Сайёҳии дохилӣ дар давраи бемории ҳамагир “доираи наҷот” ва ё “сароб дар биёбон”?

Маълумоти нокофӣ, “пораҳои” омор, ки баъзан аз байни рақамҳо баргирифта шудаанд, маълумоти зиддунақиз, натиҷаҳои муоинаву пурсишҳо, ҳисоботу гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ сохтакорона будани иттилоотро дар соҳаи сайёҳии дохилии Тоҷикистон ба намоиш мегузоранд. Пас, нишондодҳои воқеии вазъи соҳаи сайёҳӣ чӣ гуна аст? Андоза ва миқёси мушкил чӣ қадар аст? Пештар Тоҷикистон дар масъалаи рушди сайёҳӣ бо кадом мушкилот дучор мешуд ва бо сабаби бемории ҳамагири COVID-19 дар соли 2020 бо кадом хатарҳо рӯбарӯ гардид? Оё сайёҳии дохилӣ барои соҳаи сайёҳии кишвар “доираи наҷот” шудааст?

            Ва муҳимтар аз ҳама, ҳар як тоҷикистонӣ ва дар маҷмуъ ҳамаи онҳоеро, ки бевосита ва ё бавосита бо соҳаи сайёҳии кишвар алоқаманданд, оё ин масъала ташвиш медиҳад, ки соли 2021 барои мо чӣ армуғоне дорад?

Сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон: оё барои хушбинӣ сабаб ҳаст?

Моҳи сентябри соли 2020 АСҶАТ (Ассотсиатсияи сайёҳии дар ҷомеаҳо асосёфтаи Точикистон) бо дастгирии шарикон (ACTED) дар чаҳорчӯби фаъолияти оинномавӣ тадқиқоте баргузор намуд, ки дар раванди он соҳибони 182 меҳмонхонаҳои дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта пурсида шуданд.

Тибқи маълумоти бадастомада, дар соли 2020 бо сабаби бемории ҳамагир наздики 43% меҳмонхонаҳо фаъолияти худро комилан қатъ карданд. (78 меҳмонхона аз шумораи умумии 182). Тибқи натиҷаҳои тадқиқот, дар бахши сайёҳии кишвар аз ҳама бештар аз бемории ҳамагир ноҳияҳои ВМКБ (Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) зарар дидаанд, ки чун анъана ба сайёҳии берунӣ нигаронида шудаанд. Дигарон ҳам дар ҳолати хуб нестанд ва амалан дар дар марзи зинда мондан қарор доранд.

Вазъи операторони сайёҳии кишвар низ ҳолати нигаронкунанда дошта, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ аз 210 ширкати сайёҳии дорои муҷаввиз ҳанӯз моҳи марти соли 2020 аз 170 то 190 ширкат (аз 81 то 91%) фаъолияти худро муваққатан боздоштанд. Баъзе ширкатҳои ҷасур кӯшиш карда истодаанд, ки фаъолияти худро ба сайёҳии дохилӣ мутобиқ намоянд, аммо натиҷаи ин гуна фаъолият хушоянд нест.

Чашмандозе ба вазъи соҳаи сайёҳӣ аз хориҷи кишвар

Арзёбии байналмилалии вазъ низ хеле ғамангез аст. Тибқи Ҳисоботи IFC “Арзёбии фаврии таъсири COVID-19 ба бахши сайёҳии Тоҷикистон” (сентябри соли 2020) 90% пурсидашудагон – ширкаткунандагони бозори хизматрасониҳои сайёҳии Тоҷикистон аз 50 то 100% даромадашонро аз даст додаанд. (аз онҳо 38% – пурра), 33% – маҷбур шуданд, ки қарз гиранд. Мувофиқи пешгӯиҳои коршиносони байлалмилалии IFC, агар буҳрони ҷаҳонӣ идома ёбад, на камтар аз 47% ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар иштирокдорони бозори хизматрасониҳои сайёҳии Тоҷикистон, дар муддати 6 моҳи наздиктарин муфлис мешаванд (эзоҳи муаллиф – то 1 марти соли 2021) ва танҳо  ба 8% онҳо муяссар мешавд, ки суботро нигоҳ доранд.

Андешарониҳои  коршиносони ватанӣ

Директори ширкати сайёҳии “Ҷавоҳитур”, роҳбалади байналмилалии WFTGA UNWTO ва мураббӣ оид ба омодасозии роҳбаладони мероси Роҳи бузурги Абрешим Умеда Қурбонбекова вазъро чунин тавсиф мекунад:

 “Дар давраи бемории ҳамагир бар сари ман идеяи рушд додани сайёҳии дохилӣ омад. Зеро дар кишвари мо шумораи мавзеъҳои диданбоб ва таърихӣ хеле бузург аст: Чашмаи буғи родондори Хоҷа Оби Гарм, ки дар ҷаҳон ягона аст, яке аз шаҳрҳои қадимтарин, маркази фарҳангу илми ҷаҳони бостонӣ Ҳулбук, мавзеъҳои афсонавӣ ва ҷозибаноки Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараҳои Имом Зайналобиддин ва олиму мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар вилояти Хатлон, ҷойҳои таърихии машҳур ба монанди Саразм, ки 5500 сол дорад, Панҷакенти бостон, куҳҳои Фон ва Арчамайдон, кӯлҳои афсонавии Кӯли Калон, Ҳафткӯл, Искандаркӯл (тибқи ривоят аспи Искандари Мақдунӣ дар он ғарқ шудааст) – дар вилояти Суғд, кӯли пурасрори Сарез, истироҳатгоҳҳои Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Зуҳро – дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Номи ҳамаи иншоотҳои сайёҳии кишварамонро соатҳо номбар кардан мумкин аст. Шумо мехоҳед чор фасли солро дар як замон бубинед? Ба Тоҷикистон биёед.  Мехоҳед, ки аз сайёраи Замин парвоз накарда, манзараҳои Зуҳалро бо чашмони худ тамошо кунед? Пас, аниқ зарур аст, ки Шумо боре ба Тоҷикистон ташриф оваред.

Сайёҳии дохилӣ дар давраи бемории ҳамагир “доираи наҷот” ва ё “сароб дар биёбон”?
Акс аз интернет.

Тасодуфӣ нест, ки баъзе ёдгориҳои таърихӣ, ба монанди изи динозаврҳо дар мавзеи “Ширкент” ва ё Боғи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013 ба рӯихати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст) чун оҳанрабо сайёҳонро аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ба сӯи худ мекашанд. Инчунин, мутаассифона, дар кишвари мо одамоне кам нестанд, ки дар бораи боигарии бешумори сайёҳии диёри мо ҳеҷ тасаввуроте надоранд.

Барои таҳияи хатсайрҳои сайёҳии серталабгор ман бо ҳамкорони худ ба наздикӣ ба ВМКБ сафаре анҷом додам. Ва ман бо вазъ танҳо аз рӯи шунидаҳо ошно нестам. Афсӯс, мо амалан сайёҳони дохилӣ надорем. Сабабҳо бисёранд: аз набудани аломатҳои роҳу интиқоли бароҳат то таваҷҷӯҳи заиф ба таърихи бузург ва табиати ғайриоддии Ватани мо.

Ҳам реклом кам аст, ҳам имконоти сайёҳони дохилӣ ниҳоят маҳдуд ва ҳам сокинон ба қабули сайёҳони дохилӣ омода нестанд. Инфрасохтор низ ба рушд ниёз дорад. Соҳибони меҳмонхонаҳо сайёҳони дохилиро ба ҳисоб намегиранд ва ҳатто биноҳоро гарм намекунанд. Роҳбаладони маҳаллӣ ва роҳнамоёни таҷрибадор хеле каманд. Донишҷӯёни ихтисосҳои дахлдор низ на танҳо дар бораи таърихи минтақаҳои Тоҷикистон, ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ ва ҷойҳои диданбоби маҳаллӣ  тасаввуроте надоранд, балки мутааасифона, барои омӯзиши онҳо рағбате ҳам зоҳир намекунанд.

Сайёҳии дохилӣ дар давраи бемории ҳамагир “доираи наҷот” ва ё “сароб дар биёбон”?
Акс аз интернет.

Ва дар охир, “қаймоқи болои шир”: хатсайрҳои наву ҷолиб ва дилписанд, ки сайёҳони дохилӣ хостори онҳоянд, ниҳоят каманд. Барои таҳияи онҳо,  пешрафти иттилоотӣ, тарғиботӣ ва таблиғотӣ дастгирии сохторҳои давлатӣ ва сарпарастон зарур аст.  Аммо, алҳол на дастгирӣ ҳасту на фаҳмиш. Умед танҳо ба хатсайрҳои мавҷуда ва хоҳишмандону ихтиёриён аст. Ва ҳам бар он, ки ҳама чиз худ аз худ дуруст мешавад.

Натиҷаҳо-2020: мушкилот ва пешниҳодот

Намояндаи Ассотсиатсияи “Рушди сайёҳии Зарафшон” (АРСЗ) Юсупов Ҷамшед қиссаи худро дар бораи сайёҳии дохилӣ бо рақамҳо рангин мекунад: “Дар мавсими сайёҳии соли  2019 марказҳои иттилоотӣ ва ҳунармандии АРСЗ дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент аз фаъолияти сайёҳӣ 220 ҳазор сомонӣ ва аз фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ 120 ҳазор сомонӣ даромад ба даст оварданд (эзоҳи муаллиф – дар маҷмуъ бо қурби расмӣ наздики 36 ҳазор доллари ИМА).

Дар соли 2020 мо ба маблағи 20 000 сомонӣ (эзоҳи муаллиф – наздики 1800 доллар) аз сайёҳии хориҷӣ даромад гирифтем.  Сайёҳони хориҷӣ набуданд. Ва ҳам аз ҳунармандӣ воридоте надоштем”.

Сайёҳии дохилӣ дар давраи бемории ҳамагир “доираи наҷот” ва ё “сароб дар биёбон”?
Акс аз интернет.

Монеаи асосиро дар рушди сайёҳии дохилӣ Ҷамшед Юсупов ба монанди аксари коршиносони пурсидашуда, дар вазъи мураккаби иқтисодӣ ва даромади пасти қисми асосии аҳолии кишвар мебинад.

 “Дар Тоҷикистон рушд додани сайёҳии дохилӣ хеле мушкил аст. Сатҳи даромади аҳолии мо ба андозаи зарурӣ нест.  Шабгузаронӣ дар меҳмонхона ба ҳисоби миёна 80 сомонӣ аст. Нархи хӯроки пешинӣ ё шом  ба ҳисоби миёна 30-40 сомонӣ. Оё барои ширкатҳо машғул шудан бо сайёҳӣ манфиатнок аст? Худ қазоват кунед. Қариб 60% нархи роҳхат барои бурдан бо нақлиёт сарф мешавад. Аммо ин ҷо боз хароҷоти андоз, маоши кормандон, ҳаққи хизмати роҳбаладҳо ва ғ. ҳам ҳаст.

Албатта, баъзе мушовироне, ки воқеитро намедонанд, маслиҳат медиҳанд, ки нархи роҳхатҳоро баланд кунед. Аҷоиб, лекин чӣ хел ин корро кунем, вақте ки нархи роҳхатҳои  бозори сайёҳии дохилӣ он қадар баланд нест, аммо ин нархҳо “ба кисаи” қисми зиёди аҳолии кишвар дуруст намегиранд.

Сайёҳии дохилӣ дар давраи бемории ҳамагир “доираи наҷот” ва ё “сароб дар биёбон”?
Акс аз интернет.

Дар бобати мушкилоти соҳаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама, набудани тадбирҳои ҳавасмандкунандаи низоми андоз ва ҳуқуқ амалан ҳамаи коршиносон бо як овоз сухан мегӯянд. Коршинос Бахтиёри И., ки номи худро гуфтан нахост, пешниҳод мекунад, ки фавран барои бахши хизматрасонии  СҶА (сайёҳии дар ҷомеаҳо асосёфта) роҳбаладон, ошпазҳо, роҳнамоҳо, соҳибони меҳмонхонаҳо ва ғ. низоми патентӣ ҷорӣ карда шавад.

 “Бояд кор тавре роҳандозӣ шавад, ки намояндагони хизматрасонии СҶА барои се-чор моҳ патент гиранд, зеро мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон маҳз бо ҳамин мӯҳлат маҳдуд мешавад. Барои аксари роҳбаладу ошпазҳо ва меҳмонхонаҳо фаъолият дар сайёҳӣ ин манбаи даромади иловагист, на кори асосӣ. Чӣ гуна соҳиби меҳмонхона дар ноҳияҳои кӯҳистон, ки ӯро барои гирифтани шаҳодатнома маҷбур мекунанд, ҳар моҳ ҳисоботи андоз ва ғ-ро омода мекунад? Ин бефоида ва бори гарон аст. Дар бораи  санҷишҳои андоз, ки вақту қувва, маблағ ва оромии зиёдро мегирад, ҷои гап ҳам нест. Зарур аст, ки фавран ба санҷишҳо мораторияи сесола ҷорӣ карда, барномаи фарогири дастгирии бахши сайёҳиро бо додани қарзҳои имтиёзнок ва фароҳам овардани шароити мусоидтарин оғоз намоем”.

Сайёҳии дохилӣ дар давраи бемории ҳамагир “доираи наҷот” ва ё “сароб дар биёбон”?
Акс аз интернет.

Мизоҷ ҳамеша ҳақ аст?!

Аз вазъи корҳо дар сайёҳии дохилӣ истеъмолкунандагони қаторӣ низ норозиянд. Гардишгари фаъол, сокини Душанбе Аҳлия Норова каме бо тундӣ сухан мегӯяд: “Дар вазъияти имрӯза рушди сайёҳии дохилӣ ҳарзае беш нест. Худ қазоват кунед. Иттилоъ дар бораи мавзеъҳои ҷолиб ва ёдгориҳои Тоҷикистон амалан вуҷуд надорад. Мо бо дӯстонамон ин иттилоъро андак-андак,дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳои гуногун ҷамъ меорем. Аз ёдгориҳое, ки дар наздикии пойтахт ҷойгиранд, мо худамон дидан мекунем.

Сайёҳии дохилӣ дар давраи бемории ҳамагир “доираи наҷот” ва ё “сароб дар биёбон”?
Акс аз интернет.

Харидани роҳхат аз операторони сайёҳӣ гарон ва беманфиат аст. Ва ҳам нофаҳмост, ки барои чӣ пул сарф мекунӣ! Роҳбаладу роҳнамоҳои хуб нестанд, хатсайрҳо – ҳама кайҳо кӯҳнаву маъмуланд, корҳои ташкилӣ бисёр вақт на дар сатҳи баланд аст, аммо нархҳо осмониянд.

Албатта ҳамчун шахсе, ки тиҷоратро сарфаҳм меравад, ман метавонам ширкатҳои сайёҳиро дарк кунам: андозҳо, музди кор, хароҷот ва албатта хоҳиши ба даст овардани фоида. Аммо! Чаро ман бояд ҳамчун истеъмолкунанда барои ҳамаи ин пул сарф кунам? Охир, даромади ман бе ин ҳам зиёд нест.

Бале, ману дӯстонам мехоҳем ба сайри Помир равем, бо чашмони худ гӯшаҳои муъҷизамонанду дастнораси Ватанамонро бубинем. Аммо роҳхатҳои  операторони сайёҳӣ беҳад қиматанду сокинони маҳаллиро сайёҳони хориҷӣ нозпарвард кардаанд. Тобистони имсол мо нақша доштем, ки ба саёҳати Ванҷ равем, мехостем аз фурсати муносиб истифода кунем ва фикр кардем шояд аз набудани сайёҳони хориҷӣ нархҳо каме пасттар фаромадаанд. Аммо ноумед шудем. Барои боло баровардан бо мошини кӯҳнаи давраи шӯравӣ аз мо 3000 сомонӣ пурсиданд (эзоҳи муаллиф – наздики 260-270 доллар).Лекин, охир, ба мо боз лозим буд, ки дар ягон ҷо шабро рӯз кунем, хӯрок хӯрем ва бояд гуфт, ки роҳ аз Душанбе то ҷои баландӣ ва баръакс низ хеле арзиши гарон дорад.

Сайёҳии дохилӣ дар давраи бемории ҳамагир “доираи наҷот” ва ё “сароб дар биёбон”?
Акс аз интернет.

Бо дӯстон маслиҳат карда ба қароре омадем, ки андаке мунтазир мешавем, каме боз пул ҷамъ мекунем… ва чун имкон шуд барои истироҳат ба хориҷа меравем. Бигзор, ки ба ҳамон Туркия ё ба Чин. Ё ин ки аққалан ба Ӯзбекистони ҳамсоя”.

Соли омадаистода ба мо чӣ меорад?

Соли даҳшатноку фоҷиабори 2020 ба охир мерасад, ки на танҳо ваҳшати COVID-19, талафоти инсонҳо, буҳрони шадидтарини иқтисодӣ, болоравии нархҳо ва паст шудани даромади аҳолиро бо худ ҳамроҳ дошт,  балки аз бисёр чашмдошту умедҳо навмедиҳоро низ овард. Ва аз ҷумла умедҳоеро фурӯ пошид, ки бо рушди якбораи гардишгарии дохилӣ марбут буду метавонист агар комилан ҳам набошад, ба таври назаррас набудани сайёҳони хориҷиро ҷуброн кунад.

Ҳамаи моро дар соли ояндаи 2021 чӣ интизор аст – давраи нави буҳрон? Рукуд? Ё ҷаҳиш ба пеш? Болоравӣ? Рушди босуръат?

Вақт нишон медиҳад. Аммо ин чиз равшан аст: бидуни ҷамъоварӣ ва пешниҳоди густардаи ҷомеа ва коршиносони мустақили “бе зинату изофаҳо”, бе кори ҷиддии таҳлилии азаматҳои давлатӣ ва мустақил, бе маркетинги кишварӣ, бидуни истифодаи тамоми дастовардҳои соҳаи ТИК, роҳандозии стратегияҳои мухобиротӣ, риск-менеҷмент ва ҷалби ҷомеа Тоҷикистон ба ҳамаи тавтеаву руйдодҳо омода нахоҳад буд.

Ва дар сурати анҷоми бемории ҳамагир ва авҷи гардишгарӣ кишвари мо метавонад имконоти пешомадаро аз даст бидиҳад ва пешсафиро ба ҳамсояҳо гузашт кунад. Ва ҳамаи “қаймоқ” аз гардишгарони хориҷӣ (ва ҳам мумкин аст, ки дохилӣ) насиби ҳамсояҳоямон мешавад.

Дар сурати шиддатёбии буҳрон комилан имкон дорад, ки тиҷорати сайёҳӣ дар кишвар танҳо рӯи “коғаз” – дар ҳисоботу гузоришҳои рӯҳафзо ва ғолибонаи  шахсони “манфиатдор” боқӣ бимонад

Бешубҳа, на ин гузина ва на дигараш ба манфиатҳои Ватан ҷавобгӯ нест. Дар ин росто, роҳи ягонаи самаранок  барои кишвари мо ин аст – таъсиси муколамаи чаҳорҷонибаи давлатӣ-хусусӣ-ҷомеавӣ-донорҳо дар шакли платформаи доимоамалкунандаи ҳамкориҳо, тавлиди ғояҳои созанда ва таҳияи механизми роҳандозии онҳо.

Михаил Петрушков

Оцените статью:

Сайёҳии дохилӣ дар давраи бемории ҳамагир “доираи наҷот” ва ё “сароб дар биёбон”? Маълумоти нокофӣ, “пораҳои” омор, ки баъзан аз байни рақамҳо баргирифта шудаанд, маълумоти зиддунақиз, натиҷаҳои муоинаву пурсишҳо, ҳисоботу гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ сохтакорона будани иттилоотро дар соҳаи сайёҳии дохилии Тоҷикистон ба намоиш мегузоранд. Пас, нишондодҳои воқеии вазъи соҳаи сайёҳӣ чӣ гуна аст? Андоза ва миқёси мушкил чӣ қадар аст? Пештар Тоҷикистон дар масъалаи рушди сайёҳӣ бо кадом […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *