СМС-монополия

ё маълумоти хусусии шаҳрвандони Тоҷикистон ба кӣ дастрас мешавад

Дар Тоҷикистон маркази навбатӣ ба кор шурўъ мекунад, ки тамоми СМС-ҳои ширкату ташкилотҳо, ки ба муштариён ирсол мешаванд, тариқи он хоҳанд гузашт. Ин норозигии бисёр аз иштирокчиёни бозорро ба миён овард, ки аз монополия кардани хизматрасонӣ ва чанд маротиба боло рафтани арзиши он шиква мекунанд.

Дар натиҷа, ба ақидаи коршиносон, мисли ҳамеша шаҳрвандони одӣ зарар мебинанд.

Арзи ҳол

Ба наздикӣ Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ иштирокдорони бозори алоқаро аз он огоҳ  намуд, ки аз 1 майи соли 2021 барои фиристодани СМС-паёмакҳои А2Р (низоми СМС, ки муассисаҳои тиҷоратӣ барои муошират бо муштариёни эҳтимолӣ ба кор мебаранд – эзоҳи муал.) бояд бо ширкати «IrisTech. LLC» шартнома банданд.

Навоварии мазкур норозигии бисёр аз иштирокдорони бозор – бонкҳо, низомҳои пардохтӣ, ташкилотҳои қарзии хурдро ба миён овард, ки аз монополия шудани хизматрасонӣ ва гароншавии чандкаратаи нарх гиламанданд. Онҳо азм доранд ба зудӣ бо мактуби дастаҷамъӣ ба роҳбарони ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намоянд.

Даъвоҳо, дар навбати аввал, ба 60 маротиба боло рафтани арзиши хизматрасонӣ – аз 0,5 дирам то 30 дирам барои 1 СМС робита доранд.

  Панҷ иштирокчии калонтарини бозор ҳармоҳа барои хизматрасониии иттилоърасонӣ тариқи СМС ба танзимгарон 10-15 ҳазор сомонӣ медоданд, аммо акнун маҷбур мешаванд ба монополист 500-600 ҳазор сомонӣ пардохт намоянд.

Дар ин шароит ширкатҳо, ташкилотҳо маҷбур мешаванд нархи хизматрасониро барои истеъмолгарон боло баранд.

«Хароҷоти мо меафзояд ва ба мо лозим меояд нархи хадамоти худро баланд кунем. Мо водор мешавем болоӣ боз нархи худро гузорем, ки мисли ҳарвақта ба дўши истеъмолгари ниҳоӣ бор мешавад. Агар муштарипулӣ қаблан, гўем, 5 сомонӣ буд, акнун 50-60 сомонӣ мешавад»,- хабар медиҳанд манбаъҳои мо, ки бо сабабҳои маълум аз зикри номашон худдорӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, онҳо аз халалҳои мунтазам дар кор нигаронанд, чун тамоми паёмакҳои иттилоотӣ акнун тариқи як дарвоза (маркази ягона) мегузаранд.

«Дар ҳолати дасткашӣ аз ин хизматрасонӣ ё халал ёфтани алоқа, муштариёни мо, масалан, иттилоъро дар бораи он, ки пулашон гузаштааст ё не, намегиранд. Агар масъалаи бехатариро гирем, СМС-иттилоърасониҳо барои тасдиқ намудани код вуҷуд доранд, ки барои аниқ кардан фиристода мешаванд: оё ин ҳамлаи хакерӣ нест? Дар маҷмўъ, СМС-иттилоърасонӣ хеле муҳим аст, махсусан дар бахши бонкӣ»,- афзуд манбаъ.

Зиёда аз ин, иштирокдорони бозор исрор мекунанд, ки ҳуқуқ надоранд ба кадом як ширкати ношинос маълумоти инфиродиро диҳанд. Ба тарафи сеюм пешкаш кардани ин гуна маълумотро қонунгузории ҷумҳурӣ манъ мекунад, ин амалро танҳо бо розигии муштарӣ адо кардан мумкин аст.

СМС-монополия

«Онҳо («IrisTech.LLC») тавассути месенҷерҳо на танҳо ба мукотибаҳои шумо, балки боз ба суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳо дастрасӣ пайдо мекунанд ва метавонанд бо онҳо ҳар амалеро хоҳанд, анҷом диҳанд. Илова бар ин, дар дастрасии озод ҳеҷ маълумот дар бораи ин ширкат, ки гўё тариқи фосилавӣ аз Амрико системаро идора мекунад, вуҷуд надорад»,- гуфтанд манбаъҳои мо.

Хадамоти алоқа чӣ мегўяд?

Пеш аз нашри матлаб дар бораи инҳисор шудани хадамоти СМС-иттилоърасонӣ, хабарнигори «Nukta.tj» ба муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев муроҷиат кард ва ў қатъиян ба ихтиёри ягон ширкат гузаштани хизматрасониро рад намуд.

«Ин фейк аст, ба ман дар ин бора чизе маълум нест. Дида баромадан лозим аст, ки ин хел хабарҳои бардурўғро кӣ паҳн мекунад»,- гуфт ў.

Зимнан дар Хадамот таъкид мекунанд, ки «ба шартнома оид ба хадамоти СМС-иттилоърасонӣ ҳеҷ робитаи мустақим ё ғайримустақим, инчунин бо ширкати хориҷии IRIS низ муносибатҳои шартномавӣ ё навъи дигар надоранд».

Зимни раддия таъкид мегардад, ки танзимгарон ҳуқуқ доранд шартномаҳои байнишабакавӣ ва шартномаҳо оид ба пешкаши хизматрасониҳоро бо ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ба имзо расонанд.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки айни замон ҳар танзимгари алоқа аслан SMPP-шлюзи худро дорад ва хадамоти СМС-иттилоърасонӣ наметавонад монополия карда шавад.

Мо бо бархе иштирокчиёни бозор суҳбат доштем ва дар асоси посухҳои онҳо пешниҳод мекунем, ки бо ин низом батафсилтар ошно шавед.

SMPP-шлюз чист? 

Дарвозаи SMPP ё SMPP-шлюз системаест, ки ба ширкатҳо имкон медиҳад ба муштариёни худ СМС фиристанд. Тариқи SMPP-шлюзҳо ҳамарўза садҳо ҳазор паёмакҳои ширкатҳо ба муштариён бо иттилооту огоҳиҳои гуногун ирсол мегарданд. Масалан, вақте таксӣ фармоиш медиҳанд, мусофир аввал аз хадамоти таксӣ паёмак мегирад, ки ба зудӣ мошин расида меояд, сипас огоҳӣ мегирад, ки мошин омадааст ва мусофирро интизор мебошад, пас аз сафар СМС доир ба нарх фиристода мешавад. Ҳамаи ин хабарҳо ба воситаи SMPP-шлюз интиқол меёбанд, ки серверҳои хизматрасонии таксӣ ва танзимгари мобилиро ба ҳам мепайвандад.

Оё танзимгарони алоқаи мобилӣ аз шлюзҳои худӣ барои интиқоли СМС-ҳои худ ва ҳам СМС-ҳои шариконе, ки бо онҳо шартнома мебанданд (бонкҳо ва дигар ташкилоту ширкатҳо) истифода мекунанд?

Ҳар танзимгари алоқаи мобилӣ аз лаҳзаи таъсисёбӣ SMPP-шлюзи худро дорад. Ин шлюзҳо замоне ташкил шуда буданд, ки пас аз алоқаи садоӣ дар кишвар СМС-паёмакҳо ба кор дароварда шуданд. Тамоми маҷрои СМС-паёмакҳо, бо шумули СМС-паёмакҳо аз муштарии як танзимгари мобилӣ ба танзимгари мобилии дигар ба воситаи SMPP-протокол мегузарад. Ҳатто бо манъ кардани SMPP-шлюзҳо ба ширкатҳои одӣ, танзимгарони мобилӣ корбурди SMPP-шлюзҳои мавҷудро барои ирсоли паёмакҳои муштариён идома медиҳанд, зеро дар ҳолати «куштани» онҳо муштарии як танзимгар наметавонад ба муштарии танзимгари дигар паёмак фиристад. Ғайр аз ин, ба воситаи SMPP-шлюзҳои мавҷуд ширкати хориҷии IRIS Technologies LLC ба танзимгарони мобилӣ СМС-паёмакҳои тайёри ширкатҳоро, бо гирифтани 0,02 доллар аз онҳо, ирсол хоҳад кард.

Фаҳмост, ки вақте системаро ширкати оффшории «Айрис» ба даст мегирад, бонкҳо, ширкатҳои таксӣ ва дигарон маҷбур мешаванд СМС-паёмакҳои худро ба муштариён тавассути технологияҳои монополист ирсол диҳанд. (Инҷо ҳам хуб мебуд лаҳзаҳои техникии вобаста ба масъалаи якум аниқ карда мешуданд.) Аммо танзимгарони мобилӣ чӣ? Оё СМС-ҳои онҳо ба муштариёнашон ҳам ба воситаи монополист ирсол меёбанд?

Ширкати хориҷӣ ҳеҷ технологияи нав ё нодир надорад. Аз нигоҳи техникӣ чизе тағйир намеёбад – ба ширкатҳо ва муассисаҳои молиявӣ аз тарафи худ лозим меояд шабакаи SMPP-шлюзи танзимгари мобилиеро, ки бо он шартнома дорад, ба SMPP-шлюзи IRIS Technologies LLC иваз намояд. Дар навбати худ IRIS Technologies LLC паёмаки гирифтаашро ба танзимгари мобилие ирсол медиҳад, ки ба муштарии он хабари кўтоҳи мазкур пешбинӣ шудааст.

Дар масъалаи СМС-иттилоърасонии танзимгарони мобилӣ ба муштариёни худ ба мо чизе маълум нест, зеро ҳеҷ изҳороту шарҳи расмиро доир ба шартҳои манъи пешкаши  SMPP-шлюзҳо на танзимгарони мобилӣ ва на Хадамоти алоқа намедиҳанд. Аммо то ҷое, ки ба мо аз манбаъҳои ғайрирасмӣ маълум аст, сухан танҳо дар бораи манъи қабули паёмакҳои ширкатҳои дигар меравад, дар зимн баъзе танзимгарон дастрасиро ба ирсоли паёмакҳо на танҳо аз тариқи SMPP-шлюз, балки ба воситаи хадамоти махсус – МегаФон SMS Информ ва Tcell Бизнес SMS фароҳам меоранд. Манъкунӣ на танҳо ба фароҳамории SMPP-шлюзҳо, балки ба пешкаши хизматрасонии ирсоли паёмакҳои ширкатҳо ба ин гуна хадамот низ дахл дорад,

Мегўянд, ки арзиши СМС-иттилоърасонӣ пас аз ба дасти ширкати «Айрис» гузаштани хизматрасонии мазкур, 60 маротиба гарон мешавад. Аз ҳисоби чӣ, дар кадом асос, аз сабаби кадом хароҷот ин андоза боло рафтани нарх имкон дорад?

Ҳар ширкат ва муассисаи молиявӣ вобаста ба миқдори муштариён ва ҳаҷми фармоишҳо ба муштариёни худ дар ҳаҷми гуногун СМС мефиристад. Ширкатҳои хурд метавонанд дар як моҳ то 5-10 ҳазор паёмак фиристанд, ширкатҳои калонтару фаъолтар – 5 миллион ва зиёда аз он. Вобаста ба ҳаҷмҳои гуногун танзимгарони мобилӣ ба ҳар ширкат нархномаи инфиродӣ пешкаш мекунанд ё ин ки дар шартномаҳо нархро дараҷабандӣ мекунанд – ҳар қадар ҳаҷми ҳармоҳаи паёмакҳо зиёд бошад, ҳамон қадар арзиши аслии ҳар хабари кўтоҳ камтар мешавад. Ба ин асос нархҳо дар бозор аз 0,005 сомонӣ (барои ҳаҷми болотар аз 1 млн смс дар як моҳ) то 0,05 сомонӣ (тахминан барои 10 ҳазор паёмак дар як моҳ) тағйир мехўранд. Ғайр аз ин, танзимгарони мобилӣ байни худ барои ҷалби муштариён рақобат доштанд ва кўшиш мекарданд нархҳои аз рақиб пасттарро пешниҳод намоянд. Бо яке аз танзимгарони мобилӣ шартнома баста, ширкат метавонад на танҳо ба муштариёни он, балки ба корбарони 4 танзимгари мобилии дигар ҳам СМС ирсол намояд.

Сарфи назар аз ҳаҷми ирсоли СМС-ҳо, нархи ирсоли паёмакҳо тариқи IRIS Technologies LLC $0,02-ро барои ҳама ташкил медиҳад. Ба ҳоли имрўз, бо қурби БМТ, ин ба 0,2264 сомонӣ баробар аст.

Ғайр аз ин, мутобиқи қонунгузории андоз, ҳангоми анҷом додани пардохтҳо ба таъмингари хориҷӣ барои хизматрасониҳо, ширкатҳои маҳаллӣ бояд алоҳида НДН (15%) ва ААИ (18%) супоранд. Ба ин тариқ, хароҷоти умумии ирсоли як СМС барои ширкат 0,3143 сомониро ташкил медиҳад. Агар ширкат ҳармоҳа 1 миллион ва зиёда аз ин СМС равон мекард ва арзиши пешина дар ин ҳолат ба 0,005 сомонӣ баробар буд, акнун нарх 63 карат зиёд мешавад.

Ширкат ва ташкилотҳое, ки бо монополист шартнома имзо мекунанд, нархи хизматрасониҳои худро барои корбарон чӣ қадар хоҳанд бардошт? Ва, масалан, даромадҳои моҳонаи монополист чӣ қадар хоҳанд буд?

Ба ин гуна болоравии якбора ягон ширкат ё муассисаи молиявӣ омода нест. Биёед кўшиш мекунем дахлу харҷи ширкатҳои гуногунеро, ки аз СМС-иттилоърасонӣ ба муштариёни худ истифода мебаранд, ҳисоб намоем:

СМС-монополия
Акс аз Интернет

Ширкатҳои таксӣ аз фармоише даромад мегиранд, ки қабул карда бевосита ба таксирон равон мекунанд. Ин комиссия аз 3 то 10%-ро вобаста ба ширкат ва навъи фармоиш ташкил медиҳад. Андозаи миёнаашро мегирем – 5%. Аксарияти сафарҳои таксӣ кутоҳанд – то 3 км, ки қариб дар ҳама ширкатҳо 10 сомонӣ арзиш дорад. Ба ин тариқ, хадамоти таксӣ фармоиши муштариро қабул намуда ва онро ба таксирон ирсол дода, аз 10 сомонӣ 0,5 сомонӣ даромад мегирад. Бо ин маблағ бояд ҳама хароҷоти худро пўшонад, ки аз маоши кормандон, иҷораи идораҳо ва паркҳои мошинҳо, маркетинг, андозҳо, инчунин хароҷот барои огаҳӣ аз фармоиш тариқи СМС иборат мебошанд. Маъмулан, барои як фармоиш хадамоти таксӣ ба мусофир 3 паёмаки алоҳида равон мекунад, ки на ҳама вақт дар як паёмак меғунҷанд. Агар фарз кунем, ки барои як фармоиш хадамоти таксӣ ҷамъ 5 паёмак мефиристад, пештар арзиши он  0,025 сомонӣ ё 5% аз 0,5 сомониро, ки хадамот аз ҳар фармоиш мегирад, ташкил медод. Аммо акнун барои 5 паёмак 1,57 сомонӣ пардохт кардан лозим меояд, ки ин 3 маротиба аз даромади ширкат зиёд аст.

Муассисаҳои молиявӣ дар саросари кишвар беш аз 5 ҳазор терминали пардохтӣ доранд, ки  тавассути онҳо аҳолӣ ҳамарўза садҳо ҳазор амали пардохтиро анҷом медиҳад, масалан, барои алоқаи мобилӣ, интернет, хадамоти бонкӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва мисли инҳо. Мутобиқи қонунгузории амалкунанда, тамоми муассисаҳои бонкӣ вазифадоранд ҳангоми иҷро кардани амалиёт пардохткунандагонро аз иҷро шудани пулгузаронӣ ба воситаи СМС-паёмак огоҳ намоянд. Барои ин навъ амалиёт муассисаҳои молиявӣ одатан дар ҳаҷми на кам аз 1% подош мегиранд, вале барои бархе пардохтҳо тамоман подошу ҳаққе намеситонанд ва пардохтҳоро танҳо ба хотири ҷалби шумораи бештари муштариён қабул менамоянд. Андозаи миёнаи ин гуна пардохтҳо аз 10 сомонӣ зиёд нест ва агар даромад аз якто чунин амалиёт 0,1 сомониро ташкил диҳад, ин ҳам 3 карат аз арзиши СМС-паёмаке зиёд аст, ки барои огоҳ намудан аз иҷрошавии амалиёт ирсол мегардад.

Ин мисолҳо баръало нишон медиҳанд, ки болоравии арзиши ирсоли СМС ба хизматрасониҳои мухталиф чӣ андоза таъсир хоҳад дошт. Оқибати ин амалро пешгўӣ кардан душвор аст.

Барои ширкатҳо се роҳ вуҷуд дорад:

-ширкат арзиши хадамоти худро ҳамон андоза боло мебарад, то ки хароҷоти СМС-ҳоро пўшонад;

– ширкат барои ирсоли СМС-ҳо аз муштарӣ алоҳида пул мегирад;

– ширкат умуман аз ин навъи огоҳсозӣ даст мекашад.

Оё чунин таҷриба, яъне монополикунонии СМС-иттилоърасониҳо, дар хориҷа вуҷуд дорад?

Ба мо чунин таҷрибаи монополикунонӣ дар кишварҳои дигар маълум нест.

Доир ба махфияти маълумоти шахсии корбарон: як ширкате, ки ҳеҷ кас онро намедонад, хизматрасониҳо ва дар баробари ин дастрасӣ ба маълумоти хусусӣ, эҳтимол, дастрасӣ ба мукотибаи корбаронро ба даст меорад, ки албатта онҳо инро намехоҳанд. Инҷо муфассалтар ва агар мумкин бошад, бо ибораҳои оммафаҳм фаҳмонед, ки кадом маълумоти шахсӣ, мукотибаҳои корбарон ба монополист дастрас мешаванд, чӣ тавр монополист метавонад чунин маълумоту мукотибаҳоро дар мессенҷерҳо бубинад ва ғайра.

Ҳар ширкат ва муассисаи молиявӣ аз СМС-иттилоърасонӣ барои ҳадафҳои мухталиф истифода мекунад. Масалан, муассисаи молиявӣ муштарии худро аз иловашавӣ ё гирифта шудани маблағ аз корт огоҳ мекунад, аз боқимондаи маблағ дар ҳисоб хабар медиҳад, ки инҳо сирри бонкиро ташкил медиҳанд. Бархе ширкатҳо аз муштариёни нав фармоишҳо гирифта, дар ҷавоб маълумоти хусусии ўро дар шакли ному насаби пурра барои тасдиқ равона месозанд. Бисёр муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳо кодҳои якдафъаинаро барои даромадан ба утоқҳои шахсӣ ва бонкинги мобилӣ тариқи СМС-огаҳиҳо ирсол мекунанд. Ин маълумот акнун ба ширкати хориҷии номбурда дастрас мешавад, ки ҳаққи қонунии гирифтан ва барои ҳадафҳои дилхоҳаш истифода бурдани онҳоро пайдо мекунад.

Оё корбарон метавонанд тамоман аз СМС-иттилоърасониҳо даст кашанд? Инро чӣ хел карда метавонем?

Ба ҳоли имрўз шабакаи аз ин қулайтару оммавитар вуҷуд надорад, ки тариқи он шаҳрвандон тавонанд огаҳиҳои хусусӣ қабул кунанд. Почтаҳои электронӣ наметавонанд ҷойи СМС-иттилоърасониро гиранд, зеро паҳншавии маҳдуд доранд ва корбарон аз онҳо зиёд хабар намегиранд. Маҳдуд будани паҳншавии интернет ва истифодаи ғайридоимии он ҳамчунин намемонад, ки ширкатҳо аз огаҳсозӣ тариқи замимаҳои мобилии худ кор гиранд. Эҳтимоли бештар дорад, ки бо ин андоза гароншавии нархҳо ширкатҳо аз СМС-иттилоърасонӣ даст мекашанд ва кўшиш хоҳанд кард, ки равандҳои кориро тавре ба роҳ монанд, ки 5-10 сол пеш буд, вақте СМС-иттилоърасонӣ тамоман роиҷ набуд. Ин албатта ба сифати хизматрасонӣ, қулайӣ, қаноатмандии муштариён, мутаносибан ба даромадҳои ширкат ва андозе, ки онҳо месупоранд, таъсир хоҳад гузошт.

Ҳангоми СМС-иттилоърасонӣ тавассути шлюзи ягона чӣ гуна нуқсонҳо метавонанд ба миён оянд?

Ҳамарўза садҳо ҳазор СМС-огоҳиҳо аз номи ширкатҳову муассисаҳои молиявӣ метавонанд ирсол ёбанд. Гоҳо ҳаҷми онҳо ба якчанд миллион дар як рўз мерасад. Ғайр аз ин паёмакҳо нобаробар фиристода мешаванд ва дар лаҳзаҳои авҷи сарборӣ таҷҳизоти техникииIRIS Technologies LLC метавонад аз уҳдаи ин мавҷ набарояд. Агар имрўз ба SMPP-шлюзҳои 5 танзимгари мобилӣ садҳо ширкату муассиса пайваст бошанд, фикр кунед, ки дар сурати гузаштани ин ҳама маҷро танҳо аз як гарданаи борик, ки оид ба имкониятҳои техникиву технологиаш маълумоте дастрас нест, чӣ ҳолатҳое метавонанд рўй диҳанд.

Ҷойи хадамоти СМС-иттилоърасонӣ кадом усули алтернативӣ метавонад корбурд шавад?

Ҷорӣ намудани ҳар усули алтернативӣ на танҳо маблағгузориҳо, балки боз вақтро талаб мекунад. Эҳтимол дорад, баландкунии сунъии нархи СМС-ҳо ба пайдо шудани шабакаҳои алтернативӣ ва бештар инноватсионӣ дар Тоҷикистон боис гардад, аммо то он замон шояд солҳо гузаранд, ки тайи онҳо ширкатҳо ва муштариён аз мушкили дастрас набудани шакли маъмулии огаҳигирӣ азият хоҳанд кашид.

ДАР ИН БАЙН

Танзимгарони алоқаи мобилии Тоҷикистон аз «ширкати амрикоии «IRIS Technologies LLC» пуштибонӣ карданд

Бояд гуфт, сараввал мо шўру эътирози танзимгарони алоқаи мобилиро интизор будем, зеро фикр доштем, ки инҳисор шудани СМС-иттилоърасонӣ маҳз танзимгаронро аз қисми тиҷораташон маҳрум месозад. Аммо чунин шуд, ки бо ширкати «IRIS Technologies LLC» аз ҳама пеш танзимгарон шартнома бастанд ва ҳатто аз ин ширкат пуштибонӣ карданд.

СМС-монополия
Hands entering credit card information into a laptop

Масалан, ҶДММ «Таком», ки дар бозори алоқаи мобилӣ зери тамғаи Zet-Mobile (собиқ Beeline) фаъолият мекунад, исрор меварзад, ки ҳадафи ниҳоӣ аз гузариш ба ҳамкорӣ бо ширкати амрикоӣ баланд бардоштани самаранокии кор аст.

Дар хабаре, ки агентии «Азия+» аз «Таком» гирифт, гуфта мешавад, ки ширкати мазкур коркардкунандаи нармафзор аст ва дар бозорҳои телекоммуникатсионии кишварҳои пешрафта бомуваффақият амал мекунад.

Танзимгар қайд мекунад, ки дар ширкат «IT-муҳандисони баландихтисос» кор мекунанд, ки аз хизмати онҳо беш аз 100 ширкати калон дар сар то сари ҷаҳон истифода мекунанд.

«Таком» хабар медиҳад, ки аллакай бо IRIS Technologies LLC шартнома ба имзо расондааст, ки ҷузъиёташ махфӣ мебошанд.

Матни мутлақо монанд ҳамчунин аз ҶСШП «Индиго-Тоҷикистон» (T-cell) гирифта шуд ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумат низ раддияеро бо ҳамин мазмун ба табъ расонд.

Монополист кист?

Ҷустуҷўйҳо дар интернет собит сохтанд, ки ширкате бо номи  «IRIS Technologies LLC» вуҷуд дорад, дар иёлати амрикоии Невада аз соли 2014 ба қайд гирифта шудааст, аммо ба бозори алоқа ҳеҷ муносибате надорад.

Хадамоти СМС-иттилоърасонӣ дар асл на ба он, балки ба ширкате бо номи«IrisTech. LLC» мегузарад. Мо фаҳмида наметавонем, ки бо чӣ ҳадаф танзимгарон номи ширкатро нодуруст ишора мекунанд.

Дастрасиро ба сомонаи «IrisTech. LLC»(https://lk.msg.delivery), аниқтараш ба SMS Center, зарурати бақайдгирӣ мушкил мекунад. Ҳангоми он иттилооти гуногун талаб мешавад, яъне корбар бояд тасдиқ кунад, ки дар соҳаи алоқа шахси ҳуқуқӣ мебошад ва барои бо ширкат бастани шартнома дар бораи истифода аз хизматрасониҳои он оид ба СМС-иттилоотрасонӣ муроҷиат мекунад. Ба ибораи дигар, дастрасиро ба сомонаи ин Марказ ё ширкат на ҳар кас метавонад пайдо кунад.

Ҳатто агар дастрасӣ пайдо кунед, ҳеҷ маълумот, мушаххасоти ширкатро ба даст оварда наметавонед: дар сафҳаи пардохт тариқи Pay Pal танҳо номи ширкат ҳаст – «IrisTech, LLC», ҳеҷ маълумоти дигар ҷой надорад.

Дилшод Шарифов

Оцените статью:

СМС-монополия ё маълумоти хусусии шаҳрвандони Тоҷикистон ба кӣ дастрас мешавад Дар Тоҷикистон маркази навбатӣ ба кор шурўъ мекунад, ки тамоми СМС-ҳои ширкату ташкилотҳо, ки ба муштариён ирсол мешаванд, тариқи он хоҳанд гузашт. Ин норозигии бисёр аз иштирокчиёни бозорро ба миён овард, ки аз монополия кардани хизматрасонӣ ва чанд маротиба боло рафтани арзиши он шиква мекунанд. Дар […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *