Толибон аз Панҷ намегузаранд, гурезаҳоро мунтазир бошед

Дар натиҷаи задухўрдҳои охир миёни неруҳои низомии ҳукуматӣ ва ҷунбиши «Толибон» зери ихтиёри ҷунбиш як қатор вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, инчунин гузаргоҳҳои марзии Шерхон-Бандар ва Кокул гузаштанд.

Шумораи умумии захмиён, кушташудагон ва асирон аз ҷумлаи низомиёни афғон дар оқибати ин муноқишаҳо наздики 100 нафарро ташкил дод. Вазъ дар марзи миёни ҶТ ва ҶИА тезутунд арзёбӣ мегардад.

Аз ҳодисаҳои охир чиро интизор бояд шуд ва оё убури марзи Тоҷикистон имкон дорад?

Неруҳои марзии Тоҷикистон: Марз ноором аст

Шоми 22 июн маркази матбуотии Қўшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳорот пахш намуд, ки зимни он дар хусуси амалиёти ҷангӣ дар вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон гуфта мешуд: «Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС «Панҷ» сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд.

Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд доданд. Дар миёни ҳарбиёни ҶИА 4 нафар маҷрўҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дорад».

Ҳамчунин,  тибқи иттилои Қўшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ, вазъ дар хатти марзи байни ҶТ ва ҶИА ҳамчун тезутунд арзёбӣ мешавад, теъдоди умумии низомиёни захмӣ, кушташуда ва асиршуда дар ҳудуди Шерхон-Бандар то 100 нафарро ташкил медиҳад.

«Мувофиқи иттилои тасдиқёфта, дар 10 рўзи охир дар 4 вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон задухўрдҳои мусаллаҳона миёни неруҳои низомӣ ва ҷунбиши «Толибон» идома доранд. Дар натиҷаи ин вулусволиҳои Чоҳоб, Янгиқалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ҳамчунин гузаргоҳҳои марзии Шерхон-Бандар ва Кокул зери назорати толибон гузаштанд»,- гуфта мешавад дар изҳорот.

Шерхон-Бандар нуқтаи муҳими тиҷорату ҳамл маҳсуб меёбад, ки аз тариқи он содироти гумрукии Тоҷикистон аз Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубӣ-Шарқии Осиё, аз ҷумла Покистон ва Эрон мегузарад. Он дар марзи миёни ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз воқеъ аст. Худи вулусволии Имом Соҳибро низ толибон ишғол намудаанд.

Нигаронии президентҳо

23 июн дар суҳбати телефонӣ вазъи ҳарбӣ-сиёсиро дар Афғонистони ҳамсоя президентҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қазоқистон баррасӣ намуданд.

Тарафҳо изҳори нигаронӣ аз он намуданд, ки вазъ ба болоравии шиддат боис гардида, ба ҳолати умумӣ бо таъминоти минтақа таъсири манфӣ мерасонад.

Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои дастаҷамъиро оид ба дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳ, субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд. Омодагии тарафҳо ба ҳамоҳангсозии амалҳо дар ин самт тасдиқ карда шуд.

Русия ҳамчунин аз шиддати вазъ дар Афғонистон ва ба вуҷуд омадани манбаи нави ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Дар ин хусус рўзи чоршанбе ба рўзноманигорон котиби матбуотии Президенти ФР Дмитрий Песков гуфт, хабар медиҳад ТАСС.

“Дар маҷмўъ, албатта, рушди вазъ дар Афғонистон бо мурури хориҷшавии низомиёни Амрико ва кишвархои дигар сабабе барои таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва нигаронии мост»,- гуфт намояндаи Кремл.

Инкишофи вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддии кишварҳои ҳамҷавор ва ҳам созмонҳои байналмилалро металабад, гуфт вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу.

“Бояд эътироф намуд, ки тўли 20 соли будубоши гурўҳи калони низомии эъилофи ғарбӣ дар ин кишвар ба он муяссар нагардид, ки ба натиҷаҳои назаррас дар кори истиқрори субот ва ташаккул додани сохторҳои устувори идораи давлатӣ ноил гардад»,- гуфт ў дар Конфронс оид ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ дар Маскав.

“Пас аз ихроҷи неруҳои НАТО бо эҳтимоли зиёд авҷи нави ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми оқибатҳи ногувор: бадшавии минбаъдаи ҳаёти аҳолии осоишта, муҳоҷирати оммавӣ, паҳн шудани ифротгароӣ ба кишварҳои ҳамсоя интизор метавон буд»,- илова намуд Шойгу.

Толибон аз Панҷ намегузаранд, гурезаҳоро мунтазир бошед
Ёдгор Файзов

Роҳбари ВМКБ: «Ба ҳимояи кишвар бармехезем»

Қаблан, 20 июн, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов вобаста ба вазъ дар сарҳад машварати таъҷилӣ баргузор намуд. «Вазъи ноамн дар марз бо Афғонистон ҳушдорест барои зарурати ҳифзи суботи дохилӣ. Дар сурати убури имконпазири ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мо ба ҳимояи кишвар бархоста, ба ҳамлагарон посух мегўем”, – иброз дошт раиси ВМКБ.

Тавре аз дастгоҳи раиси ВМКБ хабар доданд, Ёдгор Файзов тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ ва кадриро дар мавзеъҳои наздисарҳадии ВМКБ тадбири муҳим дар ин самт арзёбӣ намудааст. Дар ин робита ў муҳим будани муайянкунии макони бехавф, захираи сўзишворӣ ва маводи ғизоӣ, сарулибос ва нақлиёт барои қабули имконпазири гурезаҳои иҷборӣ аз ҳудуди кишвари ҳамсояро таъкид намуд.

«Дар ҳолати шиддат гирифтани вазъи сокинони он сўи марз мо омодаем гурезаҳоро қабул намоем. Албатта, агар онҳо ба ин ниёз дошта бошанд. Дар ҳар сурат, дар замони тангӣ ба ҳамсоя дасти ёрӣ бояд дароз кард. Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ ин мардум гурезаҳои моро қабул карданд ва имрўз мо ба онҳо ёрӣ хоҳем расонд. Имкониятҳои иқтисодӣ ва сиёсии худро ба назар гирифта, мо метавонем беш аз 10 ҳазор бародарони афғонро дар макони амн қабул намоем»,- гуфт Ёдгор Файзов.

«Толибон аз рақибон қасос хоҳанд гирифт»

Шореҳи сиёсӣ ва рўзноманигор Нуралӣ Давлат бар андешае аст, ки президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай ва сарвари имрўзаи давлат Ашраф Ғанӣ ба ҷанг бо ҳамқавмони худ – толибон, ки асосашонро паштуҳо ташкил медиҳанд, чандон манфиатдор набуданд.

«Акнун ҳама чӣ аз тавоноии ҳарбии артиши афғон ва неруҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста аст. Агар онҳо, мисли соли 1992, аз рўи миллату мазҳаб парешон нашаванд, вазъ дигар меёбад ва ин тағйирот ба нафъи толибон нахоҳад буд,- мегўяд коршинос. – Аммо пирўзии ҷунбиши «Толибон» дар Афғонистон боис ба пайдо шудани фавҷи гурезаҳо аз он сабаб мегардад, ки сари қудрат омада, толибон аз ҳамаи онҳое, ки муқобилашон аз соли 2001 инҷониб ҷангидаанд ё маъмурияти амрикогарои Афғонистонро дастгирӣ намудаанд, қасос хоҳанд гирифт. Яъне, ҳамаи ин одамон ва хонаводаҳояшон ба хотири амнияти худ метавонанд тарки кишвар кунанд. Инчунин аз эҳтимол берун нест, ки ба рўйхати рақибони толибон метавонанд халқиятҳои ғайрипашту афтанд, ки дар шимоли кишвар зиндагӣ мекунанд – тоҷикон, ўзбекҳо, туркманҳо ва ҳазораҳо, ки аксарашон мавқеи муқобили толибон доштанд.

Толибон аз Панҷ намегузаранд, гурезаҳоро мунтазир бошед
Толибон. Акс аз интернет.

Имрўз шумораи ҳатто тахминии гурезаҳои эҳтимолиро пешгўӣ кардан душвор аст. Ҳамааш ба он вобаста хоҳад буд, ки вазъ то кадом андоза шиддат мегирад. Ҳамчунин гуфтан мушкил аст, ки онҳо ба кадом самт фирор мекунанд – ба маркази кишвар ё ба кишварҳои ҳаммарз. Имрўз як чиз равшан аст – гурезаҳои афғонро дар ҳеҷ ҷо мунтазир нестанд, хоса дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Худи гурезаҳо низ, агар онҳо пайдо шаванд, бо эҳтимоли бештар дар навбати аввал самтҳои дигар – давлатҳои Ғарб, Эрон ва Покистонро интихоб мекунанд. Ин, ки оё ин давлатҳо онҳоро қабул кардан мехоҳанд ё не, суоли дигар аст. Бо вуҷуди ин, ба андешаи ман, ба ҳамаи кишварҳо, махсусан ба ҳамсояҳои Афғонистон, ба рушди ногувортарини ҳодисаҳо омода бояд буд»,- ақида дорад коршинос.

Александр Князев: Толибон ба бехатарии Тоҷикистон таҳдид намекунанд

«Вусъати даргириҳои низомӣ дар Афғонистон марҳилаи навбатии ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки барояш шиддати баланд хос аст,- мегўяд коршиноси масоили Шарқи Миёна ва Осиёи Марказӣ, профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург Александр Князев.

“Чизи наве дар робита ба ин намебинам. Хориҷшавии гурўҳи низомии ИМА ва НАТО барои ҷунбиши «Толибон» таконе барои тақвияти вазъи худ дар кишвар бо роҳи зери назорат гирифтани ҳудуди калонтар аз қаблии кишвар гардид. Гуфтушунидҳо дер ё зуд аз нав оғоз меёбанд, роҳи низомии ҳалли низоъ вуҷуд надорад, вале таҳти назорат доштани ҳудудҳои калонтар аз пешина ба толибон имкон медиҳад, ки аз мавқеи қудрат гуфтугў кунанд», – гуфт сиёсатшинос.

Бино ба суханони Князев, тайи 20 соле, ки аз замони тарки Кобул кардани толибон гузаштааст, эволютсияи муайяни ҷунбиш рўй дод, роҳбарони он бештар воқеъгаро шудаанд ва ба ҳоли имрўз майли онҳоро ба қонунишавӣ, ҳамгирошавӣ ба ҳаёти Афғонистон ва сипас онҷо, аз дарун барои амалӣ кардани моделу ғояҳои худ кўшидан дида мешавад.

«Эҳтимол, миёни қумондонҳои «Толибон» онҳое ҳам ҳастанд, ки ба сари қудрат омадан тариқи зўрӣ умед мебанданд, лекин дар Афғонистони имрўза ин тақрибан номумкин аст ва агар шавад ҳам, танҳо барои муддати кўтоҳ имкон дорад,- мегўяд коршинос.- Дар расонаҳо дар робита ба воқеаҳои ҷорӣ воҳима ангехта мешавад, гўё ҳеҷ гоҳ то ин замон чунин ҳодисаҳо рўй надода бошанд. Рўй дода буданд. Ба соли 2001 толибон тақрибан 90% қаламрави кишвар, аз ҷумла, шаҳрҳои калон ва коммуникатсияҳои стратегӣ, ҳамчунин қариб тамоми марз бо кишварҳои Осиёи Марказиро зери назорат доштанд. Дар насибам соли 1998 аз ҷониби Тирмиз мушоҳида намудани он буд, ки чӣ тавр дар Хайратон силоҳбадастони толиб ҷунбуҷўл мекунанд. Имрўз вазъ дигар аст ва ин фарқ мусбат мебошад – имрўз бо саркардаҳои «Толибон» метавон гуфтугў барпо кард ва дар амалҳои худи «Толибон» баръало кўшиши ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ, неруи асосии сиёсӣ дар кишвар мавқеъ пайдо кардан мушоҳида мегардад. Маҳз ҳамин азм аст, ки, масалан, чанде пеш толибон дар робита ба овозаҳо дар бораи ҷой гирифтани низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои минтақа изҳорот пахш намуданд. Ин изҳоротро ба гумон аст, ки ҳамчун таҳдид ба унвони кишварҳои ҳамсоя қабул кардан шавад, ба назар мерасад, ин бештар далели мавқеъталабии роҳбарияти «Толибон», кўшиши худро ҳамчун неруе ҷилва додан аст, ки даъвои ҳокимияти расмӣ дар кишварро дорад ва сиёсати берунаи худро роҳандозӣ мекунад. Роҳбарияти Ўзбекистон ва Туркманистон то ин лаҳза аллакай майдонҳои худро барои музокирот бо «Толибон» доранд – барои ҳолати тўл кашидани марҳилаи тезутунди даргириҳо. Фикр мекунам, ҳамсояҳои дигар низ ба ин ё он андоза маҷбуранд бо толибон дар алоқа бошанд».

Толибон аз Панҷ намегузаранд, гурезаҳоро мунтазир бошед
Гурезаҳо. Акс аз интернет.

25 июн Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло бо Президенти ИМА Ҷо Байден мулоқот доранд. Ба ақидаи Александр Князев, агар дар натиҷаи ин вохўрӣ Кобул ба ташкил кардани ҳукумати коалитсионӣ розӣ шавад, он гоҳ метавон идома ёфтани раванди музокирот дар Доҳа ва андак поин рафтани шиддати ҳарбиро ҳадс зад. Дар ҳар сурат, муътақид аст коршинос, толибон ҳеҷ гоҳ майли паҳн кардани таъсири худро ба берун аз Афғонистон намоиш надодаанд.

Доир ба мавқеи Тоҷикистон дар робита бо ҳодисаҳои охири Афғонистон коршинос хотиррасон мекунад, ки дар ҳоле дар онсўи Панҷ ҳамсояи ҷангзада дорад, Душанбе бояд омодаи вокуниши дуруст ба пайдо шудани гурезаҳо бошад. Инчунин, ба ақидаи ў, барои чанд замон робитаҳои иқтисодӣ халалдор мешаванд, лоиҳаҳои фаромарзӣ аз қабили CASA-1000-ро ба муддати тўлонитар аз ин метавон фаромуш кард.

«Худи толибон ба ҳеҷ ваҷҳ ба амнияти Тоҷикистон таҳдид намекунанд, хатар дар симои гурўҳҳои ғайриафғонии террористӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла онҳое, ки аз зодагони Тоҷикистон таркиб ёфтаанд,- муътақид аст Князев. – Аммо, аввалан бояд гуфт, миқёси ин хатар, мувофиқи анъанаи даҳсолаҳо боз роиҷ, аз будаш зиёд нишон дода мешавад. Ва баъдан, ба гумон аст, ки онҳо дар ин ҳолат ба убур кардани Панҷ ва ҳамла ба хоки Тоҷикистон азм  намоянд – ин барои марзбонони Тоҷикистон ва умуман сохторҳои қудратии кишвар як масъалаи хеле одӣ мебуд. Гурўҳҳои пинҳонкори террористии дар Тоҷикистон мавҷуд бешак бо ҳаммаслаконашон дар қаламрави Афғонистон алоқа доранд. Ин гурўҳҳоро, эҳтимол дорад, ба ягон навъ амалҳои террористӣ дар ҶТ, бидуни вобастагии мустақим ба Афғонистон, таҳрик диҳанд. Ин масъалаи кори муқаррарии сохторҳои зиддитеррористӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар хоҳад буд, ки барои он кормандонашон маош мегиранд. Яъне, ҳеҷ рабте ба мушкилии Афғонистон нахоҳад дошт».

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Толибон аз Панҷ намегузаранд, гурезаҳоро мунтазир бошед Дар натиҷаи задухўрдҳои охир миёни неруҳои низомии ҳукуматӣ ва ҷунбиши «Толибон» зери ихтиёри ҷунбиш як қатор вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, инчунин гузаргоҳҳои марзии Шерхон-Бандар ва Кокул гузаштанд. Шумораи умумии захмиён, кушташудагон ва асирон аз ҷумлаи низомиёни афғон дар оқибати ин муноқишаҳо наздики 100 нафарро ташкил дод. Вазъ дар марзи миёни ҶТ ва ҶИА тезутунд арзёбӣ […]
3.67 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *