Ултиматум ё гуфтушунид?

Чаро сардори Кумитаи амнияти Қирғизистон аз пешниҳодҳои Тоҷикистон чизе нагуфт

16-17 март дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон, дар соҳили Сирдарё дар муҳити ҷиддан махфӣ даври навбатии музокироти Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои таъини марзҳо доир гардид. Сабаби ин гуна махфият дар он буд, ки Комиссияи байниҳукуматиро сардорони хадамоти махсуси ду кишвар сарварӣ мекарданд:  раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов ва ҳамтои ў аз Қирғизистон, раиси КДАМ ҶҚ Қамчибек Ташиев. Пеш аз ин, тавре маълум аст,  комиссияро муовинони сарвазирон роҳбарӣ менамуданд. Як давра ин масъулият ба зиммаи вазирони корҳои хориҷӣ низ буд.

Ултиматум ё гуфтушунид?
Сарварони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рафти вохўрӣ доир ба баррасии делимитатсияи марзҳо. Акс аз ittiloot.co

Тағйироти навбатӣ ба чӣ вобаста аст, роҳбарони давлатҳо медонанд. Аммо тахмин кардан ҷоиз аст, ки тарафҳо мехоҳанд масофаи боқимондаро зуд тай намоянд, зимнан ҳарчи бештар аз матбуот ва намояндагони ҷомеаҳои маҳаллӣ пинҳон доранд, то ки аз фишор ба рафти гуфтушунид эмин монанд. Агар ин хел маслиҳат воқеан ҷой дошта буд, пеш аз ҳама Қамчибек Ташиев тоқат бохта забон кушод.

«Дағалдипломатия»-и низомӣ

Сардори КДАМ-и кишвари ҳамсоя ба президент Содир Ҷабборов аз натиҷаҳои музокироти Гулистон ҳисобот дода, аз ҷумла ду пешниҳоди тарафи Қирғизистонро доир ба роҳҳалли масъалаи атрофи ҷамоати Ворух ва тасмими қирғизҳо дар хусуси қатъи ҳар гуна кўшишҳои воридкунии қочоқии молҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон изҳор дошт. Дар хусуси мавқеи ҷониби Тоҷикистон ҳарфе гуфта нашуд. Эҳтимол дорад, ки қасдан.

«Якум – мо дар асоси қонун сарҳадҳои анклавро чен мекунем ва он дигар калон нахоҳад шуд. Аммо мо ба анклав тариқи қаламрави худ роҳ ҷудо мекунем – танҳо барои истифода, то ки онҳо рафтуомад карда тавонанд.

Ултиматум ё гуфтушунид?
Раиси КДАМ ҶҚ Қамчибек Ташиев. Акс аз kg.akipress.org

Дуюмаш аз ин ҳам сахттар аст – мо омодаем анклави Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ба дасти мо ҳудуди ин анклавро бо масоҳати 12 ҳазор га диҳанд, мо омодаем бар иваз 12 ҳазор га аз дигар ноҳияҳои вилояти Бодканд ҷудо кунем. Мо ҳатто рўйхати ин қитъаҳоро додем»,- гуфт Ташиев.

Эҳтимол, чунин шакли тунд, қариб ултимативии пеш овардани таклифот ором намудани шаҳрвандони худ ва баланд бардоштани рейтинги президентро ҳадаф дорад: яъне, дидед, ки мо бо тоҷикон чӣ хел гап мезанем, ором бошед, манфиатҳои шуморо, чӣ гунае набошанд, касе аз мадди назар дур монданӣ нест.

Ба андешаи ман, иттилои барои расонаҳо пешкашшуда иғвоангезона мебошад. Тарафи қирғиз ошкор кардани он ҷузъиёти музокиротро авло донист, ки танҳо мавқеи Қирғизистонро инъикос мекунад. Ба ин шояд ба он хотир даст задаанд, ки бори дигар афкори ҷамъиятиро дар кишвар ва берун аз он ташаккул диҳанд, вале дар зимн ҳам қирғизон ва ҳам тоҷиконро ба иштибоҳ андохтаанд. Шояд ҷомеаи ҷаҳониро низ. Зеро сиёсатмадорони қирғиз, ба фарқ аз ҳамкасбони тоҷики худ, хуб дарк мекунанд, ки иттилоот чӣ неруи таъсир дорад. Сухане, ки аз ҳама пеш гуфта шавад, дар ҷомеа беш аз ҳама хоҳад чархид. Ин гуфтаро ҳамаи онҳое, ки аз моҳияти масъала бехабаранд, дар хотир мегиранд.

Донистан мароқовар аст, ки ин пешниҳодҳо сари мизи гуфтушунид чӣ гуна арз шудаанд. Оё дар ҳамон шакле, ки Қамчибек Ташиев ба президенти худ расонд ё, ба ҳар ҳол, қоидаҳои дипломатия риоя шуда бошанд. Агар Ташиев маҳз ҳамин гуна сухан карда бошад, ки матбуот овардааст, ин ду пешниҳодро чизи дигаре ба ҷуз ултиматум наметавон номид.

Моҳиро дар оби тира доштан осонтар аст

Барои кишварҳое, ки гуфтушуниди баробарҳуқуқ доир мекунанд, вобастаи якдигар нестанд, дар ин росто муносибати дўстона доранд, оҳанги ултимативӣ номақбул, нораво аст. Зиёда аз ин, он метавонад як тарафро озор диҳад, ки дақиқан ба манфиати идомаи гуфтушунид бо шеваи дўстона нест. Пас аз изҳороти Ташиев, агар он дар рафти гуфтушунид чунин буд, ҷониби Тоҷикистон ҳуқуқи комил ба даст кашидан аз идомаи он дошт. Вале боз ҳам ба назар мерасад, ки генерал назди президенти худ худнамоӣ кардааст. Лекин ин гуна беэҳтиётӣ яқинан оқибатҳои манфӣ хоҳад дошт.

Оё генерал намехоста бошад, ки бо пешниҳоди чунин роҳҳалҳои баҳси марзӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ амалӣ шуда наметавонанд, гуфтушунидро ба бунбаст  барад? Ин гуна тактикаро истисно кардан лозим нест, зеро ҳолати номуайянӣ аз чанд сабаб ба нафъи ҷониби қирғиз аст.

Ултиматум ё гуфтушунид?

Якум ин ки ҷониби қирғиз шурўъ аз соли 2002 ҳар қитъаи пешомадаро дар минтақаи Чоркўҳ- Коктош- Хоҷаи Аъло- Оқсой- Ворух, ки қирғизҳо зиндагӣ мекунанд ё замоне зиндагӣ мекарданд, баҳсӣ эълон намуда, ғасби заминҳои аслан тоҷикиро идома медиҳад. Бисёр қитъаҳоро зери назорати худ гирифта, Қирғизистон маскун кардани халқи худро ба ин заминҳо, татбиқи лоиҳаҳои равона ба азхудкунии онҳоро идома медиҳад. Бо ин усул бисёр қитъаҳои роҳи мошингарди Исфара-Ворух, шоҳроҳи Бодканд-Исфана қад-қади деҳаҳои тоҷикистонии Чоркўҳ ва Сурх қаламрави Қирғизистон эълом шудаанд. Дар соҳилҳои канали Торткол якчанд айили хурд бо кўчондани шаҳрвандон аз ҷойҳои дигар сохта шудааст.

Дуввум, маҳз марзҳои номуайян барои татбиқи нақшаи стратегии Қирғизистон оид ба аз бунбасти нақлиётӣ баровардани ноҳияи Лайлак, ки 14% масоҳати ин кишварро ташкил медиҳад, вазъи мусоид фароҳам меорад. Ёдрас мекунем, ки дар ин минтақа Қирғизистон роҳи нақлиётие бе гузариш аз қаламрави Тоҷикистон надорад ва дошта ҳам наметавонад. Ноҳияи Лайлак бо қисматҳои дигари Қирғизистон танҳо тавассути чанд камари қаторкўҳи Туркистон пайваст аст. Инро худи қирғизҳо ҳам эътироф мекунанд. Масалан, портали интернетии «Кактус» 26 март харитаи интерактивии сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба табъ расонд, ки “Открытая Азия онлайн” таҳия намудааст. Дар он, аз ҷумла, навишта шудааст: тавассути Ворух ягона шоҳроҳи нақлиёт мегузарад, ки ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро бо қисматҳои дигари кишвар мепайвандад.

Яқин аст, ки инҷо долони Ворух дар назар аст, яъне ҳудуд аз як деҳаи Тоҷикистон- Хоҷаи Аъло то деҳаи дигар –Ворух, ки то худи миёнаҳои солҳои 50-уми асри гузашта қаламрави Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Ва сеюм. Ҷониби Қирғизистон метавонад оромона амалисозии як қатор лоиҳаҳои  обиро низ шурўъ намояд, ки ба обёрии дашти Лайлак ва истихроҷи маъданҳо аз доманаҳои қаторкўҳи Туркистон равона мебошанд. Хоса, агар ба назар гирем, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокинони деҳоти Чоркўҳ ва Ворух барои дастгирии фронт дар дарёҳои Кишемиш ва Карафшин тилло мешустанд ва пас аз ҷанг олимони шўравӣ инҷо уран мекофтанд, аҳамияти ин ҳудуд, ки қисмаш тобеи қалами Тоҷикистон аст, аён мешавад. Зиёда аз ин, бе зери назорат гирифтани қитъаи пайвастшавии шохобҳои дарёи Исфара, ки имкон медиҳад барои ба самти Лайлак равона намудани об сарбанд бунёд гардад ва инчунин қитъаҳои роҳ бе воридгардӣ ба қаламрави Тоҷикистон сохта шаванд, ба гумон аст, ки татбиқи ин лоиҳаҳо воқеӣ бошад.

Ворух –  устухоне дар гулў

Аз ин мавқеъ ба пешниҳоде низ назар андохтан лозим аст, ки ҷониби қирғиз дар рафти гуфтушунид дар Гулистон пеш овард. Ворух дар роҳи амалӣ шудани нақшаи стратегии кишвари ҳамсоя монеаи асосист. Ин аст, ки роҳбарони қирғиз бар ивази Ворух ба Тоҷикистон интихоб намудани қитъаи дигареро пешниҳод мекунанд. Дар зимн Қамчибек Ташиев рақами 12 000-ро номбар мекунад, ки масоҳати имрўзаи ҷамоати Ворух мебошад. Бино ба баъзе маълумот, ҷониби қирғиз танҳо аз атрофи Ворух 31 000 га заминҳои Тоҷикистонро ва дар маҷмўъ дар ноҳияи Исфара 61 000 гектарро ғасб намудааст,. Ягон ҳуҷҷате нест, ки расман ба ихтиёри Қирғизистон  гузаштани ин заминҳоро тасдиқ намояд.

Ултиматум ё гуфтушунид?

Фикр мекунам, ғайривоқеӣ, ҳатто як абсурд будани имкони ивази Ворухро худи Ташиев ҳам дарк мекунад. Яқинан, ў муносибати сокинони Ворухро ба ин масъала низ медонад, ки хеле муҳол аст шаҳрвандии Қирғизистон қабул намоянд, ё ки ҳукумати Тоҷикистон ба кўчондани аҳолии қариб 40 000-нафара розӣ шавад. Аз даст ба даст гузаштани Ворух на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои бисёр ноҳияҳои Ўзбекистон низ, ки аз оби ҳавзаи дарёи Исфара истифода мекунанд, оқибатҳои фалокатовар дошта метавонад. Гузаштани обҳо ба ихтиёри ҳамсоягон аз назари экологӣ ҳам хатар дорад. Калиди обҳо дар дасти ҳамсояҳое, ки зиёд нисбати халқи дўсти тоҷик бе ягон асос муносибати таҷовузгарона нишон медиҳанд, метавонад мисли роҳҳои нақлиётӣ фишанги иловагие шавад.

Қирғизистон азм дорад аз мавқеи неру амал кунад?

Дар баробари тазаккур аз нафъоварии ҳолати номуайянӣ дар баҳси марзӣ барои ҶҚ илова бояд кард, ки ҷониби қирғиз майл ба амал аз мавқеи неру дорад. Матбуот чанде пеш хабар дод, ки 30 март ҳамсояҳо тасмим доранд дар сарҳад бо Тоҷикистон тамринҳои низомӣ гузаронанд. Баъзе шубҳаҳо дар хусуси ҳадафҳои изҳоршудаи ин тамринҳо ба сар меоянд. Суолҳо комилан мантиқӣ мебошанд. Маҳз дар марз бо Тоҷикистон гузарондани тамринҳои калони низомӣ чӣ зарурат дорад? Чаро вақти гузарондани онҳо ба давраи нави гуфтушунид рост омадааст? Ин ҳама техникаи ҳарбӣ баъди тамринҳо дар вилояти Бодканд намемонда бошад?

Инҷо тахмин кардан ҷоиз аст, ки ҳадафи ташрифи чанде пеш рўйдодаи Содир Ҷабборов ба Москва яқинан ба даст овардани дастгирии Кремл бо баҳонаи ҳимояи сарҳадҳои Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ буд. Ҳам ваъдаи ёрии ҳарбӣ аз ҷониби Россия ва ҳам мувофиқа бо Қазоқистон ҷиҳати васеъ кардани ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ маълум аст, ки генералҳои ситезаҷўи қирғизро рўҳбаланд намудаанд.

Ба он ки баъзе сарҳои бенўхта дар Қирғизистон ният доранд неруи низомиро ҳамчун фишанги фишор ба Тоҷикистон ба кор баранд, шубҳае нест. Зеро то ин ҳангом ҳам дар низоъҳои наздисарҳадӣ ҳама вақт марзбонони қирғиз, ҳамроҳ бо ҷузъу томҳои таъиноти махсус фаъолона иштирок доштанд.

Қочоқи вобаста ба «гапдароӣ»

Ва дар охир чанд сухан дар бораи қочоқ. Қамчибек Ташиев аз феълан қатъ кардани роҳи қочоқ ва имкони сабукиҳо барои он дар ҳолате мегўяд, ки агар ҷониби тоҷик ба шартҳои қирғизҳо розӣ шавад.

«Амалҳои ғайриқонунии қочоқӣ то ин лаҳза ҷой доштанд ва ҳама ба онҳо бе сахтгирӣ муносибат мекарданд, ҳарчанд ки ин амалҳо ғайриқонуниянд. Аммо акнун барои амалҳои ғайриқонунӣ дигар ҷой нест. Ба Тоҷикистон ягон литр маводи сўхту молиданӣ намегузарад ва аз он ҷо ҳам ба мо чизеро ворид нахоҳанд кард. Пас аз он ки масъалаҳои сарҳадиро ҳал мекунем, сабукӣ ҳам мешавад ва он гоҳ ба кор шурўъ мекунем»,- меорад суханони генералро «КактусМедиа» 26 марти соли 2021 дар матлабаш.

Ин гуна изҳоротро чӣ хел бояд фаҳмид? Мо аз амалҳои ғайриқонунии қочоқбарон чашм мепўшем, агар шумо пешниҳоди моро қабул намоед? Усули аҷиби ҳалли баҳси марзӣ. Дар ҳоле ки сарвари хадамоти махсус дар навбати аввал бояд манфиатҳои давлат ва халқ, қонуниятро ҳимоя намояд, на ин ки дуздон, ғоратгарон, қонуншиканонро ҳавасманд созад.

Агар мо воқеан ҳалли зуд, одилона ва бо дарназардошти сулҳу суботи баҳсҳои марзӣ, аз ҷумла масъалаи атрофи Ворухро хоҳем, кифоя аст, ки мақоми заминҳои Тоҷикистонро эътироф намоем. Ба тоҷикон замини бегона лозим нест. Зиёда аз ин, онҳо ба мақоми нави ҳудудҳое, ки онҷо қирғизҳо маскун шудаанд, бо ҳусни тафоҳум назар мекунанд. Аммо танҳо он заминҳое, ки қирғизҳо то замони истиқлол маскун шудаанд. Масъалаи мақоми роҳҳо, чарогоҳҳо, иншоотҳои обиро ҳал намудан лозим аст, то ки аҳолии назди сарҳад, новобаста аз табааи кадом кишвар будан, имкони озодона ҳаракат намудан ва аз захираҳои об истифода карданро дошта бошад.

Неъматулло Мирсаидов, шореҳи сиёсӣ

Оцените статью:

Ултиматум ё гуфтушунид? Чаро сардори Кумитаи амнияти Қирғизистон аз пешниҳодҳои Тоҷикистон чизе нагуфт 16-17 март дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон, дар соҳили Сирдарё дар муҳити ҷиддан махфӣ даври навбатии музокироти Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои таъини марзҳо доир гардид. Сабаби ин гуна махфият дар он буд, ки Комиссияи байниҳукуматиро сардорони хадамоти махсуси ду кишвар сарварӣ мекарданд:  раиси КДАМ ҶТ […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *