Шикори паланг. Чӣ тавр “Бешаи палангон” бе шоҳи туғайзор монд

Моҳи июни соли 1936, 85 сол пеш, дар ҷануби Тоҷикистон ҳудуди нахустин дар ҷумҳурӣ Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» муқаррар карда шуд.

То миёнаҳои садсолаи гузашта дар «Бешаи Палангон» бабрҳои тўронии бошаҳомату ваҳмафкан ҳукмфармо буданд. Пас чӣ шуд, ки шоҳони ҷомаалои туғайзорони Тоҷикистон то рўзҳои мо боқӣ намонданд?  

Ҷангалистони Тоҷикистон

Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар дусадкилометрии Душанбе мамнуъгоҳи «Бешаи Палангон» доман паҳн кардааст. Ин минтақа дар олам нодир маҳсуб меёбад: танҳо ин ҷо, дар поёноби дарёи Вахш ва он ҳам дар хати борике тўли марзи тоҷику афғон, қад-қади Амударё ин гуна туғайзори касногузар ҳифз шудааст. Пеш туғайҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Осиёи Марказӣ васеъ паҳн шуда буданд, махсусан дар қисмати ҷануб. Акнун қисми бештари заминҳо, ки пеш туғайпўш буданд, барои кишти пахта истифода мешавад.

– Дигар дар ҳеҷ ҷои дунё шумо ин хел минтақаи калонмасоҳати туғайзорро мисли инҷо пайдо намекунед,- мегўяд муовини сардори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» Давлаталӣ Шарипов.

Тавре ў гуфт, 50 ҳазор гектар масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» минтақаи нодири табиист, ки дар он 80 сол боз генофонди бебаҳои ҳайвоноту набототи Осиёи Марказӣ ҳифз мешавад.

Шикори паланг. Чӣ тавр "Бешаи палангон" бе шоҳи туғайзор монд
Сарҳадбонон як палангро дар наздикии дарёи Панҷ дар сарҳади Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон дастгир мекунанд (с. 1936).

-Дар мамнуъгоҳ намудҳои барои туғайзорон камшумор ва махсусан арзишманди ҳайвоноту наботот ҳифз мешаванд. Инҷо беш аз 450 навъ гиёҳҳои гулдеҳ, 600 навъ бесутунмуҳраҳо ва 200 навъ сутунмуҳрадорҳо зери назоратанд. То миёнаҳои асри гузашта дар «Бешаи палангон» палангҳои тўронӣ низ буданд, ки ба мамнуъгоҳ ном додаанд. Буттаю дарахтзорҳои касногузар барои шоҳи ҷангал макони олии зист буданд. Мутаассифона, бо мурури кам шудани масоҳати туғайзорҳо ва таъсирҳои дигари инсон шумораи ин намуди ҳайвонот коҳиш меёфт,- нақл кард дар идома Шарипов.

Паланги хазарӣ ё тўронӣ зернавъи азбайнрафтаи паланг аст, ки аз Туркия то ғарби Чин, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ сокин буд. Далелҳои калонҷусса (то 224 см дарозӣ ва 240 кг вазн) ва ҷисман тобовар (рўзе то 100 км роҳро тай мекард) будани паланги тўронӣ вуҷуд доранд.

Паланг чаро рафт?

Бино ба гуфтаҳои мутахассисони мамнуъгоҳ, дар солҳои 30-юм дар «Бешаи палангон» то 8 паланг маскун буд. Ба онҳо ҳам ҳудуд мерасиду ҳам ғизо – туғайзор макони сукунати шумораи зиёди оҳувони бухороӣ, хукҳои ёбоӣ, ҷайрону харгўшҳо буд. Тавре сокинони маҳаллӣ нақл менамуданд, палангон ҳеҷ гоҳ ба одам ҳамла намекарданд ва ба чорвои хонагӣ ҳам чандон кор надоштанд. Вале замоне, ки ба азхудкунии ҳудудҳои атрофи «Бешаи палангон» барои кишоварзӣ шурўъ карданд, шоҳи ҷомаалои туғайзор ин маконро тарк намуд.

-Дар он давра дар Тоҷикистони шўравӣ заминҳои ҷанубӣ дар соҳилҳои Амударё – он ҷойҳое, ки туғайзор буду паланг зиндагӣ мекард, фаъолона аз худ карда мешуданд. Ба водиии Вахш ҳазорҳо оила кўчонда шуд, колхозу совхозҳо ташкил гардиданд. Бешазори лаби дарёҳо ба пахтазор табдил меёфт ва ба ин тариқ майдони сукунати ҳайвони дарранда танг карда мешуд. Масалан, аз 90 ҳазор гектар туғайзорҳое, ки солҳои 30-юм берун аз мамнуъгоҳ монданд, ба солҳои 50-ум танҳо нисфаш боқӣ монд,- қисса кард директори осорхонаи мамнуъгоҳ Ҷалолиддин Муфарраҳов.

Шикори паланг. Чӣ тавр "Бешаи палангон" бе шоҳи туғайзор монд
Рӯзномаи «Коммунисти Тоҷикистон», 1938. Чӣ гуна дар Тоҷикистон ба паланг шикор мекарданд.

Бино ба баъзе далелҳо, паланги охиринро инҷо соли 1958 дидаанд.

Вале атрофи санаи дақиқи аз байн рафтани паланги охирин баҳсҳо идома доранд. Бархе мегўянд, паланг ҳанўз дар солҳои 1960-ум ҳам инҷо буд. Сайёҳ Юрий Смирнов, ки он солҳо ба «Бешаи Палангон» омада буд, нақл мекунад, ки шиносҳои ў палангро дида буданд.

Адиб ва тарҷумон Алексей Травин дар китоби худ «Бешаи Палангон» меорад, ки дар оғози солҳои 60-ум деҳқонон хабар доданд, ки гови колхозро дар наздикии мамнуъгоҳ паланг хўрдааст. Аммо дертар, ба гуфти Муфарраҳов, маълум гардид, ки вай туъмаи гурги танҳогард шудааст.

Як гурўҳ муҳақиққони тоҷик, ки дар «Бешаи Палангон» моҳи августи соли 1970 қарор доштанд, низ исрор мекарданд, ки изи палангро дидаанд.

Ҳар гунае набошад, алъон паланг танҳо дар номи мамнуъгоҳ боқӣ мондааст…

Паланг ва туфанг

Мувофиқи маълумоти расмӣ, саршумори палангҳои тўронӣ дар минтақаи осиёӣ дар асри XIX наздики 10 ҳазорро ташкил медод, аммо наздик ба нимаи дуюми асри ХХ ў қариб батамом қир карда шуд.

Бар хилофи андешаҳои ғолиб, далелҳои зиёде мавҷуданд, ки баёнгари қиркунии мақсадноки паланг дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҷойҳои дигар мебошанд.

Масалан, дар китоби «Ширхораҳои Иттифоқи Советӣ» қайд мегардид, ки «тағйирёбии ландшафт дар нобудшавии паланг танҳо дар замонҳои охир нақш дошт… Сабаби асосӣ бевосита ҳайвонро қир кардани шикорчиҳо буд».

-Дар туғайзори зич, миёни анбўҳи қамишзорҳо, лаб-лаби дарёҳои ҷанубӣ ин даррандаи тавоно ва хунмаст зиндагӣ мекунад,- менавишт рўзномаи «Коммунист Таджикистана» соли 1937. – Паланг ба хоҷагии мо зиёни кам мерасонад, аммо фоида меорад: паланг сайди тиҷоратӣ аст ва ба хориҷа содирот мешавад.  Паланги нар, мувофиқи нархномаи Боғи ҳайвоноти Маскав, 6000 рубл арзиш дорад, палангҳои ҷавон – то 3000. Пўсту мўинаи паланги кушташуда дар сохтани ҳар гуна маснуот истифода мешавад,- изҳори андеша мекард муаллифи матлаб.

Шикори паланг. Чӣ тавр "Бешаи палангон" бе шоҳи туғайзор монд
Рӯзномаи “Коммунисти Тоҷикистон”, 1937. Хабарҳо дар бораи шикори ҳайвонот.

Аз як шумораи ҳамон нашрия дар моҳи декабри соли 1937 омори дигареро ҳам пайдо кардан мумкин аст, ки гувоҳӣ медод: он айём дар Тоҷикистон қиркунии воқеии олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷараён буд:

«Дар Тоҷикистон шикори ҳайвоноти мўинадор дар авҷ аст. Дар 11 моҳи соли 1937 шикорчиён 6 паланг, 48 бабри кўҳӣ, 7 леопард, 10 ҳазор рўбоҳ, 71 хирс, 297 гург, 1153 қашқалдоқ, 954 гурбаи ёбоӣ, 738 савсор, 123 миримушон, 22 ҳазору 182 суғур, 525 шағол, 43 қоқум ва ҳайвоноти дигарро куштанд».

 Дар матлаби «Рўйдоде бо паланг», ки дар «Коммунист Таджикистана» моҳи январи соли 1938 чоп шуд, дар бораи он нақл мешуд, ки чӣ тавр шикорчиён ва деҳқонон палангро танҳо ба он хотир куштанд, ки ў дар наздикиҳои колхоз пайдо шуд.

Оё паланг ба «Бешаи Палангон» бармегардад?

Дар солҳои охир олимони зоолог имкони бозгардондани палангро ба минтақаҳои мамнуъгоҳии Осиёи Марказӣ меомўзанд.

Паланги тўронӣ, албатта, дигар барнамегардад. Аммо коршиносон исбот намуданд, ки ин зернавъ аз лиҳози генетикӣ ба паланги амурӣ наздик аст. Аз ин рў имкони барқарор намудани популятсияи аздастрафтаро баррасӣ кардан мумкин аст. Аллакай овардани гурўҳи аввали палангҳои амурӣ ба ҳудуди резерват дар соҳили ҷанубии кўли Балхаш то соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳолати муваффақшавии таҷриба, эҳтимоли калон ҳаст, ки якчанд ҷуфти палангҳо дар «Бешаи Палангон» низ барои худ макони зист пайдо мекунанд.  

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Шикори паланг. Чӣ тавр “Бешаи палангон” бе шоҳи туғайзор монд Моҳи июни соли 1936, 85 сол пеш, дар ҷануби Тоҷикистон ҳудуди нахустин дар ҷумҳурӣ Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» муқаррар карда шуд. То миёнаҳои садсолаи гузашта дар «Бешаи Палангон» бабрҳои тўронии бошаҳомату ваҳмафкан ҳукмфармо буданд. Пас чӣ шуд, ки шоҳони ҷомаалои туғайзорони Тоҷикистон то рўзҳои мо боқӣ намонданд?   Ҷангалистони Тоҷикистон Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *