Пандемия шумораи корхонаҳоро зиёд кард

Соли пандемиявии 2020 ба Тоҷикистон афзоиши ҳамзамони шумораи соҳибкорони инфиродӣ (СИ) ва ҳам корхонаҳои ҳуқуқиро овард. Ҷолиб аст, ки то ин замон тўли солҳои охир теъдоди корхонаҳо рў ба камшавӣ буду шумораи СИ-ҳо зиёд мешуд. Чӣ шуд, ки вазъ тағйир ёфт?

Барои мисол, соли 2019 1400 корхонаи тиҷоратӣ фаъолияташроқатъ намуд, дар ҳоле ки шумораи корхонаҳои навтаъсис андак бештар аз 1100 буд. Сабаб равшан аст: бисёр корхонаҳо ба талаботи сершумор (пеш аз ҳама, вобаста ба андоз) тоб наоварда, маҷбур шуданд тиҷоратҳояшонро баста, худро  ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ бақайд гиранд, ки сарбории андозаш камтар вақонунгузориаш фаҳмотар мебошад.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, дар соли 2020 миқдори умумии воҳидҳои соҳибкорӣ дарқиёс бо соли гузашта 343 адад афзудааст.

Дар давоми соли гузашта кори худро 850 корхонақатъ намуд, аммо дар баробари ин 1193 корхонаи нави ҳуқуқии соҳибкорӣ рўи кор омад. Дар натиҷа, шумораи воҳидҳои соҳибкорӣ дар кишвар аз 47,9 ҳазори охири соли 2019 то 48,2 ҳазори охири соли 2020 афзоиш ёфт.

Ҳамчунин дар соли гузашта афзоиши шумораи объектҳои тиҷорати хурд бақайд гирифта шуд, ки ба онҳо  омори расмӣ СИ-ҳо, инчунин хоҷагиҳои деҳқониро ворид мекунад.

Соли 2020 андак зиёдтар аз 23 СИ корашроқатъ намуд, дар ҳоле 32 ҳазор СИ-и нав бақайд гирифта шуд ва теъдоди умумии субъектҳои соҳибкории хурд ба охири соли гузаштақариб ба 593 ҳазор расид. Аз ҷумлаи онҳо тақрибан 20 ҳазор СИ, ки дар асоси патент, 1,3 ҳазор, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекарданд ва бештар аз 2,2 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ баста шуданд. Ҳамзамон беш аз 20 ҳазор патенти нав, 4 ҳазор шаҳодатнома ва наздики 8 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ бақайд гирифта шуд.

Дар натиҷа шумораи умумии субъектҳои бақайд гирифташуда (шахсони ҳуқуқӣ ва СИ) ба охири соли 2020 зиёда аз 641 ҳазорро ташкил дод, ки аз ҳамин давраи соли 2019 5,1% (33 ҳазор адад) зиёд аст. Аммо мувофиқи боз ҳамон омори расмӣ, тақрибан 47% аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидории сабтиномшуда (ҳуқуқӣ ва СИ) соли гузашта кор накардаанд: аз 641 ҳазор субъект танҳо 340 ҳазор фаъолият доштанд.

Президент чунин гуфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар рафти муроҷиати худ ба парлумон иттило дод, ки соли гузашта беш аз 300 корхонаю сехи саноатӣ бо ҷойҳои корӣ барои беш аз 6500 нафар таъсис дода шуд. Дар натиҷа,қайд намуд ў, ба оғози соли ҷорӣ теъдоди корхонаҳо ва сехҳои саноатӣ ба 2274 адад расид.

Президент гуфт, дар ҳафт соли наздик боз 54% зиёд кардани шумораи ин навъ иқтидорҳо – то наздики 3500 адад дар нақша аст.

Ў ба зарурати ташкил намудани корхонаҳои металлургӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кўҳӣ,  ҳамчунин корхонаҳои коркарди металлҳои ранга ва гароннарх бо расондан то маҳсулоти ниҳоӣ, рушд додани саноатҳои мошинсозӣ, нассоҷӣ, озуқаворӣ ва фарматсевтӣ таъкид намуд.

Президент илова кард, ки феълан 90% ҳамаи корхонаҳо ба бахши хусусӣ тааллуқ доранд, ки зиёда аз 70% ММД, 68% ҷойҳои корӣ ва 89% даромади буҷа аз андозро таъмин мекунад.

Афзоиш аз ҳисоби кист?

Сабаби афзоиши назарраси шумораи субъектҳои соҳибкориро дар чунин як соли бўҳронӣ ба лаҳзаи омодашавии матлаб аз идораҳои соҳавии дахлдор гирифтан натавонистем. Коршиносон низ сабаби лоақал камубешқобилиқабулро дар ин хусус пешниҳод накарданд. Танҳо баъзеи онҳоқайд намуданд, ки кайҳо боз ба омори давлатӣ бовар надоранд ва ба дигарон низ инро маслиҳат медиҳанд.

Тахминҳои алоҳида ҳастанд. Масалан, аксарияти муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ порсол ҳудуди ҷумҳуриро тарк намудан натавонистанд вақарор доданд, ки дар ватан тиҷорат таъсис диҳанд.

Воқеан, мувофиқи ахбори расмӣ, муҳоҷирати корӣ аз кишвар дар соли 2020 дар муқоиса бо солҳои гузашта зиёда аз 4 маротиба – аз 450 ҳазор ба 111 ҳазор – коҳиш ёфт:

Пандемия шумораи корхонаҳоро зиёд кард
Бозор. Акс аз Спутник

Яъне воқеан чунин шудан метавонист, ки бисёр муҳоҷирони дар кишвар монда ҳамчун СИ худро сабтином карда, дар асоси патент ё шаҳодатнома дар соҳаи савдо, хизматрасонӣ ё кишоварзӣ барои таъмин намудани оилаҳои худ фаъолият кардаанд.

Патент имкони машғулшавӣ ба 50 навъи фаъолияти соҳибкориро медиҳад. Нархи моҳонаи патент, ки ба он андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ҳам медарояд, аз навъи фаъолият вобаста аст.

Патенти гаронтарин 800 сомонӣ нарх дорад (боркашонӣ бо нақлиёти автомобилии тавони борбардориаш зиёда аз 20 тонна), арзиши поинтарин бошад 48 сомонӣ аст, ки барои борбарӣ бо мотороллер пешбинӣ шудааст. Зимнан, даромади маҷмўии ин гурўҳи соҳибкорон набояд аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд бошад.

Соҳибкоре, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунад, ҳуқуқи истифода аз меҳнати кирояро дорад ва метавонад ба ҳар навъи фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои истеҳсоли машрубот, кори бонкӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, тиҷорати маводи сўхт ва фаъолияти хориҷии иқтисодӣ. Даромади солонаи ин гурўҳи соҳибкорон бояд аз 1 млн. сомонӣ зиёд набошад.

Шаҳодатнома бо андози ягона дар ҳаҷми 5% аз даромади умумӣ андозбандӣ мешавад, ҳамчунин 1% аз фоида ба фонди нафақа гузаронда мешавад, дар сурате ки агар ҳаҷми даромад на кам аз 150 сомонӣ бошад.

Ҳамаи рақамҳои дар боло овардашуда ба муҳоҷирони одӣ дахл доранд. Вале ба ҷуз онҳо дар Тоҷикистон гурўҳи дигар ҳам дармонд – инҳо соҳикборони муваффақе мебошанд, ки ду шаҳрвандӣ (ФР ва ҶТ) ва тиҷорати сердаромад дар Россия ё кишварҳои дигар доранд. Ин тоифа, ки одати як ҷо истодан надоранд, метавонистанд дар ватан корхонаҳои ҳуқуқӣ таъсис диҳанд. Вале, тавре соҳибкоре, ки номашро фош намудан нахост, арз кард, ба гумон аст, ки инҳо лоиҳаҳои тиҷоратии ҷиддӣ бошанд.

Бақавли ў, соҳибкорони мазкур дар бораи ҳолати тиҷорат дар Тоҷикистон тасаввурот доранд. Агар кор саҳлу осон мебуд, ба онҳо лозим намеомад, ки ватанро тарк кунанд. «Бо эҳтимоли зиёд, инҳо объектҳои маъмулии даромадовар мебошанд – нуқтаҳои савдо, мағозаҳо,қаҳвахонаҳо, толорҳои билярдбозӣ, ресторанҳо ва ғ. Боз як тамоюли мўдшуда сохтмони биноҳои бисёрошёна аст, ки айни замон дар шаҳрҳои хурду калони кишвар тиҷорати хеле даромаднок маҳсуб меёбад. Ғайр аз ин, фурўхтани объектҳои мазкур осон аст. Яъне, анҷоми карантинро интизор шуда, тоҷирон тиҷоратҳои муваққатӣ таъсис медиҳанд, ки дарҳол баъди аз байн рафтани зарурат баста мешаванд»,- гуфт манбаъ.

Пандемия шумораи корхонаҳоро зиёд кард
Биноҳои нав чун занбӯруғҳои баъди борон қомат рост мекунанд.
Пандемия шумораи корхонаҳоро зиёд кард

Ва воқеан, сарфи назар аз пандемия ва инзиво, дар кишвар рушди бошиддати сохтмон мушоҳида мешавад. Танҳо дар як худи Душанбе ҳамзамон садҳо биноҳои нав бунёд ва майдонҳои нав барои сохтмонҳои навбатӣ омода карда мешаванд. Ва ин ҳолат дар тамоми кишвар ба мушоҳида мерасад.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ

Дар омори расмии соли гузашта боз як масъалаи начандон равшан вуҷуд дорад. Сухан аз 5,7 ҳазор адад зиёд шудани шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ меравад: соли сипаришуда 2,3 ҳазори онҳо баста шуд ва 7,9 ҳазор хоҷагии нав таъсис ёфт. Ба ин тариқ, шумораи умумии ин навъ субъектҳо ба 172 ҳазор расид.

Мутахассиси бахши кишоварзӣ Сафдар Аминов бар он аст, ки болоравии теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба илова шудани заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ алоқаманд нест. «Таври маълум, 93% ҳудуди Тоҷикистонро кўҳҳо ташкил медиҳанд ва танҳо 7% заминҳо барои зироатпарварӣ коршояманд. Ҳамаи ин заминҳо аллакай ба деҳқонҳо тақсим шудаанд. Зиёда аз 30 ҳазор га заминҳое вуҷуд доранд, ки пештар барои кишти зироатҳои кишоварзӣ истифода мешуданд, аммо барои барқарор намудани онҳо маблағҳои азим лозиманд. Эҳтимол дорад, ки дар куҷое дар маҳаллаҳои кўҳсор касеқитъаҳои хурд-хурдро аз сангҳо тоза карда, ба гардиш ҳамроҳ карда бошад, аммо ин ҳаҷми ночиз аст, ки ҳолати умумиро ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир дода наметавонад»,- гуфт ў.

Ба андешаи мутахассис, ба тағйирёбии шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ асосан дигаргун сохтани сохтори ин субъектҳо сабаб мешавад.

Пандемия шумораи корхонаҳоро зиёд кард
Акс аз Time.kz

«Қонун ташкил намудани хоҷагии деҳқониро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо аз 2 то 50 нафари аъзо, инчунин ташкил намудани шахси ҳуқуқиро бе баҳисобгирии шумораи аъзо (яъне, бо шумораи номаҳдуди аъзоён – эзоҳи муал.) иҷоза медиҳад. Ин хоҷагиҳоро даҳҳо ва ҳатто садҳо кишоварзон таъсис медиҳанд ва миёни онҳо бисёр вақт масъалаҳои баҳсноки моликиятӣ ва молиявӣ ба миён меоянд. Чунин мешавад, ки иштирокдорони хоҷагӣ, ки ҳиссаи бештар доранд, гоҳо нисбати «узвҳои хурд» аз нигоҳи молиявӣ начандон одилона ва ҳатто дурушт рафтор мекунанд. Ин боис ба ҷудошавииқисми хоҷагӣ мегардад, ки сипас бидуни таъсис додани шахси ҳуқуқӣ ба кор шуруъ мекунад. Мутаносибан, шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ меафзояд»,- шарҳ дод мутахассис.

Соҳибкор бисёр шуду андоз кам

Болоравии бақайдгирии субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 5,6% (с. 2020) бояд ба афзоиши назарраси андозҳои ҷамъоваришаванда ҳам боис мегардид. Лекин ҳаҷми андозҳои ба буҷа воридшаванда дар 11 моҳи соли гузашта, бино ба маълумоти Вазорати молия, дарқиёс бо ҳамин давраи соли 2019 3,3% кам шуд ва ҳиссаи андозҳо дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷа то 65,7% коҳиш ёфт. Одатан андозҳо 70% маблағҳои ба буҷа воридшавандаро ташкил медиҳанд.

Пандемия шумораи корхонаҳоро зиёд кард

Гап дар он аст, киқариб нисфи субъектҳои хоҷагидорӣ соли гузашта кор накардаанд ва сабаб на танҳо пандемия буд. Ин ҳолат пештар ҳам мушоҳида мешуд. Сабабҳое, ки барои шарҳи ин вазъ маъмулан идораҳои дахлдор пеш меоранд, мухталифанд: норасоии ашёи хом ва маблағҳои гардишӣ, ба итмом расидани муҳлати иҷозатнома, кори мавсимӣ, фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолшаванда, тағйир ёфтани самти кор, баҳсҳои моликиятӣ ва ҳоказо.

Мушаххасан дар мавриди соли гузашта ба номгўи сабабҳо пандемияро илова кардан мумкин аст. Бисёр корхонаҳо ва соҳибкорон фаъолияти худро боздоштанд – дар навбати аввал корхонаҳое, ки ба сайёҳон хизмат мерасонданд, фурудгоҳҳо, меҳмонхонаю ҳостелҳо ва монанди инҳо.

Дарди сари бизнес

Мутахассисони ташкилотҳои байналмилалӣ, дипломатҳо, иқтисодшиносони мустақил, соҳибкорон ва молиягузорон дар замонҳои гуногун ба сифати мушкили асосӣ дар роҳи тиҷорат сарбории гарони андозро номбар мекарданд. Ин, ба ақидаи мутахассисон, боис мешавад, ки бисёр соҳибкорон фаъолияти худроқатъ мекунанд, дигарон маҷбур мегарданд даромадҳои воқеии худро пинҳон созанд, то ки кор карда тавонанд.

«Сарбории ниҳоят баланди андоз»-ро дар Тоҷикистонқаблан дар матлаби худ сафири Россия Игор Лякин-Фроловқайд намуда буд, сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм бошад соли гузашта ба «андозҳои баланд» боз «қонунгузории андозии ғайришаффоф, аз ҷумла фасод миёни кормандони андоз»-ро илова намуд

Собиқ сардори намояндагии Бонки осиёсии рушд дар Душанбе Прадип Сривастава пешниҳод кард, ки самтиқонунгузории андоз дар ҷумҳурӣ тағйир дода шавад, зеро он, ба ақидаи ў, айни замон ба ҷамъоварии маблағҳо равона аст. Ўқайд намуд, ки соли 2016 БОР ба буҷаи Тоҷикистон бо шарти иҷрои талаботи муайян аз тарафи ҳукумат дастгирӣ пешниҳод карда буд.

«Яке аз талабҳо он замон кам кардани шумораи мақомоти тафтишотӣ буд. Натиҷа чӣ шуд? Дар коғаз шумораи онҳо кам шуд, аммо далелҳои воқеии инро мо надидем. Намояндагони соҳаи тиҷорат шиква мекарданд, ки дар асл аҳвол тағйире наёфтааст»,- гуфт ба хабарнигорон Сривастава.

Соҳибкорон дар суҳбатҳои хусусӣ низ тақрибан ҳаминро мегўянд: сарбории андоз аз ҳад зиёд аст, ки бисёр соҳибкоронро ба пинҳон кардани даромадҳои аслии хеш ва доштани ду муҳосибот водор месозад, бархеи дигар сармояҳои худро ба кишварҳои дигар мебароранд, ки муҳити барои тиҷорат созгортар доранд. Ҳамчунин низоми беҳад мураккаби андозбандӣ низқайд мешавад, ки онро ҳатто худи кормандони андоз ҳам намефаҳманд ва нофаҳмиҳо ҳама вақт тариқи фасодкорӣ ҳал мешаванд.

Дар инқатор боз имтиёзҳо барои андозсупорандагони ҷудогона, талаби пешпардохтҳо, сўистифодаи кормандони андоз аз мансаб номбар мешаванд.

Дар рейтинги охирини глобалии «Пешбурди тиҷорат»-и Бонки ҷаҳонӣ, ки ба муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои олам дар заминаи 10 омил баҳо медиҳад, Тоҷикистон мавқеи 106-умро бо 61,3 аз 100 холи имконпазир ишғол мекунад. Аз рўи нишондиҳандаи «андозбандӣ» дар ин рейтинг ҷумҳурӣ дар мавқеи 139-ум буд.

Дилшод Шарафов

Оцените статью:

Пандемия шумораи корхонаҳоро зиёд кард Соли пандемиявии 2020 ба Тоҷикистон афзоиши ҳамзамони шумораи соҳибкорони инфиродӣ (СИ) ва ҳам корхонаҳои ҳуқуқиро овард. Ҷолиб аст, ки то ин замон тўли солҳои охир теъдоди корхонаҳо рў ба камшавӣ буду шумораи СИ-ҳо зиёд мешуд. Чӣ шуд, ки вазъ тағйир ёфт? Барои мисол, соли 2019 1400 корхонаи тиҷоратӣ фаъолияташроқатъ намуд, дар ҳоле ки шумораи корхонаҳои […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *