Тоҷикон дар Русия хамчун коргар даркору чун шаҳрванд нодаркор?

Аҳолии Федератсияи Русия сол то сол кам мешавад. Халоеро, ки дар оқибати ин ба вуҷуд меояд, метавонанд муҳоҷирон аз Осиёи Миёна пур кунанд, аммо муносибат ба онҳо дар Русия дугуна боқӣ мемонад: муҳоҷирон барои таъмини пешрафти иқтисод лозиманд, вале ҳукуматдорону ҷомеа ҳоло ба қабул намудани онҳо ба сифати ҳамватанони баробарҳуқуқи худ омода нестанд.

Омори солҳои охир нишон медиҳад, ки нуфуси аҳолии Русия тадриҷан коҳиш меёбад. Дар оғози соли ҷорӣ хадамоти омори ФР натиҷаҳои арзёбии пешакии шумораи аҳолии кишварро ба табъ расонд. Бино ба иттилои мазкур, ба ҳоли 1 январ он 146,24 млн нафарро ташкил дод, ки ин 510 ҳазор дар муқоиса бо 1 январи соли 2020 (146,75 млн) кам мебошад. Ин омори камшавӣ барои 15 соли охир рекордӣ аст. Ҷамъулҷамъ дар солҳои 2018-2020 аҳолии Русия 711 ҳазор нафар ё 0,5% ихтисор шуд.

Таъсири асосиро ба вазъи демографӣ пандемияи коронавирус расонд, ки аз як сў, сабабгори афзоиши омори марг гардид, аз сўйи дигар, ба хеле заифтар шудани маҷрои муҳоҷирони воридшаванда боис шуд. Ҳамзамон бо болоравии омори маргумир дар Русия зоиш ҳам кам шуд: соли 2020 шумораи таваллудшудагон 3,3% ё 48,7 ҳазор коҳиш ёфт.

Тахмин мешавад, ки аз охири соли 2020 то охири 2024 шумораи умумии аҳолӣ 2,17 млн кам мешавад.

Ҳукуматдорони ФР тасмим гирифтаанд дар чанд соли наздик ин тамоюлро тағйир диҳанд ва то соли 2030 афзоиши шумораи аҳолиро аз ҳисоби зоиш, кам кардани фавт ва зиёд кардани теъдоди муҳоҷирони «босифат» таъмин намоянд.

Тоҷикон – дар байни пешсафон

Коршиносон қайд мекунанд, ки омори мазкур аз ин ҳам бад мебуд, агар афзоиши ҳарсолаи аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатие ҷой намедошт, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, дар ду моҳи аввали соли 2021 шиносномаи русиро қариб 10 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ ба даст овардааст.

Танҳо дар соли 2020 шаҳрвандии ФР-ро 63,4 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиб шудааст. Аз Қазоқистон 43,4 ҳазор нафар шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд, аз Арманистон – 30,5 ҳазор. Ғайр аз ин, шиносномаи Русияро 23,1 ҳазор шаҳрванди собиқи Ўзбекистон гирифтаанд. Ҷамъ соли гузашта шаҳрвандии кишварро 656,3 нафар соҳиб шудааст. Мувофиқи омори ВКД Русия, ба оғози соли 2019 дар қайди муҳоҷират дар Русия қариб 16,5 миллион хориҷӣ – зиёда аз 10% аҳолии кишвар қарор доштааст. Боз миллионҳо муҳоҷирони меҳнатии ғайриқонуниро ҳам ба эътибор бояд гирифт. Сарфи назар аз он ки воридшавии муҳоҷирон дар солҳои охир кам шудааст, муҳоҷират омили муҳиме боқӣ мемонад, ки на танҳо ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, балки ба ҳолати демографӣ ҳам таъсир мерасонад.

Коршиноси масоили муҳоҷират дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Раҳмон Улмасов ёдрас мекунад, ки Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ ягона кишварест, ки бо Русия шартномаи душаҳрвандӣ дорад.

Тоҷикон дар Русия хамчун коргар даркору чун шаҳрванд нодаркор?

-Барои шаҳрвандони мо ин вазъ ҷанбаҳои мусбати зиёд дорад. Шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, тоҷикистониён метавонанд озодона ба кор дар ин кишвар машғул шаванд, аз ҳамаи имтиёзҳо барои сокинони Русия бархурдор бошанд, ба ватан пули бештар фиристанд. Аз тарафи дигар, пешрафти иқтисодро дар Русия ҷиддан мушкилоти демографӣ маҳдуд месозад ва бе иштироки муҳоҷирон ин масъаларо ҳал кардан душвор аст. Мисол, танҳо дар соли гузашта бохтҳо аз нарасидани муҳоҷирон, агар ҳадди камтаринашро гирем, қариб 30 миллиард доллар арзёбӣ мегарданд. Меҳнати муҳоҷирон ҳиссаи калони ММД-и Русия – қариб 15%-ро таъмин мекунад. Яъне аз ҳамгиро кардани тоҷикистониён ба ҷомеаи Русия ҳарду тараф манфиат мебинад,- ақида дорад коршинос.

Домодҳои хостанӣ

Камбудҳои демографӣ дар Русия барои издивоҷи аҳолии маҳаллӣ бо хориҷиён замина месозад. Масалан, занони Саратов беш аз ҳама бо шаҳрвандони Тоҷикистон оила месозанд: дар семоҳаи якуми соли 2021 дар ин вилоят 30 шаҳрванди Тоҷикистон оиладор гашт.  18 нафар аз ҷинси латифи Саратов бо шаҳрвандони Озарбойҷон аз идораи ақди никоҳ баромадааст, 13-борӣ интихоби онҳо рўйи шаҳрвандони Арманистон ва Қазоқистон афтидааст, 11 маротиба украиниҳо интихоб гардидаанд.

Раёсати САҲШ-и Удмуртия низ семоҳаи аввали соли 2021-ро натиҷагирӣ карда зодагони Тоҷикистон ва Озарбойҷонро домодони аз ҳама хостанӣ барои занони шаҳри Ижевск номидааст: онҳо 10-борӣ бо шаҳрвандони ин кишварҳо оила бунёд намудаанд.

“Дар барам бошу наздик нашав”

Ба назар мерасад, вазъи имрўзаи муҳоҷиронро дар Русия маҳз ҳамин тавр метавон тавсиф кард. Аз як тараф, онҳо ҳамчун неруи корӣ барои таъмини рушди босуботи иқтисод лозиманд, аз тарафи дигар, зиёдии муҳоҷирон, махсусан аз Осиёи Миёна, ба асаби бисёр аз русиягиҳои одӣ ва ҳукуматдорони маҳаллӣ мерасад.

То ҳанўз дар кишвар мавҳқеи ягона коркард нашудааст, ки бо муҳоҷирони тақдирашонро бо Русия пайваста бояд чӣ гуна муносибат сурат гирад.

-Муҳоҷирон дар Русия нисбати аҳолии маҳаллӣ хеле осебпазиртаранд,- гуфт намояндаи диаспораи тоҷикон дар вилояти Свердловск Абдухалил Шарипов.- Барои ҳуқуқҳои худ дар ҳоле мубориза бурдан хеле осонтар аст, ки шаҳрванди инҷо бошӣ. Дар акси ҳол барои ҳамагӣ ду ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ туро ҳақ доранд, ки аз кишвар депортатсия кунанд. Масалан, барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ. Аммо агар шиносномаи Русияро дошта бошед ҳам, фикр накунед, ки ҷомеа шуморо даррав бо оғуши кушода қабул мекунад.

Сокини Ваҳдат Саидмурод Вайсиддинов аз соли 2005 боз ҳарсола ба Русия барои кор сафар мекунад.

– Муносибатро ба мо дўстона номида намешавад. Албатта, тавре мегўянд, миллат  баду хуб намешавад, одам мешавад ва дар Русия ҳам зиёданд нафароне, ки  муҳоҷирони меҳнатиро мефаҳманд. Қонунҳои амалкунанда оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ки моро аз бисёр ҷиҳат маҳдуд месозанд, андозҳои баланд, патент ба он мусоидат мекунанд, ки бисёр касон аз мо маҷбур мешаванд, ки ғайриқонунӣ кору зиндагӣ баранд. Ҳатто агар ту қарор додӣ, ки инҷо бимонӣ ва чанд сол пас шаҳрвандӣ гирӣ, ба ҷомеа мутобиқ шудан осон нест.

Ба андешаи сиёсатшиноси тоҷик Пулод Баҳриддинов, муносибати нописандона ба зодагони Осиёи Миёна, ки аз ҷониби доираҳои бегонабадбин ташаккул дода шудааст, инчунин дониши бади забони русии бисёр аз муҳоҷирон, тафовути фарҳангҳо, динҳо барои мутобиқшавии озод ба ҷомеаи Русия халал мерасонанд.

-Ихтилофи байни Русия ва Украина ба муҳоҷирони мо имкон дод, ки аз фишори доимӣ раҳо ёбанд, зеро акнун аксари миллатгароён таваҷҷуҳи худро ба ҳамсояи ғарбии худ равона кардаанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки масъалаи мутобиқшавии муҳоҷирон ҳалли худро ёфта истодааст. Бешубҳа, дар шароити воридшавии шумораи зиёди муҳоҷирон, ҳатто аз кишварҳои таърихан ба Русия наздики шўравии собиқ, сиёсати мутобиқкунии онҳо бояд ҷузъи ҷудоинопазири сиёсати муҳоҷирати Русия бошад.

Фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия

Бисёр номуайяниҳо дар масъалаҳои марбут ба фарзандони муҳоҷироне дида мешавад, ки дар Русия қарор доранд.

Дар бисёр шаҳрҳои калон барои ба мактаб дохил кардани кўдак муҳоҷир бояд  монеаҳои сершуморро убур кунад.

-Ман ба Русия бори аввал нест, ки меоям, – нақл мекунад Субҳон Исломов аз Душанбе. – Солҳои охир дар Екатеринбург бо оилаам зиндагӣ мекардам. Ва вақте масъалаи дар мактаб хондани духтарам ба миён омад, фаҳмидам, ки ин чӣ қадар дарди сарест барои мо.

Ба қавли ў, монеаи нахустин дар роҳ ба мактаб ҳамчун муҳоҷир сабтином кардан аст.

-Ин коғазро ба даст овардан душвор аст: онро одатан ба кўдакон намедиҳанд. Зиёд маълумотномаи қалбакие карда медиҳанд, ки дар пойгоҳи маълумот ба қайд дароварда нашудааст. Агар бо вуҷуди ин ҳуҷҷатро ба даст овардан муяссар гардад, барояш зиёда аз 20 ҳазор рубл додан лозим меояд.

Пас аз ин Субҳонро монеаи дигар интизор буд – духтари ўро намехостанд ба мактабе, ки дар маҳалли бақайдгириаш воқеъ буд, қабул намоянд, зеро мактаб намехостааст мақоми «мактаби муҳоҷирон»-ро гирад.

-Маҷбур шудам дар ноҳияҳои дигар кобам. Ниҳоят, дар канори шаҳр мактаберо ёфтем. Аммо баъд мушкилоти дигар пайдо шуд – ҳар субҳ кўдакро ба мактаб бурдан ва пас аз нимрўзӣ ўро рафта овардан лозим буд… Дар натиҷа маҷбур шудем кўдакро дар хона монем.

Бино ба маълумоти муовини роҳбари дастгоҳи президенти ФР Магомедсалам Магомедов, танҳо 17% аз фарзандони муҳоҷирон дар Русия дар мактабҳо таҳсил мекунанд.

Тоҷикон дар Русия хамчун коргар даркору чун шаҳрванд нодаркор?

«Мувофиқи ахбори ВКД, соли гузашта дар Русия будубоши қариб 800 ҳазор шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо системаи таҳсилоти мактабии мо танҳо 140 ҳазори онҳоро фаро гирифтааст. Боқимондаҳо куҷоянд?»- меорад суханони ўро ТАСС.

Чанде пеш масъалаи шумораи кўдакони муҳоҷиронро дар мактабҳои Русия президенти кишвар Владимир Путин низ дар ҷаласаи Шўрои муносибатҳои байналмилалӣ бардошта буд.

– Дар бархе кишварҳои аврупоӣ, дар ИМА ҳам, вақте ҳиссаи кўдакони муҳоҷир дар мактаб ба фоизи муайян мерасад, сокинони маҳаллӣ кўдакони худро аз ин гуна мактабҳо мегиранд. Ба ин тариқ, онҷо мактабҳое ташаккул меёбанд, ки 100% аз фарзандони муҳоҷирон иборатанд. Дар Русия ба ҳеҷ ваҷҳ ба ташаккул ёфтани ҳолати монанд роҳ набояд дод,- гуфт президент.

Тавре Путин иброз дошт, ҳиссаи кўдакони муҳоҷирон дар мактабҳо бояд чунин бошад, ки ба раванди ба ҷомеа мутобиқ шудани онҳо халал нарасонад.

Эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ дутарафа бошад

Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки масъалаи ҳамгиро кардани муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия метавонад комгорона ҳал гардад, агар ҷонибҳо ба дарки он расанд, ки пеши роҳи ин равандро гирифта намешавад, яъне он ногузир аст.

– Русия, мисли бисёр кишварҳои Аврупо, тадриҷан ба кишвари вобаста аз муҳоҷирон табдил меёбад,- қайд мекунад Раҳмон Улмасов.- Сокинони Русия, ҳукуматдорони кишвар бояд муҳим ва ногузир будани ин равандро дарк намоянд, Интегратсия бо роҳи табиӣ рух медиҳад, агар муҳоҷирон ва намояндагони кишвари будубоши онҳо ба ҳамдигар назару муносибати мусбат дошта бошанд. Аммо вақте онҳо анъанаҳои якдигарро қабул надоранд ва талаб мекунанд, ки ҳама ба ҳамон як қоидаву анъанаҳо  риоя ва пайравӣ намоянд, дар вуҷуди гурўҳи камшумортар -дар ҳолати мо миёни муҳоҷирон – ҳисси беҳимоягӣ ва изтироб зиёд мешавад. Дар натиҷа онҳо аз ҷомеа дур мешаванд, дар дохили гурўҳи худ маҳдуд мегарданд.

Аз тарафи дигар, худи муҳочироне низ, ки ҳаёти минбаъдаи худро бо кишвари дигар мепайванданд, бояд ҳамон қоидаҳоеро қабул намоянд, ки дар кишвар роиҷанд – забонро донанд, ба расму ойин ва анъанаҳо арҷ гузоранд. Танҳо эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ, қабул намудани тафовути урфу одат, арзишҳо, мазҳабҳо ва намуди зоҳирии одамоне, ки дар баратон зиндагӣ доранд, кўмак карда метавонанд, ки ин мушкилиҳо паси сар карда шаванд.

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Тоҷикон дар Русия хамчун коргар даркору чун шаҳрванд нодаркор? Аҳолии Федератсияи Русия сол то сол кам мешавад. Халоеро, ки дар оқибати ин ба вуҷуд меояд, метавонанд муҳоҷирон аз Осиёи Миёна пур кунанд, аммо муносибат ба онҳо дар Русия дугуна боқӣ мемонад: муҳоҷирон барои таъмини пешрафти иқтисод лозиманд, вале ҳукуматдорону ҷомеа ҳоло ба қабул намудани онҳо ба сифати ҳамватанони баробарҳуқуқи худ омода нестанд. Омори солҳои […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *