Оё муноқишаи Қирғизистону Тоҷикистон метавонад пайке аз ҳодисаҳои хунбортари оянда бошад?

Пешгўӣ дар заминаи далелҳо

Баъди ба имзо расидани аҳдномаи оташбас дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон сулҳу осоиш барқарор гардид, аммо сар аз рўзи дигар боз як ҷанг – ҷанги иттилоотӣ дар интернет оғоз ёфт. Миқёси ин ҷанг бо истифода на танҳо аз расонаҳои электронии миллию хориҷӣ, балки ҳамчунин аз имкониятҳои манбаъҳои интернетии пуриқтидор (шабакаҳои иҷтимоӣ, Ютуб, Телеграм, сомонаҳои иттилоотию таҳлилӣ бо аудиторияи чандинмиллионнафара, Вотсап, Имо, Вайбер ва ғ.) ихтилофҳои Русия ва Украина, Арманистон ва Озарбойҷонро ба хотир меоранд.

Барои як қисм рамзи мубориза дар олами маҷозӣ духтараки 12-солаи дар рафти задухўрдҳои мусаллаҳона фавтида шудааст, ки аксаш дар тамоми расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мечархид. (Ба волидони духтар, ки қурбонии ихтилофи бемаънӣ шудааст, ҳамдардӣ изҳор мекунам.)

Касе баногаҳ даҳҳо духтарони ўзбекеро ба хотир овард, ки дар рафти ҳодисаҳои хуношоми соли 2010 дар вилояти Ўши Қирғизистон таҷовуз ва қатл шуда буданд.

Ба оташи муноқиша сарбозони ҷабҳаи иттилоотии хориҷӣ низ равған мерезанд, ки гаҳ ину гаҳ он ҷонибро гунаҳгор эълон мекунанд.

Даъватҳо ба муттаҳид шудани туркзабонони олам дар мубориза бар зидди тоҷикон низ садо медиҳанд. Дар ҷавоб овозаҳо дар бораи кадом як муҷоҳидон дар соҳили дигари Панҷ паҳн карда мешаванд, ки ҳар лаҳза омодаанд ба кўмаки тоҷикон биштобанд.

Як шаҳрванди «боимон»-и Қирғизистон, ки аслан гўиё қазоқ аст, бо гиря дар муроҷиати видеоии худ мегўяд: ман, қазоқ, барои духтарчаи фавтида беш аз шумо – қирғизон азият мекашам! Субҳоноллоҳ, қотилони духтар ҷазои худро мегиранд!

Бозӣ бо асабу эҳсос, агар пеши роҳи он гирифта нашавад, метавонад дар оқибат вусъат ёфтани шиддатро дар сарҳад ба бор орад.

Аз иғвоандозони иттилоотии маҷозӣ ходимони мазҳабӣ ақиб намемонанд. Баъзеи онҳо бе зарраи шак дар моҳи муқаддаси рамазон фармудаи исломро доир ба он ки мусулмон бародари мусулмон аст, сарфи назар карда, бо фарёди “Субҳоноллоҳ” якдигарро ба ваҳшоният айбдор менамоянд ва кофир эълон мекунанд.

Оё муноқишаи Қирғизистону Тоҷикистон метавонад пайке аз ҳодисаҳои хунбортари оянда бошад?

Мавқеи расонаҳои хориҷие, ки дар ҳар ду кишвар аккредитатсия доранд, аз қабили “Радиои Озодӣ”-и Амрико ва сомонаи русиягии “Спутник” касро ба ҳайрати беандоза меафкананд. Масалан, бахши қирғизии Радиои Амрико “Азаттик” дар якчанд матлаби худ ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор бароварда, аз макони ҳодисот лаҳзаҳоеро паҳн кардааст, ки дилу ҷигари бинандаро реш мекунанд. Ҳамзамон шуъбаи тоҷикистонии ҳамон радио ҳамаи гуноҳро барои фоҷиаи рўйдода ба дўши тарафи қирғиз бор кардааст. Ҳар ду тараф аз сулҳ кам мегуфтанд. Яъне, дар дохили яке аз воситаҳои пурнуфузи ахбори ҷаҳон тўли чанд рўз ҷанги иттилоотии воқеӣ идома дошт. Аммо сабаби инро дарк кардан мумкин аст: дар ҳар ду сомона асосан рўзноманигорони маҳаллӣ кор мекунанд, ки барояшон манофеи кишвари худ бегона нестанд. Ба назар мерасад, саридораи Радио амр накардааст, ки матлабҳои ба истиқрори сулҳ мусоидаткунанда нашр шаванд.

«Коршиносон»-и масоили Осиёи Марказӣ, ки ҳазорҳо километр дур аз минтақа зиндагӣ мекунанд ва худро донандаи ягонаи ҳақиқат мепиндоранд, низ ба ду ҷабҳа ҷудо шудаанд. (Шояд, ҳамин хел супориш гирифта бошанд.) Ва онҳо низ ҷанги худро оғоз карданд. Аммо ҳар ду ҷабҳаро ҳадафи умумӣ муттаҳид мекунад – иттилоотро тавре паҳн кардан, ки ихтилофи мусаллаҳона ҳарчи зиёдтар тўл кашад. Дар ин “ҷанги ҷабҳаҳо” гоҳо инсў-онсў давидани “хоинон”-ро дида ҳайрон мешавӣ: баъзе коршиносон сари ноутбукҳои худ нишаста, дар масъалаи “гунаҳгор кист?” чанд карат дидгоҳашонро тағйир додаанд.

Айни замон зиёд аз мавҷудияти неруи сеюм мегўянд, ки ба идома ёфтани низои ду кишвари ҳамсоя манфиатдор аст. Ин фарзия муносибати хеле ҷиддиро талаб мекунад!

Қабл аз баровардани неруҳои низомии ИМА аз Афғонистон дар ин сарзамини ҷангзада ҳам вазъият якбора бад шуд. Барои дарк намудани ин кофист, ки инҷо воқеаҳои охирини фоҷиавии дар Афғонистон рухдодаро номбар кунем:

-аз ҷониби Толибон ишғол шудани блокпостҳои неруҳои ҳукуматӣ дар вулусволии Ғазнӣ;

-иқдоми террористӣ дар яке аз мактабҳои шаҳри Кобул, ки дар оқибати он 67 нафар, асосан духтарҳо қурбон шуданд;

-иқдоми террористии рўзи 10-уми май – ҳангоми таркиши автобус 16 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар як муддати кўтоҳ рух додани ин шумора ҳодисаҳои хунин оё шубҳаовар нест?

        Толибон чандин маротиба изҳор доштаанд, ки ҳадафи онҳо танҳо Афғонистон аст ва интиқоли “қонунҳои шариат” ба кишварҳои ҳамсояро дар нақша надоранд. Аммо бояд ба эътибор гирифт, ки гурўҳҳои террористии дар Афғонистон пас аз торуморшавии ДИИШ боқимонда, ки ба онҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ низ шомил буданд, ба Толибон ҳамроҳ гаштаанд.  Ин тоифа ҳадафҳои тамоман дигарро пайгирӣ мекунад.

Аз ин сабаб, самимияти изҳороти саркардаҳои Ҳаракати Толибон зери шубҳа аст. Сарпарастони аҷнабии онҳо, ки барои офаридаи худ дар чоряк қарн маблағҳои ҳангуфтро сарф намудаанд, нақшаҳои ба маротиб васеътар доранд. Мувофиқи барномаи «бетартибии идорашаванда», барои онҳо Осиёи Марказӣ гузаргоҳе барои ҳаддалимкон наздик шудан ба Русия мебошад ва Толибон маҳз ҳамон неруе мебошад, ки барои гузаштан аз ин долон лозимашон аст. Ва марзи байни Тоҷикистону Афғонистон бо дарозии 1600 километр баҳри оғози ин гуна юриш макони бисёр қулай ба назар мерасад. Ғарб ба бесубот шудани вазъи Осиёи Марказӣ то ба ҳамлаи Толибон хеле манфиатдор аст. Вақте ҷумҳуриҳои ҳамсоя байни ҳам меҷанганд, ин мушкили ҳаракат ба сўйи ҳадафи аслии гурўҳҳои террористӣ – Русияро хеле осонтар мекунад.

Толибони мутаассиб низ ҳадафи худро доранд – Осиёи Марказиро қисми халифат эълон кардан. Он гоҳ аз ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли собиқ танҳо ном мемонаду халос.

Аз ин сабаб бо роҳи сулҳҷўёна ҳал кардани мушкилот, ҳамаҷониба мустаҳкам намудани муносибатҳои дўстона, рушд додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, робитаҳои ҳарбӣ, фарҳангӣ, башарӣ ва муттаҳид шудан бар зидди хатари умумии террористӣ ба манфиати кулли ин ҷумҳуриҳост.

Шодиовар аст, ки дар роҳи барқарор намудани муносибатҳои дўстонаи Қирғизистон ва Тоҷикистон қадамҳои нахустин гузошта мешаванд. Ташрифи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав баргузор гардид, ки дар рафти он ў бо президенти Русия Владимир Путин доир ба масълаҳои амнияти минтақавӣ гуфтушуниди комгорона дошт. Пас аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонии Путин бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов доир гардид. Дар охири моҳи май Ҷабборов ҳам ба Маскав барои гуфтугў бо Путин дар масъалаи амнияти минтақавӣ сафар хоҳад дошт.

Умеде пайдо шуд: дар ниҳоят ҳамаи мушкилиҳо дар масъалаи тақсими марзи миёни ду кишвар ҳалли худро меёбанд ва заминаҳои ихтилоф дар сарҳад бартараф мешаванд.

Бахтиёр Ҳамдамов

Оцените статью:

Оё муноқишаи Қирғизистону Тоҷикистон метавонад пайке аз ҳодисаҳои хунбортари оянда бошад? Пешгўӣ дар заминаи далелҳо Баъди ба имзо расидани аҳдномаи оташбас дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон сулҳу осоиш барқарор гардид, аммо сар аз рўзи дигар боз як ҷанг – ҷанги иттилоотӣ дар интернет оғоз ёфт. Миқёси ин ҷанг бо истифода на танҳо аз расонаҳои электронии миллию хориҷӣ, балки ҳамчунин аз имкониятҳои манбаъҳои интернетии пуриқтидор (шабакаҳои иҷтимоӣ, Ютуб, […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *