Паёми 20 : ба Эмомалӣ Раҳмон кӣ халал мерасонад?

Як матлаби чанд бачаи ҷавонро, ки дар Фейсбук чанд рӯз пеш гузоштанд, бархеҳо беҳуда масхара карданӣ шуданд. Онҳо, ҳамон тавре дар он фиристаи (пости) фейсбукиашон навиштанд, мехостанд вобаста ба паёми имсолаи президент навоварӣ кунанд ва аз ҳамин хотир ҳисоб кардаанд, ки дар паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон 301- ҷумла, 294 – сархат, 9183 – калима, 58 380 – ҳарф, аз ҷумла 34 075 – садонок ва 23 447 – ҳамсадо, 852 рақам, 288 – нуқта, 705 – вергул, 13 – аломати хитоб  ҷо доштааст. Барои чӣ мегӯем, ки беҳуда онҳоро ба истеҳзову масхара гирифтанӣ шуданд?

Аввалан, дар муқобили онҳое, ки шояд бо дастури касе ё ниҳоде корашон фақат иборат аз паҳн кардани матни паём иборат аст, ё иқтибосҳое аз он, ин як қадар навоварӣ хостан бошад. Бигзор ба назар бисёр сода ҳам намояд…

Дуюм, таҳлили мӯҳтаво (контент – анализ) аз суханронии сиёсатмадорон дар дунё як кори маъмулист. Таҳлилгарон ва коршиносон ҳисоб мекунанд, ки ин ё он сиёсатмадор дар суханрониашон чанд калимаро чанд бор таъкид кард, вақти садо додани кадом калимаҳо ваҷоҳаташ тағйир ёфт ва ҳолати умумии онҳое, ки дар толор буданд, чӣ гуна буд: чанд бор қарсак заданд, хандиданд, табассум карданд, ё баръакс. Албатта ин кори он бачаҳои ҷавонро таҳлили мӯҳтаво гуфтан нашояд. Бовуҷуд як чизи фарқкунанда аз дигарон ба ҳисоб мерафт…

Аммо, вақте контент – анализи ҷиддӣ аз сӯи таҳлилгарону коршиносон сурат мегирад, дар натиҷа маълум мешавад, ки аз суханронии сиёсатмадор мардум бояд чӣ паёми муҳим бигиранд ва задаи асосӣ дар соли пешорӯ барои кишвар рӯи чӣ хоҳад буд?

Ин гуна бархӯрд, мутаассифона, дар муҳити иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон тақрибан нест. Фақат солҳои 2006 – 08 дар нашрияи он замон фаъоли “Нигоҳ” инҷониб ва муассиси он кӯшишҳои монанд ба он доштему бас. Ҳолатҳои дигарро ёд надорам.

“Ин паём тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мамлакатро фаро гирифта буд…”

Дар натиҷа, паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, ки сар аз соли 2001 ба ҳисоб 20 – ум буд, ҳамоно баҳогузории тақрибан якхела дорад. Чанд соли ахир аст, ки мебинем шабакаҳои ТВ ва ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд: одамон дар идораву вазоратҳо нишаста, паёмро мустақиман тамошо доранд, ягон – ягон одамон пас аз баромадан аз толор ба журналистони ТВ мусоҳиба медиҳанд, ки ба гуфтаи худашон “ин паём тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мамлакатро фаро гирифта буд”, дар матбуоти ҳукуматӣ ва нимаҳукуматӣ барои ҷонибдорӣ аз паём матолиби зиёди тақрибан мӯҳтавояшон якхела ба нашр мерасанд, дертар вакилони парлумон ба назди мардум мераванд, то мӯҳтавои паёмро ба одамон фаҳмонанд… Тақрибан ҳамин. Ва ин ҳам дар 20 соле, ки паём мегирем. Як фарқияти дигар ҳаст. Солҳои пеш паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон фасли баҳор сурат мегирифт. Дертар вақтро ба охири сол бурданд (фақат имсол дар аввали сол сурат гирифт).  Шояд аз ҳамин дидгоҳ бошад, ки онҳо як навъ ҷамъбасти солонаи ҳукуматро маънӣ медиҳанду медоданд. Ҳарчанд сабаби дигар ҳам ҷо дорад: ба фарқ аз президентҳои хеле аз кишварҳои дигар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масъулияти раисии Ҳукумати Тоҷикистонро ба зимма дорад. Пас гуфтан мумкин, ки паёмҳои президент Раҳмон аз омори расмӣ вақте холӣ хоҳад шуду дар он паёмҳои ҷиддиро хоҳем хонд, ки институти Пешвои миллат амалан ба кор сар кунад.

Паёмҳои паёми Эмомалӣ Раҳмон

Паёми ба шумор бистуми Эмомалӣ Раҳмон ҳам бояд комилан дигаргуна мебуд. Ҳади аққал ҷомеаи таҳлилии кишвар ин гуна интизор дошт. Зеро:

А) Он паёми рақами 20 буд ва ин гуна арқом, ки як навъ ҷашнианд, одатан маънии хос мегиранд;

Б) Дар пешорӯи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ироа гашт ва ин як навъ хулосаи 29 солаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро медошт;

В) Дар баъзе доираҳои таҳлилӣ ба ин назаранд, ки пас аз ҷамъбасти 30 – солагии истиқлолият эҳтимол дар сатҳи раҳбарии Тоҷикистон ҷойивазкуниҳои ҷиддӣ пеш ояд.

Паёми 20 : ба Эмомалӣ Раҳмон кӣ халал мерасонад?

Ин танҳо интизориҳо буд. Аммо кадом ишораҳое барои ҳеч яке аз онҳо дар паём сурат нагирифт. Албатта дар давоми 2 соату 25 дақиқаи хондани матни тӯлонӣ, ки ҳамон тавре ёдовар шудем, аслан аз арқоми оморӣ иборат буд,  Президенти Тоҷикистон баъзан аз матн берун мерафт ва ба иддаои соҳибназарон суханони асосиву такдори худро мегуфт. Вале эҳсос мешуд, ки дар ин мавридҳо ҳам сахт эҳтиёткорӣ мекунад. Як махсусияти паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки вақти берун рафтан аз матни асосӣ ҳам кӯшиш дошт, ки бештар маълумоти оморӣ бигӯяд. Шояд паёмаш ба ҷомеаи дохилу хориҷ ин буд, ки бо вуҷуди хеле машғул буданаш, ҳамоно ҳофизаи қавӣ дорад.

Аз ҷумла дар ҳолати бори аввал берун рафтанаш аз матн ва вақте дар бораи “масъалаи №1” –и Тоҷикистон – муҳоҷирон ҳарф мезад, берун аз матн гуфт:

 “Ман ба шумо нуктаи нозук ва муҳимро расониданӣ ҳастам. Аз 460 ҳазор нафаре, ки мерафтанд, фақат 111 ҳазор муваффақ шуданд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро бо кори доимӣ таъмин кунем”.

Ё вақте дар бораи омодагиҳо ба 30 солагии истиқлолият мегуфт, боз ҳам аз матн берун шуд:

“Ба пешвози 30 – солагии Истиқлолият 18 ҳазору 300, дар маҷмуъ 25 ҳазор иншоотро имсол бояд сохта, ба истифода диҳем. Ин аз ҳисоби кӣ аст? Аз буҷети давлат? Не. Ана ҳамин ҳисса ё саҳми соҳибкорон аст. Аксарияташ. Аммо дар вақти қабул кардани қонуну қарорҳо дар бисёр ҳолатҳо манфиатҳои назоративу хатарнокиву эҳтимолияти иҷро нашудани нақшаро пеш оварда, кӯшиш мекунем, ки монеаи сунъӣ эҷод кунем. Худамонро “страховка” мекунем дар назди ҳукумат, роҳбари давлат. Аммо дар назди мардум чӣ? Вақте рӯи дастурхони мардум нон пайдо нест, кӣ ҷавоб медиҳад?”

Ҳамчунин он гоҳ, ки дар бораи пешрафтҳои бахши мурғпарварии Тоҷикистон берун аз матн боифтихор сухан мекард:

“Дар Тоҷикистон 2 сол пеш 60 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид мешуд. Қариб 50 миллион доллар – валюта (арз) -и мо ба берун мерафт. Соли 2017 мо дар дохил ҳамагӣ 2 -3 ҳазор тон истеҳсол мекардем, вақте имтиёзҳо додем, зарфи ду сол истеҳсоли гӯшти парранда ба 30 ҳазор тон расид. Боварӣ дорам, ду сол баъд воридоти он аз байн меравад”.

Ва ё ҳангоме, ки масоҳати заминҳои дар ихтиёри мардумбуда ва истифода аз онҳоро ҳисоб менамуд, бадоҳатан гуфт:

“Ана акнун ҳисоб кунед, ки чӣ қадар замин дар дасти мардум аст. Мо ҳисоб кардем, ки ҳудуди 230 – 40 ҳазор гектар замин. Агар 50% – и он барои хонаву дигар сохтмон бошад, 50% – и дигар, ҳудуди 115 ҳазор гектар барои замини кишт. Мардум аз замини наздиҳавлигӣ метавонад садҳо сентнер ҳосил гирад”

Паёми дигаре, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин, хоса вакилони парлумон, ки қисман аз ҳизбҳои сиёсии ба истиллоҳ мухолиф иборатанд, дод, ин буд, ки ҳукумат барои онҳо ва дигарон ягон баҳона ё сабаби интиқоди ҷиддӣ намегузорад. Ин нуктаро вақте ишора кард, ки аз беҳбуд ёфтани роҳҳо ва дар байни 140 давлати дунё ҷои 50 будани Тоҷикистонро васф мекард. Вақте аз матн берун шуд, гуфт:

“Маълумот барои депутатҳо, вақте аз интихобкунандаатон наказ мегиред”.

Ҳол он ки ӯ хеле хуб медонад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дигар ҳаққи гирифтани “наказ” –ро надоранд. Мешавад хулоса кард, ки ин тавсиф фақат барои он буд, ки ҳукумат ба онҳо ба қавле “хӯрок барои танқид” намемонад.

Аслан шояд аксари ин вакилон чунин бархӯрдро интизор надоштанд, чун тақрибан бо хомӯшиву ҷонибдориашон аз ҳукумат маъруфанд. Зимнан, дар ҳамин мавқеъ, президент мансабдорон ва вакилони парлумонро барои он интиқод намуд, ки ҳоло ҳам мисли замони шӯравӣ меандешанд ва ҳамаро ба буҷет ҳавола мекунанд. Ба таври дигар, ишора ба он дошт, ки ташаббускор нестанд.

Паёми 20 : ба Эмомалӣ Раҳмон кӣ халал мерасонад?

Ин воқеан саволи муҳим аст, ки чаро аксари мансабдорони фаъоли тоҷик ташаббускориро ҳарчӣ аз худ дуртар мекунанд? Метарсанд? Мустақилият надоранд? Ё чӣ?

Агар дар ин паём ба ин масъала низ бештар такя мешуд, ин маъракаро ба як раванди хеле ҷиддӣ наздик мекард. Зимнан, ташаббускории мансабдорон дар ҳолате, ки мо дорем, хеле муҳим мебошад. Танҳо ду нафар аз аъзои нави ҳукумати кӯҳнаро мардум то ҷое аз ин ҷиҳат ҳоло боумед назорат доранд: Ширин Амонзода ва Шералӣ Кабир.

Дар дигар мавридҳо, чун кори мардум дар зинаҳои поин ҳалли худро пайдо намекунад ва ташаббусе ҳам намебинанд, ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунанд.

Оё ин барои як президент, ки сахт масруф аст, сарборӣ нест?

Барои ҳамин, боре вакили парлумон ва раиси ҲДТ Сайҷаъфар Усмонзода дар мусоҳибааш гуфт, бархе аз аз намояндаҳои ҳукумат барои онҳо бештар аз як мухолиф кор мекунанд. Гапи маънидоре…

Пас ин гуна мансабдорон ба кӣ даркоранд? Ба мардуме, ки онҳоро дилхунук кардааст? Ба ҳукумате, ки хоса ин шабу рӯз сад мушкил дорад?

Шояд нуқтаи муҳимтарини паёми Президенти Тоҷикистон маҳз ба онҳо дахл дошт, ки мегуфт: “Вазифаи мову Шумо дар паҳлӯи халқ будан аст. Назоратчӣ не, саҳмгузор будан даркор. Агар кӯмак карда наметавонед, пас халал нарасонед!”.

Ё мухотаби Эмомалӣ Раҳмон касе дигар буд?

Кӣ?

Раҷаби Мирзо

Оцените статью:

Паёми 20 : ба Эмомалӣ Раҳмон кӣ халал мерасонад? Як матлаби чанд бачаи ҷавонро, ки дар Фейсбук чанд рӯз пеш гузоштанд, бархеҳо беҳуда масхара карданӣ шуданд. Онҳо, ҳамон тавре дар он фиристаи (пости) фейсбукиашон навиштанд, мехостанд вобаста ба паёми имсолаи президент навоварӣ кунанд ва аз ҳамин хотир ҳисоб кардаанд, ки дар паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон 301- ҷумла, 294 – сархат, 9183 – калима, 58 […]
4.56 1 5 9
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *