Солгарди фоҷеа: сабақҳои COVID-19

30 апрел аз замони қайди нахустин ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус дар кишвар як соли расо пур мешавад. Ҷомеа то куҷо холисона аз вазъи марбут ба COVID-19 огоҳ карда мешуд, мубориза бо пандемия чӣ тавр мегузашт ва кишвар аз ин вазъ чӣ сабақҳо бардошт, дар матлаби Nukta.tj бихонед.

Расо як сол пеш дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19, ки таҳти роҳбарии раиси ситод, Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода баргузор шуд, изҳор гардид, ки мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, 29 апрели соли 2020 15 ҳолати тасдиқшудаи бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Зимнан дар зеҳни ҷомеа ва мутахассисон як қатор суолҳо пайдо шуданд (суолҳои то ҳанўз беҷавоб, бояд гуфт): бемори «рақами сирф» кӣ буд? Чӣ тавр ва аз куҷо дар Тоҷикистон баъди покии комил аз беморӣ ногаҳон якбора 15 бемори COVID-19 пайдо шуд? Карантин натиҷа надод? Ё хуруҷ пештар рўй дод ва танҳо 29 апрел ташхис кардани 15 ҳолати нахустин муяссар гардид? Агар пештар бошад, кай буд? Дар моҳи апрел? Март? Ё, агар кушода будани сарҳадҳо ва маҷроҳои бору мусофиронро «аз ва ба Тоҷикистон» дар арафаи пандемия ба эътино гирем, аз он ҳам пеш?

Рўзҳои душвори «ҷанг бо хуруҷи COVID-19»

Воқеаҳои минбаъда тез сурат гирифтанд: аз 4-уми майи соли 2020, мувофиқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, барои донишҷўёни мактабҳои олӣ таътили тобистона, барои хатмкунандагон натиҷагирӣ аз имтиҳоноти давлатӣ то 15 майи соли 2020 эълон гардид. Ба зудӣ хонандаҳои мактабҳоро низ ба таътили тобистона ҷавоб доданд.

Ситод ҳамчунин тасмим гирифт, истифодаи ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ ҳатмӣ шавад, дар бозорҳои либоса рўзҳои санитарӣ эълом гардида, чораҳо оид ба безараргардонӣ дар маҳалҳои ҷамъшавии оммавии мардум, мактабу муассисаҳо, кўчаву хиёбонҳо, ҷойҳои истироҳат, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойҳои дигар пўрзўр карда шуданд.

Солгарди фоҷеа: сабақҳои COVID-19
Акс аз сайти www.unicef.org

1 майи соли 2020 дар ВАО-и давлатӣ Амри Президенти Тоҷикистон ба табъ расид, ки тибқи он ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (аз ҷумла кормандони ҳайати техникӣ), ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд», ҷудо намудани 12 416 250 сомонӣ супориш дода шуд.

Қариб дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ маъракаи ҷамъоварии маблағу воситаҳо барои мубориза бар зидди COVID-19 шуруъ гардид. Шаҳрвандони одии кишвар сатҳи баланди фаъолӣ нишон медоданд: гуфтан метавон, ёрии волонтёрӣ, кўмакҳои хайриявӣ ва дастгирии онҳо буд, ки кормандони тиб дар Тоҷикистон дар муқобили беморӣ истодагарӣ кардан тавонистанд.

Тайи муддати кўтоҳ як қатор муассисаҳои табобатии кишвар қисман ё пурра барои қабули беморони гирифтор ба COVID-19 махсус гардонида шуданд, бо дастгирӣ ва мадади кишварҳои дўст ва шарикони байналмилалӣ оид ба рушд госпиталҳои муваққатӣ ташкил гардиданд, як қисми кормандони тибби кишвар ба «усули вахтавӣ» ба кор дар «минтақаҳои сурх» гузаронида шуданд.

Кор бе камбудӣ …

Бино ба маълумоти расмӣ, барои табобати пурра ва саривақтии ашхоси мубтало ба бемории сироятии COVID-19 дар кишвар беш аз 30 госпитал бо 7000 ҷой ва 5400 табибу кормандони тиббӣ сафарбар шуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки агар ба маълумоти расмӣ такя намоем, бахши тандурустии кишвар ба натиҷаҳои барҷаста ноил шуд.

Кишвари мо (боз ҳам мувофиқи ҳамон омор) замони хуруҷи COVID-19 тавонист яке аз натиҷаҳои беҳтарин дар ҷаҳонро аз лиҳози бо духтурони муолиҷакунанда ва кормандони тиббӣ таъмин шудани ковидбеморон нишон диҳад: ба сари ҳар 10 бемор 4 корманди тиб рост меомад. Аз рўйи чанд нишондиҳандаи дигари муҳимтар низ Тоҷикистон яке аз пешсафони дунё буд.

Солгарди фоҷеа: сабақҳои COVID-19
Акс аз “Азия-Плюс

Тибқи маълумоти расмӣ, ки роҳбарияти Вазорати тандурустии ҶТ дар рафти нишасти матбуотӣ моҳи феврали соли 2021 эълом дошт, «Аз оғози пандемия дар кишвар 13 ҳазору 308 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 99,3% шифо ёфт, шумораи талафёфтагон 90 нафарро ташкил дод».

Ба ин тариқ, бо такя ба ин ахбор ҳисоб кардан метавон, ки COVID-19 тақрибан дар 0,14% аҳолии кишвар ташхис шуд, омори фавт бошад дар ҶТ тахминан ба 0,68% баробар буд, ки аз нишондоди миёнаи маргумир аз COVID-19 дар олам (2,15%) тақрибан 3 маротиба кам буд.

Дастовардҳои расмии табобат аз COVID-19 низ хурсандиоваранд. Ба духтурони Тоҷикистон  табобат кардани 99,3% беморон муяссар гардид, дар ҳоле нишондиҳандаи миёна дар ҷаҳон танҳо марраи 57%-ро фатҳ кард.

Санаи 20.04.2021

сироятёфтагон дар олам – 138 млн. нафар,

шифоёфтагон – 80,4 млн. нафар,

фавтидагон 3,01 млн.,

Оё ин омор саҳеҳ аст ё на ва то куҷо ба воқеият мувофиқ аст, танҳо ҳадс задан метавон. Хоса дар ҳоле, ки сомонаи омори тиббӣ ҳанўз холист, нашрияи ҳарсолаи Агентии омор бошад маълумоти «тозатарин»-ро дар хусуси омори фавти аҳолӣ аз бемориҳои гуногун пешкаш мекунад, ки ба соли 2019 тааллуқ дорад.

Мубориза бо «инфодемия» дар замони пандемияи COVID-19

Эҳтимол, ба назари як қисм ин кор дуруст намояд. Охир ба туфайли ин, дар баробари ворид намудани ислоҳу иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҶТ  (ҚҶТ аз 4 июли с. 2020, №1698), ВАО-и Тоҷикистон нашри ҳар гуна матолиби аз мавқеи танқидӣ, таҳлилӣ ва ё алтернативӣ ба назари ВТ мухолифро қатъ намуданд.

Ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, зеро мутобиқи Моддаи нави 374 (1) барои расонаҳо ҷазои хеле сахт – ҷарима аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷорӣ карда шуд. Дар зимн ба маънии ибораи дар модда истифодашуда на ҳама журналистон то охир сарфаҳм рафта тавониста бошанд ҳам, он калиди беҳтарин барои фаъол кардани «худсензура» гардид.

Дарк намудани он, ки «дидаву дониста паҳн намудани иттилооти бардурўғ» дар мавриди COVID-19 чӣ маънӣ дорад, барои рўзноманигори одӣ душвор бошад ҳам, вале ба ҳар ҳол имконпазир аст.

Лекин фаҳмидани он, ки бо ифодаи «паҳн намудани иттилооти хилофи ҳақиқат» дар бораи усулу равишҳои ҳимоя ва дигар чораҳои таъмини бехатарии аҳолӣ аз шароити зикршуда дар мавриди COVID-19  чӣ гуфтан мехостанд, хеле душвор аст. Ҳатто барои корманди тиббӣ ва ё коршиноси вирусолог ҳам. Хоса, дар марҳилаи аввали пандемия, вақте протокол, тавсия ва ақидаҳо зуд-зуд тағйир меёфтанд.

Солгарди фоҷеа: сабақҳои COVID-19
Акс аз “Вечёрка

Биёед ба хотир меорем. Аз як тараф, фазои расонавӣ пур аз шарҳҳои хушназарон буд, ки мегуфтанд, «эпидемия дар Тоҷикистон метавонад ҳамин тобистон ба охир расад».

Аз тарафи дигар бисёр пешгўиҳои муқобил ҷой доштанд, ки «мавқеи пешсафии ғайрирасмӣ»-ро миёни онҳо ба иқтибосҳо аз «Лоиҳаи вокуниши фаврӣ ба сирояти коронавирусии COVID-19 дар ҶТ» бояд дод, ки Бонки Ҷаҳонӣ ба табъ расонда буд.

Вақт нишон дод, ки хушбинон хато мекарданд – мутаассифона, мағлуб намудани COVID-19 то тобистон ва ҳатто то тирамоҳи соли 2020 муяссарамон нагашт.

Аммо, хушбахтона, тарафи дигар ҳам иштибоҳ мекард ва бо вуҷуди талафоти барои кишвар ва бисёр одамон вазнин, ба Тоҷикистон гузаштан аз «имтиҳони COVID-19» даст дод. Бо вуҷуди мушкилоти азим дар ҳамаи соҳаҳо – аз тиб сар карда то иқтисод.

COVID-19 ба мо чиро омўзонд?

Аввалан, зарурати гуфтугўи ошкорои мақомоти давлатӣ бо ҷомеаро. Дар шароити камии иттилоот овозаҳо, тахминҳои беасос, тарсҳо, ғайбатҳо сарфи назар аз чораандешиҳо афзоиш меёбанд. Ва таваҷҷуҳи хонандагон ба ҳамон мақолаи «Тоҷикистон vs COVID-19: фардо ба мо чӣ меорад?», ки посухе ба пешгўии ноумедсози коршиносони БҶ дар мавриди шумораи эҳтимолии қурбониҳои COVID-19 дар Тоҷикистон  буд, худ далели айнии зарурати нашри матлабҳои ба санаду далелҳо, на ба овозаву тахминҳои бепоя асосёфта мебошад.

Мутаассифона, мансабдорони Вазорати тандурустӣ роҳи дигарро интихоб намуданд. Масалан, то ба имрўз суолҳое, ки дар матлаби «Тоҷикистон: «ҷазираи субот» мунтазири хулосаи СҶТ аст» бардошта шуданд, бепосух мемонанд.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2019, яъне як сол қабл аз пандемия, дар Тоҷикистон (тибқи маълумоти маҷмўаи Агентии омори назди Президенти ҶТ «Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2019) якбора 2,5 маротиба боло рафтани шумораи пневмонияҳо ба қайд гирифта шуд. Сабаби ин гуна афзоиш дар чӣ буд, то ҳанўз барои мардуми одӣ норавшан боқӣ мемонад.

Соли 2020, бино ба навиштаҳои рўзноманигорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, болоравии омори бемориҳои узвҳои нафас ва пеш аз ҳама пневмонияҳо идома дошт. Дар зимн, бино ба ҳамон матолиби сершумор дар фазои иттилоотӣ, дар муқоиса бо «давраи токовидӣ» шумораи маргҳо ҳам афзуд. Дар мисоли бисёр кишварҳо ин равандро пайгирӣ кардан, омўхтан ва дар асоси маълумоти оморӣ ба хотири муқовимати самараноки минбаъда ба бемориҳои мухталифи сироятӣ хулосабарорӣ ва ояндабинӣ кардан осон аст.

Вале сарфи назар аз супориши Пешвои Миллат, ки мансабдорони ҳамаи сатҳҳоро вазифадор намуд, ки ба аҳолӣ маълумоти саривақтӣ, комил, ҳамаҷониба ва холисона пешкаш гардад, то ҳанўз дар дастрасии озод омори тиббиро пайдо кардан намешавад.

Хоҳ-нохоҳ суолҳо ба миён меоянд: агар ба низоми тандурустии мо, бо вуҷуди пешгўиҳои ҳузновари коршиносони БҶ, муяссар гардида бошад, ки COVID-19-ро уҳда кунад ва аз мубориза бо он бо талафоти камтарин берун шавад, пас чаро омор дастраси умум нест? Охир маҳз маълумоти оморӣ аҳолӣ ва кулли ҷомеаи ҷаҳониро метавонад ба натиҷаҳои барҷастаи тандурустии ватанӣ бовар кунонад.

Солгарди фоҷеа: сабақҳои COVID-19

Ва агар мушкилоту болоравии омори марг вобаста ба бемориҳои ҷудогона (ба истилоҳ, «фавтияти барзиёд») вуҷуд дошта бошад, ҳамакаса вазъи баамаломадаро ба таҳлил кашидан лозим аст. Ҳам дар таҳлили муфассалу ҳам дар баррасии васеъ бояд, қабл аз ҳама, курсинишинони Вазорати тандурустӣ манфиатдор бошанд, зеро танқид ва мубоҳисаи созанда кафолати эътимоди шаҳрвандони кишвар ба низоми тандурустӣ мебошад.

Дар ин байн суолҳо торафт зиёд мешаванд.

Сар карда аз «COVID-19 куҷо шуд, дар ҳоле ҳеҷ як вируси роҳҳои нафас беному нишон ғайб намезанад ва лоақал ҳодисаҳои ҷудогона бояд бошанд?» ва то ба «Агар COVID-19 дар Тоҷикистон дигар набошад, эмгузаронии зидди он чӣ лозим аст?»

Дар байни маъмултаринҳо саволҳоеро метавон ном бурд, ки донистани посухашон барои ҳар фарди одӣ ҷолиб аст: хуруҷи «шамолкашӣ»-и нофаҳмо ҳамон зукоми одии мавсимист? Ё, Худо накарда, мисли баъзе кишварҳои дигари ҷаҳон, боз як «мавҷи нав» бошад?; «Дар куҷо, киро ва чӣ тавр эм мекунанд? Пулакӣ? Ройгон»; «Киро аллакай эм кардаанд? Бо кадом ваксина? Оризаҳо, таъсирҳои манфӣ ҳастанд ё не? Зиддинишондодҳо чӣ? Агар бошанд, чӣ гунаанд?»

Суолҳо зиёд шуда, боиси торафт кам шудани эътимод ба масъулини Вазорати тандурустӣ мегарданд.

«Маркази ҳамоҳангсозӣ» – посух ба чолишҳои пандемия?

Боз як сабақ бояд Консепсияи вокуниши Тоҷикистон ба фалокатҳо, эпидемияҳо, офатҳои табиӣ ва чолишҳои дигар шавад.

Ғайр аз ин, вақти таъсис додани «Маркази ҳамоҳангсозӣ»-и байниидоравӣ расидааст, ки ба дўши худ мониторинги фаврӣ ва идоракуниро гирад, аз ҷумла ҳангоми хуруҷҳои ояндаи бемориҳои сироятӣ.

Ситоди ҷумҳуриявӣ, ки бо қарори  Пешвои Миллат барои мубориза бо хуруҷи COVID-19 таъсис ёфт, вазифаҳои бар дўшаш вогузоштаро иҷро намуд. Бо вуҷуди ин, пандемия, ба ақидаи як қатор коршиносон, баръало нишон дод: тобеияти зинагии сахтгиронаи идоракунии буҳрониро ташкил бояд кард, ки дар садри он Ситоди ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии Президенти ҶТ ё Сарвазир қарор гирад. Аммо роҳбарии оперативии ҳамаи хадамотро бояд «Маркази ҳамоҳангсозӣ»-и байниидоравӣ бо тобеияти бевосита ба Президент ё Шўрои бехатарӣ амалӣ кунад.

Ғайр аз ин, ба сифати чораҳои пешгирӣ бояд алгоритмҳо («харитаи роҳ»-и мубориза бо ҳар гуна ҳолатҳои фавқулода) ва протоколҳои амалҳо ва маҷмўи иқдомҳои фаврӣ таҳия шаванд.

Дар байни чораҳои фаврӣ (муаллиф онҳоро дар ибтидои соли 2020 пешниҳод намуда буд) метавон инҳоро номбар кард: ташкил намудани сомонаи  онлайнии иттилоотии «Маркази ҳамоҳангсозӣ» бо ҷалб намудани рўзноманигорони беҳтарини кишвар, чат-ботҳои махсус, мушовирони онлайнӣ, ташкили кори касбии маркази матбуоти ВТ ва ҲИА ҶТ, ҷалбу сафарбар намудани афсарони хадамоти тиббӣ, ки дар ҳайати захиравӣ қарор доранд, ташкил кардани госпиталу бунгоҳҳои тақсимотӣ дар заминаи истироҳатгоҳҳо, дармонгоҳҳо, иншооти варзишӣ ва дигар, ташкил намудани курсҳои омодагии парамедикҳо аз ҳисоби волонтёрҳо, «гурўҳҳои дафнӣ»-и махсус ва ғайраҳо.

Пешниҳодҳои мазкур мубрамияти худро имрўз ҳам аз даст надодаанд, онҳоро метавон ба Консепсияи вокуниши Тоҷикистон ба фалокатҳо, эпидемияҳо, офатҳои табиӣ ва ҲФ-и дигар ворид кард.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи шаҳрвандӣ» дар кишвар низоми вокуниши маҷмўӣ ба ҳар гуна чолиш бунёд шуда, амал мекунад, ки ба «… ҳимояи аҳолӣ, иқтисод ва ҳудуди кишвар то оғоз ва замони оғозёбии амалиётҳои ҳарбӣ» равона гардидааст.

Аммо бо таҳдиди бузургмиқёсе чун пандемияи COVID-19 ва он ҳам дар замони осоишта Тоҷикистон (мисли аксари кишварҳои дигари олам) бори аввал дар таърихи худ бармехўрад ва миқёси хавфу таъсири манфии он муносибати комилан дигарро талаб мекунад.

Лозим аст иқрор шавем: бо вуҷуди ҳисоботу гузоришҳои ботантанаи мансабдорон ва «пирўзӣ бар COVID-19», Тоҷикистон дар рўбарўи эпидемияҳо, фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ, дигар шароити форс-мажорӣ осебпазир боқӣ мемонад. Ва манфиатҳои миллии кишвари мо ҳарчи зудтар барпо намудани низоми вокунишии амалкунанда, дар сатҳи касбӣ идорашаванда ва молиягузоришавандаро ба ҳолатҳои фавқулода тақозо мекунад.

Дар акси ҳол, «пирўзӣ» метавонад бохтҳое дар пай дошта бошад.

Михаил Петрушков

Оцените статью:

Солгарди фоҷеа: сабақҳои COVID-19 30 апрел аз замони қайди нахустин ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус дар кишвар як соли расо пур мешавад. Ҷомеа то куҷо холисона аз вазъи марбут ба COVID-19 огоҳ карда мешуд, мубориза бо пандемия чӣ тавр мегузашт ва кишвар аз ин вазъ чӣ сабақҳо бардошт, дар матлаби Nukta.tj бихонед. Расо як сол пеш дар ҷаласаи навбатии Ситоди […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *