Сўзишвории туркманӣ ҷойи қазоқиро мегирад?

Дар шароити болоравии якбораи нархҳои сўзишворӣ хабар дар бораи сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон умедовар буд. Ин ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳамеша муносибатҳои гарми дўстона доштанд, нақшаҳои дарозмуддат тартиб медоданд. Аммо се сол пеш ихтилофе ба миён омад, ки ба як навъ зиддияти хомўшонаи онҳо асос гузошт. Вале истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон ва имзо шудани 19 санади ҳамкорӣ, бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» қадрдонӣ гаштани ў ба оғози давраи нави ҳамкориҳои ду кишвар мусаллам мегардонанд. Мазҳаб Ҷумъа барои Nuqta.tj назари коршиносонро ба ин рўйдод ҷамъ овард.

Бо вуҷуди он ки муносибат ба маҷрои нав ворид мешавад, коршиносон дар байни созишномаҳои имзошуда муҳимтаринашро чунин ном мебаранд: созишномаҳои тарафайн дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан; оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон ва оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ.

Ин ба он рабт мегирад, ки Туркманистон аз соли 2017 ба ин тараф монеи гузаштани мошинҳои борбар ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламраваш мешуд ва болоравии ҳамарӯзаи нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳам таваҷҷуҳро ба ин сафар ва имзои созишномаҳо бештар кард. Сомонаи Nuqta.tj тасмим гирифт  таҳлил намояд, ки созишномаҳои мазкур барои Тоҷикистон чӣ медиҳанд ва чаро онҳо муҳиманд.

Сӯзишворӣ. Туркманистон – ҷойгузини Қазоқистон?

Мушкили асосие, ки имрӯз аҳолии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, болоравии ҳамарӯзаи нархи маводи сӯхт дар кишвар аст. Дар зимн, чунин менамояд, ки чораҳои андешидаи масъулин натиҷа намедиҳанд.

Заменят ли туркменские ГСМ казахские?
Умаров Х. Акс: © Sputnik

Ба имзои созишнома дар бораи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ байни Тоҷикистону Туркманистон ҷомеа хушбин аст. Чунки тибқи ахбори тасдиқнашуда ҷониби Қазоқистон бо ирсоли як мактуб ба Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки то соли 2022 дар робита ба таъмири корхонаҳои истеҳсоли сӯзишворӣ ба ин кишвар нафту газ таҳвил намекунад. Бо дарназардошти ин бархе коршиносон мегӯянд, имкон дорад Туркманистон, ки яке аз кишварҳои захиракунандаи маҳсулоти нафтӣ аст, ҷойи Қазоқистонро бигирад.

Яке аз тарафдорони ин андеша иқтисодшинос Хоҷимаҳмад Умаров аст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир чӣ қадар маҳсулоти сӯзишворие, ки ба Тоҷикистон лозим аст, Туркманистон дода метавонад, вале ин ба сатҳи муносибатҳо вобастагӣ дорад, ки то куҷо нарманд.

– Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Туркманистон метавонад бо нархе, ки ин кишвар ба Русия мефурӯшад, дастрас кунад. Ин ба муносибати гарми ду кишвар вобастагӣ дорад. Ба ғайр аз ин, дар воридоти сӯзишворӣ метавонистем аз Эрон ҳам хуб истифода барем. Вале азбаски роҳи Афғонистон баста шуду вазъият тағйир хўрд, ин масъаларо ҳал кардан мушкил аст. Хуб мешуд, ки Тоҷикистон дар масъалаи газ ба Туркманистон ва дар масъалаи нафт ба Эрон такя кунад, – гуфт Хоҷимаҳмад Умаров.

Расмиёти созишнома то охири сол давом мекунад

Вале иқтисодшиноси тоҷик Фаридун Усмонов дар робита ба ин масъала назари дигар дорад ва мегӯяд, ҷойгузини Қазоқистон шудани Туркманистон ба монополистони соҳа дар Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

– Бо Туркманистон муносибати иқтисодӣ намудан хело душвор аст. Чунки талаботи давлат вазнин аст ва на ҳама ширкатҳои тоҷикистонӣ имконияти ҳамкорӣ кардан бо ширкатҳои туркманиро доранд. Ба ғайр аз ин, ширкатҳои сӯзишвории туркманӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон чандон шинос нестанд, – гуфт Ф. Усмонов.

Ин коршиноси тоҷик бовар надорад, ки Тоҷикистон дар муҳлати кутоҳ як кишвари бо сузишворӣ таъминкунандаро ба дигар кишвар иваз кунад ва ин, ба гуфтаи ӯ, вақт мехоҳад.

Ба андешаи шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров, бо вуҷуди имзо шудани созишнома бо Туркманистон, имкони амалӣ шудани он то январи соли 2022 ҳам рӯшан нест. Чунки, ба гуфтаи ӯ, раванди расмиёти созишномаи басташуда бо Туркманистон дар мавриди маводи сӯхт метавонад то охири соли 2021 тӯл кашад ва дар навбати аввал тамоми расмиёти заруриро барои тасдиқи ин созишнома дар ҳукумат ва парлумони кишвар бояд гузашт.

– Дар ин сурат ҳам дар бозори нафт баъзе камбудиҳо мавҷуданд, то бо итминон бигӯем, ки мо аз Туркманистон бензин ва маҳсулоти нафтиро дар соли 2022 бо нархҳои ба ҳар ду тараф мувофиқ қабул хоҳем кард, – гуфт Сафаров.

Як намояндаи ҳайати Тоҷикистон ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки дар ҳошияи Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ашқобод дар мавриди гирифтани 50 ҳазор тонна керосини авиатсионӣ, 50 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва сабукиҳо барои боркашонии вагонҳои Тоҷикистон созиш ба даст омадааст.

“Туркманбошӣ”, роҳи заминӣ ва оҳан. Кадоме муҳим?

Созишномаи муҳимтаре, ки дар ин сафар ба имзо расид, вобаста ба соҳаи роҳи оҳан, ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон мебошад. Туркманистон аз соли 2017 ба ин тараф монеи гузаштани мошинҳои борбар ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламраваш мешуд. Як манбаъ дар Вазорати нақлиёт ба расонаҳо гуфтааст, ки “роҳҳои мошингарди Туркманистон дигар барои Тоҷикистон баста нестанд”. “Вале ҳукумати Туркманистон бо назардошти пандемияи коронавирус мошини кишварҳои дигарро тариқи қаламраваш бидуни ронандаи хориҷӣ ба марзи кишвари дигар интиқол медиҳад ва ба соҳиби бор таслим мекунад”, – шарҳ додааст ӯ.

Созишномаи дигаре, ки байни Душанбе ва Ашқобод ба имзо расид, оид ба истифодаи бандари “Туркманбошӣ” аз сӯйи Душанбе аст. Тоҷикистон тайи чаҳор соли охир молҳояшро тавассути бандари Озарбойҷон ва роҳҳои Қазоқистон аз хориҷ меовард ё ба берун мебурд, ки гуфта мешавад, ҳам роҳ дур ва ҳам нарх гарон меафтод.

Сўзишвории туркманӣ ҷойи қазоқиро мегирад?
Роҳҳои эҳтимолии интиқоли борҳо.

Вале Фаридун Усмонов мегӯяд, Тоҷикистон чандон маҳсулоти зиёде надорад, ки аз бандар истифода карда ба хориҷа барад ва ҳоло роҳи оҳане, ки ба Туркия меравад, басанда аст, ки маҳсулоти Тоҷикистонро ба хориҷ расонад.

– Ин ба он вобаста аст, ки мо кадом маҳсулотро содир мекунем. Сухан дар бораи маҳсулоте меравад, ки ба миқдори зиёд фурӯхтан мумкин аст. Баъди кам шудани содироти алюминий ва пахта, ҳоло мо канданиҳои фоиданокро ҳам ба хориҷа фурӯхта наметавонем, чунки ҳамааш ба Чин меравад. Ҳаҷми савдои мо бо Аврупо ночиз аст. Аз ин рӯ, имкони аз ин бандар истифода кардан хело кам аст, – мегӯяд Ф. Умаров.

Мавсуф дар масъалаи воридоти маҳсулот тариқи Туркманистон ба Тоҷикистон гуфт, ки он тавассути ширкатҳои логистикии хориҷӣ ба миён меояд ва саҳми корхонаҳои маҳаллӣ ночиз аст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, вақте душвориҳо байни кишварҳо ба миён меоянд, ширкатҳои тоҷикистонӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, бо истифода аз онҳо ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекунанд.

– Барои Тоҷикистон бо Туркманистон муносибати иқтисодӣ доштан муҳим аст, вале он созишномаҳое ки ба имзо расиданд,  мушкилиҳои ҷойдоштаро ҳал намекунад. Чунки моҳияти душвориҳо сиёсӣ буданд, на иқтисодӣ, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ӯ гуфт, дар маҷмуъ шартномаҳое, ки дар сафари охир байни Тоҷикистон ва Тукрманистон баста шуданд, аҳамияти иқтисодӣ надоранд ва то вақте мо барои содирот маҳсулот истеҳсол накунем, сохтан ва ё кушодани роҳ бо Туркманистон чандон ҳосил намедиҳад.

Тоҷикистон ба Туркманистон чӣ медиҳад?

Ҳоҷимаҳмад Умаров дар посух ба суол доир ба он, ки Тоҷикистон ба Туркманистон чӣ дода метавонад, гуфт, мо метавонем зерсохтори сайёҳиро рушд диҳем ва ба онҳо бахши сайёҳиро пешниҳод намоем.

Ба гуфтаи ин коршинос, гармии имсола бори дигар собит кард, ки ўзбекҳо ва туркманҳо бо сабаби он ки дар минтақаҳои биёбонӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд тобистон дар Тоҷикистон истироҳат намоянд. Аммо, мегӯяд ӯ, “инфраструктураи сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи хело паст қарор дорад ва ин кишварҳо имкон доранд дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон инфрасуктураро дар асоси истифодаи тарҷибаи ҷаҳонӣ аз нав созанд”.

– Аз Туркманистон то Душанбе ва Хуҷанд тариқи ҳавопаймо як соат роҳ аст. Агар дар Тоҷикистон як шабакаи калони хонаҳои истироҳатӣ, осоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои истироҳатӣ бошад, миллионҳо ўзбеку туркман омада истироҳат мекунанд ва ҳар яки онҳо беш аз 300 доллари амрикоӣ мемонад. Аз ҳамин манбаъ мо кам истифода карда истодаем. Он нақшаҳое, ки дар солҳои сайёҳӣ амалӣ карда истодаанд, нақшаҳои хато аст, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Вале Фаридун Усмонов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар асоси  созишномаҳо ба Туркманистон чизе дода наметавонад, чунки иқтисодиёт чунин имконро надорад.

Ба гуфтаи ӯ, вақте тиҷорат мегӯем, он бояд дутарафа – воридоту содирот бошад, вале имрӯз воридоти мо нисбат ба содирот тақрибан 8-9 маротиба зиёд аст ва мо маҳсулоти содирмекарда надорем.

Тоҷикистону Туркманистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ, моҳи октябри соли 2017 шарики стратегӣ шуданд. Вале чанд моҳ нагузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос шуд. Мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа гуфтанд, ки барои фаҳмидани асли қазия ба Ашқобод нома фиристоданд, вале ҷавобе нагирифтанд. Ҳоло маълум нест, ки ҳамаи мушкилиҳо ҳалли худро ёфтанд ё не. Вале дар ҳоли ҳозир барои ҷомеа зарур аст, ки он созишномаҳое, ки ба имзо расиданд, махсусан созишномаҳое, ки дар бахши воридоти маҳсулоти нафтӣ, роҳу нақлиёт ва роҳи оҳан баста шуданд, ба зудӣ амалӣ гардад. Чунки бо дарназардошти пандемия аҳолӣ ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст ва интизори вазиши насимӣ гарм аст. Ва шояд ин насими гарм аз сӯйи Туркманистон вазад.

Мазҳаб Ҷумъа

Оцените статью:

Сўзишвории туркманӣ ҷойи қазоқиро мегирад? Дар шароити болоравии якбораи нархҳои сўзишворӣ хабар дар бораи сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон умедовар буд. Ин ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳамеша муносибатҳои гарми дўстона доштанд, нақшаҳои дарозмуддат тартиб медоданд. Аммо се сол пеш ихтилофе ба миён омад, ки ба як навъ зиддияти хомўшонаи онҳо асос гузошт. Вале истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *