Сафири Афғонистон: Толибон фардо ба ҳомиёнашон ҳам таҳдид мекунанд

(Гузориши муфассал аз нишасти хабарӣ).

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар рӯзи чоршанбе дар робита ба ҳодисаҳои охир дар Афғонистон, аз ҷумла ҳукумати навтаъсиси “Толибон”, ҳамлаи онҳо ба Панҷшер, тазоҳуроти сокинон, гурезаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон, фирори Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон, таъсиси Шӯрои нави муқовимати миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба вазъи ин кишвар бо  журналистони дохилӣ ва хориҷӣ суҳбат кард.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар чӣ гуфт, журналистон аз ӯ чӣ пурсиданд ва чаро ӯ то ба ҳол худро намояндаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон медонад, дар гузориши зер бихонед.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар аз камтарин сафирони расмии ҳукумати пешини Ашраф Ғанӣ аст, ки то ба ҳол дар Душанбе дар ин симмат фаъолият дорад. Ӯ то ҳанӯз, ҳукумати навтаъсиси “Толибон”- ро (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба расмият намешиносад ва аз онҳо интиқоди тунд мекунад. Парчами расмии Афғонистон ва акси собиқ муовини раисиҷумҳури ин кишвар Амруллоҳ Солеҳ то имрӯз, дар пештоқи сафорати Афғонистон дар Душанбе овезон аст.

Муқовимат ба дигар минтаќањои Афғонистон мекӯчад

Сафири Афғонистон сараввал аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки ҳукумати эълонкардаи “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ)–ро ба расмият нашиносанд, зеро раҳбарони ин ҳукумат террористони сатҳи аввали ҷаҳон ва зиндониёни собиқи Гуантанамо мебошанд.

– Аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо дорам, ки ба ҳеҷ сурат имтиёзе дар қисмати шинохти Толибон қоил нашаванд, – гуфт номбурда.

Баъд аз ин Муҳаммад Зоҳири Ағбар ба суолҳои журналистон посух дод.

Аз ӯ аввал пурсиданд, ки оё тамосе бо Панҷшер дорад ва хабар дорад, ки дар онҷо чӣ мегузарад.

Сафир посух дод, ки дар Панҷшер ҳолати низомӣ аст, касе  Панҷшерро тарк накарадааст, балки дар навоҳии кӯҳии Панҷшер ҷой шуданд.

– Нерӯҳои муқовимат дар мавозеи худ мустақар ҳастанд, феълан ҳеҷ мушкиле дар онҷо вуҷуд надорад ва бовар дорам, ки бо гузашти замон толибон хоҳанд фаҳмид, ки дараи Панҷшер чӣ гуна дара аст ва дар муқобили таҷоҳуми бегона чӣ тур метавонад муқовимат кунад, – изҳор дошт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Ӯ изҳори боварӣ кард, ки танҳо дар Панҷшер ин муқовимат хулоса намешавад ва балки оҳиста-оҳиста ба соири вилоятҳои Афғонистон интиқол пайдо мекунад.

Журналистон: Дишаб Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер хабарнома нашр кард, ки дар Панҷшер Толибон даст ба наслкушӣ мезананд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки фавран ба ин мавзеъгирӣ кунад. То куҷо ин хабарнома ё эъломия воқеият дорад ва оё воқеан ҳарфе аз наслкушӣ дар Панҷшер  ҳаст?

Муҳаммад Зоҳири Ағбар: “Толибон” ба ҳеҷ ҳуқуқи инсонӣ ва байналмилалӣ эҳтиром надоранд. Ин бархўрдашон танҳо дар Панҷшер не, балки дар Дойкундӣ ва Ҳирот ҳамагӣ онро мушоҳида мекунанд. Умедвор ҳастам, ки созмонҳои ҳуқуқи башар, ки назоратгари аслӣ ҳастанд, ин маворидро ба ҷаҳониён инъикос мекунанд.

Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ аз кишвар фирор накарданд

Муҳаммад Зоҳири Ағбар хабарҳо дар мавриди тарки Панҷшер кардани роҳбари ҷабҳаи муқовимат Аҳмади Масъуд ва муовини расисиҷумҳури пешини Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро рад кард ва гуфт, ки онҳо дар дохили Афғонистон ҳастанд. Ӯ дар идома гуфт, агар онҳо фирор кардан мехостанд, дар рӯзи аввал тамоми шароитро доштанд ва фирор мекарданд.

– Ман давомдор бо Амруллоҳи Солеҳ дар иртибот ҳастам. Он кас феълан сарпарастии Афғонистонро дар дохили хоки Афғонистон ба дўш доранд ва дар Панҷшер қарор доранд. Ба далоили амниятӣ раҳбарони муқовимат дар дастрасии омма қарор надоранд. Дар ин авохир душманони Афғонистон ба телефонҳо шароитеро пайдо карданд, ки метавонистанд, ки маҳаллоти роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллиро тасвиб бикунанд, – гуфт Зоҳири Ағбар.

Дипломати афғон бо соддагӣ гирифтани Афғонистонро аз сӯйи толибон хатар ба тамоми дунё хонд ва гуфт, ки агар ҳар гурӯҳи шўришие биёяду ба соддагӣ қудратро бигирад ва ба унвони як ҳукумат пазируфта шавад, ин назми ҷаҳониро барҳам мезанад.

Ӯ бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо намуд, ки ин имтиёзро ба “Толибон” надиҳанд, чунки онҳо ба эҷоди як ҳукумати миллӣ ва ҳаққу ҳуқуқи зан эътиқоду эътимод надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо мехоҳанд, ки тамоми маворидро аз роҳи туфангу зўр ҳал кунанд.

– Агар имрӯз дунё дар робита бо Афғонистон таваҷҷуҳ накунад,  бо он имконоти низомие, ки бо қиммати 85 млрд доллари ИМА дар ихтиёри “Толибон” қарор гирифтааст, дар оянда барои дунё хатари бузурге мешавад, – гуфт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Покистон дар умури Афғонистон дахолат мекунад

Номбурда ба суоли журналистон дар бораи он, ки оё роҳбарияти “Толибон” шахсан бо худи ӯ тамос гирифтанд, пешниҳоде карданд ва агар чунин пешниҳод шавад, чӣ мекунед, посух дод, ки бо “Толибон” вақте дохили суҳбат мешавад, ки онҳо ба қавонини байналмилалӣ, инсонӣ, ҷомеаи башарӣ, ба ҳуқуқҳоии занон ва кӯдакон эҳтиром қоил бошанд.

Мавсуф дар идома дар бораи тазоҳуроти мардуми Афғонистон, махсусан занону духтарон изҳори назар карда, гуфт, ки  тазоҳурот, озодии баён, ба ҷодаҳо баромадану ҳуқуқи худро хостан ҳаққи машруи мардум аст.

Ӯ гуфт, кишвари Покистон дар умури Афғонистон дахолат мекунад ва сафари ахири раиси ISI – Покистон (Хадамоти иктишофии ин кишвар) намунаи ошкори ин дахолат буд.

Бархе роҳбарони “Толибон” ҳатто ду китоб нахондаанд

– Ҷанг дар Афғонистон байни афғонҳо нест. Агар минтақа ва ҷаҳон ба вазъи имрӯзаи Афғонистон мутаваҷҷеҳ нашаванд, ин маризӣ оҳиста – оҳиста ба дигар ҷой сироят мекунанд. Ҳукумати эълонкардаи Толибон  иборат аз чанд муллое аст, ки бархеи онҳо ҳатто ду китоб нахондаанд ва бар хилофи иддаои пешини “Толибон”, ин ҳукумат танҳо аз сафҳои онҳо иборат асту халос. Оё бо ин ҳол онҳо метавонанд, ки чархи ҳукуматро гардон кунанд? Ин дар ҳоле, ки 200-300 ҳазор  чеҳраи нухба ва саршиноси Афғонистон ҳама Афғонистонро тарк карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аввалин роҳбаре буд, ки дар қиболи “Толибон” мавзеаш рўшан аст. Умедворам, ки дигар роҳбарон ҳам чунин бикунанд ва рақобатҳои кишварҳои бузург сабаб нашавад, ки минтақа дар як проблемаи бузурге қарор бигирад,- гуфт ин дипломати афғонӣ.

Сафир Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар мавриди миқдори муайяни гурезагони Афғонистон дар Тоҷикистон посухи рўшан надод ва танҳо гуфт, ки Тоҷикистон хонаи дуввуми афғонҳо аст ва теъдоди онҳо зиёду кам мешавад.

Таъсиси Шӯрои бузурги муқовиматии миллии Афғонистон

Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, ба наздикӣ раҳбарони сиёсии Афғонистон, аз ҷумла маршал Дустум, гирди ҳам меоянд ва як Шӯрои бузурге барои ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовиматии миллии Афғонистон ташкил мекунанд.

– Ҳоло зарур аст, ки мо ин маркази муқовимати худро вусъат бахшем. Зарур аст, ки чеҳраҳои бонуфуз ва матраҳи Афғонистонро зери номи як шӯро ҷамъ оварем, то маркази  муқовимати Афғонистон дар саросари ин кишвар ба кори худ оғоз кунад. Мусалламан маркази муқовимати Афғонистон Панҷшер мешавад, – гуфт ӯ.

Ӯ гуфт, ки дар ҷабҳаи муқовимат на танҳо тоҷикон, балки паштунҳо, ӯзбакон, ҳазораҳо низ меҷанганд. Ин муборизаи тамоми халқиятҳои Афғонистон аст.

“Аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят мекунам”

– Журналистон: Ҳоло Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар пайи таъсиси як низоми худ аст. Агар он таъсис шавад, шумо ба ҳайси сафир бо онҳо итоат мекунед?

– Ман намояндаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон мебошам ва аз Ҷабҳаи Панҷшер ва муқовимат ҳимоят мекунам. Ин ҷабҳа марбут ба мардуми Афғонистон ва озодихоҳони ин кишвар аст. Ҳар инсони солимфикре, ки ба ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил бошад, дар паҳлуи террористон қарор намегирад.

Ағбар таъид кард, ки Толибон мақбараи Аҳмадшоҳи Масъудро тахриб карданд ва ӯ инро аз тарси онҳо маънидод кард.

– Панҷшер ба осонӣ суқут намекунад, балки ҳазорҳо ҷавони афғон омодаанд, ки дар Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон раванд ва дифоъ аз ин кишвар ва ақоиди худ кунанд.- гуфт Зоҳири Ағбар.

Сафири Афғонистон гуфт, ки бо роҳбарияти телевизиони “Тулуъ”, ки дар Тоҷикистон аст, дар тамос мебошад ва интизор меравад, ки нашароти ин телевизион дар баъзе кишварҳо аз сар шуруъ шавад.

-Чеҳраҳое, ки имрӯз Афғонистонро таҳдид мекунанд, мутмаин бошед, ки ҳомиёнашонро ҳам фардо таҳдид мекунанд. Агар онҳо ҳар чи қадар пул масраф кунанд ва хости мардуми Афғонистонро бо худ надошта бошанд, ба натиҷа намерасанд.

Аз эътирофи шикасти Афғонистон тавассути Ашраф Ғанӣ то кандани аксаш дар сафорат

Аз ин пештар Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар пайи фирори президенти пешини ин кишвар дар пештоқи сафорат акси Ашраф Ғаниро канда, ба ҷойи он акси Амруллоҳ Солеҳро насб карда буд, ки ба гуфтаи ў, бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон аст, зеро ў муовини аввали раисҷумҳур мебошад.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар он замон зимни як нишасти хабарӣ фирори Ашраф Ғаниро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “ӯ 169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”.

Ӯ ҳамчунин, дар яке аз мусоҳибаҳои дигари худ гуфта буд, ки давлатеро дар Афғонистон ба расмият хоҳад шинохт ва аз ӯ итоат хоҳад кард, ки файсалаҳои ҷомеаи ҷаҳониро бипазирад ва ин ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро ба расмият бишносад ва билохира ҳузури тамоми мардуми Афғонистон дар он таъмин шавад.

Вай иддао карда буд, ки Афғонистон тавассути оғои Ашраф Ғанӣ таслим дода шуд. Ва инро мардуми Афғонистон аз гузаштаҳо дарк карда буданду медонанд.

– Агар толибон ба ин фикр бошанд, ки бо зӯри шаллоқ, бо фишор, бо ҳамла ба сари хонаи мардуму бо ғасби хонаи мардум, бо ҳазфи ҳувияти як мардум кореро карда метавонанд, пас мо дубора дар сангарҳои набард дар баробари “Толибон”, ҳатто агар қаламрави каме ҳам дар ихтиёр дошта бошем, ба муборизаи худ идома медиҳем, -гуфта буд дар ин мусоҳиба Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Таҳияи Мазҳаб Ҷумъа

Оцените статью:

Сафири Афғонистон: Толибон фардо ба ҳомиёнашон ҳам таҳдид мекунанд (Гузориши муфассал аз нишасти хабарӣ). Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар рӯзи чоршанбе дар робита ба ҳодисаҳои охир дар Афғонистон, аз ҷумла ҳукумати навтаъсиси “Толибон”, ҳамлаи онҳо ба Панҷшер, тазоҳуроти сокинон, гурезаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон, фирори Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон, таъсиси Шӯрои нави муқовимати миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба вазъи […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *