Тоҷикистон: 30 дастоварди 30 соли истиқлол

Ба зудӣ Тоҷикистон 30-солагии истиқлолияти худро ҷашн мегирад. Тўли ин солҳо кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. “Nukta.tjтасмим гирифт дар арафаи ҷашн 30 дастовардро хотирнишон намояд.

Пошхӯрии Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии дар пайомади он рухдода ба Тоҷикистон зарбаи сахттарин зад. Кишвар талафоти зиёди инсонӣ дид, низоми таъмини ҳаёт қариб пурра хароб шуд. Қадамҳои нахустини мустақилонаро Тоҷикистони соҳибистиқлол аслан рӯйи харобаҳои зерсохтори замоне рушдкарда мегузошт. Албатта, дастовардҳои имрӯзаро бо ҷумҳурие, ки ба ҳайати давлати бузурге бо номи СССР ворид мешуд, муқоиса кардан дуруст нест. Мо низ бидуни ин дар матлаби худ аз корҳое ёдовар мешавем, ки дар 30 соли охир анҷом дода шудаанд.

Истиқлол

Расо 30 сол пеш, 9 сентябр, ҷаласаи ғайринавбатии Шӯроии Олии ҷумҳурӣ якдилона Қарор «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд ва ин рӯзро Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар эълон намуд. Ноилшавӣ ба истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик ҳодисаи муҳими таърихӣ буд. Маҳз аз ин рӯз таърихи навини кишвари мо шуруъ гардид. Ташаккули давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, унитарӣ ва иҷтимоӣ оғоз ёфт.

Эътирофи байналмилалӣ

Дар ҳамон соли аввали ташаккулёбӣ Тоҷикистон ба сафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Амалисозии принсипи «дарҳои боз» дар сиёсати берунаи кишвар аз тарафи аксари кишварҳои олам хуш пазируфта шуд. Ҷумҳуриро беш аз 200 кишвар ва теъдоди зиёди ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф намуданд. Бо 180 давлати дунё робитаҳои дипломатӣ барқарор шуд, наздики 50 намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ кушода шуд, зиёда аз 30 намояндагии дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт.

Қатъи ҷанги шаҳрвандӣ

Нав ба роҳи мустақилона қадам ниҳода, Тоҷикистон ба ҷанги бемаънии бародаркуш кашида шуд. Дар солҳои зиддияти шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардиданд, 80 ҳазор кӯдак ятим монд, 1 млн кас муҳоҷири иҷборӣ гашт, фирор кард, ба кишвар зарари азими иқтисодӣ расонда шуд.

30 достижений Таджикистана за 30 лет независимости
Акс аз интернет

Комёбии бузург дар таърихи кишвар имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардид, ки ба ҷумҳурӣ осоиш ва ваҳдати миллиро овард.

Бунёди Артиши Миллӣ

Баъди фурӯпошии ИҶШС ҷумҳурӣ, ба фарқ аз ҷумҳуриҳои дигари Шӯравӣ, чизе ҳамчун мероси ҳарбӣ ба даст наовард. Дивизияи 201-ум, ки дар Душанбе мустақар буд, зери назорати Вазорати мудофиаи Россия монд. Дар қаламрави Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, ки ҳузури тӯлонии нерӯҳои сулҳофари ИДМ-ро талаб намуд. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон расман танҳо моҳи апрели соли 1994 пайдо шуданд, ҳарчанд ки санаи таъсис 23 феврали соли 1993 маҳсуб меёбад – рӯзе, ки қисмҳои навтаъсиси Фронти халқӣ аз Душанбе бо марши ботантана гузаштанд.

30 достижений Таджикистана за 30 лет независимости
Акс: Исматулло Абдуллоев

Аз он замон дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тағйироти бунёдӣ рух додаанд. Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон кадрҳои сершумори ҳирфаии афсарӣ, техникаи муосири ҷангӣ ва дастгирии иттифоқчиёнро дар чаҳорчӯби СПАД дар ихтиёр дорад.

Саноат

Зарбаи сахттарин дар солҳои 90-ум, эҳтимол, маҳз ба соҳаи саноат расид. Бисёр корхонаҳо бе ашё ва харидор монда, ба зудӣ баста ва дертар ғорату фурӯхта шуданд.

Танҳо шуруъ аз охири солҳои 90 ҷумҳурӣ тавонист ба таҳкими истеҳсолот, таъсиси иншоотҳои нави саноатӣ машғул шавад.

Ба ин тариқ, бо истифода аз технологияҳои навин, корбурди васеи манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои меҳнатӣ танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар дар ҳаҷми умумии 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки ба якбора паст гаштани вобастагии бозори дохилии ғизо аз молҳои воридотӣ мусоидат намуд.

Дар давраи истиқлоли кишвар беш аз 2500 корхонаи саноатӣ (соли 1991 – 358 адад) бунёд ва таҷдид шуданд.

Нерӯи барқ

Пас аз пошхӯрии  ИҶШС Тоҷикистон ба вартаи буҳрони шадидтарини энергетикӣ сарозер шуд. Меъёри тақсими барқ шаҳрвандонро аз шароити оддитарини ҳаёт маҳрум менамуд, саноат имкони инкишоф ёфтан надошт.

Дар замони истиқлол, бо татбиқи як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ имкон барои бунёди низоми ягонаи энергетикӣ дар кишвар ва ба роҳ мондани таъминоти пурраи иқтисод ва аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолгарони дохилӣ пайдо шуд.

Дар ин давра бо сохтмони нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», Маркази гармию барқдиҳии Душанбе-2, ба кор даровардани ду чархаи НБО Роғун ва як қатор НБО-ҳои хурд зиёда аз 2000 мегават иқтидорҳои нав ба кор дароварда шуданд.

30 достижений Таджикистана за 30 лет независимости
Акс аз интернет

Пас аз бунёди хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Роғун-Душанбе», «Лолазор-Хатлон», «Геран – Румӣ», «Тоҷикистон – Афғонистон», «Хуҷанд – Айнӣ», «Айнӣ – Рӯдакӣ», «Қайроққум – Ашт», «Қайроққум – Суғд» бо дарозии умумии 1100 км, чор зеристгоҳ бо иқтидори 500 ва 220 киловолт ва иншоотҳои дигари соҳа фаъолияти низоми ягонаи энергетикӣ ба маротиб беҳтар шуд.

Иморатҳои нав

Сар аз солҳои 2000-ум дар ҷумҳурӣ сохтмони оммавии иншоотҳои гуногун оғоз ёфт. Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру марказҳои ноҳияҳо ба як майдони калони сохтмон табдил ёфтанд.

Иншоотҳое аз қабили Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллӣ, Қасри Миллат, меҳмонхонаҳои муосир, биноҳои баландошёна ва боғу гулгаштҳои сершумор ифтихори воқеии кишвар гардиданд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ 21,3 миллион метри квадратӣ манзили истиқоматӣ бунёд шуд. Ба ҳисоби миёна ба сари ҳар сокини мамлакат ба ҳоли охири соли 2010 8,7 м мураббаъ манзил рост меомад ва дар соли 2020 ин нишондиҳанда ба 10,9 расонда шуд. Соли 2020 масоҳати  манзилҳои истиқоматии ба истифода додашаванда ба 1383,9 ҳазор метри мураббаъ расид.

30 достижений Таджикистана за 30 лет независимости
Акс: Исматулло Абдуллоев

Соҳаи кишоварзӣ

Дар даврони истиқлолият бо ҳадафи рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёд ва таҷдиди зерсохтори мелиоративӣ, азхудкунии заминҳои нав, таъмини соҳа бо техникаи зарурӣ, тухмии босифат ва ба субъектҳои хоҷагидорӣ дастрас шудани сармоягузориҳо 22 лоиҳаи давлатии инвеститсионӣ ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 млрд сомонӣ татбиқ гардид. Феълан дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 2,4 млрд сомонӣ амалӣ карда мешавад.

Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ масоҳати боғу ангурзорҳо дар кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонда шуд, ки дар қиёс бо соли 1991 2,2 маротиба зиёд аст.

Ба ибораи дигар, дар даврони истиқлолият дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу ангурзорҳои нав бунёд карда шуд, ки ин дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, рушди содирот ва таъминоти саноати озуқа бо ашё нақши муҳим бозид.    

Дар қатори дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ҳамчунин натиҷаҳои зеринро зикр кардан метавон: ҷудо шудани 75 ҳазор гектар заминҳо барои ниёзҳои хоҷагиҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон дар асоси ду амри Президенти ҶТ, реструктуризатсияи зиёда аз 700 корхонаи кишоварзии мавҷуд ва хоҷагиҳои хусусӣ, дар заминаи онҳо таъсис додани 600 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва наздики 162000 хоҷагии хусусии наздиҳавлигӣ, ки зиёда аз 90% маҳсулоти кишоварзии кишварро истеҳсол мекунанд.

Роҳҳо

Яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи миллӣ дар замони истиқлол баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд ва мемонад. Бо ин мақсад дар соҳаи нақлиёт 53 лоиҳаи давлатии инвеститсионӣ ба маблағи умумии 20,3 млрд сомонӣ татбиқ карда шуд, беш аз 2200 км роҳҳои автомобилии дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҳамчунин 220 км роҳҳои оҳан сохта ва ба истифода дода шуданд.

Бунёди нақбҳои автомобилии «Истиқлол», “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Озодӣ”, пулу шоҳроҳҳо ва роҳҳои оҳан дар саросари кишвар Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешрафта миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз лиҳози сифати роҳҳо табдил дод.

Корҳои дар ин соҳа анҷомёфта баҳри он шароит муҳайё карданд, ки Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола лоиҳаи байналмилалии «Ҳисобот оид ба рақобатпазирии глобалӣ» анҷом медиҳад, дар 2 соли охир 20 зина боло шуд. Тибқи ахбори Анҷумани иқтисодии ҷаҳон, дар байни 141 давлати мавриди омӯзиш кишвари мо дар мавқеи 50-ум аст. Дар фазои пасошӯравӣ аз нигоҳи сифати роҳҳо Тоҷикистон танҳо аз Озарбойҷон, Литва ва Эстония ақиб аст.

30 достижений Таджикистана за 30 лет независимости
Акс аз интернет

Имрӯз дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии инвеститсионӣ ба маблағи умумии 8 млрд сомонӣ дар ҷараён аст.

Дар доираи он қитъаҳои Душанбе-Қизиқалъаи шоҳроҳи Душанбе-Бохтар бо харҷи 1,6 млн сомонӣ, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва Шкев-Қалъаихуми шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихум бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи автомобилии Кӯлоб-Муъминобод ба маблағи наздики 250 миллион сомонӣба истифода дода шуданд.

Пули миллӣ

Баъди пошхўрии Шўравӣ Тоҷикистон ягона кишвари фазои он боқӣ мемонд, ки то лаҳзаи охир аз ҷорӣ намудани асъори нав худдорӣ менамуд. Рубли шӯравӣ дар мо то соли 1994 дар гардиш буд. 1 январи соли 1994 воситаи пардохт дар қаламрави ҶТ рубли Россия эътироф гардид. 10 майи  соли 1995 Ҳукумати ҶТ ба гардиш асъори худро даровард. Онро «рубл» номиданд, зеро ҳанӯз ба пайвастшавӣ ба минтақаи рубли русӣ умед буд. Аммо ин асъор ба зудӣ аз истифода бароварда шуд: 30 октябри соли 2000 ба гардиш асъори комилҳуқуқи миллӣ – сомонӣ ҷорӣ гардид. Воҳиди нави пулӣ ба ифтихори асосгузори давлати нахустини мутамаддини тоҷикон Исмоили Сомонӣ ном гирифта, як навъ рамзи Тоҷикистони нави соҳибистиқлол шуд.

Болобарии мақоми забони тоҷикӣ

Ҳарчанд забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро ҳанӯз соли 1989 ба даст оварда буд, дар коргузории ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам ташкилотҳои дигар асосан забони русӣ роиҷ буд, ки он замон мақоми забони муоширати байни миллатҳоро гирифта буд.

5 октябри соли 2009 дар Тоҷикистон бар ивази қонуни қаблӣ аз 22 июли соли 1989 қонуни нав «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Ҳамзамон, бо дубора мақоми забони давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ, қонуни нав ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро муваззаф сохт, ки ин забонро донад ва онро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар ба кор барад.

Коргузорӣ дар мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва ташкилотҳо аз он замон ба забони тоҷикӣ анҷом дода мешавад, ки забони асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва корӣ гашт.

Забони тоҷикӣ забони иттилооти визуалӣ, коғазҳои қиматнок ва дар муносибатҳои байналмилалӣ забони гуфтушунид гардид.

Боз шудани марз бо Ӯзбекистон

Пас аз ихтилофоти бисёрсола, баъди ба роҳбарии Ӯзбекистон омадани Шавкат Мирзиёев, Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя муносибати неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳоро ба роҳ монд. Дар рафти ташрифи расмии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар баҳори соли 2018 байни вазорату идораҳои дахлдори кишвар 27 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Зимни ташрифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон боз 26 санад оид ба ҳамкориҳои мутақобила имзо гардид. Муҳимтар аз ҳама – марзҳо кушода шуданд ва ахиран мардуми ду кишвар робитаҳои бародаронаро барқарор намуданд.

Таҳсилот

Дар замони истиқлол шаклҳои нави муассисаҳои таҳсилотӣ таъсис ёфтанд, дар шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби президентӣ бо фарогирии 8000 хонанда, 75 гимназия барои беш аз 53000 хонанда ва 71 литсей бо 36000 хонанда ташкил гардиданд.

Дар ин давра шумораи хонандагони муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазори соли 1991 то 2 миллиону 34 ҳазор афзуд ва барои бо таҳсил фаро гирифтани онҳо сохтмону таҷдиди 3030 муассисаи миёнаи таҳсилоти умумӣ ва биноҳои иловагии таълимӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст ба анҷом расонда шуд.

Тайи солҳои истиқлолият теъдоди муассисаҳои таълимии олии касбӣ аз 13 то 41 афзуд, ки дар онҳо бо таҳсил 227 ҳазор донишҷӯ фаро гирифта мешавад (соли 1991 – 69 300), шумораи хатмкардагони макотиби олии даврони истиқлол зиёда аз 600 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, беш аз 35 ҳазор ҷавонписару духтар дар мактабҳои олии кишварҳои пешрафтаи олам таълим мегиранд.

Ҳифзи мероси фарҳангӣ

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор ёдгории таърих ва фарҳанг воқеъ мебошад. Дар солҳои истиқлолият 36 ёдгории нодир, аз ҷумла мақбараҳо, осорхонаҳо, масҷидҳо ва манораҳо эҳё ва тармим шудаанд. Ҳамзамон, бо ҳадафи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук, Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, корхонаи давлатии «Маҷмуаи таърихӣ-фарҳангии ҷумҳуриявии Панҷрӯд» ташкил карда шуданд.

Ба дастовардҳои замони истиқлол ҳамчунин пуштибонӣ аз анъанаву фарҳанги миллии тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, қайд намудани ҷашнҳои марбут ба ашхоси муътабари миллати тоҷик ва таърихи қадимаи мардуми тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ворид намудани Саразм (2010), Парки миллии Тоҷикистон (2013) ба Номгӯи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва Шашмақом (2008), Наврӯз (2010), оши палов (2016), чакан (2018) ба Номгӯи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО-ро қайд намудан мумкин аст.

30 достижений Таджикистана за 30 лет независимости
Акс: Бахтиёр Рахматуллоев

Ҳамчунин дар қатори дастовардҳои Тоҷикистони мустақил комёбиҳои зерин лоиқи тазаккур мебошанд:

– Бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҷалб кардани онҳо ба идоракунии давлат, афзоиши шумораи онҳо дар кулли шохаҳои ҳукумат, соҳаҳои иҷтимоъ ва иқтисод, корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ;

– Афзудани нуфуси аҳолии кишвар дар давраи истиқлол аз 5,5 млн то 9,8 млн, яъне қариб 2 карат.

– Зиёд шудани шумораи муассисаҳои тиббӣ то 500 адад, ки нисбати соли 1991 126 адад зиёд аст ва миқдори бунгоҳҳои тиббӣ то 1750 адад, ки нисбати давраи аввали истиқлолият 240 адад зиёд мебошад.

– Коҳишёбии фавти модарон 1,8 маротиба ва фавти атфол 2,7 маротиба.

– Баландшавии сатҳ ва сифати зиндагии мардум, афзудани дарозии миёнаи умри шаҳрвандон то 73,5 сол.

– Зиёдшавии миқдори иншоотҳои варзишӣ дар кишвар то беш аз 10 000 адад, ки 9 маротиба аз соли 1991 зиёд аст.

-Таъмини амнияти озуқаворӣ ва тақрибан 3 маротиба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар. 

– 35 карат афзудани гардиши савдои берунаи ҶТ бо асъори хориҷӣ дар қиёс бо соли 1991.

– 50 карат зиёд шудани маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ тайи солҳои истиқлолият.

– 97 карат зиёд шудани даромадҳо ва 96 карат афзудани хароҷоти буҷаи давлатии кишвар дар солҳои истиқлолият.

– Рушди сектори хусусӣ дар кишвар, ки беш аз 70% ММД ва 80% пардохтҳои андозиро ба буҷаи давлат ташаккул медиҳад, шуғлмандии зиёда аз 70% аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъолро таъмин менамояд.

– Дар се соли охир ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 25 ҳазор иншооти хурду калони иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маишӣ ва фарҳангӣ аз ҳисоби давлат ва шаҳрвандони кишвар сохта шуд.

-Асосгузорӣ ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар таҷрибаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ ҳамто надоранд.

– Табдил додани ҶТ ба яке аз кишварҳои амнтарини олам ва дохил шудани он ба даҳгонаи аввали рейтинги байналмилалии кишварҳои бехатари ҷаҳон.

-Раисии бевоситаи Тоҷикистон дар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, табдил додани пойтахти кишвар ба майдони баргузарии чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, эътирофи ҷаҳонии «Мурофиаи Душанбе» ҳамчун бренди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ.

-Татбиқи ибтикорҳои байналмилалии Тоҷикистон дарсоҳаҳои амният, об, экология, ҳимояи пиряхҳо, тағйири иқлим ва ташаккули дипломатияи обӣ ҳангоми татбиқи сиёсати берунаи ҷумҳурӣ ва ғ.

Дар маҷмуъ, тавре зиндагӣ нишон дод, истиқлол ба мардуми тоҷик ва ҷумҳурӣ дар умум бисёр чизҳои мусбату нав ва муфид дод. Кишвар имкониятҳои азими рушд дорад ва дар сурати истифодаи дуруст, касбӣ ва, муҳимтар аз ҳама, одилонаи ин зарфиятҳо Тоҷикистон метавонад ба ҷашни даҳсолаи ояндаи истиқлоли худ бо дастовардҳои аз ин ҳам бештар қадам гузорад.

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Тоҷикистон: 30 дастоварди 30 соли истиқлол Ба зудӣ Тоҷикистон 30-солагии истиқлолияти худро ҷашн мегирад. Тўли ин солҳо кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. “Nukta.tj” тасмим гирифт дар арафаи ҷашн 30 дастовардро хотирнишон намояд. Пошхӯрии Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии дар пайомади он рухдода ба Тоҷикистон зарбаи сахттарин зад. Кишвар талафоти зиёди инсонӣ дид, низоми таъмини ҳаёт қариб пурра хароб шуд. Қадамҳои нахустини […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *