Профессор Абдураҳимов: Сарез «аждаҳои хуфта» нест

18 феврал (мувофиқи тақвими нав 3 март)-и соли 1911, яъне расо 110 сол пеш, дар оқибати заминларза кўҳ фурў рехт. Сангу хок маҷрои дарёи Мурғобро гирифта, сабаби пайдоиши кўли Сарез гардид. Ба ақидаи бархе олимон, кўл барои нуқтаҳои аҳолинишини поёноби дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Амударё хатарсоз аст, зеро дар сурати канда шудани сарбанд маҷрои азими об то худи баҳри Арал расида метавонад. Аммо олимони дигар ин ҳаросҳоро бепоя мехонанд.

Nuqta.tj қасд кард бо доктори улуми геология ва минералогия, профессори Донишгоҳи Хуҷанд Садриддин Абдураҳимов вохўрда, ба ў чанд суол доир ба бехатарӣ ва ҳолати ҷории Сарез диҳад.

– Сарез яке аз кўлҳои калонтарини минтақа аст. Баъзе олимон онро «аждаҳои хуфта» меноманд, ки «бедор» шуда, кори мудҳишашро анҷом дода метавонад. То куҷо ин изтиробу ҳаросҳо асос доранд?

Ташаккулёбии ногаҳонӣ ва камназири Сарез таваҷҷуҳи маро ҳамчун як олими геолог кайҳо боз сўйи худ кашидааст. Ба хотири муайян кардани асоснокии ин ҳаросҳо қарор додем моҳи августи соли 2009 бо ҳамроҳии Ҳасан Соқиматович – хатмкардаи факултаи улуми табиии Донишгоҳи Хуҷанд экспедитсия ташкил кунем.

Ҳанўз соли 1974, замони таҳсилам дар аспирантура дар шаҳри Маскав, аз устодон, ки олимони шинохта буданд, шунида будам, ки дар ташаккулёбии кўли Сарез равандҳои зерини геодинамикӣ саҳм доштаанд:

а) бодхўрдагии бошиддат, халал ёфтани бутунии ҷинсҳои кўҳӣ, ки доманакўҳҳо аз онҳо иборатанд;

б) тар шудани доманаҳо аз таъсири обҳои сатҳӣ;

в) чархиши обҳои зеризаминӣ, ки то андозае ба ноустувории анбўҳҳои минералӣ мусоидат мекунад;

г) дараро шустани дарё ва дар ниҳоят, ҷамъшавии тадриҷии неруи дохилӣ ва ба вуҷуд омадани шиддатнокии ҷиддӣ дар умқ.

Заминларзаҳои 18 феврали соли 1911 таконе барои фурўрезии азими ҷинсҳои кўҳӣ шуданд, ки дараи дарёи Мурѓобро баст. Ин гуна заминларзаҳо дар 100 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 550 бор рух додаанд, ки 6 адади онҳо фалокатовар буд: заминларзаҳои Қаратоғ(с.1907), Сарез (1911), Ҳоит (1949), Исфара (1966), Қайроққум (1985), Ҳисор (1989). Дар пайи заминларзаи Сарез бо шиддати 9 бал, ки 18 феврали соли 1911 рух дод, сангрезии бузург ба амал омад, ки дар оқибати он зери ҷинсҳои кўҳӣ деҳаи Усой бо 32 хона монд ва яке аз сарбандҳои табиии калонтарин – садди Усой ба вуҷуд омад.

Дар мавриди суоли шумо гуфтан мебояд, ки дар пайи таҳқиқотҳои сершумор муайян гардид, ки хавфи кандашавии садди Усой алъон вуҷуд надорад. 30 ноябри соли 2020 сейсмологи маъруф, академик Собит Неъматуллоев дар ҷамъбасти сол дар Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи улуми табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятии назди АИ Тоҷикистон суханронӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар Интернет хабаре пайдо шуд, гўё кадом як гурўҳи ҷангӣ ният дорад сарбанди Сарезро тарконад ва сўйи кўл савори ду мошини пур аз захираҳои азими маводи тарканда равон аст. Академик идома дод: «То худи Сарез роҳи автомобилгард вуҷуд надорад, барои то он расидан зиёда аз 20 км роҳро тариқи пайраҳаи кўҳӣ пиёда тай кардан лозим меояд. Ин корро бо харҳои ба пушташон маводи таркандаи зиёд бор анҷом додан тамоман ғайриимкон аст, чунки пайраҳа фурў мерезад. Маводи таркандаро дар сарбанд, ки 500 метр дарозӣ дорад, гузоштан аз ин ҳам душвортар аст. Ғайр аз ин, ҳавз зери назорати доимӣ қарор дорад». Аз ин рў, аз бехатарӣ ва ҳифзи Сарез метавон хотирҷамъ буд.

–  Ба ақидаи бархе олимон, барои бехатар кардани кўл оби онро аз 505 метр то сатҳи 100-150 метр поин овардан лозим аст. Ин кор то куҷо ба мақсад мувофиқ ва иҷрошаванда аст?

Экспедитсия ба Сарез нишон дод, ки сарбанди кўл хеле мустаҳкаму устувор аст. Баъзе маълумотро дар бораи сарбанд инҷо меорам. Ҳаҷми сарбанд 2.2 млрд. м мукааб аст, вазнаш – 6 млрд. тонна, дарозиаш – 5 км., паҳнии миёна – 3.2 км., масоҳат – 10.8 км2., баландиаш аз қаъри кўл – 567 м., шумораи чашмаҳо – 57. Таҳкурсии сарбандро харсангҳо тартиб медиҳанд, ки аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб хобида, аз варақсангҳои гилдори силитсийӣ ва метаморфозии палеозойи поён иборат мебошанд.

Профессор Абдураҳимов: Сарез «аждаҳои хуфта» нест

Қисмати ғарбиро маводи хурди шикаста ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, ба туфайли таҳқиқоти навтарин хавф аз сарбанди Сарез воқеӣ дониста намешавад. Ҳақиқат он аст, ки ин сарбанди табиӣ устувор аст ва боз ҳазорон сол побарҷо мемонад.

-Бо вуҷуди ин, оё механизмҳои ҳимояи аҳолӣ дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода дар Сарез коркард шудаанд?

Дар Сарез ба қарибӣ системаҳои огоҳии барвақтӣ ва мониторинг пайдо шуданд. Акнун дар мобайни сарбанд бунгоҳи назоратии шабонарўзӣ амал мекунад. Дар худи дамба асбобҳои андозасанҷ насб шудаанд. Операторон, ки бефосила навбатдорӣ мекунанд, сатҳи об ва дигар андозаҳоро дар нуқтаҳои мушоҳида пайгирӣ мекунанд.Агар сатҳи об зиёд тағйир ёбад, онҳо бояд бонги хатар эълон кунанд. Сокинони деҳоти атроф дастур гирифтаанд, ки бояд дарҳол ба ҷазирачаҳои амн эвакуатсия шаванд. Онҷо барояшон доруворӣ, маводи озуқа, кўрпаву хаймаҳо омодаанд.

Кўли Сарез. Дарозӣ – 55,8 км, баландии мутлақи сатҳи оби кўл – 3263м, паҳнии максималӣ – 3,3 км, чуқурии максималӣ- 500м, сатҳи максималии об- 16,074 км3, ҳаҷми оби воридшаванда- 47,1 м3/с=1487 млн. м3/сол, ҳаҷми оби масрафшаванда- 47,7 м3/с=1505 млн. м3/сол.  Соли 1913 умқи кўли Сарез дар назди сарбанд ба 282 м расид. Аз кўл то соли 1914 об намебаромад. Он сол дар қисмати ҷанубу шарқии сарбанд оғози тарашшуҳи об аз садди Усой ба қайд гирифта шуд.

– Оё оби «зиёдатӣ»-и Сарезро содирот кардан имкон дорад? Охир, оби кўл софу поктарин аст ва онро бисёр кишварҳо омодаанд бихаранд. Бино ба баъзе ҳисобҳо, Сарез метавонад ҳар сол ба хазинаи давлат то даҳҳо миллион доллар биёрад!

-Эрон ва дигар давлатҳои Шарқи Наздик, ки ба камбудии  шадиди об рўбарўянд, омодаанд ҳарсола аз Тоҷикистон, ки дар он то ду сеяки захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, то 1 млрд кубометр оби нўшокӣ бихаранд. Агар содироти оби нўшокӣ аз кўли Сарезро ба роҳ мондан муяссар гардад, бар ивазаш, ба ғайр аз гирифтани нафти Эрон ва Шарқи Наздик, Тоҷикистон метавонад умед ба сармоягузорӣ барои сохтмони корхонаҳои коркарди нафт дошта бошад.

– Ҳамасола норасоии об барои обёрии заминҳои кишоварзӣ дар кишварҳои ҳамсояи ҷойгир дар поёноби Сирдарё ва Амударё эҳсос мешавад. Оё Сарез метавонад ин масъаларо ҳал кунад?

Норасоии обро дар Осиёи Марказӣ аз ҳисоби Сарез ҳал кардан аз якчанд сабаб дуруст нест. Аввалан, арзиши ин кор хеле гарон аст. Баъдан, дар минтақа захираҳои кофии обҳои зеризаминӣ вуҷуд доранд, ки метавон барои обёрӣ истифода кард. Ва дар ниҳоят Сарез бе ин ҳам 35 дарсади оби Бартанг ва Панҷро таъмин мекунад.

Профессор Абдураҳимов: Сарез «аждаҳои хуфта» нест

-Ба ақидаи шумо, чӣ бояд кард, ки Сарез чун як муъҷизаи табиӣ ҳифз шавад, аммо дар баробари ин ба хазинаи давлат даромад орад?

-Кўли Сарез хазинаи оби тиллоӣ ва поктарини Тоҷикистон аст. Агар дар замонҳои наздик мо натавонем оби Сарезро фурўшем, онро лоақал ба муддати 100 сол консерватсия кардан лозим аст. Айни ҳол сатҳи об дар кўл қариб 20 м поин рафтааст. Барои нигоҳ доштани об миқдори чашмаҳоеро, ки аз сарбанд мегузаранд, аз 57 то 50 адад кам кардан мебояд.

-Зиёданд мардуми маҳаллӣ ва сайёҳон, ки кўли Сарезро бо чашмони худ дидан, дар соҳилҳои он истироҳат кардан мехоҳанд. Аммо ин на ба ҳар кас муяссар мегардад. Барои ин гузарномаи махсус лозим аст. Тартиби то ин андоза сахтгиронаи дастрасӣ ба кўл то куҷо асоснок аст?

– Албатта, нафароне, ки мехоҳанд Сарезро бубинанд, бисёранд. Тартиботи ҷиддӣ қабл аз ҳама аз сабаби хавфнок будани ҳаракат тариқи пайраҳаҳое ҷорӣ шудааст, ки аз Нусур то Барчидав ва аз Барчидав то худи кўл тўл кашидаанд. Мо мехоҳем бехатарии шаҳрвандони хориҷӣ ва маҳаллиро таъмин намоем, зеро дар ин масир зиёд сангрезиҳо рўй медиҳанд. Бояд гуфт, барои тай кардани масофаи 24-километра 3 шабонарўз вақт сарф мешавад.

Бо вуҷуди ин душвориҳо, табиати Сарез сайёҳонро бо рангҳои назаргир, манзараҳои хеле зебо ба худ ҷалб мекунад. Инҷо метавон қуллаҳои барфпўшро дид, айсбергро аксбардорӣ кард, аз тамошои гулҳои кўҳӣ лаззат бурд. Бисёр сайёҳон ба ин ҷо ба хотири баромадан ба кўҳ, ҳавои воқеан тозаро нафас гирифтан, дидани кўли олиҷаноб, ки худи табиат офаридааст, меоянд. Агар хоҳед, ки ба кўли Сарез экскурсия ташкил намоед, бояд қаблан бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳимояи граждании Тоҷикистон хатсайри ҳаракати худро мувофиқа созед. Метавонед шубҳа надошта бошед: сафар чунон ҷаззоб хоҳад буд, ки мехоҳед боз на як бору ду бор ба ин ҷо баргардед.

Таҳияи Тилав РАСУЛЗОДА

Муаррифӣ:

Профессор Абдураҳимов: Сарез «аждаҳои хуфта» нест

Абдураҳим Садриддинов. Санаи таваллуд: 10.03.1945. Зодаи деҳаи Мулломири ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон. Хатмкардаи факултаи географияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров (с. 1971). Солҳои 1971-1977 – таҷрибаомўз, муҳаққиқ, аспиранти кафедраи географияи динамикии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов. Мудири кафедраи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, геоэкология, муовини декани факултаи улуми табиӣ (1986-2005). Доктори улуми геология ва минералогия (2003, Маскав), профессор (2005). Узви Шўрои илмии ДДХ  (1998-2015). Муаллифи 4 монография, 110 мақола. Аълочии маорифи халқи ҶТ. Корманди шоистаи ҶТ. Барандаи ҷоизаи давлатӣ ба номи Б. Ғафуров дар соҳаи илм. Бунёдгузори илми геоэкология дар Тоҷикистон.

Оцените статью:

Профессор Абдураҳимов: Сарез «аждаҳои хуфта» нест 18 феврал (мувофиқи тақвими нав 3 март)-и соли 1911, яъне расо 110 сол пеш, дар оқибати заминларза кўҳ фурў рехт. Сангу хок маҷрои дарёи Мурғобро гирифта, сабаби пайдоиши кўли Сарез гардид. Ба ақидаи бархе олимон, кўл барои нуқтаҳои аҳолинишини поёноби дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Амударё хатарсоз аст, зеро дар сурати канда шудани сарбанд маҷрои азими […]
4.2 1 5 5
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *