То кай бо навои дигарон мерақсем?

Ва ё қиматшавии бензинро бо чӣ ҷуброн кунем?

Аз охирҳои моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон баландшавии нархи сўзишворӣ ба назар мерасад. Агар моҳи январи соли ҷорӣ нархи як литр бензини аз ҳама серистифода – АИ-92 дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ ба ҳисоби миёна 6,5 сомониро ташкил дода бошад, ҳоло ин рақам ба 9,1- 9,2 сомонӣ расидааст.

Вобаста ба қиматшавии арзиши сўзишворӣ нархи хизматрасонии нақлиёти мусофирбар ва боркаш низ гарон мешавад. Ин дар навбати худ боиси қиматшавии маҳсулот мегардад.

Азбаски сўзишворӣ ба кишвари мо асосан аз хориҷа ворид мешавад, мо маҷбурем «бо навои содиркунандагони маҳсулоти нефтӣ рақс кунем». Чунончӣ, аз рўи маълумоти оморӣ соли 2020 ба ҷумҳурӣ андаке бештар аз 1 миллион тонна маҳсулоти сўзишворию равғанҳои молиданӣ ворид гардид. Аз ин миқдор 584 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ ворид шудааст, ки 234 ҳазор тоннааш бензин ва 298 ҳазор тонна сўзишвории дизелӣ мебошад. Ба кишвари мо  сўзишвориро асосан  аз Федератсияи Россия ва Қазоқистон меоранд. Соли ҷорӣ дар маҷмўъ Россия ба кишвари мо 830 ҳазор тонна маҳсулоти нефтиро бидуни  боҷ ворид хоҳад кард.

Яке аз сабабҳои қиматшавии сўзишворӣ дар кишвари мо ин боло рафтани арзиши аслии он дар  корхонаҳои коркарди нефти Россия мебошад. Мувофиқи  иттилоотии васоити ахбори  оммаи Россия дар ин кишвар нархи ҳар як тонна бензин аз аввали соли равон 100-150 доллар гарон шуд. Илова бар арзиши аслии бензин ва маблағи роҳкиро, воридкунандагон уҳдадоранд, ки андоз аз арзиши илова шуда, (18 дарсад) аксиз (ба ҳар тонна 65 доллар) ва гумрукпулӣ (0,25 дарсад) супоранд. Илова ба ин, маоши кормандони нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ ва дигар хароҷоти майда- чуйда (фуровардан аз вагон, кашонидану нигоҳ доштан дар систернаҳо…) ба нархи бензин зам мешавад.

Тибқи иттилои вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа истихроҷи нефт дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 181 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 тонна зиёд аст. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ 517 ҳазору 685 тонна сўзишворӣ ворид гардид, ки аз он 112 ҳазору 454 тоннааш бензин мебошад.

Тавре аз пешгўии коршиносон бармеояд, оянда низ камшавии истихроҷи нефт ва қиматшавии сўзишворӣ дар назар аст. Аз рўи маълумоти British Petrolium соли 2020 захираи исботшудаи нефт дар ҷаҳон 1 триллиону 734 миллиард баррел (244,6 миллиард тонна)- ро ташкил медиҳад. Венесуэла, Арабистони Саудӣ, Канада, Эрон, Ироқ ва Федератсияи Россия кишварҳои асосии дорои захираҳои бузурги нефт мебошанд.

Бо мақсади вобаста нашудан аз нефт кишварҳои воридкунандаи сўзишворӣ нақшаю тадбирҳо мушаххасро амалӣ карда истодаанд. Мувофиқи ҳисоби коршиносон дар натиҷаи амалисозии чунин тадбирҳои то соли 2050 истифодабарии нефт дар ҷаҳон ду маротиба кам мешавад. Чанде пеш нашрияи шведии Svenska Dagbladet зикр  намуд, ки маркази бузурги сиёсии ҷаҳон-  Иттиҳоди аврупо, ИМА ва Хитой ғайричашмдошт ба як самт ҳаракат  карданд. Шиори «мо мехоҳем ҷаҳонро наҷот диҳем» ҷойи «мо мехоҳем рақобатпазир бошем»- ро гирифт. Нашрия андешаҳои коршиносонро хулоса карда менависад, ки баъди соли 2026 дар ҷаҳон талабот ба нефт кам шуда, нархи як баррели он аз 60 доллар паст мешавад.

Офтобу шамол об ба ҷои нефт

Имрўз қариб 90 дарсади нефти хом дар ҷаҳон барои сўзишворӣ ва ҳамагӣ 10 дарсадаш барои истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти нефту химия коркард мешавад.  Пластмассаро иваз кардан мушкил аст, вале сўхтани бензину соляркаю мазутро бо истифода аз энергияи офтобу шамолу об кам кардан метавон. Дар ин бобат истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) кумак мерасонад. Хитой дар самти истифодабарии МБЭ дар сафи пеш қарор дорад. Сарвари ин кишвар Си Ҷин Пин эълон дошт, ки Хитой то соли 2060 пурра аз истифодаи нефту газу ангиштсанг даст мекашад. Бо ин мақсад Ҳукумати кишвараш дар зарфи 20 соли оянда 16 триллион доллар (!) сармоягузорӣ хоҳад кард. То ибтидои соли равон иқтидори умумии МБЭ дар ин ҷо 930 миллион гигаваттро ташкил дод. Соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли энергияи алтернативӣ дар Хитой  баробари 680 миллион тонна сўзишвории шартиро ташкил дод, ки он ивазкунандаи қариб 1 миллиард тонна ангиштсанг мебошад. Ба таври дигар гўем тавассути истифодабарии энергияи «сабз» ба фазо партоб шудани 1,79 миллион тонна гази карбонат (диоксид углерода) 864 ҳазор тонна дуоксиди сулфур (диоксида серы) ва 798 ҳазор тонна оксиди нитроген (окиси азота) пешгирӣ гардид.

То кай бо навои дигарон мерақсем?
Акс: rim3.ru

Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз МБЭ дар Хитой 2,2 триллион кВт/ соатро ташкил дод, ки ин баландтарин натиҷа дар ҷаҳон аст. Умуман Хитой 16 соли боз дар гидроэнергетика, 11 сол дар истифодаи энергияи шамол ва 6 соли охир дар истеҳсоли энергияи офтоб дар дунё ҷойи аввалро ишғол мекунад.

Шояд хонанда пурсад, ки чӣ тавр сухан аз сўзишворӣ ба мавзўи барқ печид? Гап дар сари он кикишварҳои мутараққӣ бо истифода аз энергияи «сабз» истифодаи  сўзишворӣ дар неругоҳҳои ҳароратӣ ва нақлиётро кам карда истодаанд. Рўз то рўз шумораи истифодабарандагони нақлиёти барқӣ дар ҷаҳон афзуда истодааст. Дар шаҳрҳои калон ба ҷои автобус аз электробус ва ба ҷои автомобил аз электромобил истифода мебаранд. Дар ин самт ҳам Хитой дар ҷаҳон пешсаф аст. Германия, Япония, ИМА, Норвегия ва дигар кишварҳои аврупоӣ торафт бештар ба нақлиёти барқӣ рў оварда, барои истифодабарандагони он имтиёзҳо муқаррар кардаанд.

Қариб 90 дар сади фурўши скутер ва мотосиклҳои барқии ҷаҳон низ ба Хитой рост меояд. Аз рўи маълумоти Созмони байналмилалии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) соли 2018 ҳаҷми фурўши нақлиёти ду- сечархаи барқӣ дар ин ҷо 355 миллион ададро ташкил дод. Ҳоло Хитой ба 30 кишвар электромобил содирот мекунад. Дар назар аст, ки соли 2025 ҳаҷми фурўши 48 дарсади электромобилҳои ҷаҳон ба Хитой рост ояд.

Аз рўи маълумоти ширкати таҳлилии «Canalys» соли 2020 фурўши электромобилҳо дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба соли 2019- ум 39 дарсад афзуда, 3,1 миллион ададро ташкил дод.

Ҳавасмандӣ муштариёнро зиёд мекунад

Ҳукумати кишварҳои аврупоӣ бо мақсади зиёд намудани шумораи истифодабарандагони нақлиёти барқӣ ба харидорони  электромобил як қатор имтиёзҳо муқаррар намудаанд. Масалан, дар Белгия, Дания, Финландия, Франсия, Юнон, Венгрия, Ирландия, Латвия, Нидерландия, Португалия ва Руминия  касоне, ки электромобил мехаранд, аз андоз барои бақайдгирии нақлиётӣ озоданд. Дар Австрия соҳибони нақлиёти барқӣ аз андоз барои сўзишворӣ ва андоз барои истифодаи нақлиёт озод шуданд. Дар Булғория бошад онҳоро аз супурдани андози солона озод кардаанд. Дар Германия соҳибони электромобил аз рўи бақайдгирии нақлиёташон тўли 10 сол аз андози солона озод шуда, давлат барои онҳо 4000 евро кумаки бебозгашт (грант) медиҳад. Маҳз ҳамин гуна  имтиёзҳост, ки шумораи истифодабарандагони электромобил дар Германия баъди Хитою ИМА қариб ба 1 миллион нафар расидааст.

Парламенти Украина мисли Қирғизистон ворид намудани нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод намуд. Ҳукумати Эстония аз соли 2011 то соли 2014 ба ҳар харидкунандаи электромобил ба ҳисоби миёна 17800 долларӣ кумаки бебозгашт расонид. Маблағи тайи ин солҳо ҷудонамудаи ҳукумат 9 миллион евроро ташкил медиҳад. Ин гуна мисолҳо зиёданд, вале барои ба хулоса омадан ҳамин қадараш кофист.

Тайи чанд соли охир ба якчанд вазирону раисони кумитаҳо савол дода будам, ки дар Тоҷикистон чун кишвари истеҳсолкунандаи барқи аз лиҳози экологӣ тозаю арзон кай ба электромобил роҳ кушода мешавад? Манзурам додани имтиёзот ва оғоз кардан ба сохтмони нуқтаҳои зарядпуркунии нақлиёти сабукрави барқӣ буд. Вале онҳо мегуфтанд, ки «инро омўхтан лозим», «ҳоло ба ин тайёр нестем» (?!). «Ҳол он ки таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ, Хитой, ИМА бартарии нақлиёти барқиро  кайҳо исбот намудааст.

То кай бо навои дигарон мерақсем?
Дар сурат: 12 мошини барқии JAC iEV7S аз парки як ширкати тақсими мошинҳо дар Қрим. Акс: chinese-cars.rf

Хушбахтона, чанде пеш раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки бинобар афзудани истеҳсоли электромобил дар кишварҳои ҷаҳон нархи нақлиёти барқӣ  торафт арзонтар ва масофаи бо як заряд тайкардаи он бештар шуда истодааст. Умед аст, ки ҳамватанонамон моҳияти  электромобилро дарк намуда, воридоти ин намуди нақлиёти аз лиҳози экологӣ тозаро зиёд мекунанд. Агар худи кумитаи мазкур намуна шуда, як қисми мошинҳои хизматиашро аз ҳисоби электромобил пурра мекард нуран ало нуран мешуд. Шояд ташкилотҳои мададрасон дар ин бобат ба кумита кумак расонанд.

Модоме ки Хитой, ИМА ва кишварҳои аврупоӣ то соли 2050- 2060 аз сўзишворӣ даст мекашанд, кишвари мо чаро бо доштани барқи арзон ба «қабристон»-и мошинҳои бензину соляркахўр табдил ёбад? Аллакай мо аз кишварҳои ҳамсоя дар бобати истифодаи электромобил ақиб мондем. Боз чиро интизорем? Чаро аз таҷрибаи ҳамсоякишварҳо ибрат намегирем?

Тибқи иттилои сомонаи «Podrobno.uz» танҳо дар вилояти Фарғонаи Ўзбекистон якбора 4 корхонаи истеҳсоли электроскутер оғоз шудааст. Ширкати «Веломакс» бо харҷи 4 миллион доллар бунёди корхонаи иқтидори истеҳсоли солонааш 20000 электроскутерро ба роҳ мондааст. Корхона моҳи июни соли 2022 ба кор медарояд. Ширкати «Tekhnoworld» бошад дар ин муҳлат истеҳсоли солона 2000 электромотор ва скутерро ба роҳ монданист. Ширкати «Bicycle Trading Invest» соле 4,5 ҳазор ва Story Plast 3000 электроскутеру электромотороллер (марти 2022) мебарорад.

Аз 1 январи соли 2019 дар Ўзбекистон барои ворид кардани электромобил боҷи гумрукӣ ва аз июли ҳамон сол аксиз ситонида намешавад. Моҳи декабри соли 2020 қарори Девони Вазирони Ўзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ  оид ба дастгирии харидорӣ ва ба иҷора додани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, истифодаи электромобилҳо ва воситаҳои моетонақлиётӣ, инчунин рушди саёҳат бо велосипед дар мамлакат» қабул гардид.

Тибқи лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ширкати австриягии «Parsalpine Management GMBN» дар вилояти Навоӣ корхонаи истеҳсоли электромобил сохта мешавад. Аз 1 октябри соли 2022 бошад дар шаҳри Кўқанд корхонаи истеҳсоли электромобил ба кор оғоз мекунад, ки иқтидораш 2000 адад дар як сол мебошад. Лоиҳаро ширкати хитоии «Silk Road Company» бо маблағгузории 30 миллион доллар амалӣ месозад. Дар назар аст, ки нархи минималии як электромобили корхонаи муштараки Ўзбекистону Хитой 3000 доллар шавад. Ин баъд аз электромобили ҳиндустонии тамғаи «Mahendra E-20», ки 2700 доллар арзиш дорад, дуюмин электромобили арзонтарини ҷаҳон хоҳад буд. Чаро мо наметавонем дар ҳамкорӣ бо шарикони хитоӣ истеҳсоли нақлиёти барқиро дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба роҳ монем?

Бартарии электромобилҳо дар он аст, ки онҳо ҳаворо ифлос намекунанд, садои ҳаракаташон паст аст, баъди харидан хароҷоти кам доранд. Масалан, дар 100 километр баробари нархи як литр бензин пули барқ сарф мешавад.

Шояд вақти он расидааст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат дар бораи роҳи васеъ кушодан ба нақлиёти барқӣ (тавассути додани имтиёзот) бо пешниҳод муроҷиат мекунанд? Он вақт маблағе, ки баҳри харидани маҳсулоти нефтии ифлоскунандаи ҳаво аз кишвар берун меравад, сарфи пардохти неруи барқи ватанӣ (бо нархи саноатӣ) мешавад. Сайфиддин СУННАТӢ

Оцените статью:

То кай бо навои дигарон мерақсем? Ва ё қиматшавии бензинро бо чӣ ҷуброн кунем? Аз охирҳои моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон баландшавии нархи сўзишворӣ ба назар мерасад. Агар моҳи январи соли ҷорӣ нархи як литр бензини аз ҳама серистифода – АИ-92 дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ ба ҳисоби миёна 6,5 сомониро ташкил дода бошад, ҳоло ин рақам ба 9,1- 9,2 сомонӣ […]
3 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *