Таҷҳизоти офтобӣ дар хизмати мардуми кўҳистон

Тайи вақтҳои охир ба технологияҳои “сабз”, ки имкони, масалан, тавассути нерӯи офтоб истеҳсол намудани нерӯи барқ, гарм кардани об барои шустушӯ ва тайёр кардани хӯроки гармро муҳайё мекунанд, дар бисёр кишварҳо таваҷҷуҳ афзудааст. Бо назардошти Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019-2021, масъулони Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон бо дастгирии сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 2020 ба амалӣ намудани лоиҳаи «Пешгирии иф­лосшавии ҳаво ва об тавас­сути энергияи барқарорша­ванда» оғоз карданд. Дар доираи татбиқи лоиҳа давоми соли 2020 дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар маҷмӯи таҷҳизоти бо офтоб фаъолияткунанда насб гардид. Гурӯҳи 10-нафараи хабарнигорони тоҷик барои аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо кори таҷҳизоти офтобӣ рӯзҳои 18-19 июн дар ноҳияи Дарвози ВМКБ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон қарор доштанд.

18 июн, деҳаи Рузвайи н. Дарвоз

    Гурўҳи хабарнигорон нахуст аз маркази хизматрасонӣ (ошхона ва меҳмонхона)-и деҳаи Рузвайи н. Дарвоз, воқеъ дар 367-километрии шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ боздид ба амал овард. Дар ин макон соли 2020 4 адад батареяи офтобӣ бо иқтидори 1 кВт, обгармкунаки офтобӣ бо ғунҷоиши 200 литр ва “ошхона”-и офтобӣ насб шудааст.

Таҷҳизоти офтобӣ дар хизмати мардуми кўҳистон
Диловар Мамуров. Акси Ҷамолиддин Якубов

   То ҳозир шудани масъулини меҳмонхона аз директори «Ассотсиатсияи захираҳои барқароршавандаи Тоҷикистон» Диловар Маъмуров пурсон шудем, ки дар фасли зимистон таҷҳизоти офтобӣ чӣ гуна кор мекунад.  Бино ба посухи Маъмуров Д., таҷҳизот бидуни пайваст будан ба шабакаи барқӣ (офгрид) энергия истеҳсол менамояд. Дар сурати мавҷуд будани офтоб ҳатто ҳангоми то 10 дараҷа хунук шудани ҳаво таҷҳизоти офтобӣ имкони то 60 дараҷа гарм кардани обро дорад.  Кафолати таҷҳизот 1 сол аст.

  Тавре аз суҳбати сарошпази ошхона Қаландарова Олима бармеояд,  то соли 2020 дар фасли зимистон корхона аз норасоии барқ танқисӣ мекашидааст.  “Баъд аз насби таҷҳизоти офтобӣ корхонаи мо аз норасоии барқ ва оби гарм танқисӣ накашидааст, – гуфт ў ва идома дод: -Лампаҳои гирду атрофи меҳмонхона шабона аз ҳисоби захира кардани нерӯи офтоб чароғон карда мешаванд. Ҳангоми набудани барқ дар деҳа мардуми деҳа ва роҳгузарон барои заряд додани телефонҳо ба мо муроҷиат мекунанд. Ошхонаи офтобиро мо барои чойҷӯшонӣ ва тухмпазӣ истифода мебарем. Масалан, барои ҷӯшонидани 2 литр об дар ошхонаи офтобӣ аз 5 то 10 дақиқа лозим мешавад. Дар фасли зимистон, ки бештари вақт барқ нест, мизоҷон бо ҳайрат мепурсанд, ки “оби гарм дар ҳаммом аз куҷост?”. Мегӯем, ки аз обгармкунаки офтобӣ. Мардум ба ин гуна таҷҳизот хеле таваҷҷуҳ мекардагӣ шудаанд. 

Мизоҷони ошхонаи мо аксаран ронандагони мошинҳои боркаш – КАМАЗ-ҳо ҳастанд. Пас аз роҳи дароз онҳо хаста шуда, бо оби гарм шустушӯ карда, сипас ин ҷо хӯрок тановул мекунанд”.

“Хонаи шикорчӣ” дар деҳаи Яхчи Мобайн

Дар деҳаи Яхчи Мобайн бинои маъмурии ҶДММ “Сайёд” ҷойгир шудааст. Масъулони ширкат яке аз вазифаҳои худро дар  муҳофизат ва афзоиши ҳайвони хеле нодир – морхур мебинанд. Дар оғӯши кӯҳҳо меҳмонхонаи дутабақа маъруф бо номи “Хонаи шикорчӣ” ҷойгир шудааст, ки тавассути 4 адад панели офтобӣ  шабона бо барқ равшан карда мешавад. Бояд гуфт, ки андозаи ҳар як панел 1,6 метри квадратӣ аст. Масоҳати умумии 4 панел 6,4 метри квадратиро ташкил дода, дар маҷмуъ 1 кВт иқтидор дорад. То соли гузашта меҳмонхона тавассути генераторҳои дизелӣ равшан карда мешуд, ки садои гӯшхароши он ва аз тарафи дигар паҳн шудани дуд ба кайфияти меҳмонон халал ворид мекард.   

Дар “хонаи шикорчӣ” низ тавассути обгармкунаки офтобӣ ҳаммом  фаъол мебошад. Давлатхон Муллоёров, муассиси ҶДММ “Сайёд” зимни суҳбат гуфт: “Дар давоми 15 соли фаъолияти кориамон аввалин маротиба ба корхона чунин кумак расонида шуд. Баъди насби таҷҳизоти офтобӣ корамон хеле сабук шуд. Меҳмонхона ҳамеша бо барқ ва оби гарм таъмин аст. Ҳатто ҳангоми абрнок будани ҳаво низ таҷҳизот хуб кор мекунанд.

Сайёҳоне, ки ба макони мо ташриф меоранд, аввалан аз шароити инҷо мепурсанд. Онҳо таваљљуҳ мекунанд, ки оё оби гарм инҷо ҳаст ё не”.

 Дар идомаи суҳбаташ акаи Давлатхон гуфт: “Чанд сол пеш аз соҳибкоре, ки аз Хитой маҳсулот меовард, ба маблағи 1000 доллар панели офтобӣ харидорӣ намудем. Шаб таҷҳизотро ба кор даровардем, аммо баъди се  соат аккамулятор ба сигналдиҳӣ сар карда, хомӯш шуд”. 

“Панелҳои босифатро аз бесифат чӣ гуна метавон фарқ намуд?”- пурсидем аз ў.

Ҳангоми аз бозор харидорӣ намудан бояд аз фурӯшанда пурсон шуд, ки барои молаш чӣ қадар кафолат дода мешавад,- фаҳмонд ў.- Бисёр фурӯшандаҳо ҳамагӣ як ҳафта кафолат медиҳанд. Агар посух ҳамин гуна бошад, донед, ки маҳсулот пастсифат аст. Агар муҳлати истифодабарии панелҳои офтобӣ дурудароз бошад, пас он маҳсулоти босифат аст. Аккумулятор, ки нерӯи барқро захира мекунад, аз 5 то 10 сол муҳлати истифодабарӣ дорад”.

 Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, МТМУ№ 12, деҳаи Кишт, ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудов

Санаи 19 июн гуруҳи хабарнигорон ба муассисаи таълимии миёнаи умумии № 12-и н. Ш.Шоҳин ҳозир шуданд. Дар ин ҷо ҳам азҷониби “Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон» таҷҳизоти офтобӣ насб шудааст.

Директори МТМУ № 12 Одинаев Муродалӣ зимни суҳбат ба гурўҳи хабарнигорон чунин ибрози андеша намуд:

-Боиси зикр аст, ки пас аз насби таҷҳизоти офтобӣ (батареяҳои офтобӣ ва обармкунаки офтобӣ) дар муассисаи таҳсилоти мо иштироки хонандаҳо дар дарсҳо бинобар сабаби бо барқ таъмин будан афзуд. Дар деҳаи Кишт 142 хоҷагӣ ба қайд гирифта шуда, 220 нафар хонандагон дар МТМУ №12 бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар гузашта аз сабаби набудани барқ компутерҳои мактаб кор намекарданд ва иштироки бачаҳо низ дар дарсҳо коҳиш ёфта буд. Ҳоло ҳамаи 9 адад компутери мавҷуда фаъолона истифода мешаванд. Аз синфи 5 сар карда бачаҳо дарсҳои компутерӣ мехонанд. 

Ҳамчунин оби гарм, ки тавассути обгармкунаки офтобӣ ҳосил мешавад, шустушӯи бадан баъд аз дарсҳои варзиширо бароҳат мекунад.

Яъне бачаҳо баъд аз дарси варзиш шустушӯ намуда, боли босҳои тозаи мактабӣ боз ба дигар дарсҳояшон ҳозир мешаванд.

Гуфта метавонем, ки агар чунин таҷҳизотҳои офтобӣ, ки бо номи технологияи “сабз” маъруф аст, дар дигар муассисаҳои таълимии деҳот насб шаванд, сифати таълим низ хубу беҳ мегардад.

Бояд гуфт, ки чунин таҷҳизотҳои офтобӣ ба ҷуз аз мактаб як адад дар бунгоҳи тиббӣ васе ададидигарро соҳибкорон дар хонаҳояшон насб кардаанд.

Ҳамин тариқ, аз дидаву шунидаҳо бармеояд, ки технологияи «сабз» ба зиндагии мардуми куҳистони Тоҷикистон ворид шуда, аз яктараф мушкилоти онҳоро осон гардонад, аз ҷониби дигар обу ҳавои тозаро дар куҳистон ҳамеша поку озода нигоҳ медорад.  

    Ҷамолиддин Якубов

Оцените статью:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *