«Тоҷикистон ба толибон оғӯш намекушояд, аммо дарҳоро ҳам намебандад…»

Тоҷикистон даъват ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон мекунад. Покистон, Россия, Хитой ва Ӯзбекистон низ ҷонибдори ин мавқеъ мебошанд, аммо онҳо ба вазъи ба амаломада назари худро доранд, ки бо такя ба он бо толибон ҳамкорӣ кардан мехоҳанд.

Ин ба натиҷаҳои вохӯриҳои СҲШ ва СПАД чӣ таъсире дошт, дар матлаби Nuqta.tj таҳлил мешавад.

Дар Душанбе 15-17 сентябр вохӯриҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор гардиданд. Дар он президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Эрон, ҳамчунин сарвазирони Покистон ва Арманистон ширкат варзиданд.

Тариқи онлайн ба ҷаласаҳо президентҳои Россия, Чин, Муғулистон ва Ҳиндустон ҳамроҳ гардиданд.

Мавзуи асосии саммит вазъ дар Афғонистон ва оқибатҳои он барои давлатҳои аъзои СҲШ ва СПАД пас аз он буд, ки ҷунбиши «Толибон» боз ҷилави идораи давлати мазкурро ба дасти худ гирифт. Коршиносон музокироти дар Душанбе доиршударо мушкилидор ва эҳтиёткорона арзёбӣ мекунанд.

Дар вохӯрӣ якчанд назари хилофи ҳам ба вазъи Афғонистон садо  дод.

Тавре дар рафти суханронии худ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, қарори ниҳоӣ оид ба ҳайати ҳукумати Афғонистон возеҳу равшан нишон медиҳад, ки ҷунбиши «Толибон» гуногунии этникии Афғонистонро сарфи назар карда, бо роҳи ташаккули ҳукумат бо бартарии як қавм меравад.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки ҳолат дар Афғонистон метавонад ба вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад ва ҳушдор дод, ки такрори ҳодисаҳои соли 2001 имконпазир аст.

-Тоҷикистон чандин бор ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва созмонҳои дигарро ба расондани ёрии таъҷилӣ ба Афғонистон ва аҳолии вилояти Панҷшер, ки ду моҳ боз дар муҳосира қарор дорад, даъват намуд,- хотиррасон кард президенти Тоҷикистон дар рафти суханронии худ дар саммит.

Дар идома ӯ қайд намуд, ки Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор мемонад ва ба созмон додани ҳукумати фарогир дар Афғонистон даъват менамояд, бор кардани ҳар гуна сохти сиёсӣ ба Кобул бе назардошти ақидаи мардум метавонад оқибатҳои пешгӯинашаванда дошта бошад.

Ҳамчунин пешвои Тоҷикистон пурзӯр намудани фаъолияти Созмони минтақавии зиддитеррористии СҲШ, шиддат бахшидан ба ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси кишварҳои СҲШ-ро бо ҳадафи муқобилият ба мушкилоту таҳдидҳое, ки аз Афғонистон бармехезанд, пешниҳод кард.

"Таджикистан не раскрывает объятия талибам, но и не закрывает двери..."
Фото: Пресс-служба президента РТ

Ҷое ҳамфикру ҷое дар фикри худ

Мавқеи Тоҷикистон сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди дастгирӣ намуд. Дар рафти ҷаласа дар Душанбе ӯ амалҳои «Толибон»-ро зери танқиди шадид гирифта, онҳоро хатар барои дунё арзёбӣ кард.

– Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим оиди эътироф намудани ҳукумат дар Афғонистонро дастаҷамъона ва мулоҳизакорона гирад. Дар ин масъала Ҳиндустон тарафдори нақши марказии СММ (ООН) мебошад, – гуфт Нарендра Моди.

Россия ва Чин, инчунин кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, дар маҷмуъ мавҷудияти таҳдиди эҳтимолиро аз Афғонистон эътироф намуда, бо ин вуҷуд нисбати толибон мавқеи қатъӣ нагирифтанд.

Чунончи, президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳини суханронии худ ба кишварҳои СҲШ ва СПАД пешниҳод намуд, ки ибтикори гуфтушуниди ғайрирасмиро бо толибон гузоранд, инчунин бо Афғонистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро барқарор намоянд.

Сарвари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сари қудрат омадани «Толибон»-ро дар ин кишвар воқеият номид ва пешниҳод кард, ки захираҳои тиллои Афғонистон дар бонкҳои хориҷӣ аз ҳолати қатъи истифода бароварда шаванд. Ин тадбир, бино ба ҳарфҳои пешвои Ӯзбекистон, имкон медиҳад аз буҳрони бузургмиқёси башарӣ ва афзоиши маҷрои гурезаҳо пешгирӣ шавад, ҳамчунин ба халли мушкилоти иҷтимоӣ дар Афғонистон мусоидат мекунад.

Сарвазири Покистон Имрон Хон дар навбати худ иброз дошт, ки омадани толибон ба сари қудрат дар Афғонистон гӯйё ба манфиати амният дар тамоми минтақа буд.

-Айни замон вақти он расидааст, ки дар паҳлуи мардуми Афғонистон устувор истем. Кӯшишҳои бад ҷилва додани «Толибон» бояд рад шаванд,- даъват намуд ӯ.

Президенти Россия Владимир Путин ва роҳбари Чин Си Ҷинпин ба дасти толибон гузаштани ҳукуматро «бидуни хунрезӣ» ва «воқеияти рӯз» номиданд. Ҳарду дар ин паҳлуҳои мусбатро мебинанд. Путин ҳатто пешниҳод намуд, ки бо «Толибон» дар чорчӯбаи СҲШ кор бурда шавад, ҳарчанд эътироф намуд, ки ҳукумати онҳо «инклюзивӣ», яъне фарогири намояндагони ҳамаи қавму гурӯҳҳои аҳолии кишвар нест:

-Табдили ҳукумат дар Афғонистон қариб бе хунрезӣ гузашт ва ин ҷиҳати мусбат аст. Толибон имрӯз тақрибан тамоми Афғонистонро назорат мекунанд. Инчунин, ҳукумати нави афғонро ба иҷрои ваъдаҳо, истиқрори сулҳ, муътадил намудани ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини амният барои ҳама ташвиқ бояд кард. Дар робита ба ин мумкин буд масъалаи аз нав гирифтани фаъолияти гурӯҳи тамосии СҲШ бо Афғонистон дида шавад, ки маҳз бо ҳамин мақсад барои кор бо шарикони афғонӣ таъсис ёфта буд,- изҳор дошт президенти ФР.

Тоҷикистон шитоб надорад

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе кишварҳо-аъзои СҲШ эъломияи умумиро оид ба Афғонистон қабул намуданд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

– СҲШ тарафдори бунёди ҳукумати нави Афғонистон аст, ки на танҳо толибон, балки намояндагони кулли гурӯҳҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсии ҷомеаи Афғонистонро фаро хоҳад гирифт.

– СҲШ ҷонибдори ташаккул ёфтани Афғонистон ҳамчун кишвари мустақил, бетараф, ягона, демократӣ ва осуда, озод аз терроризм, ҷанг ва маводи мухаддир мебошад.

Ҳамчунин иштирокдорони СҲШ изҳор доштанд, ки тасмим доранд ба хурӯҷи сепаратизм ва ифратгароӣ дар минтақа роҳ надиҳанд, пеши роҳи паҳншавии маводи мухаддирро гиранд, алайҳи гардиши ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мубориза баранд.

-Аз сабабе ки якчанд кишвари минтақа – Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Эрон ба «Толибон» муносибати мусбат надоранд, резолютсияи вохӯрӣ дар Душанбе эҳтиёткорона буд ва даъватро ба толибон оиди таъсис додани ҳукумати фарогир дар бар гирифт,- мегӯяд таърихшинос Наврӯз Қурбоналиев. – Аслан ягона масъалае, ки дар хусуси он ба мувофиқа омадани иштирокдорони вохӯрии сарони давлатҳо муяссар гардид, зарурати расондани ёрии бетаъхири башардӯстона ба аҳолии Афғонистон буд. Аз ин бора дар рафти суханронии худ қариб тамоми сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва СПАД гуфтанд.

"Таджикистан не раскрывает объятия талибам, но и не закрывает двери..."
Фото: Пресс-служба президента РФ

Дар маҷмуъ мавқеи бетарафӣ ишғол кардани Россияро нисбати изҳороти Душанбе оиди вазъ дар Афғонистон қайд намуда, коршиноси умури Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна Александр Князев бар он аст, ки дар ин сурат барои Кремл майдони иловагии амал боқӣ мемонад.

-Мавқеи Тоҷикистонро Москва метавонад дар он сурат истифода кунад, ки агар ҳолате рух диҳад, ки имкониятҳои сари миз робита гирифтан бо “Толибон” ба итмом расанд, чӣ расад ба эътирофкунӣ ва зарурат ба дастгирӣ намудани муқовимати зиддитолибӣ ба вуҷуд ояд,- гуфт коршинос дар мусоҳиба бо “НГ”.

Вохӯриҳои Душанбе, пеш аз ҳама, боз як бор нишон доданд, ки назари ҳар ҳукумат ба консепсияи мубориза бо терроризм гуногун аст ва бо назардошти манфиатҳои худ аст, ақида дорад коршинос, рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо.

-Ҳар тараф кӯшиш дорад манфиатҳои худро аз вазъи Афгонистон бароварда созад ва инро ба сифати равиши прагматикӣ баррасӣ мекунад. Масалан, Чин кайҳо боз бо толибон музокира дорад, бар ивази амнияти марзҳои хеш ва даст кашидани толибон аз ҳар гуна алоқаҳо бо ҷудоихоҳон ба онҳо дастгирӣ ваъда мекунад. Ҳамчунин Чин дар Афғонистон манфиатҳои калони иқтисодӣ дорад. Аз ин рӯ Пекин намехоҳад дар муқобили “Толибон” мавқеи сахт гирад. Россия дар навбати худ намехоҳад, ки Афғонистон пас аз рафтани як абарқудрати рақиб зери таъсири дигараш гузарад. Ва, мутаносибан, маҷбур аст бо толибон дар алоқа бошад. Ҳиндустон мушкили қадима бо Покистон дорад. Сабаби мавқеъгирии гуногуни кишварҳои иштирокдори СҲШ ва СПАД нисбати вазъи Афғонистон ва оқибатҳои он барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳамин аст,- гуфт коршинос.

Дар робита ба изҳороти чанде пеши Душанбе оид ба омодагӣ ба гузарондани вохӯрии “Толибон” ва Ҷабҳаи муқовимат дар Тоҷикистон Раҷаб Мирзо гуфт, ки Душанбеи расмӣ ҷонибҳоро сари мизи музокира дар пойтахти ҷумҳурӣ даъват намуда, кӯшиш дорад маркази ҳалли ихтилоф шавад. Аммо ин даст медиҳад ё не, суоли дигар аст.

“Тавре мо дар хотир дорем, чунин ҳолат дар замони низои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ рух дода буд. Теҳрон мехост, ки созишномаи сулҳ дар Эрон имзо шавад, Кремл – дар Россия,- хотиррасон кард Раҷаб Мирзо.

Коршиноси тоҷик, профессори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Раҳмон Улмасов мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаи Афғонистон дуруст мешуморад.

– СҲШ ва СПАД неруҳои ҷиддии сиёсӣ ва низомӣ мебошанд, ки ҳамаи қудратҳои ҷаҳонӣ эътирофашон мекунанд. Аз мавқеъгирии онҳо аз бисёр ҷиҳат рафти минбаъдаи ҳодисаҳои Афғонистон вобаста аст. Муҳим он аст, ки иштирокдорони вохӯрӣ бо назардошти беалтернативӣ будани танзими сиёсӣ-дипломатии ҳолатҳои ихтилофӣ дар минтақаҳои гуногуни олам дар асоси риояи меъёру қоидаҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ амал намоянд,- гуфт сиёсатшинос.

Тибқи суханони ӯ, мавқеи Тоҷикистон, ки президенти кишвар изҳор дошт, дуруст ва ҷавобгӯ ба вазъи дар кишвари ҳамсоя ба вуқуъпайваста аст.

– Душанбе возеҳ нишон дод, ки мо саросема намешавем. Толибон мегӯянд, ки онҳо тағйир ёфтаанд, барои нарм кардани бисёр қоидаҳое, ки 20 сол пеш риоя мекарданд, омодаанд. Масалан, дар масъалаи занон. Аммо алъон барои хулосабарорӣ барвақт аст. Интизор шудан, қадамҳои минбаъдаи онҳоро дидан мебояд.

Мо ба истиқболи толибон бо оғӯши кушода намеравем, вале дарро ба рӯйи онҳо низ намебандем. Дар рафти вохӯрии президенти Тоҷикистон бо сарвазири Покистон мувофиқа оид ба ташкили гуфтушунид байни намояндагони «Толибон» ва неруҳои муқовимат ҳосил гардид. Умед дорем, ки ин вохӯрӣ амалӣ шуда, роҳро сӯйи сулҳи Афғонистон ҳамвор мекунад.

Асад Беҳрӯз

Оцените статью:

«Тоҷикистон ба толибон оғӯш намекушояд, аммо дарҳоро ҳам намебандад…» Тоҷикистон даъват ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон мекунад. Покистон, Россия, Хитой ва Ӯзбекистон низ ҷонибдори ин мавқеъ мебошанд, аммо онҳо ба вазъи ба амаломада назари худро доранд, ки бо такя ба он бо толибон ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Ин ба натиҷаҳои вохӯриҳои СҲШ ва СПАД чӣ таъсире дошт, дар матлаби Nuqta.tj таҳлил мешавад. Дар Душанбе […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *