Талоқҳо. Шикасти фарҳанги оиладорӣ?

Фироқи тўлонии ҳамсарон, камбизоатӣ, мушкилоти рўзгор, дахолати тарафи сеюм ба зиндагии оилавӣ сабабҳои асосии пошхўрии оилаҳо мебошанд. Ҷомеашиносон зарурати ҳалли ҳарчи зудтари ин масъаларо, ки метавонад барои ҷамъият оқибатҳои ҷиддии ногувор дошта бошад, қайд мекунанд

900 ҷудоӣ дар як моҳ

Дар солҳои охир шумораи талоқҳо дар Тоҷикистон беист меафзояд. Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли 2020 5486 талоқ ба қайд гирифта шуд, ки ин зиёда аз 900 оилаи шикастхўрдаро дар як моҳ ташкил медиҳад. Агар ба назар гирем, ки дар ин нимсола 29 995 ҷуфт ақди никоҳи давлатӣ бастааст, ҳисоб кардан душвор нест, ки ҳар никоҳи панҷум (!) бо ҷудоӣ меанҷомад. Барои Тоҷикистон – кишвари анъанагаро, ададҳои мазкурро метавон фавқулода калон номид.

Талоқҳо. Шикасти фарҳанги оиладорӣ?
Дар муддати 18 сол дар Тоҷикистон шумораи никоҳ қариб 4 баробар зиёд шудааст

Ин ҳолат мушкилоти сершуморро, хоса барои занони ҷавон дар пай меорад. Бидуни таҳсилот ва касб, кўдакони хурд рўи даст, онҳо танҳо, бе кўмаку дастгирӣ мемонанд ва гоҳо аз ноилоҷӣ қадам ба варта мегузоранд.

Тавре омор нишон медиҳад, аксари ҷиноятҳоро дар байни ноболиғон кўдакон аз оилаҳои нопурра содир мекунанд.

Талоқҳо. Шикасти фарҳанги оиладорӣ?
Дар тӯли 18 сол Дар Тоҷикистон шумораи талоқ қариб 5 баробар афзудааст

Чӣ боис гардидааст, ки ҷомеаи тоҷик, ки чун анъана ба алоқаҳои қавии оилавӣ такя мекард, аз ин арзишҳо дур мешавад? Барои пешгирӣ аз тамоюли харобиовар чӣ бояд кард?

Муҳоҷират ва талоқҳо

Аз миёни мушкилоти зиёде, ки сабаби пошхўрии оилаҳо дар кишвар мегарданд, муҳоҷирати меҳнатии шавҳар яке аз маъмултаринҳост. Ҳамасола садҳо ҳазор мард аз пайи ризқ ба Россия мераванд ва моҳҳою ҳатто солҳо дур аз завҷаву фарзандони худ рўз мебаранд. Ҳолатҳое низ кам нестанд, ки шавҳарон дар муҳоҷират оилаи дигар месозанд. Бино ба ахбори манбаъҳои расмии Россия, ҳар сол зиёда аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо занҳои ин кишвар расман издивоҷ мекунад.

Фараҳноз, сокини 24-солаи ноҳияи Рўдакӣ, панҷ сол пеш бо ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя хонадор шуд. Аммо лаҳзаҳои хуши зиндагии оилаи ҷавон зиёд давом накарданд – шавҳари Фараҳноз коре бо музди кифоя пайдо накарда, рахти сафар ба Россия баст.

Як сол пас ў баргашт. Он замон Фараҳноз аллакай писар ба дунё оварда буд. Шавҳараш дар хона ду моҳ истода, боз ба сафар баромад.

Чанде баъд ҷавонзан фарзанди дуввумашро ба дунё овард – ин бор духтарро. Аммо ин бор шавҳараш ба ватан нашитофт.

Аз байн тақрибан ду сол гузашт ва рўзе шавҳараш ба Фараҳноз занг зада хабар дод, ки бо шаҳрванди Россия оила барпо карданист ва ба гумон аст, ки ба хона баргардад. «Ман ҷавобатро медиҳам: талоқ, талоқ, талоқ!» – ин суханҳоро шунида, модари ҷавон аз ҳуш рафт…

Имрўз Фараҳноз ҳамроҳи фарзандони худ дар хонаи волидонаш зиндагӣ мекунад. Аммо дар хонаи начандон калони онҳо, ки ғайр аз волидонаш боз ба бародаронашу аҳли оилаҳои онҳо сарпаноҳ медиҳад, ҷавонзанро на ҳама вақт мефаҳманду дастгирӣ мекунанд. Ў худро дар ин шароит зиёдатӣ, сарборие барои дигарон эҳсос мекунад. Назари ў ба оянда хушбинона нест. «Ман дигар ба касе даркор нестам. Шодию умеди ман танҳо ҳамин фарзандонам ҳастанд»,- мегўяд вай.

Бино ба суханони Барно Муъминова, мисоли Фараҳноз барои оилаҳои тоҷик, ки мардҳояшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, маъмулӣ аст.

Талоқҳо. Шикасти фарҳанги оиладорӣ?
Муҳоҷирон зиндагии дигарро мебинанд

«Чаро чунин мешавад? Тасаввур намоед – ҷавоне аз оилаи нодор, ки дар ҳаёташ шояд чизеро надида бошад, ба муҳоҷират рафта, ногоҳ зиндагии тамоман дигарро мебинад, ки хеле шавқовартар, пурҷило, рангоранг аст. Ва боз ҳеҷ назорате аз тарафи наздиконаш нест. Дар ин ҳол ҳатто онҳое, ки дар хона оилаҳояшон мунтазирашонанд, зиёд вазифаҳои худро аз ёд мебароранд, инони худдориро аз даст медиҳанд. Бисёр касон ҷудо мешаванд ва бо духтарони рус ба хотири ба даст овардани шаҳрвандӣ оила месозанд. Ин ба онҳо ҳуқуқу озодиҳои бештар медиҳад, ки аз норасоии ин чизҳо, тавре ба ҳама маълум аст, шаҳрвандони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ зиёд азият мекашанд. Дар натиҷа зану фарзандони онҳо, ки дар Тоҷикистон мондаанд, ба вазъияти мушкил меафтанд»,- мегўяд коршинос.

Кӣ ҳаққу кӣ гунаҳгор?

Як сабаби дигари талоқҳо дар Тоҷикистон, аз нигоҳи коршиносон, дахолати наздикон ба ҳаёти оилаи нав аст. Мушкилиҳои молиявӣ имкони соҳиби хонаи алоҳида шуданро барои ҷавонон маҳдуд месозанд ва онҳо ҳамроҳи волидон ва дигар аъзои оилаҳои хеш зиндагӣ мекунанд. Маҳз чунин шароит фазое барои навъи дигари низоъ – тезутунд шудани муносибатҳои байни келин ва аҳли хонаводаи шавҳар мегардад. Намунаи вирди забонҳо ихтилофи байни келину хушдоман аст.

«Масалан, хушдоман келинро ба он гунаҳгор мекунад, ки ў аз уҳдаи иҷрои корҳои одии маишӣ намебарояд, келин дар навбати худ ўро ба назорати аз ҳад зиёд ва аз таги нохун чирк кофтанҳо айбдор медонад. Ҳар кадом дар ин ҳолат ҳақиқати худ ва ҳам гуноҳи худро доранд,- мегўяд ҷомеашинос Абдуалим Норасов.- Фикр мекунам, тезутундшавии муносибатҳо дар чунин ҳолат сабаби сирф равонӣ дорад: тарафҳо омода нестанд ба якдигар гузашт кунанд, намехоҳанд якдигарро фаҳманд».

Ин гуфта, ба андешаи коршинос, ҳам нисбати муносибатҳои ҷавонону солдидагон ва ҳам дар мавриди муносибатҳои худи навхонадорон ҳақиқат дорад. Солҳои охир ҳолати ихтилофии дигари барои оилаҳои тоҷик нав ба вуҷуд омадааст, ки онро «мубориза барои мақому мавқеъ» номидан метавон.

Талоқҳо. Шикасти фарҳанги оиладорӣ?

«Алъон нақши зан дар ҷомеа хеле тағйир ёфтааст. Акнун ў на танҳо кадбону, балки боз зани соҳибкор, коргар, рўзирасони оила  аст. Вале зиёд маҳз ҳамин ҳолат сабаби низоъҳо дар оила мегардад. Зан бисёр вақт нисбати вазифаҳои анъанавии худ дар оила хунукназарӣ карда, серкориашро пеш меорад, фармонфармоиҳоро қабул надорад. Дар натиҷа баҳсҳо, нофаҳмиҳо ба миён меоянд,- арзи мулоҳизаҳо мекунад ҷомеашинос. – Мутаассифона, баробарҳуқуқиро дар оила бисёр зану мардон нодуруст мефаҳманд. Ба фикри ман, дар оила бояд роҳбар бошад ва ин роҳбар, мувофиқи расму анъанаҳо ва табиат, бояд мард бошад. Ва ҳамчун сардори оила маҳз ў бояд барои сулҳу осоиш дар оила масъул бошад. Дар зимн ба ҳеҷ ваҷҳ нақши зан дар оила ҳамчун модар, ҳамсар, бонуи хонадон набояд кам шавад. Дар оилаҳое, ки чунин арзишҳоро дарк ва қабул мекунанд, ҳеҷ гоҳ низою баҳсҳо ба вуҷуд намеоянд».

«Бисёр чизҳоро аз даст додаем…»

Дар ҷомеаи тоҷик издивоҷҳои бармаҳал қабул шудаанд. Бино ба қонунгузории Тоҷикистон, барпо кардани оила аз 18-солагӣ иҷозат дода мешавад. Ва одатан бисёр духтарон то 20-солагӣ хонадор мешаванд. Дар 22-23-солагӣ ҷавонҳо низ оила барпо мекунанд. Оё дар ин син онҳо ба ҳаёти мустақилона омодаанд?

«Тавре таҷриба нишон медиҳад, аксарияти ҷавонон ҳанўз ба зиндагии мустақилона омода нашуда, оила барпо мекунанд,- мегўяд омўзгор бо собиқаи кори 40-сола Зиёвуддин Ҳусейнов.- Онҳо вазифаҳои оилавии худро дарк намекунанд, на барои худу на барои якдигар масъулият ба дўш гирифтан намехоҳанд».

Ба андешаи Ҳусейнов, ин тамоюли номусоид аз солҳои 90-уми асри гузашта ба ташаккулёбӣ шурўъ кард.

«Пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ва ҳодисаҳое, ки пас аз ин рўй доданд, ба анъанаҳои ба оила ва тарбияи насли наврас вобаста дар ҷомеа осеби ҷиддӣ расонданд. Масалан, пеш дар ҳар шаҳр, ноҳия даҳҳо маҳфили бадеӣ, техникӣ, фарҳангӣ барои кўдакону наврасон вуҷуд дошт, ки онҷо онҳо малакаҳои касбӣ аз худ мекарданд, мустақил буданро ёд мегирифтанд. Дар дарсҳои меҳнат, дар комбинатҳои таълими касб мактабхонон ҳунар аз худ карда, ба ҳаёти минбаъда омода мешуданд. Дар оила, ҷомеа ҳама вақт ёрии кўдакон ба калонсолон, меҳнатдўстӣ тарғибу тарбия мегардид. Арзишҳои анъанавие низ чун ҳифзи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, эҳтиром нисбати калонсолон, кўмак ба ҷавонон қадр мешуданд. Мутаассифона, бисёр аз ин мафҳумҳои муҳимро мо аз даст дода, бар иваз кам ба даст овардаем»,- мегўяд омўзгор.

Эҳёи фарҳанги оилавӣ

Ҳукуматдорон дар кишвар ҷиддӣ будани масъаларо дарк намуда, талош мекунанд ба вазъ таъсир расонанд. Хоса ҳукумат қонун дар бораи мубориза бо зўроварӣ дар оила ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирӣ аз хушунати оилавиро барои солҳои 2014-2023 қабул кардааст. Дар солҳои охир якчанд барнома барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ доир ба оила ва арзишҳои оилавӣ қабул гардид. Чанд сол пеш аз сабаби сатҳи баланди талоқҳо дар Тоҷикистон ҳукуматдорон соли 2015-ро Соли Оила эълон намуда, маъракаҳои таблиғотии бахшида ба ҳифзи оиларо роҳандозӣ намуданд.

Талоқҳо. Шикасти фарҳанги оиладорӣ?
Оила қавитарин пайванди тамоми зиндагии мост. Онро эҳтиёт кунед!

Бо вуҷуд, тавре омор нишон медиҳад, ҳамаи ин тадбирҳо ба андозаи лозима натиҷаовар нестанд.

 «Барои мустаҳкам кардани бунёди оила қабули санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои гуногун кам аст,- ақида дорад Ҳусейнов.- Дар ҳамаи шаҳру деҳаҳо курсҳои оиларо таъсис бояд дод, ки ҳам барои насли ҷавону ҳам барои калонсолон пешбинӣ шаванд. Ҷалб намудани намояндагони дин низ ба ин кор метавонад натиҷаи хуб диҳад. Ба одамон донишу маълумоти зарурӣ додан лозим аст, ки ба онҳо ҳам замони сохтани оила ва ҳам дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилот дар ҳаёти оилавӣ ёрӣ расонанд. Дар ҳама ҷо ба ҷавонон қадр кардани оиларо омўзондан, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода кардан, сабру таҳаммулро ёд додан лозим аст. Волидон низ бояд ба фарзандони худ ва ҳамсарони онҳо бо эҳтиром ва якдигарфаҳмӣ муносибат кунанд. Мо бояд фарҳанги оилавиро ба ҳар хона баргардонем. Барои расидан ба ин ҳадафи хайр тамоми ҷомеаро сафарбар бояд кард».

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Талоқҳо. Шикасти фарҳанги оиладорӣ? Фироқи тўлонии ҳамсарон, камбизоатӣ, мушкилоти рўзгор, дахолати тарафи сеюм ба зиндагии оилавӣ сабабҳои асосии пошхўрии оилаҳо мебошанд. Ҷомеашиносон зарурати ҳалли ҳарчи зудтари ин масъаларо, ки метавонад барои ҷамъият оқибатҳои ҷиддии ногувор дошта бошад, қайд мекунанд 900 ҷудоӣ дар як моҳ Дар солҳои охир шумораи талоқҳо дар Тоҷикистон беист меафзояд. Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *