Табиб куҷо шуд?

Гуфтор аз норасоии кадрҳои тиббӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ

Дар вилояти Суғд норасоии шадиди кадрҳои тиббӣ мушоҳида мешавад. Айни замон дар вилоят ниёз ба 802 табиб аз рўйи 30 ихтисос вуҷуд дорад. Аз ҷумла ҷиддан камбуди табибони оилавӣ, рентгенологҳо, сироятшиносон, фтизиатрҳо, равонпизишкон, эҳёгарон, анестезиологҳо, эпидемиологҳо, асабшиносон эҳсос мешавад. Дар ин хусус ба Nuqta.tj муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев маълумот дод.

Табибу корманд намерасад

Мувофиқи меъёрҳои Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, сари ҳар 1500 нафар бояд як табиби оилавӣ рост ояд. Аммо аз сабаби камбуди кадрҳо айни замон як табиби оилавӣ тақрибан ба 7-8 ҳазор шаҳрванд хизмат мерасонад. Махсусан норасоии табибони оилавӣ дар мавзеъҳои деҳоту кўҳистон ҳис мешавад. Дар маҷмўъ, Тоҷикистони Шимолӣ, мувофиқи иттилооти расмӣ, иловатан ба 326 табиби оилавӣ эҳтиёҷ дорад.

Ба андешаи Маъруфҷон Ҳоҷибоев, як сабаби норасоии кадрҳо дар вилоят ба нафақа баромадани духтурон аст. Вале коршиносони мустақил қайд мекунанд, ки ба норасоии кадрҳо омилҳои дигар, минҷумла маблағгузории ками соҳа, низ таъсири муҳим доранд. Бисёр кадрҳои баландихтисоси тиббӣ бинобар музди ками кор шифохонаҳоро тарк намуда, ба иваз намудани касб ё тарки кишвар маҷбур мешаванд. Беш аз ҳама ба Русия мекўчанд.

Ба қавли Шавқӣ Ҷумъаев, роҳбари Маркази сиҳатии ноҳияи Зафаробод, дар ноҳия, тибқи феҳристи воҳидҳои корӣ, барои табибон 74,5 ҷой пешбинӣ шудааст. Аз ин шумора мутахассисон танҳо 37 ҷойро ишғол кардаанд, ки андак камтар аз нисфи феҳрасти умумии воҳидҳои кории кормандони сатҳи болои соҳаи тибби ноҳияро ташкил медиҳад. Ниёз ба 16 табиби оилавӣ, ҳамчунин гинекологҳо, сироятшиносон, окулист-офталмологҳо, фтизиатрон, психиатрҳо, эҳёгарони бахши амрози пўст ва зуҳравӣ, терапевтҳо боқӣ мемонад. Роҳбарияти муассисаҳои тиббии ноҳия маҷбур мешавад, ки ба нафақагирон ҷойҳои кориро пешниҳод кунад.

 «Дар даҳ соли охир аз миёни кормандони мо 11 табиби ихтисоси гуногун ба Русия кўч бастааст. Онҳо мутахассисони хуб, донандагони кори хеш буданд. Имрўз онҳо дар муассисаҳои тиббии Русия комгорона фаъолият мекунанд. Қисме аз ҳамкасбони мо ба нафақа баромадааст. Мо имкони иваз кардани онҳоро надорем, зеро то тақрибан аввали солҳои 2000-ум танҳо қисми ками ҷавонони маҳаллӣ мактабҳои олии тиббии дохил ё хориҷи кишварро барои таҳсил интихоб менамуд. Имрўз вазъ тағйир хўрдааст – бозоргир будани касбҳои тиббӣ маълум гашт ва акнун ҷавонон бештар довталаби таҳсил дар донишгоҳҳои тиббӣ мешаванд».

Хатмкардагони донишгоҳҳо ба ватан намешитобанд

Ш. Ҷумъаев инчунин тазаккур дод, ки на ҳама хатмкардагони муассисаҳои олии тиббӣ хоҳишманди бозгашт ба ватан ҳастанд. Мутахассиси ҷавон бо дипломи таҳсилоти олӣ маоши барои ин замона ночиз – моҳе 800 сомонӣ ($79) мегирад. Барои зиёд кардани музди кор мутахассиси ҷавон бояд сараввал аз аттестатсия гузашта, категория гирад. Мисол, барои гирифтани категорияи дуюм аввалан ҳадди ақал панҷ сол кор мебояд кард. Бо гузашти вақт онҳо метавонанд даъвои категорияи якум ва олӣ кунанд. Сарфи назар аз ин, маблағҳоеро, ки барои категория илова мешаванд, калон номидан душвор аст: ба маоши табиби категорияи олӣ 450 сомонӣ ($40) зам мешавад – ин ояндае нест, ки табиб барои 10-15 соли наздик дар орзуяш бошад.

Ғайр аз ин, мутахассисони ҷавон дар маҳалҳо аз манзил, қитъаи замин ё кўмакпулиҳои иловагӣ бархурдор нестанд. Имкони гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзилро танҳо табибони деҳот доранд. Лекин бинобар набудани зерсохтори зарурӣ, шароити зиндагӣ ва маишат мутахассисони ҷавон чандон хоҳиши барои кор ба деҳа рафтанро изҳор намекунанд. Барояшон муассисаҳои тиббии пойтахт ва марказҳои вилоятҳо афзалтаранд.

«Бояд қайд намуд, ки бисёр мутахассисони ҷавон хатмкардаи шуъбаҳои шартномавии донишгоҳҳои тиббии кишвар мебошанд, аз ин рў дар интихоби ҷойи кор озоданд. Боз як масъалаи ҳалталаби дигар ҳам ҳаст – даъвати табибони ҷавон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон. Соли гузашта ба артиш якбора 4 мутахассиси мо: эҳёгар, сироятшинос, асабшинос ва терапевт даъват шуданд», – гила мекунад Ш. Ҷумъаев.

Ҳарсола танҳо худи як Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино 1300 мутахассис мебарорад. Бар замми ин квотаҳои махсуси давлатӣ мавҷуданд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии тиббии Қазоқистон, Федератсияи Русия, Белорусия, Украина ва Чин таҳсил менамоянд. Тибқи шартномаи байни табиби оянда ва Вазорати тандурустӣ, ҳамаи донишҷўёне, ки дар шуъбаҳои буҷавии муассисаҳои олии тиббии кишвар ва аз рўйи квота дар хориҷа таҳсил кардаанд, вазифадоранд, ки фаъолияти меҳнатии худро дар муассисаҳои тиббии давлатӣ – марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ғ. идома диҳанд.

Табиб куҷо шуд?

Ба ин тариқ, бо вуҷуди ҳарсола афзоиш ёфтани теъдоди хатмкардагони муассисаҳои олии таълимии тиббии ватанӣ ва хориҷӣ, масъалаи норасоии кадрҳо дар кишвар, хоса дар мавзеъҳои деҳот ва кўҳистон мисли қабл шиддатнок боқӣ мемонад.

Табибони ҷавонро ҳавасманд бояд кард

Ба ақидаи Маъруфҷон Ҳоҷибоев, барои ҳалли қисмии масъалаи кадрҳо табибони ҷавон ба кўмаки маънавӣ ва моддӣ ниёз доранд. Танҳо дар ин сурат онҳо барои кор дар мавзеъҳои деҳоту кўҳистон омода хоҳанд буд.

Ба ҳоли имрўз музди кори табибоне, ки дар беморхонаҳо кор мекунанд, чунин аст:

– табиби бе категория – 780 сомонӣ

– табиби категорияи 2 – 786 сом.

– табиби категорияи 1 – 970 сом.

– табиби категорияи олӣ: 1100 сом.

Маблағи маоши моҳонаи табибоне, ки дар Марказҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ кор мекунанд, тахминан 200 сомонӣ зиёдтар аст:

– табиби бе категория – 966 сом.

– табиби категорияи 2 – 1080 сом.

– табиби категорияи 1 – 1200 сом.

– табиби категорияи олӣ: 1300 сом.

Сабаби Федератсияи Русияро барои кор интихоб кардани табибон низ возеҳ аст: агар музди кори табибонеро, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ва мактабҳои олии тиббии ФР фаъолият мекунанд, бо маоши ҳамкасбонашон дар Тоҷикистон муқоиса кунем, мебинем, ки дар Русия он хеле бештар аст. Тавре Бурҳониддин Баҳоваддинов, профессори кафедраи гематология, трансфузиология ва трансплантологияи факултети таҳсили баъдидипломии ДДТ-и якуми Санкт-Петербург ба номи академик Павлов гуфт, ў дар ватан дар вазифаи ноиб-президенти Академияи илмҳои тиб, мудири Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустии Тоҷикистон фаъолият намудааст, мудири кафедраи тибби трансфузионӣ, узви Шўрои ҳамоҳангсози хадамоти хуни кишварҳои аъзои ИДМ будааст. Муаллифи зиёда аз 350 мақолаи илмӣ ва 4 монография мебошад. Бо вуҷуди ин, соли 2011 ў маҷбур шуд ба Русия муҳоҷират кунад. Ҳаҷми маоше, ки ў имрўз мегирад, аз маоши тоҷикистониаш 9 маротиба зиёд аст.

Хатмкардаро ба зодгоҳаш пас бояд овард

Ба ақидаи аксари таҳлилгарон, масъалаи камбуди кадрҳои тиббӣ дар мавзеъҳои дурдаст ва кўҳистон қобили ҳал аст. Танҳо барои пас овардани зодагони деҳаю шаҳракҳо, ки макотиби олии ватанӣ ва хориҷиро хатм намудаанд, чора бояд дид. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари хатмкунандагони мактабҳои тиббӣ барои мондан дар шаҳр кўшиш мекунанд, зеро онҷо шароити кору зиндагӣ беҳтар аст.

Боз як сабаби ҷиддии майли дар пойтахту марказҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ мондан ин аст, ки онҷо табибони соҳибтаҷриба зиёданд, ки аз онҳо метавон кору дониш омўхт. Инчунин, муассисаҳои тиббии шаҳрӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд, ки ба ҷавонон имкони сайқал додани малакаҳояшонро медиҳанд ва ин малакаҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни кишвар метавонанд коромад шаванд.

Табиб куҷо шуд?

Аммо монеаҳои ҷиддии дигар низ вуҷуд доранд, ки ҳанўз дар марҳилаи дохилшавӣ ба мактабҳои олии тиббӣ садди роҳ мешаванд – сухан аз таҳсилоти мактабӣ дар маҳалҳост. Гап сари он аст, ки сатҳи омодагии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар деҳоти дурдаст ба маротиб аз ҳамсолони шаҳриашон пасттар аст. Бинобар ин эҳтимоли ба муассисаҳои олии тиббӣ дохил шудани онҳо камтар ба назар мерасад.

Фасод дар соҳаи тиб

Лозим ба қайд аст, ки маоши кам ва хоҳиши ба даст овардани даромади бештару бе ниёз зистан, ҳамчунин дигар омилҳои объективӣ ва субъективӣ бархе аз табибонро ба пулситонӣ, розӣ шудан ба подошҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ аз беморон водор месозанд, майл ба аз худ кардани молу воситаҳои давлатӣ пайдо мешавад. Соли 2018, бино ба иттилооти расмӣ, нисбати 19 табиб дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуд. Тақрибан 70% аз ин парвандаҳо бо гирифтани ришва рабт доранд. Бо қарори судяҳо, ба баъзе табибон дар давоми 2 ва зиёда сол машғул шудан ба фаъолияти касбӣ манъ гардидааст.

Илова бар ин, қисме аз ин табибон бо ҳадафи пешгирӣ аз оқибатҳои манфии фаъолияти хеш сари вақт ихтиёран ё иҷборан корро қатъ мекунанд. Онҳо маҷбур мешаванд ё тарки касб намоянд, ё тарки ватан ва дар кишварҳое зиндагӣ ихтиёр мекунанд, ки маоши устувор ва қобили қабул, шароити роҳаттари меҳнатро муҳайё месозанд.

Чӣ бояд кард?

Сар задани пандемияи коронавирус дар кишвар сатҳи фавтро миёни табибон боло бардошт. Аз оғози соли ҷорӣ аз, ба истилоҳ, «пневмонияи шадид» ва маризиҳои дигар зиёда аз 20 корманди соҳаи тиб фавтид ва ин боиси боз ҳам тундтар шудани масъалаи норасоии кадрҳои тиббӣ гардид. Яъне, ин омили иловагии ғайричашмдоштест, ки боис ба ихтисори шумораи табибон дар кишвар гаштааст. Дар ҳоле мушкилии норасоии кадрҳо бе ин ҳам ҳалли оҷилӣ металабид.

Табиб куҷо шуд?

Ба ақидаи коршиносони мустақил, масъалаи кадрӣ то замоне ҳалли худро нахоҳад ёфт, ки аз ҷониби ҳукуматдорон тадбирҳои қатъитарин ва босамартарин андешида нашаванд. Қабл аз ҳама, раванди тарки кишвар кардани кадрҳои соҳибихтисоси тиббиро қатъ бояд кард. Бо ин ҳадаф ба маротиб бардоштани маоши табибон, эҷод намудани шароитҳои мусоиди зист барои онҳо, озод кардани табибони деҳот аз хизмати ҳарбӣ, муҳайё кардани қарзҳои дарозмуддати бефоиз барои харид ё сохтмони манзил ва беҳтар намудани шароити рўзгор зарур аст. Барои онҳо имтиёзҳои дигари иҷтимоиро низ фароҳам бояд овард.

Далеле, ки норасоии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ дар маҷмўъ ба сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад, арзандаи таваҷҷўҳи махсус аст. Масъала бояд дар сатҳи баландтарин ба миён гузошта ва ҳал шавад. Алъон мо танҳо метавонем шоҳиди он бошем, ки чӣ тавр мардум сиҳатии худро, ки сарвати ҳар миллат маҳсуб меёбад, аз даст медиҳад.

Тилав РАСУЛ-ЗАДЕ

Оцените статью:

Табиб куҷо шуд? Гуфтор аз норасоии кадрҳои тиббӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ Дар вилояти Суғд норасоии шадиди кадрҳои тиббӣ мушоҳида мешавад. Айни замон дар вилоят ниёз ба 802 табиб аз рўйи 30 ихтисос вуҷуд дорад. Аз ҷумла ҷиддан камбуди табибони оилавӣ, рентгенологҳо, сироятшиносон, фтизиатрҳо, равонпизишкон, эҳёгарон, анестезиологҳо, эпидемиологҳо, асабшиносон эҳсос мешавад. Дар ин хусус ба Nuqta.tj муовини сардори Раёсати […]
5 1 5 6
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *