатан муайянанд, баъзе ҷанбаҳои маърака як қатор суолу эродҳоро ба миён меоранд. Як қисми онҳо, масалан, эҳтимоли вазниншавии ҳолат баъди эмкунӣ, сатҳи ҳимояшавии одамон аз коронавирус ва ғайра дар ВАО ва майдонҳои дигар васеъ баррасӣ мегарданд. Қисмати дигар нав ба фазои расонавӣ роҳ меёбад. Масалан, яке аз тамоюлҳои мўдшудатарин ба ном «хобҳои мудҳиши ваксинагузаронӣ» аст, ки дар бораи онҳо ба забони содаву оммафаҳм дар шабакаҳои иҷтимоӣ профессори ифтихории «MGM University of Health Sciences» Александр Кухарчук нақл кардааст.

Ваксинагузаронии ҳатмӣ: хуб аст ё…?
Александр Кухарчук. Акс: extempore.info.

Штамми ҳиндии COVID-19 ногоҳ пайдо шуда, оҳанги гуфтори ҷонибдорони ваксинагузаронии ҳатмиро тағйир дод. То пайдоиши он ҳадафҳои эъломшаванда чунин буданд: ҳосил кардани масунияти дастаҷамъӣ, ваксинагузаронӣ бар зидди вируси тоҷдор ва ташкил намудани шароити номусоид барои чархиши вирус дар байни аҳолӣ (маҳз барои ҳамин ваксинатсия кардани ҳатто кўдакон пешниҳод мешавад). Пас аз паҳншавии босуръати штамми ҳиндӣ мақсади асосии эъломшаванда на пешгирӣ аз сироятёбӣ, балки кам кардани миқдори дар беморхонаҳо бистаришудагон ва поин бурдани вазнинии COVID-19 шуд. Аз ин рў, хавф аз ваксинагузаронӣ ё шубҳа аз зарурати он интизоришаванда буд – охир, эҳтимоле вуҷуд дорад, ки ваксинаҳои мавҷуд аз штамми навбатии навпайдо тамоман ҳимоя намекунад.

Ғайр аз ин, дар баробари ақидаи як қатор олимон дар он хусус, ки мутатсияи вируси тоҷдор оқибати кам будани шумораи ваксинагирифтагон дар олам аст, андешаҳо доир ба пайдоиши штамми ҳиндӣ ва ғайра ҳамчун натиҷаи мутатсияи COVID-19 дар натиҷаи ваксинагузаронӣ низ вуҷуд доранд.

Боз як нуктаи муҳим ҳаст: реваксинатсия ё ваксинагузаронии такрорӣ. Дар як қатор кишварҳои олам (масалан, дар Русия) аллакай аз зарурати гузарондани реваксинатсия мегўянд. Дар ин байн, аз сабаби пайдоиши штамми ҳиндӣ дар кишварҳои мухталифи дунё ҳайрон мондаанд, ки барои эмкунӣ аз кадом восита истифода баранд. Аз ҳамон ваксинае, ки, барои мисол, ду дафъа эм шуда буданд? Ё аз ваксинаи истеҳсолгари дигар? Ваксинагузаронии такрорӣ низ дукарата мешавад ё яккарата?

Варианти посух ба ин қабил суолҳо бояд методикаи «омехтакунӣ ва истифодаи якҷоя»-и бехатари ваксинаҳои истеҳсолкунандагони гуногун шавад. Ба ҳайси мисол метавон кўшишҳои «омехтакунӣ ва истифодаи якҷоя»-и ваксинаи векторӣ дар асоси аденовируси шимпанзе (Astra Zeneca ва Донишгоҳи Оксфорд) бо ваксина дар асоси векторҳои аденовирусии одам AD26 ва AD5-ро (ваксинаи Sputnik V) овард. Аммо ба ҳоли имрўз мувофиқи тавсияҳои СҶТ барои эмкунӣ аз як ваксина истифода мешавад ва кўшишҳо танҳо кўшиш боқӣ мемонанд.

Суолҳо зиёд мешаванд, вале, афсўс, бепосух мемонанд. Дар робита ба ин, ба ҷойи аз паси мақсадҳои номуайяни хаёлӣ гаштан, ки манфиаташон ба ҳеҷ кас маълум нест, баъзеҳо аз ваксинагузаронии ҳатмии ҳамагонӣ худдорӣ карда, бо ваксинагузаронии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ маҳдуд шуданро пешниҳод мекунанд.

Алъон бошад Тоҷикистон дар маҷрои умумии «фарогирӣ» ҳаракат карда, ваксинагузаронии ҳатмӣ эълон намудааст. То куҷо ин ҳадаф татбиқшаванда аст, ҳодисаҳои минбаъда чӣ гуна ҷараён мегиранд ва оё ваксинагузаронии ҳатмӣ барои солимии аҳолии кишвар муфид мешавад ё не, вақт нишон медиҳад.

Танҳо як чиз равшан аст: сари ҳадафи гузошташаванда қаблан хуб фикр кардан ва мувофиқати онро ба имкониятҳои кишвар дарк намудан лозим аст. Муҳокимаи экспертии кулли ҷанбаҳо ва нозукиҳо бо пешкаши иттилооти фарогир, дақиқ, мубрам ба ҷомеаи коршиносӣ ва аҳли ҷомеаи васеъ зарур аст. Ин ба ҳосил намудани муносибатҳои бештар мулоҳизакорона ва пайдо кардани ҷавобҳо ба саволҳои «ноқулай» дар рафти мубоҳисаҳо ёрӣ мерасонад.

Масалан, барои қишрҳои васеи ҷомеа то ҳанўз суолбарангез мемонад, ки чаро остонаи поёнии ваксинагузаронӣ синни 18-солагӣ муқаррар шудааст. Чаро маҳз 18? Чаро 30-солагӣ не? Ё, баръакс, 15-солагӣ, яъне лаҳзаи қобили кор шудан не?

Вилям Шекспир мегуфт: «Агар хоҳӣ ба мақсади талошҳои худ бирасӣ, роҳеро, ки гум кардаӣ, боодобонатар пурсон шав». Зеро Лев Толстой барҳақ гуфтааст, ки «ҳеҷ натиҷаву дастовардҳо самти нодурустро ислоҳ намудан наметавонанд».

Михаил Петрушков

Оцените статью:

Ваксинагузаронии ҳатмӣ: хуб аст ё…? Дар Тоҷикистон эмкунии шаҳрвандони аз 18-сола боло, ба истиснои баъзе гурўҳҳо, аз COVID-19 ҳатмӣ шуд. Аммо оё ба ҳама ваксина мерасад? Он аз ҳисоби кист? Ҳатмӣ кардани ваксинагузаронӣ хилофи ҳуқуқи инсон нест? Дар матлаби Nuqta.tj ин ва дигар паҳлуҳои масъала ба таҳлил кашида шудаанд. Мувофиқи қарори «Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *