СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ?

Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар изҳороти муштараки хеш норасоии шадиди маҳсулоти хўрокаро дар 20 кишвари қашшоқтарини олам дар соли фарорасида пешгўӣ мекунанд. Мо қарор додем муайян созем, ки амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон, ки ҷузъи муҳими бехатарии миллӣ маҳсуб меёбад, дар кадом сатҳ қарор дорад.

Дар изҳороти муштараки ду агентии СММ гуфта мешавад, ки соли 2021 дар шароити фалокати гуманитарӣ мегузарад, ки дар оқибати пандемияи COVID-19 рўй додааст. Аз оғози сол коршиносони СММ фарорасии гуруснагиро дар 3 кишвари Африқо – Буркина-Фасо, Судани Ҷанубӣ, Нигерия ва дар Яман чашмдоранд.

Ғайр аз ин, коршиносони ин иттиҳодияҳо бадшавии вазъи марбут ба маводи ғизоиро боз дар 16 кишвар пешбинӣ мекунанд (номгў ифшо намешавад).

Иқтисодшиносони СММ қайд менамоянд, ки ҷаҳон аз сабаби пандемия бо бўҳрони сахттарини 75 соли охир рў ба рў шудааст ва тақрибан 270 миллион нафар дар сар то сари ҷаҳон ба ҳадди фавт аз гуруснагӣ наздик мешаванд. «Агар барои ҳалли ин масъала пул ёфтан муяссар нагардад, оқибат фалокатовар мешавад»,- огоҳ мекунанд онҳо.

СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ?
Акс аз интернет гирифта шудааст.

Таҳлилгарони созмон сабаби бад шудани вазъи кишварҳои қашшоқтаринро на танҳо дар пандемия, балки боз дар низоъҳои дохилӣ, таназзули иқтисод ва инчунин тағйирёбии иқлим мебинанд.

Ба Тоҷикистон ин чӣ дахл дорад?

Номгўи пурраи 20 кишвар, ки ба онҳо гуруснагӣ пешгўӣ карда мешавад, тавре болотар қайд гардид, эълон намегардад, аз ин рў мо наметавонем қатъӣ бигўем, ки Тоҷикистон дар ин феҳрист ҳаст ё на. Аммо Тоҷикистон зиёд дар охири ҳар гуна рейтингҳои байналмилалӣ мавқеъ мегирад ва мо низ наметавонем дилпурона имкони чунин ояндабиниро барои ҷумҳуриямон истисно намоем. Боз дар ҳоле, ки ҳанўз то пайдо шудани вирус эътироф мегашт, ки тахминан сеяки аҳолии кишвар поинтар аз хатти фақр зиндагӣ мекунад. Зиёда аз ин, дар лаҳзаҳои аввали пандемия моҳи апрели соли гузашта Хазинаи ҷаҳонии асъор сабук кардани сарбории қарзиро барои 25 кишвари қашшоқтарини олам изҳор дошта буд, ки дар байни онҳо Тоҷикистон низ номбар мешуд.

Мувофиқи усули созмони бонуфузтарини молиявии байналмилалӣ – Бонки ҷаҳонӣ (дар зиёда аз 170 кишвар фаъолият мекунад), барои кишварҳои дорои сатҳи даромади пасттар аз миёна, ки ба онҳо Тоҷикистон низ дохил мешавад, остонаи фақр даромад дар андозаи $3,2 (36 сомонӣ) сари ҳар одам дар як рўз маҳсуб меёбад. Яъне даромади миёнаи моҳонаи як одам бояд $97 (1,1 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил диҳад.  Ин нишондод сирф ба омилҳои пулӣ асос меёбад.

Оилаҳо дар Тоҷикистон, тавре медонем, серфарзанданд ва  маъмулан дар онҳо танҳо як нафар кор мекунад. Ва зиёд чунин таноқузе мушоҳида мешавад, ки ҳар қадар оила нодортар бошад, ҳамон қадар серфарзандтар аст, махсусан дар маҳалли деҳот, ки дар муқоиса бо шаҳр сатҳи хеле баландтари камбизоатӣ дорад. Музди миёнаи моҳона дар кишвар, тибқи маълумоти охирини расмӣ, 1478 сомонӣ ($130)-ро ташкил медиҳад. Музди минималӣ 400 сомонӣ ($35) аст.

Аммо далелеро ба назар бояд гирифт, ки беш аз нисфи аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, ки онҷо мардум аксаран аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ ва чорвопарварӣ рўз мебарад.

СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ?
Акс аз интернет гирифта шудааст.

Ҳамчунин аъзои бисёр хонаводаҳо дар хориҷи кишвар, асосан дар Россия кор мекунанд. Бино ба маълумоти Бонки марказии Россия, маблағи миёнаи интиқоли пулӣ ба Тоҷикистон тақрибан $150-ро тартиб додааст. Ва муҳоҷирон дар аксари ҳолатҳо ба оилаҳои худ дар як моҳ як бор, маъмулан пас аз гирифтани маош пул равон мекунанд.

Вазъи ҷорӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2020 дар ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти кишвар изҳор дошт, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83% дар соли 1999 то 26,3% дар соли 2019 (бештар аз 3 маротиба) коҳиш ёфтааст ва даромадҳои пулии аҳолӣ 125 карат афзудаанд.

Зимнан дар кишвар тафовутҳо дар сатҳи фақр миёни минтақаҳо вуҷуд дорад ва фақр асосан падидаи хоси деҳот аст.

Соли 2019 сатҳи баландтарини фақр дар Хатлон ба қайд гирифта шуд – 32,8%. Дар НТҶ ин нишондод ба 32,5%, дар ВМКБ 29,7%, дар Душанбе 18,5%, дар Суғд 15,4% буд. Сатҳи фақр дар деҳот 30,2%, дар шаҳр 18,4%-ро ташкил дод.

Вале дар гузориши тирамоҳии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон гуфта мешавад, ки пандемия ба иқтисодиёт таъсири назарраси манфӣ расонда, ба болоравии сатҳи камбизоатӣ дар кишвар овардааст.

Соли 2020 рушди сусттарини иқтисоди ҷумҳурӣ дар ду даҳсолаи охир ба қайд гирифта шудааст.

СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ?
Гузориш оид ба иқтисод. Тирамоҳи соли 2020. (worldbank.org)

Зимни матлаб таъкид мешавад, ки даромадҳои пулии аҳолӣ аз сабаби коҳиш ёфтани содироти неруи корӣ ва поинравии фаъолияти иқтисодӣ ҳам дар хориҷа ва ҳам дар дохили кишвар ба андозаи назаррас кам шудаанд.

Қайд мегардад, монеаҳое, ки пандемия дар роҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба берун аз кишвар эҷод намуд, ба афзоиши назарраси сатҳи бекорӣ дар кишвар сабаб гардиданд ва мутаносибан ҳиссаи аҳолие афзуд, ки ба кам кардани истеъмоли маводи ғизоӣ маҷбур гардид.

Иқтисодшиносони Бонки ҷаҳонӣ дар рафти рўнамоии гузориш дар охири моҳи декабр дар Душанбе қайд намуданд, ки рушди иқтисод дар соли сипаришуда ғолибан аз ҳисоби содироти металлҳои қиматбаҳо таъмин мешуд, дар ҳоле ки талаботи дохилӣ солона тақрибан 4% афтид. «Ин нишон медиҳад, ки пандемия ба даромадҳо ва ҷойҳои кории дохилӣ дар қиёс бо суръати рушди иқтисодӣ зарбаи сахттар задааст»,- гуфтанд дар хотима намояндагони созмони зикршуда.

Дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ниёзи аввал ҳамчунин дар пайи беқурбшавии барои 5 соли охир рекордии асъори миллӣ ва болоравии аз соли 2012 беназири маҳсулоти ғизоӣ мушкилтар гардид. Курси сомонӣ нисбати доллар дар соли 2020 дар натиҷаи тасҳеҳи дукаратаи Бонки миллӣ (дар моҳҳои март ва ноябр) 16,6% афтид, болоравии нархҳои маводи озуқа бошад ҷамъулҷамъ 12,5 дарсадро ташкил дод (қанд- 41,6%, равған- 35,3%, орд- 20,9%, картошка- 20,1%, тухм- 19,3%, гўшт- 6,2%).

СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ?
Акс аз интернет гирифта шудааст.

Моро чӣ интизор аст?

Таҳлилгарони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам коршиносони маҳаллӣ некуаҳволии минбаъдаи аҳолии Тоҷикистонро мустақиман ба пандемия ва вазъ дар кишварҳое, ки бо онҳо ҷумҳурӣ алоқаҳои зичи тиҷоратӣ-иқтисодӣ дорад, дар навбати аввал Россия, Қазоқистон, Чин ва Ўзбекистон рабт медиҳанд.

Ба ин тариқ, иқтисодшиносони Бонки ҷаҳонӣ тадриҷан ҷоннок шудани иқтисоди ҷумҳуриро дар солҳои 2021-2022 танҳо бо шарти дастрас ва паҳн шудани ваксина, инчунин барқарор гардидани маҷрои интиқолоти пулӣ ва савдои байналмилалӣ интизор мешаванд. «Бо мурури фарорасии суботи нархҳои молҳои воридотӣ ва афзоиши асъори хориҷии воридшаванда коҳишёбии фишори таваррум ва ҷаҳишҳои қурби мубодилавӣ пешгўӣ карда мешавад»,- ояндабинӣ мекунанд онҳо.

Таҳлилгарони созмон бар онанд, ки пурзўр шудани пандемия ва чораҳои ба ин вобастаи минбаъда ба оқибатҳои аз ин ҳам ногувортар барои кишвар мебарад.

Иқтисодшиноси мустақил Сарвар Хоҷаев вобастагии сахти иқтисоди Тоҷикистонро аз истеъмолот қайд менамояд, ки аз ҳисоби содироти неруи корӣ ва ашёи хом таъмин мегардад. «Интиқолоти пули муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар солҳои гуногун аз сеяк то нисфи ММД-ро ташкил медоданд, ба иқтисоди кишвар ба воситаи бахши истеъмолӣ ворид мешаванд: пулҳои гирифтаашонро оилаҳои муҳоҷирон асосан барои маводи ғизоӣ ва хизматрасониҳои ниёзи аввал, қисми ками онҳоро барои хариди маводи сохтмон, нақлиёти автомобилӣ ва манзилҳо харҷ мекунанд»,- қайд намуд ў.

СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ?
Акс аз интернет гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, гуфт коршинос, иқтисоди ҷумҳурӣ ба андозаи муайян аз ҳисоби парвариш ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин маҳсулоти саноатӣ пойдор мемонад, ки қисми асосии онро ашёи хом (алюминийи ибтидоӣ, маъданҳои гуногун, неруи барқ, семент ва ғайра) ташкил медиҳад.

Ў таъкид намуд, ки қисми калони маҳсулот ва молҳои тайёр барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ воридот мешавад, барои ин чизеро фурўхтан лозим меояд, то ки асъори хориҷӣ ба даст ояд. «Воридшавии асъор аз ҳисоби интиқолоти пулӣ ва содироти ашёи хом дар шароити маҳдудиятҳо коҳиш меёбад: муҳоҷирон наметавонанд ба макони корашон сафар намоянд, талабот ба ашёи хом бошад аз сабаби коҳиш ёфтани фаъолияти иқтисодӣ дар ҷаҳон хеле поин рафт. Ин боис ба коҳишёбии ҷиддии нархҳои ашё гардид, ки истеҳсол ва фурўши минбаъдаи онро бефоида мекунад. Тавозуни савдои берунаи кишвар соли гузашта аз ҳисоби содироти тилло нигоҳ дошта мешуд. Аммо ин наметавонад зиёд  идома ёбад, зеро захираҳои тилло маҳдуданд»,- гуфт Хоҷаев.

Коршинос ақида дорад, ки дар шароити вобастагии сахт аз омилҳои беруна ҷумҳурӣ амалан пойбанди вирус мемонад. «Дар сурати бад шудани шароит, сокинони деҳаҳо коре карда талаботи аввалияи ғизоии худро аз ҳисоби хоҷагиҳо, тавре дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, қонеъ карда метавонанд. Барои сокинони шаҳр вазъ хеле мушкилтар хоҳад буд. Аммо умед ҳаст, ки ваксинатсияи дар ҷаҳон оғозёфта натиҷаи мусбат медиҳад ва вазъ ба ҳоли пешинааш бармегардад»,- гуфт ў дар хотима.

СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ?
Акс аз интернет гирифта шудааст.

Тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ

Бонки ҷаҳонӣ дар шароити ташаккулёфта бо исрор ба ҳукумати Тоҷикистон қабул намудани сиёсати нави ҳимояи қишрҳои камбизоати аҳолиро тавсия медиҳад. Ин, аз ҷумла, амалҳои зайлро дар бар мегирад:

– афзоиш додани маблағгузории барномаи Кўмаки иҷтимоии суроғавӣ, махсусан ба оилаҳое, ки кўдакони хурд доранд;

– дастгирӣ намудани бекорон тавассути кўмакпулиҳо ва ёфтани ҷойҳои корӣ;

-имтиёзу ҳавасмандсозиҳои муваққатӣ барои тиҷорати хурд ва миёна ва соҳибкорони инфиродӣ;

– бардоштани самаранокӣ ва дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ.

Дилшод Шарафов

СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ?
СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ?

Оцените статью:

СММ БА 20 КИШВАР ГУРУСНАГИРО ПЕШГЎӢ МЕКУНАД. БА ТОҶИКИСТОН ҲАМ? Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар изҳороти муштараки хеш норасоии шадиди маҳсулоти хўрокаро дар 20 кишвари қашшоқтарини олам дар соли фарорасида пешгўӣ мекунанд. Мо қарор додем муайян созем, ки амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон, ки ҷузъи муҳими бехатарии миллӣ маҳсуб меёбад, дар кадом сатҳ қарор дорад. Дар изҳороти муштараки ду агентии […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *