Синдроми ковидӣ

ё шаш оқибати нохуши SARS-CoV-2

Нафароне, ки бахташон омад карду шакли сабуки бемории Covid-19-ро аз сар гузаронданд, шояд ба гўшаи хаёл ҳам наоранд, ки ин «муфт халос шудан» метавонад пайомади гароне дошта бошад. Зеро вирус на танҳо ба шуш, балки ба ҳама узву низомҳои организми одам таъсири номатлуб мегузорад. Ҳатто дар сурати ҳанўз рў назадани ягон аломати гирифторӣ. Дар бисёриҳо бо мурури вақт «синдроми ковидӣ» – маҷмўи аломатҳое зуҳур мекунад, ки дар шахси офиятёфта аз як моҳ то ним сол боқӣ мемонад.

Барқароршавии тўлонии ҳисси шомма

Бисёр аз мубталошудагон мегўянд, ки аснои бемории Covid-19 ба муддати аз як рўз то як-ду ҳафта эҳсоси бўйро гум карданд. Аммо мавридҳое ҳам ҳастанд, ки ин ҳол як моҳ ва аз он бештар идома меёбад. Дар чунин ҳолат ҷараёни барқароршавии пардаи шомма, ки дар ҷавфи бинӣ ҷойгир аст, ба муддати номуайян тўл мекашад. Баъзан иддаи торҳои он пурра маълул мешаванд ва дигар қобили барқароршавӣ нестанд. Дар натиҷа пас аз беморӣ узви шомма хеле заиф ва аз қобилияти ҳис кардан қариб пурра маҳрум мегардаду одам дигар намефаҳмад, ки садбаргро мебўяд ё, фарз кардем, кадуро.

Карахтшавии дасту по

Ҳар кадомамон на як бор ба ҳолате дучор гаштаем, ки баъди муддате бидуни ҳаракат нишастан даст ё поямон карахт мешавад. Ин ҳолат барои касе боиси тарс ё гумони бад намегардад, зеро маъмулан баъди чанд дақиқа эҳсоси ногувор мегузарад. Дар акси ҳол дасту поро бояд каме ҷумбонд ё молиш дод. Аммо ҳангоми гирифторӣ ба COVID-19 вазъ комилан дигар мешавад. Баъди аз он шифо ёфтан эҳсоси карахтии дасту по метавонад аз як-ду моҳ то ним сол давом кунад, барои он ки коронавирус пардаҳои миелинии асабро хароб месозад ва дасту пой то дер ба ҳолати муқаррарии худ баргашта наметавонад.

Мавҷи тафсон

Баъзан эҳсос мекунем, ки баданамон ғайричашмдошт якбора «оташ мегирад». Ин асосан ҳангоми беморӣ, чун манзари ҳормонӣ тағйир меёбад, ё худ аснои халалёбии аутоиммунӣ рўй медиҳад. Баъди бемории ковидӣ ба ҳамин мавҷи тафсон дучор шудан аз эҳтимол дур нест ва он метавонад дер давом кунад. Ғайр аз ин, хурўҷи тафс метавонад хабари дар организм пайдо шудани дистонияи пасоковидии вегетативию рагӣ бошад, ки заифшавии хотира, бедорхобӣ, дилбеҳузурӣ, дарди қафаси сина ва нафастангӣ низ аломатҳои он ба шумор мераванд.

Дарди мушакҳо

Дарди мушакҳо ва устухонҳо, ки дар узвҳои гуногуни организм эҳсос мегардад, чун аломати коронавирус баъди сиҳатшавӣ низ чанд моҳ боқӣ мемонад. Барои муқоиса – ҳангоми зуком ё шамолхўрии муқаррарӣ дарди мушакҳо танҳо дар се-чор рўзи аввал пайдо мешавад, асосан дар дасту по ё миён. Ҳангоми сирояти КОВИД бошад, дард кунд буда, ҳангоми ҳаракат шиддат мегирад. Агар илтиҳоб афзуда, аломати сироят муддати хеле тўлонӣ боқӣ монад, он метавонад ба маълулии пурраи мушакҳо оварда расонад.

Хўроки дирўз дўстдошта, имрўз…

Дар рўйи забон доначаҳои зиёди маззафаҳмӣ мавҷуданд, ки метавонанд зич ҷойгир шуда бошанд, ё баракс. Дар мавриди якум барои мову шумо ғизои нарму нафис хушоянд аст, агар доначаҳо зич набошанд, таоми моеъ авлотар мешавад. Чаро пас аз Covid-19 муносибатамон ба хўрок дигар мешавад ва таомеро, ки дирўз дўст медоштем, имрўз ҳатто дидан намехоҳем? Эҳтимол, вирус бевосита ба ин доначаҳо, ҳамчунин ба бофтаҳои асаб, ки майлу рағбатамоннро таҳрик медиҳанд, таъсир мерасонад. Ин дар навбати худ муносибати моро ба ғизо дигар мекунад.

«Чунон бемадорам, ки маҷоли хестан надорам»

Тибқи тадқиқоти олимон 55 дарсади нафароне, ки КОВИД-ро паси сар гузоштанд, аз хастагӣ шикоят доранд. Миёнашон онҳое кам нестанд, ки то ним сол азоби бемадорӣ кашидаанд. Ин ҳолат ҳатто дар ашхосе ба мушоҳида мерасад, ки беморияшон на вазнин, балки миёна гузаштааст. Коршиносон тахмин мекунанд, ки дар давраи беморӣ ҷавоби ниҳоят сахти масуният ба вируси SARS-CoV-2 боиси сарфи беандозаи неруи организм мешавад, бинобар ин одам то дер ба худ омада наметавонад.   

Се коре, ки бояд кард

Covid-19 вируси нав буда, дар марҳилаи ибтидоии омўзиши мутахассисон қарор дорад. Аз ин рў, доир ба сабабҳои зуҳур кардани аломатҳои гуногуни синдроми ковидӣ ҷавоби тайёр нест. Яъне алъон касе мушаххас гуфта наметавонад, ки пас аз як моҳ ё ним сол коронавирус ба чӣ сурат зуҳур мекунад. Айни замон доир ба пайомадҳои он баъди табобат низ чизи аниқе гуфтан душвор аст.

Бо вуҷуди ин, далели раднашаванда он аст, ки коронавирус бемории воқеан хавфнок буда, метавонад ба ҳалокат расонад. Баъди шифо ёфтан низ, чуноне мебинем, на ҳама вақт хотирҷамъ шуда метавонем, ки «аз бало» гузаштем. Барои ба ин бало напечидани на танҳо худ се кори одиро фаромўш насозед: бастани ниқоб, риояи фосила ва шустани дастон. Ин аст айни замон сипари аз ҳама боэътимод.    

Даврон ҶОВИДОВ

Оцените статью:

Синдроми ковидӣ ё шаш оқибати нохуши SARS-CoV-2 Нафароне, ки бахташон омад карду шакли сабуки бемории Covid-19-ро аз сар гузаронданд, шояд ба гўшаи хаёл ҳам наоранд, ки ин «муфт халос шудан» метавонад пайомади гароне дошта бошад. Зеро вирус на танҳо ба шуш, балки ба ҳама узву низомҳои организми одам таъсири номатлуб мегузорад. Ҳатто дар сурати ҳанўз рў назадани […]
2.5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *