Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд зуд марзгузориро ба анҷом расонанд

Дирўз бодиққат изхороти муштарак ва иттилооти расонахоро дар он хусус мутолиа кардам, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон азм доранд харчи зудтар хатхои марзи байнидавлатии бахсиро муқаррар намоянд. Аз он хайрон шудам, ки ҷонибхо тасмим гирифтаанд ба 112 км марз дар давоми 4 рўз равшанӣ андозанд. Оё масъалаеро, ки солхо халли худро наёфта буд, дар ин муддати кўтох халлу фасл кардан имкон дорад?

Мефахмам, ки инҷо сухан метавонад танхо аз тасдиқи корхои то пандемия иҷрошуда равад. Агар чунин бошад, чӣ хубе. Эхтимол, дар ин сурат кор бе ивази қитъахои замин, ки он замон хамчу шарти созиш баррасӣ мегардиданд, анҷом намеёбад. Аз ин рў мехохам масъулини тоҷикистониро огох созам, ки ба баъзе ҷузъиёт дар мақоми хуқуқии қитъахои ивазшаванда, агар ин гуна қитъахо бошанд, эътино кунанд.

Тариқи баъзе қитъахои марзии қад-қади айили Коктош ва шахраки Сомониён ду канал бо бистари хокӣ мегузарад – Ҷўйи Дам ва Ҷўйи Калон. Ба хеҷ ваҷх иншооти обёрии мазкур, ки гузаштагони мо сохтаанд, набояд дар қаламрави Қирғизистон монанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд зуд марзгузориро ба анҷом расонанд
Марз. Нарзулло Абдуллоев дар хатти марз зиндагӣ мекунад. Соли 2020 ашхоси номълум хонаи ўро дар бўстонсарояш оташ заданд, аммо мард ақиб нишастанӣ нест, зеро мутмаин аст, ки дар хоки худ қарор дорад. Акси Неъматулло Мирсаидов.

Дар хусуси мақоми заминхо дар нуқтахои дидбонии №43-61, №135-141 низ то хадди имкон бодиққат бояд буд. Намехохам ба тафсилот ғўта занам, лекин баррасии бисёр масъалахо ҷудо бе дарназардошти масъалахои дигар метавонад ба иштибоххо андозад, зеро дар баъзе ҷойхо сокинони қирғиз, ки тобеи Тоҷикистон буданд, хонахои худро ихтиёран фурўхта, ба ҷойхои дигар кўчидаанд. Нашавад, ки мо ба пас додани ин қитъахо розӣ шавем. Дар ин худудхо хатти сархад шакли хати шикастаи  печидаро дорад, аз ин сабаб равиши аз хама дурусти кор – агар ба эътибор гирем, ки қитъаи калони қад-қади канали Торткўл имрўз тахти назорати Қирғизистон қарор дорад – мувофиқи харитахо тасвир кардани хати сархад ва иваз намудани заминхои наздимарзӣ мебошад. Ба ин тариқ, шитобкорӣ инҷо ба манфиати кор нест. Дар вақташ Алимардонов ва Хайруллоев ба чӣ хатохое рох додаанд, ки имрўз мо бо оқибаташон сарукор дорем. Дуруст масъалагузорӣ кардан он замон метавонист мушкили дигари мухим – фарохам овардани долони нақлиётӣ ба Ворухро қатъиян хал кунад. 

Воқеан, дар хусуси бунёди рох барои сокинони Ворух, ки дар нақша аст: инҷо аввалан, қабл аз лоихакашӣ ва оғози сохтмон, бояд ба мувофиқа расид, ки мақоми ин рох чӣ гуна мешавад. Агар сухан аз рохи тоҷикистонӣ равад, онро махз кишвари мо бояд маблағгузорӣ ва бунёд намояд. Ба хотири пули қирғиз чунин накунем, ки боз хамсояхо онро сохибӣ кунанд. Агар тариқи ин рох харакат кардани ахолии Капчигай (Тангӣ) низ пешбинӣ шуда бошад, бояд қарор доир ба мақоми умумӣ (нейтралӣ) доштани рох хам қабул шавад. Нигаронсоз аст, ки онҷо эзохе бо ифодаи зайл ҷой дорад: «тариқи худуди нохияи Бодканд». Ин хеле хавфнок аст. Хамсояхоямон доимо домгузорӣ мекунанд ва сиёсатмадорони мо ба онхо меафтанд. Инҷо кафолате нест, ки пагох боз ин рохро хам намебанданд, бигзор он қад-қади айили қирғизӣ хам гузарад. Аз ин рў, бигзор он ё мақоми нейтралӣ гирад, ё ҷониби қирғиз хам эътироф намояд, ки он қисмати худуд, ки тариқаш рохи Коктош-Оқсой мегузарад, ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Ё ба ин рох хам мақоми нейтралӣ дода шавад, то ки харду рох муодили якдигар бошанд.

Боз дар хусуси қитъаи рохи 275-метра бояд гуфт.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд зуд марзгузориро ба анҷом расонанд
Кўхдомани сохили рости дарёи Исфара, ки онҷо барои сокинони дехаи Ворухи Тоҷикистон гузарондани рохи нав дар нақша аст. Акс аз Неъматулло Мирсаидов

Шартномам мавҷудро аз эътибор соқит намуда, шартномаи навро ҷихати «ба истифода додан» бастан лозим аст. «Ба иҷора додан» маънии худро аз хуқуқхои муайян махрум сохтанро дорад. Хама чиро  пешбинӣ бояд кард. Бо баррасихои аъзои Комиссияи байнихукуматӣ махдуд нашуда, бо ахли ҷомеа маслихат кардан зарур аст. Мо мутахассисони хубе дорем. Агар хатто аъзои Комиссия ашхоси донишманд, мутахассисони самтхои худ бошанд хам, на хама аз нозукихои масъалаи наздимарзӣ метавонанд бохабар бошанд. Қирғизхо пайваста маслихату машварат мекунанд. Мабод, чизе аз мадди назарамон дур монад, ба иштибоххо рох дихем ва пасон боз сахт ангушти пушаймонӣ газем.

Неъматулло Мирсаидов

Оцените статью:

Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд зуд марзгузориро ба анҷом расонанд Дирўз бодиққат изхороти муштарак ва иттилооти расонахоро дар он хусус мутолиа кардам, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон азм доранд харчи зудтар хатхои марзи байнидавлатии бахсиро муқаррар намоянд. Аз он хайрон шудам, ки ҷонибхо тасмим гирифтаанд ба 112 км марз дар давоми 4 рўз равшанӣ андозанд. Оё масъалаеро, ки солхо халли худро наёфта буд, дар ин муддати […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *