Тоҷикистон – Ўзбекистон: Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур

Таҳкурсии робитаҳои нави тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Ўзбекистон, ки бо сари қудрат дар ҷумҳурии ҳамсоя омадани Шавкат Мирзиёев гузошта шуд, ҳафтаи гузашта тариқи шартномаҳои иловагии барои ҳарду ҷониб манфиатовар боз устувортар шуд. Имрўз ин робитаҳо ба мо чӣ медиҳанду аз фардо чиро мунтазир бошем?

Шартномаҳои нав

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, тибқи натиҷаҳои ташрифи дурўзаи расмии Президенти Ўзбекистон 36 санади нав оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаву самтҳои гуногун ба имзо расонда шуд.

Шартномаҳои тасвибёфта, минҷумла, кооператсияи тиҷоратию иқтисодиро дар назар доранд, ки равона ба беҳбуди робитаҳои миёни ду кишвар – аз соҳаи кишоварзӣ то саноат ва технологияҳои нав мебошанд.

Дар қатори санадҳои муҳим муоҳадаи ду ҳукуматро дар мавриди таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ўзбекистон», инчунин корхонаҳои нави муштарак ва шартномаҳоеро, ки сода кардани реҷаи воридшавӣ ва транзит аз тариқи Ўзбекистонро дар назар доранд, номбар кардан мумкин аст. Аз ин миён мавриди баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аҳдномаи таъсиси ҷамъияти муштараки саҳҳомӣ оид ба сохтмон ва истифодаи ду НБО-и нав дар ҳавзаи дарёи Зарафшон қарор гирифт.

Дар шарҳе, ки Вазорати иқтисоди Ўзбекистон паҳн кард, гуфта мешавад, ки барои таъмини талаботи Ўзбекистон ба неруи барқ дар ҳудуди Тоҷикистон сохтмони ду НБО-и нав бо арзиши умумии $552 миллион ба нақша гирифта шудааст.

Дар навбати аввал НБО-и Ёвон бунёд мешавад, ки солона 800 млн киловатт-соат иқтидор хоҳад дошт. Арзиши қаблии ин пойгоҳи тавлиди барқ бо иқтидори 140 МВт $282 млн арзёбӣ мегардад.

Дар марҳилаи дуюм сохтмони НБО «Фондарё» дар нақша аст, ки солона ба ҳисоби миёна 600 млн киловатт-соат неру тавлид хоҳад кард. Барои бунёди ин пойгоҳи 135-мегаватта $270 млн равона кардан лозим хоҳад шуд. Татбиқи ин лоиҳаҳо ба Ўзбекистон имкон муҳайё мекунад, ки неруи арзон ва аз лиҳози экологӣ поктарро ба даст орад ва Тоҷикистон сафи андозсупорандагони калонашро зиёд мекунад.

Вале бояд гуфт, ки номгўи дар натиҷаи сафари Президенти Ўзбекистон нашршуда танҳо 9 мувофиқаро фаро мегирад ва эҳтимол дорад, ки шартномаҳои дигари муҳимтар мавҷуд бошанд, ки дертар дар хусуси онҳо иттило пешкаш мегардад.

Сатҳи баланди эътимод

Дар изҳороти муштарак сарварони ду давлат тибқи натиҷаҳои ташрифи Мирзиёев, дар навбати аввал сатҳи баланди эътимоди тарафайн, дўстии самимӣ ва омодагӣ ба кўмак ба якдигар қайд гардидааст. Тарафҳо доир ба музокироти мунтазам дар сатҳи сарони давлатҳо, таҳкими робитаҳо дар кулли самтҳо ба мувофиқа расида, дар зимн қайд намуданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ самти муҳимтарини муносибатҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Ўзбекистон мебошад.

Хоса, афзоиши назарраси ҳаҷми савдои дуҷониба, амиқ шудани алоқаҳои кооператсионӣ дар бахшҳои мухталифи саноат, истифодаи босамар аз захираву имкониятҳои мавҷудаи иқтисодҳои ду кишвар қайд мегардад.

Тоҷикистон - Ўзбекистон: Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур
Акс аз Интернет

Ҷонибҳо доир ба бартараф намудани монеаҳо дар роҳи савдои мутақобила, ду карат зиёд кардани ҳаҷми додугирифти амвол дар соли оянда ба мувофиқа расиданд.

Дар изҳороти муштарак аҳамияти таъсиси Ширкати сармоягузории Тоҷикистон ва Ўзбекистон бо сармояи оинномавии 50 миллион доллари ИМА таъкид гардидааст, ки равона ба эҳё ва пешбурди лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ мебошад.

Шавкат Мирзиёев қайд намуд, ки кулли мувофиқаҳои замони ташрифи нахустини ў ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 ҳосилшуда ба ҳаёт татбиқ шуда истодаанд, дар ин байн дар муносибатҳои дуҷониба тағйиротҳои зиёд ба амал омаданд. «Рақамҳо худ бозгўяндаи ҳоланд. Агар дар соли 2017 гардиши мол ҳамагӣ 70 миллион доллар буд, дар соли вазнини пандемиявии 2020 ин нишондиҳанда бори нахуст марзи 500 миллион долларро убур намуд»,- гуфт ў.

Ҳамчунин сарвари Ўзбекистон комёбии форуми минтақавии доиршуда, ба тасвиб расидани лоиҳаҳои мушаххас ва шартномаҳо дар ҳаҷми бештар аз 1 миллиард долларро қайд кард.

«Хулоса, наздикии таърихии мо имрўз дар воқеият таҷассум ёфтааст»,- гуфт ў дар хотима.

Президенти Тоҷикистон қайд намуд, ки дар се соли охир теъдоди корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Ўзбекистон 8 карат афзуда, аз 200 адад зиёд шудааст. Яке аз ин корхонаҳои муштарак, ки дар Душанбе ба тавлиди электроникаи маишӣ машғул аст, “Артел Авесто Электроникс” мебошад ва , ба таъкиди сарвари давлат, ба зудӣ боз 30 адад чунин тарҳҳо ба кор медароянд.

Кооператсияи соҳибкорӣ

Пешопеши ташрифи Мирзиёев форуми доираҳои соҳибкории тоҷику ўзбек дар Душанбе ва Бохтар баргузор гардид.

Дар кори форуми душанбегӣ беш аз 100 намояндаи бахши соҳибкорӣ, инчунин ашхоси расмии ду кишвар ширкат карданд.

Дар рафти вохўрӣ сардори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода қайд намуд, ки дар 3 соли охир сармоягузорони ўзбекистонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз $10 млн молиягузорӣ карданд, ки аз ин миқдор $600 ҳазор молиягузориҳои мустақим буданд.

Бино ба суханони Қодирзода, айни замон дар Тоҷикистон 51 корхона бо иштироки сармояи ўзбекистонӣ фаъолият мекунад.

Тоҷикистон - Ўзбекистон: Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур
Акс: Азия-Плюс

Дар фарҷоми соли гузашта идораи омори ҶЎ хабар дод, ки дар Ўзбекистон 178 корхона бо сармоягузориҳои бевоситаи тоҷикистонӣ фаъолият мекард, ки аз ин миқдор 103 муассиса корхонаи муштарак бо соҳибкорони ўзбек буд, 75 корхонаи дигар сирф бо сармояи соҳибкорони тоҷик амал менамуд.

Тайи солҳои 2014-2019 гардиши амвол миёни ду кишвар қариб 3,6 маротиба афзуд: аз $13 млн дар ҷамъбасти соли 2014 то $362 млн дар соли 2019.

Гардиши молҳо миёни ду кишвар дар 6 соли охир бори нахуст соли 2020 коҳиш ёфт (7,8%), ки инро ба оқибатҳои пандемия рабт медиҳанд.

Сафири Ўзбекистон дар Душанбе Эргаш Шоисматов дар рафти форуми душанбегӣ қайд намуд, дар Тоҷикистон сарватҳои табиӣ зиёданд, ва Ўзбекистон иқтидор барои коркарди онҳоро дорад ва ин заминае барои ҳамкориҳои минбаъдаро ташкил дода метавонад.

Дар доираи форуми байниминтақавии инвеститсионӣ дар Бохтар дар арафаи ташрифи Мирзиёев ба маблағи $730 миллион шартномаҳо ба имзо расонда шуданд.

Муоҳадаҳо оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсоли автомобилҳо, трансформаторҳо, техникаи маишӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, маҷмўаҳои гармхонавӣ ва корхонаҳои парвариш ва коркарди маҳсулоти хоҷагии деҳот ва мевагиву сабзавотӣ, инчунин ба як қатор шартномаҳои тиҷоратӣ дахл доранд.

Бар ивази Чин

Муҳлати нахустини панҷсолаи президентии Шавкат Мирзиёев дар охири соли ҷорӣ ба охир мерасад ва ба Тоҷикистон танҳо умед бастан боқӣ мемонад, ки ў дар интихоботи қарибулвуқўъ ғолиб меояд.

Зеро феълан Тоҷикистон амалан дар бунбаст қарор дорад ва ягона равзанаи эътимодбахше, ки кишварро бо боқии олам пайваст  мекунад, Ўзбекистон аст. Зимомдорони Қирғизистон бо тасмими яктарафа кулли гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистонро пас аз даргирии низомӣ дар марзи ду кишвар дар охири апрели соли ҷорӣ бастаанд.

Сарҳади тўлонӣ бо Афғонистон низ ҳаст, вале вазъи сиёсӣ дар ин кишвар тўли бештар аз 40 сол бесубот боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон марзи муштарак бо Чинро дорад: гузаргоҳи ягона бо ин давлат дар мавзеи баландкўҳи Кулма ҷойгир аст. Аммо дарозии роҳи автомобилгард аз Душанбе то гузаргоҳи мазкур беш аз 1000 километрро ташкил медиҳад ва аз он 700 километр роҳҳо ба ҳудуди ВМКБ рост омада, таҷдидро металабанд.

Зимнан Чин шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон буд ва аксари молҳои чинӣ ба воситаи қаламрави Қирғизистон ба мо интиқол меёфт, ки, тавре болотар гуфтем, комилан ба рўи ҷумҳурии мо марзашро бастааст.

Ва дар ин вазъ аксари молҳои истеъмоли васеъро метавон имрўз аз Ўзбекистон ворид намуд, ки имрўз тақрибан тамоми маҳсулоти тайёрро истеҳсол мекунад. Боз дар ҳоле, ки Ўзбекистон дар наздикии бевоситаи мо воқеъ аст, зерсохтори хуби автомобилгард ва қаторагард байни мо вуҷуд дорад ва муҳимтар аз ҳама, транзит тавассути кишварҳои дигар талаб намешавад. Ҳамаи ин ба камшавии арзиши аслии молҳо ва коҳишёбии нархи интиҳоии молҳо дар бозорҳои чаканаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Алоқаҳои нави кўҳна

Агар сухан аз кишвари дигаре мерафт, ба мо лозим меомад, ки зарфиятҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ҳадс занему тахмин кунем, аммо на дар мавриди Ўзбекистон.

Зеро қисми бештари ҳудудҳои ду кишвар тайи ҳазор сол дар ҳайати як давлат буд. То соли 1920 ин заминҳо ба ҳайати Аморати Бухоро дохил буданд ва пас аз забти Осиёи Марказӣ аз ҷониби болшевикҳо ҷузъи Иттиҳоди Шўравӣ шуданд. Яъне Тоҷикистон ва Ўзбекистон қариб 70 сол дар доираи иқтисоди ягона амал мекарданд. Масалан, замони Шўравӣ низоми ягонаи энергетикӣ вуҷуд дошт, ки он тобистон аз ҳисоби неруи барқе, ки НБО-ҳои Тоҷикистон тавлид менамуданд, фаъол мешуд ва зимистон, вақте сатҳи обҳои дарёҳо поин мерафт, таъминоти неру аз ҳисоби марказҳои барқу гармидиҳие таъмин мегардид, ки дар қаламрави Ўзбекистон қарор доштанд. Ҳеҷ марзи гумрукӣ вуҷуд надошт – низоми гардиши озоди молҳо дар ҳудуди як кишвар роиҷ буд.

Баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон то солҳои 2000-ум ду кишвар робитаҳои зичи иқтисодиро нигоҳ доштанд.

Гардиши мутақобилаи молҳои ду кишвар соли 1995 ба $250 млн мерасид, ки ду карат аз ҳаҷми умумии гардиши амвол бо кулли кишварҳои дигари ИДМ дар якҷоягӣ зиёд буд. Масалан, ҳамин нишондод дар робита ба Тоҷикистону Русия, ки аз солҳои 2000-ум шарики асосии тиҷоратӣ барои кишвари мо шудааст, он замон $136 млн-ро ташкил медод.

Сардшавии муносибатҳои ҶТ ва ҶЎ боиси коҳишёбии тадриҷии ҳаҷми савдо гардид: соли 2000 он ба $185 млн расид, соли 2010 году – ба $72 млн, соли 2015 – ба $12 млн.

Коршиносон бар онанд, ки иқтисодҳои ин ду кишвари аз рўи тақрибан ҳамаи андозаҳо ба ҳам наздик бояд дар реҷаи ягонаи мувофиқашуда амал намоянд, зеро якдигарро пурра мекунанд.

Боз дар ҳоле, ки чизи наве ихтироъ намудан лозим нест – таҷрибаи робитаҳои аз санҷиши асрҳо гузаштаи дутарафа вуҷуд дорад, танҳо барқарор намудани риштаҳое, ки қатъ шуда буданд, лозим аст.

Дилшод Шарафов

Оцените статью:

Тоҷикистон – Ўзбекистон: Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур Таҳкурсии робитаҳои нави тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Ўзбекистон, ки бо сари қудрат дар ҷумҳурии ҳамсоя омадани Шавкат Мирзиёев гузошта шуд, ҳафтаи гузашта тариқи шартномаҳои иловагии барои ҳарду ҷониб манфиатовар боз устувортар шуд. Имрўз ин робитаҳо ба мо чӣ медиҳанду аз фардо чиро мунтазир бошем? Шартномаҳои нав Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, тибқи […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *