Панҷ мушкилии деҳоти Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон имсол сесолаи рушди деҳот ба итмом мерасад, аммо он зерсохторе, ки бунёд карданаш дар нақша буд, рўйи коғаз монд.

Тоҷикистон кишварест, ки 76% аҳолии он дар деҳот рўзгор ба сар мебарад. Ва шароити зисту меҳнат дар деҳот баёнгари сатҳи рушди кишвар мебошад.

Дар замони истиқлолият бо ҳадафи рушди деҳа, аз ҷумла беҳсозии зерсохтор, азхудкунии заминҳои нав, такмили ҳолати мелиоративии заминҳо, таъмини соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои босифат ва дастрасии молиягузориҳо барои субъектҳои хоҷагидорӣ 22 лоиҳаи инвеститсионии давлатӣ ба маблағи умумии 5,4 млрд сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни ҳол дар кишвар боз 7 лоиҳа ба маблағи 2,4 млрд сомонӣ дар ҷараёни татбиқ мебошад.

Корҳои зиёд анҷом дода шудаанд, вале мушкилоти асосии деҳот, мутаассифона, боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин мо лозим донистем панҷ мушкилии асосии деҳаи тоҷикро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем.

Деҳа ниёз ба зерсохтор дорад

Зери ин гуфтаҳо шабакаи иншоотҳои ҷамъиятӣ, савдо, таҳсилотӣ, тарбиявӣ, фарҳангиро дар назар дорем, ки деҳотиён ба онҳо шадидан эҳтиёҷ доранд. Инҳо метавонанд клубҳо, ҳаммомҳо, сартарошхонаҳо, чойхонаҳо, толору майдонҳои варзишӣ, утоқу толорҳо барои гузарондани чорабиниҳо ва ғайра бошанд.

Деҳоти Тоҷикистон имрўз ниёзи шадид ба макотиб, боғчаҳои кўдакон, бунгоҳҳои тиббӣ, майдонҳои варзишӣ, тармиму таҷдиди роҳҳо, ташкил намудани ҷойҳои корӣ дорад. Масалан, мувофиқи омор, беш аз 70% кўдакони синни аз 3 то 6-сола дар Тоҷикистон ба боғчаҳои кўдакон аз сабаби дастрас набудани онҳо намераванд.

Баъди пошхўрии ИҶШС аз қишлоқҳо китобхонаҳо, клубҳо, майдонҳои варзишӣ ғайб заданд. Барои барқарор намудани ин зерсохтор дар шакли нави замонавӣ маблағҳои калон заруранд. Хоса, ҳолати бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст нигаронкунанда аст. Онҷо на танҳо кадр, балки таҷҳизоти одитарин ҳам намерасад.

Мушкилии аз ҳама доғ барои ҳар минтақаи деҳоти Тоҷикистон ҳолати ҳузнангези роҳҳои дохилии автомобилӣ мебошад.

Дар сохтмони шоҳроҳҳл Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст – дар замони истиқлолият зиёда аз 2100 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сохта ва таҷдид шуданд.

Панҷ мушкилии деҳоти Тоҷикистон
Акс аз Азия-Плюс

Аммо роҳҳое, ки деҳаҳоро бо марказҳои ноҳияву вилоятҳо мепайванданд, инчунин роҳҳои дохили худи ин маҳалҳои аҳолинишин таҷдиди комилро металабанд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки аҳолӣ худ барои таъмири роҳҳо пул ҷамъ мекунад, лекин дар деҳоти дурдасту нодор ин аз имкон берун аст.

Аз сабаби набудани роҳҳои хуб зиёд мошинҳои ёрии таъҷилӣ наметавонанд ба беморон дар деҳоти дурдаст хизмат расонанд, ба кўдакон дар роҳи мактаб масофаҳои калонро пиёда тай кардан лозим меояд.

Кору бекорӣ

Сатҳи бекорӣ дар маҳалли деҳоти Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад, аммо расман танҳо 2,1% арзёбӣ мешавад. Гап дар он аст, ки аксарияти кул расман дар мақомоти маҳаллии шуғли аҳолӣ худро сабтином намекунад.

Бахши кишоварзӣ, ки зиёд корҳои мавсимӣ дорад, аз сабаби музди хеле паст ҷолиб нест. Аз ин сабаб бештари аҳолии қобили меҳнат роҳи муҳоҷиратро ба Русия ва кишварҳои дигар пеш мегирад.

Замонҳои охир дар деҳа соҳибкорӣ– кишоварзии кироя, боғдорӣ, савдо, косибӣ рў ба рушд ниҳодааст. Вале аз сабаби даромаднокии паст ба он аксаран ашхоси солдида ва занон машғул мешаванд.

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва хизматрасониҳои мухталиф дар баъзе шаҳраку деҳаҳои калон метавонистанд ба поин рафтани дарсади бекорон мусоидат намоянд. Аммо ҷавонони ташаббускор барои ин на дониши кофӣ доранд, на барои кушодани тиҷорати худ ва ривоҷи минбаъдаи он дастгирӣ мешаванд.

Норасоии манзил

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият зиёда аз 120 ҳазор га заминҳо барои сохтмон ихтисос дода шудаанд, ки ин қариб ду маротиба бештар аз ҳиссаеро ташкил мекунад, ки дар замони Шўравӣ ҷудо шуда буд. Вале мушкилии бунёди манзилҳо дар деҳот сол то сол аз сабаби баҳсҳо барои қитъаҳои замин амиқтар мешавад.

Айни замон ҷудо кардани замин аз ҳисоби заминҳои обӣ манъ шудааст, ки комилан мантиқӣ аст. Агар 20 сол қабл ба сари ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ 0,12 гектар киштзор рост меомад, ба оғози соли 2021 ин рақам ҳамагӣ 0,05 гектарро ташкил дод.

Панҷ мушкилии деҳоти Тоҷикистон
Акс аз TajWeek.tj

Заминҳои лалмӣ боқӣ мемонанд, ки на ҳама вақт ба меъёрҳои манзилӣ ҷавобгў мебошанд. Дар ин гуна қитъаҳо ягон ҷузъи зерсохтор – сар карда аз роҳҳо то ба об – вуҷуд надорад.

Дар натиҷа имрўз дар деҳот дар як хона 2-3 оила зиндагӣ мекунад.

Таъминот бо об

Дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки 53% аҳолии деҳоти Тоҷикистон ба оби тозаи нўшиданӣ дастрасӣ надорад.

Аҳолии аксари деҳаҳо обро аз манбаъҳои кушодаи ифлосшуда – дарёҳо, каналҳо, ҷўйҳо, дар баъзе ҷойҳо аз чоҳҳои кушода ё зеризаминии худсохт мегирад.

Низоми лўлавии обрасонӣ рў ба таназзул оварда, аз байн меравад. Норасоии оби тозаи нўшиданӣ боиси паҳншавии бемориҳои гуногун мегардад.

Мушкилии дигар об барои обёрӣ аст. Аз сабаби аз кор баромадани иншоотҳои ирригатсионӣ, пур аз ифлосиҳо шудани каналҳо, вайронии пойгоҳҳои насосӣ заминҳо дар ҳаҷми пурра бо об таъмин намешаванд. Дар мавсими тобистон барои об миёни сокинон ҳатто ихтилофҳо рўй медиҳанд.

Экология

Яке аз мушкилиҳои рўзмарраи деҳот масъалаи партовҳои маишӣ мебошад. Аҳолӣ камубеш, бигзор дар ҳама ҷо ҳам набошад, илоҷи партовҳои органикиро меёбад – онҳоро ҳамчун нурӣ истифода мебарад. Аммо масъалаи баровардани пластик, фурўзонакҳои каммасраф, батарейкаҳо, памперсҳо ва партовҳои дигар ҳалношуда боқӣ мемонад.

Мардум онҳоро ба борхалтаҳои селлофанӣ ҷамъ карда, дар канори роҳҳо мемонанд, қад-қади каналҳо мепартоянд.

Ба фарқ аз шаҳр, дар деҳаҳо ҷойҳои махсус барои ҷамъории партовҳо вуҷуд надоранд. Низоми партовбарорӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар баъзе деҳаҳои нисбатан обод ҳафтае як бор мошин фармоиш медиҳанд, ки партовҳои ҷамъшударо ба ҷойи номаълум мебарад.

Масъалаи ҷамъ овардани фурўзонакҳои каммасраф ҳам то ҳанўз ҳалли худро наёфтааст, онҳоро ба тўдаи умумии партовҳо мепартоянд.

Мушкилот бе дастгирӣ ҳал намешавад

Ба ҳоли имрўз ҳукумат назди мақомоти дахлдор оид ба ободонии бештари деҳоти Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи такмили зерсохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ташкил намудани ҷойҳои кории нав, таъминоти сокинони деҳот бо оби нўшокии тоза, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди зерсохтори сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ва некуаҳволии мардум дар ҳар деҳаву маҳалли аҳолинишин вазифа гузоштааст.

Аммо барои ноил шудан ба ин ҳадафи нек он зарфиятҳоеро ба кор бояд бурд, ки дар деҳот вуҷуд доранд. Инҷо қабл аз ҳама соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар назаранд. Бо кўмаки онҳо зиёд мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, пул ва роҳҳо бунёд шудаанд. Аммо бе дастгирӣ ва ҳавасмандсозӣ аз тарафи ҳукумат мушкилоти деҳа ҳалли худро намеёбад.

Санҷар Хуррамов

Оцените статью:

Панҷ мушкилии деҳоти Тоҷикистон Дар Тоҷикистон имсол сесолаи рушди деҳот ба итмом мерасад, аммо он зерсохторе, ки бунёд карданаш дар нақша буд, рўйи коғаз монд. Тоҷикистон кишварест, ки 76% аҳолии он дар деҳот рўзгор ба сар мебарад. Ва шароити зисту меҳнат дар деҳот баёнгари сатҳи рушди кишвар мебошад. Дар замони истиқлолият бо ҳадафи рушди деҳа, аз ҷумла беҳсозии зерсохтор, […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *