Судҳоро чӣ тавр ба иттилоотдиҳӣ маҷбур созем?

Мақомоти судии мо бисёр вақт ба пешкаши иттилоот бо дархости шаҳрвандон ва ВАО майл нишон надода, махфӣ будани он ё баҳонаи дигареро пеш меоранд. Бо мақсади рафъ намудани ин мушкилӣ дар Тоҷикистон Лоиҳаи Қонун «Дар бораи таъмин намудани дастрасӣ ба иттилооти марбут ба фаъолияти судҳо» таҳия гардидааст. Коршиносон дар хусуси ин санад чӣ андешаҳо доранд? Оё он метавонад судҳоро водор созад, ки барои ҷомеа дастрастар бошанд?

Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон заминаи босифати меъёрию ҳуқуқӣ барои таъмини шаффофияти иттилоотии судҳо гузошта шуда буд. Онро чанд санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, қарори Пленуми Суди Олии ҶТ “Дар бораи ошкорбаёнӣ ва шаффофияти мурофиаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот доир ба фаъолияти судҳо”, қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи тасдиқ кардани “Тартиби талаботи ягона барои сомонаҳо ва шабакаҳои маҳаллии ҳисоббарории мақомоти давлатии идоракунӣ” ва ҳуҷҷатҳои дигар ба танзим медароварданд.

Аммо на ҳама вақт он чӣ, ки дар коғаз навишта шудааст, дар амал татбиқ мешавад.

Мурофиаҳо бо мўҳри “махфӣ”

Мувофиқи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба иттилооти судӣ дар аксари ҳолатҳо бояд озод бошад. Аммо судҳо ҳанўз дар пешкаши иттилоот ба шаҳрвандон саросема намешаванд ва зиёд ба махфӣ будани маълумот ё монеаҳои гуногуни дигари бюрократӣ ишора мекунанд.

Тавре маълум аст, ВАО паҳнкунандагони асосии иттилоот, аз ҷумла дар бораи фаъолияти судҳо мебошанд. Аммо дар роҳи дастрасии рўзноманигорон ба иттилооти судӣ мушкилоту монеаҳо зиёданд ва татбиқи амалии принсипи дастрасии озод дар истеҳсолоти судӣ аз камолот дур аст.  

Маҳз аз ҳамин сабаб дар солҳои охир торафт зиёдтар коршиносон ва намояндагони ВАО аз зарурати дар як қонуни алоҳида ба танзим даровардани муносибатҳои марбут ба таъмини дастрасии хабарнигорон ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо мегуфтанд.

 «Мо зиёд парвандаҳои судиро махфӣ мекунем. Ба қонун тағйиру иловаҳоеро ворид намудан лозим аст, ки ин таҷрибаро қатъ намоянд,- ақида дорад судяи мустаъфӣ, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Ватан Абдураҳмонов.- Қонун ба даст овардани маълумотро, ба истиснои сирри давлатӣ, манъ намекунад. Аммо дуруст нест, ки аз ин мафҳум ҳангоми баррасии парвандаҳое, ки дар онҳо сирри давлатӣ ҷой надорад, сўистифода мекунанд.

Судҳоро чӣ тавр ба иттилоотдиҳӣ маҷбур созем?
Ватан Абдураҳмонов

Як мушкилии дигар ҳам ҳаст, ки ҷаласаҳои судӣ, асосан баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ, дар утоқҳои кории судяҳо баргузор мешаванд. Дар ин ҳолат на ҳама имкони ҷисмонии дар ҷаласа ҳузур доштанро доранд. Аммо дар толорҳо иштироки шаҳрвандон набояд манъ карда шавад”.

Дар баробари ин, тавре таҷриба нишон медиҳад, дар ҳосил намудани маълумоти судӣ на танҳо намояндагони ВАО, балки шаҳрвандони дигар низ, ки аз сабабҳои гуногун ба он ниёз доранд, ба мушкилот дучор мегарданд.

Қонуне, ки талаби замон аст

Камбудиҳоро дар масъалаи дастрасӣ ба иттилооти судӣ на танҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, намояндагони ВАО, балки ҳукумат низ эътироф мекунад.

Ҳадаф аз шурўъ шудани лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» дар Суди Олии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2018 маҳз бартараф кардани ин камбудиҳо буд.

Нақшаи корӣ доир ба татбиқи муштараки лоиҳаро раиси СО ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён, сафири Норвегия дар Тоҷикистон Йоҳан Бёрн ва ҳамоҳангсози СММ, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибха Мехта ба имзо расонданд.

Моҳи августи соли ҷорӣ бошад ба баррасии ҳукумати кишвар Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» пешкаш гардид. Инро дар нишасти матбуотӣ аз рўйи натиҷаҳои нимсолаи аввал раиси Суди Олии ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт.

Судҳоро чӣ тавр ба иттилоотдиҳӣ маҷбур созем?
Раиси СО ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён

«Яке аз усулҳои таъмини эътимоди ҷомеа ба низоми судӣ дастрасии ҷомеа ба кору фаъолияти судҳо мебошад ва айни ҳол зарурати таҳия ва қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», ҳамчунин беҳтар кардани кори сомонаҳои судӣ, тақсими электронии парвандаҳои судӣ ва такмили меъёрҳои қонунгузорӣ ба миён омадааст. Гурўҳи корӣ ин лоиҳаи қонунро таҳия намуда, ба вазорату идораҳои кишвар барои омўзиш равона намуд. Дар оғози августи соли 2020 лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти судҳо» ба Ҳукумати кишвар пешниҳод хоҳад гардид»,- изҳор дошт Шермуҳаммади Шоҳиён.

Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ саривақтӣ буда, ба дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо, шаффофияти судҳо ва мустақилияти онҳо дар маҷмўъ мусоидат мекунад, ақида дорад ҳуқуқшинос Суҳайлии Қодирӣ.

«Омўзиши лоиҳаи қонун нишон медиҳад, ки он ҷанбаҳои асосии дастрасӣ ба иттилоот доир ба фаъолияти судҳоро фаро мегирад. Дар лоиҳа консепсияҳои асосӣ матраҳ ва тавзеҳ мешаванд ва онҳо ба дарки масъалҳои ба миён гузошташуда кўмак мекунанд. Ошкороӣ ва шаффофияти истеҳсолоти судӣ, иттилоърасонии саривақтӣ, ихтисосмандона, холисона ба ҷомеа доир ба фаъолияти судҳо ба баланд шудани сатҳи огаҳии ҳуқуқӣ аз тартиби кори судҳо ва истеҳсолоти судӣ мусоидат мекунанд, кафолати таҳқиқоти одилонаи судиро медиҳанд, инчунин назорати ҷамъиятиро аз болои амали ҳокимияти судӣ таъмин месозанд»,- мегўяд ҳуқуқшинос.

Сомонаҳои судҳо: пешрафт ҳаст, аммо камбудиҳо низ ҷой доранд

Яке аз манбаъҳои муҳимтарини иттилооти судӣ сомонаҳои судҳо мебошанд. Ба ҳоли имрўз дар кишвар беш аз 50 сомонаи судии бахшҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки дар чорчўбаи консепсияи гузариш ба ҳукумати электронӣ таъсис ёфтаанд. Ва ҳарчанд кушодашавии сомонаҳо ба кори дастрасӣ ба иттилооти судӣ тағйироти назарраси мусбат ворид кард, корбарон камбудиҳои зиёдро дар кори онҳо қайд менамоянд. Масалан, маълумот дар бораи баррасии парвандаҳо аксаран кўҳнашуда аст, нав карда намешавад, иттилоъ дар бораи ҳаракати парвандаҳо ва муҳтавои санадҳои судӣ, ки ҳукми эътибор пайдо кардаанд, дида намешавад, сафҳаҳои русӣ ва тоҷикии сомонаҳо на ҳама вақт шабеҳи якдигаранд, масъалаи истифодаи унсурҳои суди электронӣ ҳал нашудааст.

Дар буҷаҳои бисёр судҳо сатри махсус барои пардохти хизматрасонии таъминкунандагони интернет пешбинӣ нашудааст. Аз ин сабаб як қатор сомонаҳо дастрас нестанд – провайдерҳо онҳоро барои насупоридани маблағ аз шабака ҷудо кардаанд.

Ҳамчунин ягон талаботи возеҳ нисбати сомонаҳои судӣ ва иттилооте, ки бояд дар онҳо ҷой дода шавад, вуҷуд надорад. Маълум нест, ки маълумотро кӣ ва дар кадом ҳаҷму чанд вақт пас барои ҷойдиҳии минбаъда дар сомона пешкаш менамояд.

Дар ин ҳол маҳз сомонаҳои судҳо бояд на танҳо манбаи иттилооти судӣ бошанд, балки боз дастраскунии онро ба шаҳрвандон, аз ҷумла ба рўзноманигорон сабук кунанд, инчунин омилҳои коррупсиониро коҳиш диҳанд.

-Судҳо мебояд шароити заруриро барои дастрас шудани маълумоти судӣ ба ҳамаи шаҳрвандон фароҳам оранд. Чаро ман барои фаҳҳмидани он, ки кай ин ё он парванда баррасӣ мешавад ё чӣ қароре қабул гардидааст, бояд ба суд равам,  вақте ба ҷойи ин метавонам дар хона ё кор шишта ба сомонаи суд дароям ва аз ин огоҳ шавам? – суол мекунад таҳлилгари миллӣ Абдураззоқ Алимардонов. – Ин маълумоти пўшида нест. Истифода аз технологияҳои имрўзаи иттилоотӣ вазифаи мақомоти судӣ аст. Мутаассифона, фарҳанги иттилоотии замонавӣ дар мо рушд накардааст. Аммо мо бояд зудтар сари ин оем.

Ин лаҳзаҳо дар банди 5, моддаи 11-и Лоиҳаи Қонун «Дар бораи таъмин намудани дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ба инобат гирифта шудаанд, ки дар он зарурати ба ҳисоб гирифтани хароҷот вобаста ба таъмин намудани дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо ҳангоми банақшагирии маблағгузории буҷавии судҳо  қайд мешавад.

Дар моддаи 19-и қонунгузорӣ гуфта шудааст, ки ба хотири татбиқи сиёсати иттилоотии ҳокимияти судии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии робитаҳои низоми судии Тоҷикистон бо воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи журналистӣ мумкин аст хадамоти матбуотии муттаҳидаи низоми судии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ин банд дар сурати амалӣ шудан метавонад дар дастрасии иттилооти судӣ барои намояндагони расонаҳо нақши мусбат бозад.

Сабти мурофиаҳо – танҳо бо иҷозат?

Сабти баромадҳои тарафҳо дар мурофиаҳои судӣ дар дасти рўзноманигорон санади муҳим аст.

Моддаи 12-и қонунгузорӣ масъалаи иштирок дар мурофиаи судӣ ва тартиби сабти ҷаласаҳои судиро баррасӣ мекунад, ки ба шаффофияти баррасии судӣ мусоидат мекунад, инчунин кори намояндагони ВАО-ро хеле осонтар мекунад. Охир гоҳо як адади нодуруст, як иқтибоси нодуруст овардашуда метавонад ҳам барои тарафҳои суд ва ҳам барои рўзноманигор оқибатҳои манфӣ дошта бошад.

«Вале дар ин модда мушаххасан ишора нашудааст, ки шаҳрвандон хангоми мурофиаи бози судӣ аз кадом воситаҳои сабт истифода карда метавонанд»,- мегўяд коршиноси соҳаи матбуот, сардабири портали иттилоотӣ-таҳлилии «Нуқтаи назар» Набӣ Юсупов.

Бино ба суханони ў, дар қисми 2-и ин модда ҳамчунин ишора кардан лозим аст, ки дар кадом ҳолатҳо ашхоси дар қисми 1-и ин модда номбаршуда ба ин гуна имкониятҳо дастрасӣ пайдо мекунанд, зеро иштирокчиёни мурофиа на ҳама вақт аз ҳуқуқҳои худ дар мавриди сабтҳои аудиоӣ ё хаттӣ аз ҷаласаи судӣ огоҳ ҳастанд.

«Дар баробари ин, ба иштирокчиёни мурофиа дар ин қонун ҳам ҳуқуқи бе иҷозати суд сабти овозӣ бардоштан аз мурофиаи судӣ дода намешавад. Барои муқоиса қисми 7, моддаи 10-и КШП Федератсияи Русияро овардан мумкин аст, ки дар он ишора мегардад, сабтҳои аудиоиро аз ҷаласаҳои судӣ бе иҷозати суд бардоштан мумкин аст»,- хотиррасон мекунад коршинос.

9 пешниҳод аз Иттифоқи адвокатҳо

Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов ба Лоиҳаи Қонун «Дар бораи таъмин намудани дастрасӣ ба иттилоот доир ба фаъолияти судҳо» баҳои мусбат дод.

«Дар маҷмўъ, Қонуни мазкур вазифаҳои судҳоро оиди пешкаш намудани дастрасӣ ба иттилоот дақиқтар матраҳ мекунад. Дар баробари ин, албатта, ин танҳо ҳанўз лоиҳа аст ва баъзе тағйиру иловаҳоро талаб мекунад»,- ақида дорад С. Нуриддинов.

Ў қайд мекунад, ки бо мақсади такмили лоиҳаи Қонун, Иттифоқи адвокатҳо 9 тавсияву эроди зеринро пешниҳод мекунад:

1. Ба лоиҳаи Қонун муқаддимаро бо ишораи самтҳои асосие, ки Қонун танзим мекунад, ворид кардан.

2. Дар моддаи 1 мафҳуми «корбари иттилоот»-ро ба мутобиқат бо Қонун дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот нисбати субъектҳое овардан, ки ба гирифтани иттилоот ҳуқуқ доранд ва ба санадҳои дигари меъёрӣ, ки ба дастрас намудани иттилоот алоқа доранд.

3. Ба банди 1, моддаи 6-и Қонун пас аз ибораи «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ибораи «воситаҳои ахбори омма»-ро илова намудан.

4. Қонун масъалаи таъмини дастрасиро ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва арбитражи байналмилалӣ фаро намегирад.

5. Дар қисми 1, моддаи 12-и Қонун усулҳои сабти рафти мурофиаи кушодаи судиро муқаррар кардан лозим аст. Ба қазовати қонунгузорӣ ҳавола кардани ин масъала метавонад боиси маҳдуд шудани ҳуқуқ ба сабти рафти мурофиа гардад, зеро КШП ҶТ, КҶП ҶТ, КҲМ ҶТ ва дигар кодексҳои протсессуалӣ ҳар кадом ба таври худ ин масъаларо танзим мекунанд. Дар робита ба ин пешниҳод мешавад, ки ба қисми 1, моддаи 12-и Қонун тарзҳои зерини сабти рафти ҷаласаи кушода ворид карда шаванд: дар рўйи коғаз, сабти аудиоӣ, сабти видеоӣ, наворбардории синамоӣ ва аксбардорӣ.

6. Дар лоиҳаи Қонун муайян нагардидааст, ки чӣ тавр иттилооти судиро дар шакли Қарорҳои Пленуми Суди Олӣ ба даст овардан мумкин аст. Мушкилӣ ба он вобаста аст, ки адвокатҳо ҳангоми ҷустуҷўи қарорҳо, ки ба онҳо дар рафти расондани ёрии ҳуқуқӣ ва асоснок кардани шикоятҳои худ заруранд, ба душвориҳо дучор мешаванд. Барои мисол, аз сомонаи Суди Олии ҶТ ва Суди Олии Иқтисодӣ пайдо кардани ҳамаи қарорҳои пленум, аз ҷумла қарорҳи нав ва тағйиру иловаҳоро ба санадҳои қаблӣ пайдо кардан номумкин аст.

Дар робита ба ин пешниҳод мешавад, ки банди г) қ.1, м. 13 дар таҳрири зер оварда шавад: «г) номгўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти судро ба танзим медароранд, инчунин Қарорҳои Пленуми Суди Олӣ ва Суди Олии Иқтисодӣ».

Пешниҳоди мазкур боз ба он вобаста аст, ки Қарорҳои Пленуми Суди Олӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нестанд.

7. Дар ин Қонун масъалаи ҷойигиркунии Қарорҳои Пленуми Суди Конститутсионӣ дар манбаъҳои интернетӣ қонунан сабт гардад.

8. Дар қ.3, м.17-и Қонун муҳлати баррасии дархост барои дастрас намудани маълумот то ба 15 рўз ихтисор карда шавад.

9. Аз қ.2, м.18-и Қонун банди 6)-ро, ки муҳтавои зайл дорад, ихтисор кардан: «аккредитатсияи намояндагони идораҳои воситаҳои ахбори омма ва журналистон»;

Банди мазкур метавонад ба ҷараёни ба даст овардани иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо монеа эҷод кунад ва ҳамчунин омилҳои бюрократӣ ва коррупсиониро ба миён орад.

«Манъ аст»

Аз ҷанбаҳои мусбати Лоиҳаи Қонун «Дар бораи таъмин намудани дастрасӣ ба иттилоот доир ба фаъолияти судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба андешаи роҳбари созмони ҳуқуқии «Ҳимоя» Наврўз Одинаев, метавон бандҳоро доир ба он қайд намуд, ки кулли судҳо ўҳдадоранд порталҳои интернетии худро дошта бошанд ва дар онҳо иттилоот доир ба фаъолияти судҳои мазкур, рақамҳои телефонҳо ва, муҳимтар аз ҳама, иттилоот дар бораи вақти баррасии парвандаҳоро ҷой диҳанд.

«Таври маълум, айни замон судҳои юрисдиксияи умумӣ ба як вақт чанд парвандаро таъин менамоянд ва дар интизори мурофиаи лозима пушти дар нишаста вақти зиёдро аз даст додан мумкин аст. Баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани Қонуни мазкур судҳо вазифадор мешаванд ҳар мурофиаро ба вақти алоҳида таъин намоянд ва иттилоъро доир ба ин дар сомона гузоранд»,- мегўянд ҳуқуқшинос.

Судҳоро чӣ тавр ба иттилоотдиҳӣ маҷбур созем?
Наврўз Одинаев

Ҳамчунин, ба гуфти Одинаев, судҳо тибқи лоиҳаи қонун, вазифадор мешаванд, ки қарорҳои судҳоро ба табъ расонанд (ба истиснои мавридҳои марбут ба ҷаласаҳои пўшидаи судӣ).

«Қарорҳо бидуни маълумоти шахсӣ ва дигар иттилооте, ки метавонанд шахсияти ширкатдорони мурофиаро ошкор созанд, нашр мегарданд. Ба ин тариқ, адвокату ҳуқуқшиносон метавонанд бо таҷрибаи судӣ оид ба мурофиаҳои гуногун ошно шаванд. Судҳо дар сомонаҳои худ ўҳдадор мешаванд ҳамчунин намунаҳои аризаҳо, андозаи боҷҳои давлатӣ ва монанди инро гузоранд, ки ин метавонад ба шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои соддатар, масалан оид ба бекор кардани никоҳ, ситондани алимент ва ғайра бе кўмаки адвокат мусоидат намояд. Боз як ҷиҳати мусбат – ба намояндагони ВАО ҳуқуқи озодона даромадан ба  ҳуҷраҳои судҳо, ки онҷо иттилоот доир ба фаъолияти судҳо ҷой дода шудааст, инчунин ба толорҳои ҷаласаҳои кушодаи судӣ дода мешавад»,- гуфт ҳуқуқшинос.

Дар баробари ин, бино ба гуфтаҳои роҳбари «Ҳимоя», қонунгузорӣ аз камбудиҳо ҳам орӣ нест: «Масалан, дар моддаи 12-и Лоиҳаи Қонун ба шаҳрвандон ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ ҳаққи иштирок дар ҷаласаҳои судии кушода дода шудааст, аммо дар қисми дуюми моддаи мазкур тартиби дастрасии ин ашхос ба толорҳои ҷаласаҳои судиро бо эзоҳҳои ҷудогона ва санадҳои дигари танзими масъалаҳои дохилии фаъолияти судҳо маҳдуд месозанд. Аз таҷриба маълум аст, ки судҳои мо кўшиш мекунанд ба мурофиаҳои судӣ дигаронро роҳ надиҳанд. Ба мурофиаҳои кушодаи судӣ роҳ ёфтан хеле душвор аст. Ва ба худи судҳо додани ҳуқуқи муайян намудани тартиби дастрасӣ ба мурофиа метавонад ба кушодагии ҷаласаҳои судӣ монеаҳо созад»,- ақида дорад Наврўз Одинаев.

Ғайр аз ин, бино ба суханони Одинаев, дар Лоиҳаи Қонун иттилоъ дар бораи вазифадории судҳо доир ба пешбурди суратҷаласаҳои судӣ бо ёрии стенография (ё сабти аудиоӣ) дода намешавад. «Дар Русия ҳар шахс метавонад стенографияи ҷаласаҳои кушодаи судиро дастрас намояд. Сабти стенографии мурофиаҳо ба андозаи назаррас рафтори судяҳо ва дигар иштирокдорони равандро беҳтар мекунад, ҳамчунин эътимоди аҳолиро ба судҳо меафзояд ва метавонад ба осонӣ баҳсҳоро оид ба дурустӣ ё нодурустии суратҷаласаҳои мурофиаҳои судӣ ҳаллу фасл намояд», – ҷамъбаст намуд ҳуқуқшинос.

Ошкороӣ ва мубрамӣ

Коршиносон қайд мекунанд, ки қабули ин қонун дар масъалаи дастрасӣ ба иттилоъ дар бораи худи судяҳо нақши муҳим дошта бошад.

«Қонун имкон барои дастрас кардани иттилоот дар бораи номзадҳо ба вазифаи судя, дар бораи ҷойҳои корӣ, кори коллегияи тахассусии судяҳо фароҳам меорад,- ёдрас мешавад ҳуқуқшинос Ватан Абдураҳмонов.- То ин вақт ҷомеа имконияти ахбори муфассалтар доир ба фаъолияти судҳо, ҷомеаи судӣ, коллегияи тахассусӣ пайдо карданро надошт. Хуб мебуд, агар дар қонун ҳамчунин ба ҷомеаи судӣ, ки дар бораи фаъолияташ умуман маълумоте нест,  ҳуқуқи бештар дода шавад».

Гулчеҳра Холматова, мудири Созмони ҷамъиятии «Олами ҳуқуқ», роҳбари Гурўҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ақида дорад, ки иттилоот доир ба фаъолияти судҳо бояд дар муҳлати кўтоҳи асоснок пешкаш шавад, то ки мубрамиашро барои истифодабарандааш гум накунад. Инчунин иттилоъ бояд комилан ройгон дода шавад.

Судҳоро чӣ тавр ба иттилоотдиҳӣ маҷбур созем?
Гулчеҳра Холматова

 «Дар қ.1, м.14-и лоиҳаи қонун пешбинӣ шудааст, ки санадҳои судӣ, ба истиснои санадҳои дар қисми 5-и моддаи мазкур номбаршуда, дар манбаъҳои интернетии судҳо бо гузашти 7 рўз аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо ҷой дода мешаванд. Дар бастагӣ ба ин судҳо бояд дарк намоянд, ки сомонаҳои мубрами амалкунандаи судҳо дастрасӣ ба интернет ва мавҷудияти мутахассисеро талаб мекунанд, ки барои пешбурд ва таҷдиди иттилоот дар сомонаҳо мутасаддӣ бошад. Ин қоида хеле зарур ва муҳим аст, зеро дар таҷрибаи судӣ бисёр вақт додани нусхаҳои санадҳои судӣ ва суратҷаласаҳои суд ба иштирокдорони мурофиаи судӣ дар муҳлатҳои ишорашуда сарфи назар мешавад, ки ба ғайришаффофӣ ва ба коҳиш ёфтани эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ мебарад»,- ибрози андеша намуд ҳуқуқшинос.

Қонунро риоя намекунӣ – ҷавоб деҳ!

Ба ақидаи коршиносон, ба қисми хотимавии лоиҳаи қонун масъулиятро барои риоя накардани меъёрҳои дар Қонун овардашуда илова кардан мебояд.

«Адвокатҳо дар рафти фаъолияти хеш ба мушкилиҳои муайян дар қисмати пайдо кардани иттилоот дар асоси дархости пешкашгардида рў ба рў мешаванд. Дар амал онҳо зиёд ҷавоби радди беасос ё бо ягон сабаби бофта мегиранд, ки яке аз шаклҳои монеасозӣ ба фаъолияти адвокатӣ мебошад. Аммо имрўз масъулияти маъмуриро барои чунин амал қонунгузорӣ пешбинӣ намекунад. Асос барои ҷавоби рад ба вакили дифоъ метавонад танҳо якто бошад: маҳдуд будани дастрасӣ ба маълумот. Дар амал адвокатҳо ба вазъе дучор мешаванд, ки ҳатто ахбори феҳристи идораҳои андоз ё нотариалӣ метавонад иттилооти дастрасиаш маҳдуд эътироф гардад. Маълумоти воқеан лозимаро ба даст овардан барои адвокат хеле мушкил аст», – гуфт Гулчеҳра Холматова.

Дар маҷмўъ, бо такя ба бандҳои лоиҳаи қонуни мавриди назар ва ҳамчунин дар асоси андешаҳои коршиносон метавон ба хулосае омад, ки Лоиҳаи Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот доир ба фаъолияти судҳо» санади замонавие аст, ки барои бартараф намудани камбудиҳои дар низоми судӣ мавҷуд сафарбар гардидааст ва амалӣ шудани принсипи конститутсионии ошкороии баррасии судӣ ва дастрасии ҷомеаро ба маълумот дар бораи фаъолияти судҳо кафолат медиҳад.

Умед ҳаст, ки ҳангоми қабули Қонуни мазкур монеаҳои мавҷуда, ки метавонанд иҷрошавии онро дар ҳар ҳаҷм маҳдуд созанд, ба назар гирифта мешаванд. Дар акси ҳол ҳама ҳадафҳои дар ин санад арзшуда танҳо рўйи коғаз мемонанд…

Хайдар Шодиев

ДАР ИН БАЙН

Ҳамсояҳо чӣ ҳол доранд?

Бар хилофи ҷумҳурии мо, дар кишварҳои ҳамсоя, масалан дар Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин дар Россия, қонунҳои махсус ҳастанд, ки дастрасиро ба иттилоот дар низоми судӣ ба танзим медароранд. Санадҳои қонунии дар ин кишварҳо қабулгардида кори судҳоро сабук мекунанд, зеро барояшон равшану возеҳ шарҳ дода шудааст, ки дар кадом ҳаҷм ва ба кадом тартиб метавонанд иттилоъ пешкаш намоянд.

Ба тариқи мисол, дар Қирғизистон, масъалаҳои дастрасӣ ба маълумоти судиро Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилооте, ки дар ихтиёри мақомоти судӣ ва мақомоти худидоракунии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад» танзим мекунад. Тағйирот ба ин санад, ки соли 2016 ворид карда шуд, шароит ва муқаррарот дар бораи кушодаву шаффоф будани маълумоти судиро фаро мегирад.

Мувофиқи ин Қонун, ҳар нафар ҳуқуқ дорад пурра ё қисман қарорҳои судиро, ки дар шакли муқаррагардида аз рўйи моҳияти парванда бароварда шуда, суд дар маърази ом эъломашон доштааст, ба ҳар усул, аз ҷумла бо роҳи нашри онҳо дар нашрияҳои чопӣ, дар воситаҳои ахбори омма, тариқи тартиб додани маҷмўаҳо ва таъсиси пойгоҳҳои электронии ахбор такрор кунад. Матнҳои ҳукмҳои судӣ, ки аз рўйи парвандаҳое содир гардидаанд, ки баррасиашон дар ҷаласаҳои пўшидаи судӣ сурат гирифтааст, нашр намешаванд (ба истиснои реквизитҳо, қисмҳои мундариҷавӣ ва қарории санадҳои судӣ).

Аз оғози соли 2017 ҳамаи санадҳои судии Қирғизистон дар портали ягона – веб-сомонаи низоми судӣ sot.kg ба табъ расонда мешаванд, ки барои ҳама дастрас аст.

Оцените статью:

Судҳоро чӣ тавр ба иттилоотдиҳӣ маҷбур созем? Мақомоти судии мо бисёр вақт ба пешкаши иттилоот бо дархости шаҳрвандон ва ВАО майл нишон надода, махфӣ будани он ё баҳонаи дигареро пеш меоранд. Бо мақсади рафъ намудани ин мушкилӣ дар Тоҷикистон Лоиҳаи Қонун «Дар бораи таъмин намудани дастрасӣ ба иттилооти марбут ба фаъолияти судҳо» таҳия гардидааст. Коршиносон дар хусуси ин санад чӣ андешаҳо доранд? […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *