Табларзаи нархҳо – табларзаи кисаҳо

Аз моҳи сентябр дар Тоҷикистон тамоюли болоравии нархҳои маҳсулоти хўрокаи ниёзи аввал: равған, гўшт, тухм, шакар ва ғ. мушоҳида мешавад. Шореҳи мо аз Суғд Тилав Расулзода бо нархҳо дар шаҳри Хуҷанд ошно шуд. Ба ақидаи ў, вазъ тазодҳо дорад, зеро баъзе навъҳои озуқа бар хилофи мантиқ қимат шудаанд, дар ҳоле ки ҳаҷми истеҳсоли онҳо аз ҳаҷми истеҳсолашон дар ҳамин давраи соли гузаштаи 2019 зиёд аст. Пас, сабаб чист?

Бино ба маълумоти Низоми иттилооти кишоварзии Agroinform.tj, ки мунтазам ҳолати нархҳои маҳсулоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ пайгирӣ ва нашр мекунад, арзиши миёнаи маҳсулоти асосии хўрока ба санаи 4-уми ноябр чунин буд: равғани маска 1кг – 100,33 сомонӣ, 1 литр равғани пахта – 15,50 с., 1кг гандум – 4,23 с., 1кг орди гандуми навъи якум – 4,89 с., 1кг орди гандуми навъи олӣ – 5,11 с., 1 литр равғани растанӣ  – 16,92 с., 1кг шакар – 9,22 с., 1кг панир –  43,67 с., тухм (1дона) – 1,11 с., 1 кг гўшт (гов) – 51,78 с., 1кг пиёзи бехӣ – 2,30 с., 1 кг картошка – 3,76 с., 1кг сабзӣ – 2,58 с.

Агар ин ададҳоро бо нишондиҳандаҳо дар миёнаи соли ҷорӣ муқоиса кунем, мебинем, ки аксари маҳсулот 20-40% гарон шудааст. Ба андешаи коршиносони соҳаи кишоварзӣ, инчунин сокинони одии кишвар, нархҳои ташаккулёфта барои бештари шаҳрвандон аз андоза баланданд.

Хилофи мантиқ

Болоравии бошиддати арзиши маҳсулоти ғизоӣ ба ҳолате рост омад, ки, бино ба натиҷаҳои нўҳ моҳи соли ҷорӣ, аз рўйи ҳамаи навъҳои маҳсулот афзоиши истеҳсол мушоҳида мешавад. Бигирем барои намуна истеҳсоли гўшти гов ва тухмро. Мувофиқи ахбори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, ба якуми сентябри соли ҷорӣ истеҳсоли гўшти гов 7140 тоннаро ташкил дод, ки ин 3853 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Тухм 417,5 млн дона истеҳсол шуд, ки ин 155 млн дона аз ададҳои соли 2019 бештар мебошад.

Табларзаи нархҳо - табларзаи кисаҳо

Саршумори чорвои калони шохдор, бузу гўсфандон, паррандаҳо низ афзоиш меёбад. Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ шумораи чорвои калони шохдор дар вилояти Суғд 48 603-ро ташкил дод, ки 539 сар назар ба рақамҳои соли гузашта зиёд мебошад. Афзоиши саршумори бузу гўсфандон 3115 сарро ташкил медиҳад (ҳамагӣ 239733). Миқдори паррандагон, ки имрўз 4165342 аст, беш аз 1 млн (1150175) афзудааст.

Ҳамчунин рушди истеҳсоли картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар маҳсулоти аграрӣ ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин, бар хилофи мантиқи низоми бозаргонӣ, дар ҳоле пешниҳод аз талабот зиёд аст, нархҳо боло мераванд, на поин!

Сабаб – хароҷоти истеҳсол?

Бино ба суханони мудири шуъбаи чорвопарварии Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарипов, болоравии нархҳо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дорад.

-Агар, барои мисол, ба истеҳсоли гўшти гов ё парранда назар андозем, пеш аз ҳама баланд шудани нархи хўрокаи онҳоро бояд ба эътибор гирем. Айни замон нархи як кило кунҷораи пахта дар бозорҳои кишвар ба ҳисоби миёна 3,30-3,93 сомонӣ, сабўси гандум 1,50-2,05 сомонӣ, гандум 3,50-4,23 сомонӣ, ему хошоки омехта 2,8-4 сомониро ташкил медиҳад, ки 10 сомонӣ аз нархҳои порсола дар бозор зиёд аст. Нархи як тонна кунҷораи соя дар қиёс бо соли гузашта $92 гарон шудааст.

Истеҳсолкунандагони маҳсулот тамоми хароҷоти худро, ки ба арзиши аслии маҳсулот медароянд, ба эътибор мегиранд. Мисол, як литр гази моеъ 4,10-4,25 сомонӣ, халтаи 50-килограммаи селитра 280-300 сомонӣ нарх доранд, ки аз нархҳои аввали соли 2019 20-30% зиёд мебошад.

Сарфи назар аз ин, бино ба гуфтаҳои М. Шарипов, истеҳсолгарони ватанӣ барои ғанӣ гардондани бозор аз маҳсулоти хўрока то қадри тавон саъю кўшиш мекунанд. Аз ҷумла, қадамҳои ҷиддӣ дар самти афзоиши истеҳсоли гўшти парранда гузошта мешаванд. Феълан дар вилояти Суғд зиёда аз 20 корхонаи мурғпарварӣ амал мекунад. Мутахассис муътақид месозад, ки муассисаҳои истеҳсолии мазкур ба паст кардани нархҳои гўшти гов мусоидат менамоянд. «Агар онҳо ба истеҳсоли гўшти парранда ҳамроҳ намешуданд, бешубҳа, нархи 1 кг гўшти гов имрўз ба 80 сомонӣ ва аз он ҳам зиёд мерасид. Зимнан қайд бояд кард, ки 90-95% хўроки мурғ аз хориҷа оварда мешавад ва ин ба арзиши маҳсулот бетаъсир буда наметавонад», – таъкид мекунад манбаъ.

Ҳамчунин М. Шарипов қайд намуд, ки тамоми маҳсулоти истеҳсолшаванда, қабл аз расидан ба мағозаҳо, аз дасти чанд миёнарав мегузарад, ки арзиши маҳсулотро бештар мекунад. «Масалан, фермаи паррандапарварии «Байзо»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назди корхона мағозаи фирмавии худро кушода, дар он гўшти паррандаро бо арзиши 17-18 сомонӣ барои килограмм ба фурўш мегузорад. Дар бозорҳои кишвар ин гуна маҳсулот 26-27 сомонӣ нарх дорад (тақрибан 40% гаронтар). Бинобар ин мақомоти маҳаллии ҳукумат бояд дар бозори нуқтаҳои калони савдо ҷойҳо ҷудо кунанд, то ки истеҳсолгарон тавонанд бе миёнаравон моли худро ба фурўш гузоранд»,- мегўяд Маъруфҷон Шарипов.

Формулаи нарх

Нисбати сабабҳои болоравии нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ муовини сардори Раёсати кишоварзӣ дар вилояти Суғд Рустамҷон Ҷалолов низ ақида иброз намуд. Ў қайд кард, ки дар айни замон ҳамаи заминҳо дар дасти деҳқонон қарор доранд ва идораи онҳо ҳуқуқ надорад ба таъин намудани нархи маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дахолат намояд. «Нархҳои маҳсулот, бино ба қонунҳои низоми муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, аз рўйи формулаи «талабот- пешниҳод» ташаккул меёбанд»,- гуфт Р. Ҷалолов. Ғайр аз ин, ў тазаккур дод, ки фонди тухмӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки воридотӣ аст, бо гузашти ду-се сол ҳосилнокии худро аз даст медиҳад. Истеҳсолкунанда маҷбур аст тухмиро ба навъҳои серҳосил иваз намояд, барои истеҳсоли навъҳои нави ватании тухмӣ бошад таҷҳизоти муосири баландтехнология ва озмоишгоҳҳои муносиб лозиманд. Ба ҷуз ин, барои анҷом додани корҳои илмӣ бо истифода аз технологияҳои нав мутахассис нест.  

Табларзаи нархҳо - табларзаи кисаҳо

«Маҳсулот 15% гарон мешавад…»

Тибқи иттилои Раёсати минтақавии Кумитаи гумруки ҶТ дар вилояти Суғд, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба вилояти Суғд тахминан 2979 тонна гўшт ва маҳсулоти ғизоии гўштӣ, 782,4 ҳазор тонна ғалладона (гандум, ҷав, ҷуворимакка, биринҷ, марҷумак, арзан ва ғ.), 42,5 ҳазор тонна равғанҳои ҳайвонот ва растанӣ, 60,1 ҳазор тонна бозмондаи саноати озуқаворӣ, хўрокаҳои тайёр барои ҳайвонҳо ва 44,6 ҳазор тонна нурӣ ворид карда шуд. Ҳамаи ин маҳсулотҳо бешак бар ивази асъори хориҷӣ харида шудаанд, ки қурби он низ боло рафта, ба арзиши ниҳоии маҳсулоти ғизоӣ таъсир мерасонад. Аз чоруми ноябр Бонки миллии ҶТ қурби расмии $100-ро 1130 сомонӣ муқаррар намудааст.

Ба андешаи коршиносон, ҷаҳишҳои доллар нисбати асъори миллӣ ҳамеша ба ташаккули нархҳо дар бозорҳои кишвар таъсири манфӣ мерасонанд. Тахмин ҳаст, ки ғизоҳои воридотӣ ҳадди ақал 15% гарон хоҳанд шуд.

Оё маҳсулот ба стандартҳои сифат ҷавобгў аст?

Баланд шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ қобилияти харидории аҳолиро поин мебарад. Як қисм маҷбур мешавад молҳои пастсифат, муҳлати истеъмолаш тамомшуда ё ба тамомшавӣ наздикро бихарад, ки ин ба солимии шаҳрвандон таъсири манфӣ хоҳад дошт. Масалан, яке аз молҳои ниёзи аввал барои тоҷикистониён равған маҳсуб меёбад. Аз сабаби он ки равғанҳои растании воридотӣ аз офтобпараст нархи гарон доранд, шаҳрвандони одӣ бештар аз равғани пахта истифода мекардагӣ шудаанд. То кадом андоза онҳо ба меъёрҳои ҷаҳонии сифат ҷавобгўянд, гуфтан душвор аст. Ёдрас мекунем, ки тибқи Фармони Президенти кишвар аз 15.01.2020 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», ки то 01.01.2020 идома меёбад, кулли корхонаҳои хурд, ки ба истеҳсоли равғани пахта машғуланд, аз ҳама гуна санҷишҳо озоданд. Ба маҳсулоти онҳо «Тоҷикстандарт» бо дархости роҳбарони ин гуна корхонаҳои хурди истеҳсолӣ шаҳодатномаи сифат медиҳад. Дар ин шароит бисёр масъалаҳо аз виҷдону покдилии истеҳсолгарон вобаста аст.  

Ба қавли Маҳкамбой Каримов, сардори хадамоти матбуотии Маркази «Тоҷикистандарт» дар вилояти Суғд, озмоишгоҳи аккредитатсионии маҳсулоти ғизоӣ барои муайян намудани сифати маҳсулот таҳлилҳо анҷом медиҳад. Дар давоми нўҳ моҳи соли 2020 таҳлили 361 намунаи равғани растанӣ (пахта, офтобпараст, норҷил (кокос), маъсар (рапс), зайтун, зағир) анҷом дода шуд. Аз теъдоди мазкур 30 намуна ғайристандартӣ эътироф гардид (ба ибораи дигар, тахминан 9% аз маҳсулоти мавриди санҷиш бо вазни умумии 7057,65 кг).

Табларзаи нархҳо - табларзаи кисаҳо

-Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ», мутахассисони Маркази мо дар асоси нақшаи тасдиқшуда ҳуқуқ доранд дар бозорҳо, нуқтаҳои савдо ва нуқтаҳои ғизои ҷамъиятӣ соле як ва дар баъзе ҳолатҳо ду маротиба санҷиш гузаронанд. То санҷиши минбаъда ҳуқуқи назорати сифати маҳсулот дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба зиммаи роҳбарони бозору нуқтаҳои савдо гузошта мешавад», – мегўяд Маҳкамбой Каримов.

P.S.

Ба ақидаи коршиносони мустақили соҳаҳои иқтисод, ҳар соҳаи соҳибкорӣ давраи «ашхоси муайян» дорад. Онҳо аллакай ба риоя намудани қоидаҳои бозии расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки дар соҳаи молҳои талаботи ҳаррўзаи воридотӣ роиҷанд, одат кардаанд. Ба иштирокчиёни нав, ки бо ин қоидаҳо ошно нестанд, ба ин давра ворид шудан душвор аст. Бинобар ин, «ашхоси муайян»-и мазкур метавонанд ҷиддан ба раванди ташаккулёбии нархҳо дар бозорҳои кишвар, фаровонӣ ё баръакс, норасоии молҳо таъсиргузор бошанд. Агар дар ҳар соҳаи соҳибкорӣ теъдоди кифоятан калони иштирокчиён фаъолият мекард ва рақобати солим миёни онҳо ба вуҷуд меомад, бешубҳа тағйирёбии мунтазаму пешгўинашавандаи нархҳо дар бозорҳо, чуноне имрўз ба назар мерасад, рўй намедод.

Ҳоло бошад мақомоти маҳаллии ҳукумати давлатӣ бовар мекунонанд, ки ҳамааш хуб мешавад. Онҳо ҳар ҳафта дар шаҳрҳои калон ва саноатӣ ярмарка-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил менамоянд, ки дар онҳо ба харидорон молҳо бо нархҳои 10-15% аз бозор арзон пешкаш мегардад.

Тилав РАСУЛЗОДА

Оцените статью:

Табларзаи нархҳо – табларзаи кисаҳо Аз моҳи сентябр дар Тоҷикистон тамоюли болоравии нархҳои маҳсулоти хўрокаи ниёзи аввал: равған, гўшт, тухм, шакар ва ғ. мушоҳида мешавад. Шореҳи мо аз Суғд Тилав Расулзода бо нархҳо дар шаҳри Хуҷанд ошно шуд. Ба ақидаи ў, вазъ тазодҳо дорад, зеро баъзе навъҳои озуқа бар хилофи мантиқ қимат шудаанд, дар ҳоле ки ҳаҷми истеҳсоли онҳо аз […]
3 1 5 5
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *