Русиягиҳо ва муҳоҷирон: муносибат чӣ хел аст?

Хайрхоҳии русиягиҳо нисбати муҳоҷирон ба дараҷаи рекордӣ расидааст, қайд мекунанд сотсиологҳо. Лекин, баробари ин шаҳрвандони Русия бештар аз ҳарвақта ба «махсус» будани худ боварӣ доранд, мегўянд дар «Левада-Сентр». Акнун, ба ақидаи коршиносон, русиягиҳо бештар «фашистҳои Украина»-ро бад мебинанд.

Мувофиқи натиҷаҳои назарпурсии «Левада-Сентр» шумораи рекордии русиягиҳо нисбати муҳоҷирони ғайриқонунӣ муносибати хайрхоҳона доштаанд ва аз панҷ нафар ду нафари (41%) онҳое, ки моҳи август аз тарафи сотсиологҳо пурсида шудаанд, изҳор намудаанд, ки муҳоҷирони ғайриқонунии аз кишварҳои хориҷии наздик омадаро қонунӣ кардан, дар ёфтани кор ва ассимилятсия шудани онҳо дар Русия кўмак расондан лозим. Чунин дараҷаи хайрхоҳӣ бесобиқа аст – соли гузашта ин варианти ҷавобро ду баробар камтари (19%) пурсидашудагон интихоб карда буданд ва аз соли 2006 то ба ин ҷониб ин нишондод байни 15-35% мекалавид, хабар додааст «РБК».

Тақрибан ҳамин қадар одамон (46%) ба саволи сотсиологҳо дар бораи он ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ чӣ кор кардан лозим аст, ҷавоб дода гуфтаанд, ки онҳоро аз Русия рондан лозим аст – лекин барои ин варианти ҷавоб ин нишондиҳандаи пасти рекордӣ мебошад. Шурўъ аз соли 2006 дар бораи депортатсия на камтар аз 50 фоизи пурсидашудагон гап мезаданд. Як сол пеш ҷонибдорони чораҳои пулисӣ 21% зиёд буданд (61%) ва соли 2019 бошад, Левада-сентр нишондоди рекордии 73%-ро ба қайд гирифта буд, яъне ҳамин қадари пурсидашудагон депортатсияи ғайриқонуниро зарур медонистанд.

Сотсиологҳо маълумотҳои охиринро бо нишондиҳандаҳои соли 2019 муқоиса мекунанд. Ҳамон сол онҳо дараҷаи баланди шиддатнокии баланди байниқавмӣ ва байнидиниро ба қайд гирифта буданд. Ғайри ин вазъият баъди ҳодисаҳои Украина, ки соли 2014 ба вуҷуд омада буд, тамоман тағйир ёфтааст. Ҳамчунин ҳиссаи онҳое, ки ба ҷонибдории маҳдуд кардани мўҳлати иқомат барои қавмҳои гуногун дар Русия изҳори андеша намудаанд, кам шудааст. Ҳар чорумин русиягӣ (25%) бар он ақида аст, ки ягон хел маҳдудият ҷорӣ кардан лозим нест. Бори охирин чунин рақамро сотсиологҳо нўҳ сол пеш ба қайд гирифта буданд ва ҳар даҳумин пурсидашуда зидди маҳдудият буд. Дар муқоиса бо соли 2013 ҳиссаи пурсидашудагон, ки ба фикри онҳо ҳукумати Русия бояд миқдори муҳоҷиронро маҳдуд намояд, 10% (аз 78% то 68%) кам шудааст. Аз соли 2006 шумораи русиягиҳое, ки мехоҳанд мўҳлати иқомат дар Русия барои зодагони Қафқоз маҳдуд карда шавад, хеле коҳиш ёфтааст. Аз ин чора сеяки пурсидашудагон (29%) ҷонибдорӣ мекунанд, ҳол он ки соли гузашта ба ҷонибдории маҳдудият 38% ва соли 2019 зиёда аз нисфи пурсидашудагон (54%) изҳори андеша карда буданд.

Аз соли гузашта байни русиягиҳо ба он боварӣ боқӣ мондааст, ки айни замон дар Русия задухўрдҳои хунин дар заминаи қавмӣ мумкин нест. 65 фоизи одамони аз тарафи сотсиологҳо пурсидашуда чунин меҳисобанд. Ин нишондиҳанда аз маълумоти соли 2018 зиёда аз ду баробар баланд аст. Ҳамон вақт эҳтимоли задухўрдҳои байниқавмиро танҳо 29 фоизи пурсидашудагон номумкин дониста буданд.

Тағйир ёфтани рўҳияи русиягиҳо натиҷаи аз байн рафтани масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон аз васоити ахбори оммавӣ мебошад- набудани ҳодисаҳои пурсару садо дар заминаи қавмӣ, кам шудани шумораи барномаҳои телевизионӣ, ки муҳоҷиронро аз ҷиҳати манфӣ нишон медиҳанд, дар маҷмўъ кам шудани таваҷҷўҳи ВАО ба ин мавзўъ таъсири худро гузоштаанд, навиштааст сотсиологи «Левада-Сентр» Карина Пания дар шарҳи назарпурсӣ.

Ғайри ин, қайд намудааст ў, қисман иваз шудани объекти бадбинӣ (нисбати «зодагони ҷумҳуриҳои ҷанубӣ») ба категорияҳои нав –«фашистҳо» ва «хатари амрикоӣ» дар Украинаи Шарқӣ нақши худро бозидааст.

Маълумотҳои назарпурсӣ нишон медиҳанд, ки русиягиҳо дар маҷмўъ нисбати намояндагони қавмҳои дигар бефарқ шудаанд, гуфт бо «РКБ» роҳбари маркази «Сова», узви Шўрои раисҷумҳур дар масоили ҳуқуқи инсон Александр Верховский. «Ва ин нишондиҳанда хуб аст, зеро эҳсосот ҳарчи қадар кам бошад, сар ҳамон қадар хубтар кор мекунад. Танҳо гап дар сари он ки ин дараҷаи бефарқӣ то чӣ андоза пойдор хоҳад буд»,- муҳокимаронӣ мекунад коршинос.

Ба фикри роҳбари Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ҷамъиятии фарҳангӣ-маърифатии «Собрание» Муҳаммад Салоҳиддинов муносибат ба муҳоҷирон боз барои он беҳтар гардидааст, ки худи муҳоҷирон камтар шудаанд.

«Вақтҳои пеш Русия аз муҳоҷирон пур шуда буд ва махсусан дар пойтахт онро бе кўмаки ВАО ҳам возеҳу равшан дидан мумкин буд. На ба ҳамаи муҳоҷирон ҷойи корӣ мерасид, бисёриҳо аз ноилоҷӣ маҷбур буданд ба корҳои ношоям даст зананд. Аз ҳад зиёд будани аҳолӣ ҳама вақт таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло миқдори муҳоҷирон танзим шудааст, онҳое ки бештар мутобиқ шудаанд, ба онҳо талабот ҳаст ва ихтисос доранд, боқӣ мондаанд. Ва онҳое, ки камтар мутобиқ шуда буданд – онҳое, ки аз бекорӣ саланг-саланг мегаштанд ва ихтисос надоштанд, депортатсия шуданд. Ин ба вазъияти криминогенӣ ҳам таъсир мерасонад: шумораи бекорхўҷаҳо, онҳое, ки ба Русия таваккал карда омадаанд, ҳарчи қадар камтар бошад, ҷиноят ҳам ҳамон қадар камтар мешавад. Нисбатан комёбҳо мавқеи худро мустаҳкам кардаанд, акнун муҳоҷирон мутобиқ шудаанд, онҳо ҷойи кор, шиносҳо доранд, онҳо ба зиндагӣ дар Русия бештар мувофиқ шудаанд, ба ин ҷой бо мақсади муайян омадаанд, ҳуҷҷатҳои бисёр гирифтаанд, мефаҳманд, ки ба куҷо ва барои чӣ мераванд, мефаҳманд, ки дар кўчаҳо саланг-саланг гаштан илоҷи кор нест», – изҳор намуд коршинос ба хабарнигории «Ислом Нюс».

Ба қавли ў бўҳрони Украина ҳам, бидуни шубҳа, ба дур шудани таваҷҷўҳи аҳолӣ аз муҳоҷирони қафқозӣ мусоидат кардааст. «То ҳодисаҳои Украина дар кишвари мо асосан дар бораи намояндагони Осиёи Миёна ва қафқозиҳо муболиға мекарданд, ки ин ҳоло камтар ба мушоҳида мерасад. Ба халқ ҳама вақт тавассути ВАО ёдрас мекунанд, ки киро ва кай бад дидан дурусттар аст. Ҳоло шабакаҳои телевизионии мо асосан ҳодисаҳои Украина ва Қримро инъикос мекунанд ва аз хатари Ғарбу ИМА дар ташвишанд, Қафқозро фаромўш кардаанд», -розӣ аст ба ақидаи сотсиологҳо ҳамсўҳбати хабаргузорӣ.

Лекин суоле ба миён меояд: оё мувозинати кунунӣ муваққатӣ нест? Зеро баробари сахттар шудани бўҳрон ва зиёд шудани бекорӣ байни аҳолии маҳаллӣ охириҳо фикр карданашон мумкин аст, ки муҳоҷирон ҷойҳои кории онҳоро гирифтаанд. Маълум, ки одами аз кори офис маъзулшуда кўча намерўбад ва ё дар фурўшгоҳҳо ба харидорон хизмат намерасонад, вале барои шикоят аз муҳоҷирон имконият пайдо мешавад.

«Норозигӣ ва шикоят ҳама вақт ҳаст, вале гап сари он ки вай дар кадом дараҷа аст. Рўҳияи воҳима дар ҷомеаи Русия кайҳо боз мушоҳида мешавад, вай солҳои 90-ум ба вуҷуд омадаасту то ҳол ба охир нарасидааст. Вале Русия кишвари хеле сарватманд мебошад. Масъалаи дигар он аст, ки ба рушди комили кишвар падидаҳои коррупсионӣ халал мерасонанд ва Ғарб ҳам кайҳо ба сарвати мо чашм ало кардааст. Вале дар маҷмўъ бўҳрон асосан проблемаи бекорхўҷаҳо мебошад ва одамони заҳматдўсту коргар бе як бурда нон намемонанд», – хулоса кардаст коршинос.

Холиқи Мухаммадназар

Оцените статью:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *