«Садои қу» танҳо оғози парвоз аст

Чӣ тавр театри Конибодом ба пешбари гуфтугўи фарҳангҳо дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад

Дар Театри ба номи Туҳфа Фозиловаи Конибодом 27 март нахустнамоиши спектакли «Садои қу» («Лебединая песня») баргузор гардид. Идомаи он санаи 16 апрел дар Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба намоиш гузошта шуд, қабл аз ин, рўзи 12 апрел, онро дар ҷашнвораи Open Central Asia International Festival ба маъраз гузоштанд, ки дар Лондон баргузор шуд.

Коркарди шоҳкоронаи этюди маъруфи Антон Чехов, ки пораҳо аз асарҳои Шекспир, Грибоедов, Пушкинро дар бар гирифтааст, маҳсули заҳмати коргардон Овлияқули Хоҷақулӣ мебошад. Намоиш на танҳо бинандагони интернетиро дар Лондон, балки дар Конибодом ва Душанбе низ мутаассир сохтааст.

Дар нахустнамоиши спектакли «Садои қу» дар Театри Конибодом дар толор ҷойи холӣ набуд. Миёни бинандагон ҳаводорони ҳунари театрӣ, арбобони шинохтаи ҷамъият ва давлат бо сарварии муовини раиси шаҳр Зарина Ғафурзода, мудири шуъбаи шаҳрии маориф Бурҳон Ҷабборӣ ва бисёр нафарони дигар ҳузур доштанд. Онҳо коргардон-таҳиягар Овлияқули Хоҷақулиро, ки ҳангоми намоиш дар тамоси доимӣ бо Конибодом буд, гарм истиқбол гирифтанд. Дар толор муҳити идона ҳукмфармо буд, эҳсос мешуд, ки мардум театрро пазмон шудаанд. Театреро, ки деворҳои куҳанаш таърихи шебу фарозҳоро дар хотир доранд.

Сайри шебу фарозҳои таърих

Таърихи Театри Конибодом аз сафари ҳунарии шоир ва драматурги барҷастаи ўзбек Ҳамза Ҳакимзода ва ҳаммаслакони ў ба шаҳри Конибодом соли 1922 оғоз ёфта буд. Дар ташкили он асосгузори синамои тоҷик Комил Ёрматови шуҳратёр саҳмгузор буд, ки ҳамон сол ибтикори ташкили маҳфили ҳунарро дар Конибодом гузошт. Он замон ба бинандагон спектакли нахустини ў муаррифӣ шуд, ки дар он нақши занро мард – Султон Саидмуродов аз Исфара иҷро кард. Бояд гуфт, актёр ба ҳеҷ ваҷҳ ба иҷрои нақши занона ризо набуд, вале дертар истеъдоди чеҳраофарии худро дарк намуд, баъдан драматургу коргардон шуд.

«Садои қу» танҳо оғози парвоз аст
Комил Ёрматович Ёрматов. Акс аз kinopoisk.ru

Комил Ёрматович Ёрматов – ҳунарпешаи шӯравӣ, тоҷик ва ӯзбек, филмсоз ва намоишноманавис. 2 майи соли 1903 ба дунё омадааст. Аввалин филмсози ҳирфаии тоҷик, ҳунарпешаи синамо, намоишноманавис, бунёдгузори студияҳои синамои Душанбе ва Тошканд. Донандаи забонҳои тоҷикӣ (форсӣ), русӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва озарбойҷонӣ. Ходими хизматнишондодаи санъати Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаи Сталин, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза. Ҳамчунин бо се ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳо, Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, дипломҳои фестивалҳои умумишӯравӣ ва байналмилалии синамо қадрдонӣ шудааст.

Сипас, соли 1929, маҳфили ҳунар ба ду гурўҳи мустақил: драмавӣ ва консертӣ тақсим шуд. Аммо ду сол баъд аз сабаби норасоии кадрҳои касбӣ гурўҳҳо боз ба ҳам пайвастанд. Ниҳоят, соли 1932 дар ҳаёти сокинони Канд (Конибодом) воқеаи таърихӣ рўй дод: моҳи август Театри мусиқии драмавии «Артистони сурх» таъсис ёфт, ки соли 1937 ба бинои имрўза маскун гашт. Ба ин тариқ, заминаи Театри давлатии мусиқии драмавии ба номи Туҳфа Фозилова гузошта шуд. Театр бо ҳунармандони ҳирфавӣ, устодони ҳунарҳои саҳнавӣ ва мусиқӣ ҳамкориҳо доштааст. Номҳои устоди рақс Донӣ Ҳусейнов, Ҳоҷӣ Умар Қосимов, Болтабой Неъматов ва Абдуҷаббор Қаҳҳоров ҳамчун роҳбари бадеӣ дар таърихи рушди театр барои абад боқӣ мемонанд.

Ҷамъулҷамъ аз замони пайдоиши худ театр беш аз 120 намоишнома ба саҳна гузоштааст, ки даҳҳо ҳазор бинандагон дар худи Конибодом ва берун аз он тамошо кардаанд. Театри мазкурро бе номҳои ҳунармандони боистеъдод монанди Шаҳрӣ Каримова, Соҷида Ашўрова, Қумрӣ Дўстмуродова, Башорат Тоҷибоева, Тоҳир Тоҷибоев, Латофат Орифова, Кимсан Маҳкамов, Туҳфа Фозилова, Мирбобо Аҳмадов тасаввур кардан номумкин аст.

Ба ҷуз аз парвозу фарозҳо нишебҳо низ дар таърихи театр буданд, ки дар фаъолияти он пайи амиқ гузоштаанд. Аз сабаби вазъи мушкили иқтисодӣ дар солҳои ҶБВ (1941-45) ва харобиҳои пасазҷангӣ, ҳукуматдорон соли 1956 қарор доданд, ки театр «аз сабаби иҷро нашудани нақшаи молиявӣ ва набудани кадрҳои эҷодӣ» ҳамроҳ бо Театри Ленинобод баста шавад.

Эҳё

Театр соли 1969 эҳё шуд. Ҳукумат бо ин мақсад ба Конибодом арбобони шоистаи ҳунарро аз қабили Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Туҳфа Фозилова, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Султон Саидмуродов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Латофат Орифова равон кард. Дастгирии ниҳодӣ дар ҳама самтҳо фароҳам шуд, аз ҷумла дар назди Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебо барои ниёзҳои соҳавии театри Конибодом студияи таълимӣ таъсис дода шуд.

«Садои қу» танҳо оғози парвоз аст
Туҳфа Фозилова

Туҳфа Фозиловна Фозилова – сарояндаи операи шӯравӣ ва тоҷик (сопранои лирикӣ), ҳунарпеша.  25 апрели соли 1917 дар шаҳри Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушодааст Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистони, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ. Инчунин бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени “Нишони фахрӣ”, ордени Инқилоби Октябр, медалҳо Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон сазовор гардидааст. Туҳфа Фозилова модари Ҳунарпешаи Шоистаи Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарпешаи синамо ва филмсоз Марат Орифов аст. Ҳафтаи сипаришуда агар марг ин ҳунармандро аз миёни мо намебурд, 104 сола мешуд.

Ба ҷуз лоиҳаҳои болотар зикршудаи шодравон Комил Ёрматов, театр солҳои 1989-1990 бо Театри ба номи Аброр Ҳидоятови шаҳри Тошканд ва дар солҳои истиқлолият бо нобиғаи театр Овлияқули Хоҷақулӣ ҳамкориҳои зич барпо намуд. Дар Конибодом оҳангсози номвари ўзбек Баҳодур Юлдошев намоишномаи «Дарди Фармонбибӣ»-ро дар асоси асарҳои С. Аҳмад ба ду забон рўи саҳна гузошт: актёрони даъватшуда ба забони ўзбекӣ ҳарф мезаданд, ҳунармандони маҳаллӣ – ба забони тоҷикӣ. Ва тавре Ғайрат Қодирӣ, директори имрўзаи театр, мегўяд, одамон оила-оила барои тамошои спектаклҳо меомаданд, билетҳо дар соатҳои эълоншавӣ фурўхта мешуданд.

Ҳамзамон «Арўси қалбакӣ»-и М. Шамхалов, «Марги судхўр»-и С. Айнӣ ва спектаклҳои дигар бомуваффақият намоиш дода мешуданд. Театр намунаи гуфтугўи ду фарҳангро ба вуҷуд овард, ки ба ҳам печида будани онҳоро инкор кардан душвор аст.

Ҳамкориҳо бо мутахассисони соҳибкасби хориҷӣ алъон низ идома доранд, ки ба саҳна гузоштани «Садои қу» (с.2021) далели ин аст. Ин лоиҳаи чоруми муштарак бо коргардон Овлияқули Хоҷақулӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои хеле муҳими муносибати истеъмолгаронаи мардум ба эҷодкорон ҳамчун сарчашмаи ғизои маънавӣ, муносибатҳои марду зан дар саҳна ва берун аз он, масъалаҳои мураккаби ишқ ва марг ва ғайра мавриди ҳаллу фасл қарор мегиранд.

«Садои қу» танҳо оғози парвоз аст
Овлияқули Хоҷақулӣ

Овлияқули Довлетмуродович Хоҷақулиев (29 августи соли 1959, вилояти Чорҷӯй, ҶШС Туркманистон) – басаҳнагузоранда ва ҳунарпешаи шӯравӣ ва туркман. Донишкадаи театрии Тошкентро хатм кардааст. Дар театрҳои Туркманистон, Украина, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия ва Ӯзбекистон кор кардааст. Дар шаҳри Тошканд зиндагӣ мекунад. Зиёда аз 50 намоишномаҳоро аз рӯи осори У.Шекспир, О. Уалд, К.Абе, Т. Манн, Еврипид, Г.Лорка, Тикаматсу, А.Навоӣ, Ф.Аттор, Софокл, Г.Э.Лессинг ба саҳна гузоштааст.  Мукофоту ҷоизаҳои сершуморро дар фестивалҳои театрии Лаҳистон, Олмон, Финландия, Италия, Фаронса, Туркия ба даст овардааст. Ходими хизматнишондодаи санъати Туркманистон.

Дар ин матлаб мо дар бораи лоиҳаҳои эҷодӣ ва сабки коргардони барҷастаи театр Овлияқули Хоҷақулӣ мулоҳизаронӣ намекунем, зеро ин мавзўест барои як матлаби алоҳида. Ҳадафи мо зимни ин мавод арзи андешаҳо доир ба аҳамияти як муассисаи фарҳангӣ, яъне Театри Конибодом, дар рушд ва ҳифзи санъати театри кишвар мебошад.

Дар олам якчанд маркази театрӣ вуҷуд дорад ва шаҳрҳоеро, ки ин марказҳо дар онҳо ҷойгиранд, метавон ба осонӣ тариқи Гугл пайдо кард: Ла Скала, Гранд Опера, Операи Вена, Ковент-Гарден, Метрополитен Опера, Театри калон (Большой театр) ва ғ. Ин номҳо дили ҳар нафареро, ки лоақал андак алоқамандӣ ба театр дорад, ба зуд тапидан водор месозанд. Ва мавҷудияту комёбиҳои театри музофотие, ки на танҳо хеле дур аз марказҳои театрии дунё, балки ҳатто аз марказҳои кишвари худ дар канор ҷойгир аст, худ аз худ тааҷҷубовар аст. Театри Конибодом маҳз ҳамин гуна аст. Он андаке барвақттар аз Театри ба номи Камоли Хуҷандии шахри Хуҷанд таъсис ёфтааст – ба шарофати ашхосе, ки зодаи Конибодом буданд. Онҳо санъатҳои мусиқӣ, рақсӣ, сарояндагӣ ва саҳнавиро ватандўстона ҳифз намуда, рушд медоданд. Номҳои Комил Ёрматов, Туҳфа Фозилова, Султон Саидмуродов, Латофат Орифова ва шахсиятҳои имрўза Ғайрат Қодирӣ, Муҳиддин Музаффар, Фарҳод Ғаффорпур ва устоди онҳо Юнусалӣ Эргашев бояд бо ҳарфҳои тиллоӣ ба китоби таърихи ҳунари театрии минтақаи ҷудогона ва дар маҷмўъ фарҳанги кишвар ҳаккокӣ шаванд.

Намоишҳои онлайнӣ – посух ба чолишҳои нав

Театри Конибодом аз лиҳози татбиқи бебоконаи усулҳои замонавӣ дар намоишномаҳои худ аз саромадҳо аст: ҳамаи тамринҳо бо коргардони таҳиягар Овлияқули Хоҷақулӣ бархат, яъне онлайн доир мешуданд.

«Садои қу» танҳо оғози парвоз аст
Акс аз www.facebook.com/teatri.kand

Театр ба масъалаҳои солимии ҳунармандону бинандагон хеле ҷиддӣ муносибат кард ва вазъи фавқулодаро дар замони пандемия ба эътибор гирифта, намоишҳои худро тариқи интернет манзур кард. Нахустнамоиши спектакли «Бозичаҳо» 26 сентябри соли 2020, дар замони пандемия, онлайн намоиш дода шуд. Ғайрат Қодирӣ гуфт, ки аз шабакаи онҳо, ки ба масъалаи муносибатҳои волидон ва кўдакон бахшида шудааст, беш аз 3000 бор дидан шудааст.

«Садои қу» танҳо оғози парвоз аст
Фарҳод Ғаффорпур

Фарҳод Ғаффорпур (Тӯхташев) – ҳунарпешаи театр ва синамо, басаҳнагузоранда, намоишноманавис, виростор ва тадвингар. 2 январи соли 1968 дар Конибодом таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода бо ихтисоси ҳунарпешаи театр ва синамо мебошад. Дар театр ва синамо зиёда аз бист нақшро иҷро кардааст.

Маъмурияти театр низ ба масъалаи тарбияи ҷавонон ҷиддӣ муносибат мекунад, аз ин рў фаъолияти бисёрсатҳӣ оид ба дастгирии кўдаконе ба роҳ монда шудааст, ки волидони дар муҳоҷиратбудаи худро солиёни дароз намебинанд. Ҳамин тавр, бо ҳадафи нигоҳ доштани бинанда дар замони пандемия, онлайн-чорабиниҳо барои кўдакон гузаронда шуданд, ки ба дарки олами ботинии онҳо мусоидат мекунанд. Матнҳо қариб омодаанд, танҳо ҳамроҳ намоиши муштараке дар бораи кўдакон ва барои кўдакон ба саҳна гузоштан мондааст.

Имрўз роҳбарияти театр аз ҷалбнамоии зарфиятҳову захираҳои беруна ба манфиати театр моҳирона истифода мебарад. Бешубҳа, имрўз театр зоҳиран зеботар аз соли 2017, замоне ки ман ҳамчун намояндаи донор аз он дидан карда будам, ба назар мерасад. Аммо ба театр аз ду сар барои таъмири тамоми бино, табдил додани он ба макони дўстдоштаи фарҳангии сокинон ва меҳмонони шаҳр маблағ лозим аст.

Шодиовар аст, ки роҳбарияти шаҳр аҳамияти доштани театр ҳамчун як маркази фарҳангӣ-маърифатиро дарк мекунад. Аммо санъат ҳамеша ба дастгирӣ ниёз дошт. Албатта, мардум бештар фикри нонро ба сар доранд, ғизои маънавӣ дар навбати дуюм аст. Аммо вазифаи давлат дар симои ҳукуматдорони маҳаллӣ ҳифз намудани таърих ва дастгирии театрҳо, хоса Театри Конибодом мебошад, ки саҳми он ба рушди ҳунари театрии тоҷик ҳанўз то охир дарк нашудааст, аммо аллакай баҳои баланд гирифтааст.

Лолисанам Улуғова, таҳқиқгари мустақил

Оцените статью:

«Садои қу» танҳо оғози парвоз аст Чӣ тавр театри Конибодом ба пешбари гуфтугўи фарҳангҳо дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад Дар Театри ба номи Туҳфа Фозиловаи Конибодом 27 март нахустнамоиши спектакли «Садои қу» («Лебединая песня») баргузор гардид. Идомаи он санаи 16 апрел дар Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба намоиш гузошта шуд, қабл аз ин, рўзи 12 апрел, онро дар ҷашнвораи […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *