Оё ба занони Шарқ озодӣ лозим аст?

 “Одамон ҳар хел мешаванд ва ман бовар намекунам, ки арзиши ахлоқии як шахс бештар аз ахлоқи каси дигар аст” – мегӯяд қаҳрамони як филм. Ин суханони ӯ ба одамоне дахл доштанд, ки бартарии нажоди худро бар дигарон зӯран бор мекарданд. Аммо дар зиндагии муқаррарӣ зӯроварӣ метавонад на танҳо дар муносибати нажодҳову мардумон зуҳур ёбад. Он дар рӯзгор, дар ҷои кор ва ҳатто дар чунин машғулиятҳои безарар, ба мисли варзиш низ зиёд аст.

Зӯроварӣ аз кӯдакӣ талқин мешавад?

Ҳар рӯз соати 5 субҳ ҳамсояи ман писарони худро бедор мекард,  яке шашсола ва дигарӣ 7 сола ва онҳоро маҷбур мекард, ки аввал дар атрофи бино даванд ва сипас машқҳои варзиширо дар майдончаи кӯдакон иҷро кунанд. Новобаста аз он, ки дар берун кадом фасли солу обу ҳаво чӣ гуна аст. Ҳамсоя бо ғурур дар мобайни ҳавлӣ дар даст асои хурде меистод ва агар писаронаш ягон кореро нодуруст иҷро кунанд, он асоро гоҳ-гоҳ ба кор мебурд. Наметавонам бигӯям, ки кӯдакон ҳамеша машқҳоро бо саъю кӯшиш иҷро мекарданд. Писари хурдӣ яқинан бе майлу хоҳиш иҷро мекард ва аз падараш метарсид.

Ҳамсояҳо инро қазоват намекарданд. Баръакс, таъриф мекарданд ва мегуфтанд, ки кӯдаконро маҳз ҳамин хел тарбия кардан лозим аст. Бар замми ин, дар майдонча дигар кӯдакони хоболуд пайдо шудан гирифтанд, ки волидонашон онҳоро низ барои иҷрои машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти назорати ҳамсояи куҳансол аз хона берун мекарданд.  Ин ҳолат маро ба ҳайрат меовард. Ҳеҷ кас аз кӯдакон намепурсид, ки оё онҳо дар соати 5-и саҳар давидан мехоҳанд, аз хоб сер мешаванд, саломатиашон ба ин кор имкон медиҳад ва ғ. Агар дигарон тавонанд, пас, ту ҳам бидав! Маълум мешавад, ки хушунат дар оила оғоз меёбад ва ҳатто аз худи кӯдакӣ талқин мегардад?

Оё ба занони Шарқ озодӣ лозим аст?

“Кӯдакро дар гаҳвора баста, ӯро соатҳо дар он “чун асир” нигоҳ доштан, ба хотири он, ки модар фурсат ёбаду ҳама кори хонаро анҷом диҳад, ин аввалин падидаи зӯроварӣ  нисбати кӯдакон  аст”, – мегӯяд журналисти шинохта Сайидо Назаров.

Ҳангоми баррасии далелҳои зӯроварӣ дар муносибатҳои волидону кӯдакон, омӯзгору хонанда, нозири зиндон ва зиндонӣ, шавҳар ва зан  шакли одатшуда ва аксар вақт ягонаи муносибатҳои байни одамон аст. Аммо одатҳои кӯҳна на ҳамеша дурустанд. Бо назардошти ин, эътироф кардан мумкин аст, ки қурбониёни хушунат метавонанд на танҳо занон бошанд, ки вақтҳои охир барои баробарҳуқуқиашон мубориза мебаранд, балки кӯдакон, пирон, узви ҳайати кормандони корхона ва ғ. бошанд.

Ман абгору афсурдаам…

Мавзуна (ном иваз шудааст) кайҳо чилсола шудааст, аммо ин барои шавҳараш, ки қариб  ҳар рӯз ӯро хушунати равонӣ мекунад, монеа шуда наметавонад. Ва ин таҳқири эҳсосии ҳамсараш, дашному ҳақоратҳо барои он ки ӯ агар ба худаш маъқул набошад, мафтункунанда либос намепӯшад, маҷбуркунӣ ба муносибатҳои маҳрамонае, ки ӯ қабулашон надорад ва майл ба дигар намудҳои зӯроварии равониро Мавзуна бадтар аз хушунати ҷисмонӣ мешуморад.

Адолати 27 сола (ном иваз шудааст) зани дуюми тоҷири сарватманде аст. Мо одат кардаем, чунин шуморем, ки зиндагии занони ба ӯ монанд хушбахтонаву беғубор аст.  Аммо ин тавр нест. Шавҳараш ба назди ӯ ҳамагӣ дар як моҳ як  маротиба меояд.  Аммо бо ин ҳама, ӯ шабу рӯз зиндагии занашро таҳти назорат гирифтааст.

 “Шавҳарам, ки худаш хеле камбудиҳо дорад, ниҳоят бадрашк аст. Ба ман кор кардан, бо дугонаҳоям вохӯрдан манъ аст. Вай ҳамеша ба ман ёд медиҳад, ки ба куҷо ва бо кӣ равам, агар умуман ба ҷое рафтанам мумкин ҳам бошад, зеро вақтҳои охир ҳатто ба хонаи наздиконам рафтану умуман аз хона баромаданро манъ кардааст”, – ҳасрат мекунад Адолат.

Адолат иқрор шуд, ки барои итоат накардан шавҳараш ӯро латкӯб карда, то дуруст шудани ҷойҳои кабудшуда ва пайи латукӯб  дари хонаро қулф кард. “Ман абгору афсурдаам. Дигар рӯҳан тоби бардошти ин гуна зиндагиро надорам”

Қаҳрамони дигари мо Дилором (ном иваз шудааст) аз он ранҷ мекашад, ки шавҳараш ҳамеша ба вай бо худкушӣ таҳдид мекунад. “Аллакай чанд сол аст, ки муносибати ману шавҳарам мураккаб шудааст. Мо якдигарро намефаҳмем, ҳамеша ҷанҷол, аз паси ҳар майда-чуйда хархаша мекунем. Ин аҳвол кайҳо ба дилам задааст ва ман хостам, ки ҷудо шавем. Лекин ӯ мегӯяд, ки агар ман ҷудо шавам, ӯ худашро мекушад, мегӯяд, ки бе ману кӯдакон зиндагиаш бемаъно аст. Ман намедонам, ки ин фақат таҳдид аст ё ҳамааш ҷиддӣ, аммо ӯ орому бо эътимод сухан мегӯяд, монанди он, ки аллакай ба қароре омадааст.  Эҳсоси гунаҳкорӣ дар назди ӯ намемонад, ки ман барои ҷудошавӣ тасмим гирам, ҳарчанд ҳама мегӯянд, ки ин танҳо худнамоӣ ва новобаста аз ягон чиз, хоҳиши нигоҳ доштани ман асту халос.

Дар ҳамин ҳол, омори талоқ бениҳоят баланд боқӣ мемонад, ки то ба андозае барои озодии занони тоҷик мусоидат менамояд.

Тибқи маълумоти расмӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 29 ҳазору 955 никоҳ ва 5 ҳазору 486 талоқ (2019-6065) аз ҷониби мақомоти САҲШ-и Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Мушкили зӯроварӣ бояд баррасӣ шавад

Мисолҳои зӯроварии мардон нисбати ҷинси латиф хеле зиёданд. Тақрибан ҳамарӯза ВКД-и ҷумҳурӣ дар ахбори ҷиноии худ дар бораи ин ё он ҳодисаи зуҳуроти хушунати хусусияти маишӣ дошта хабар медиҳад, ки дар онҳо аксаран мардон зӯроварӣ мекунанд.

Тибқи омори расмӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 571 ҳолати зӯроварӣ нисбати занон ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи 113 далел парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, нисбати дигар ҳолатҳо чораҳои маъмурӣ андешида  ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Омор манзараи воқеии он ҳодисаҳоеро, ки бо ин сабабҳо рӯй медиҳанд, бозгӯ намекунад. Бисёриҳо аз муроҷиат кардан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо он сабаб худдорӣ мекунанд, ки шояд шавҳар фикрашро дигар мекунад ва ё ислоҳ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мо мақсад гузоштем, ки мавзӯи хушунатро бо ҳама падидаҳояш биомӯзем. Ба маънои дигар, мушкили зӯроварӣро на танҳо дар фаҳмиши одатии он (мард – зӯровар, зан – ҷабрдида, ё ин ки дар назди зӯр камқувват ҳамеша гунаҳкор аст), балки каме васеътар таҳлил бояд кард. Масалан, кӯдакон дар оила ба андозаи якхела метавонанд  на танҳо аз ҷониби падарони дар тарбияи онҳо бетараф, балки аз тарафи модарони хашмгину бесавод низ дучори хушунат шаванд.

Оё ба занони Шарқ озодӣ лозим аст?

Ин ҳолатҳо сабаби он мешаванд, ки чунин ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ хоҳ кӯдакон бошанд, хоҳ   занон, аз ҷониби наздикони худ дастгирӣ наёфта, аксар вақт барои ба атрофиён муроҷиат кардан ҷуръат намекунанд ва бо бадбахтии худ танҳо мемонанд. Дар чунин ҳолатҳо ранҷиши солҳо  ғуншуда метавонад дар шакли таҷовузи хашмгинона берун шавад.

Исботи ин гуфтаҳо метавонад ҳодисаи гӯшношуниде бошад, ки ба наздикӣ дар Душанбе рӯй дода буду ҳамаро ба ҳолати шокӣ гузошта, норозигии зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Духтар қасди куштани модари худашро кардааст, зеро  модар нагузоштааст, ки духтараш ба Туркия равад.(батафсилтар дар ин ҷо: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/incidents/20201205/podrobnosti-semeinoi-drami-doch-pirnula-mat-s-nozhom-potomu-chto-ta-ne-otpuskala-ee-v-turtsiyu )

Бояд дар ёд дошт, ки агар осори таъсири ҷисмониро тез мушоҳида кардан мумкин бошад, хушунати равонӣ метавонад пинҳонӣ инкишоф ёбад ва тадриҷану ногузир ба мушкилоти ҷиддӣ мубаддал гардад. Ин ҷо мо намехоҳем, ки рафтори ғайриинсононаи духтарони ба сӯи ҷиноят қадамгузоштаро ҳақ барорем. Зимнан ҳамчунин бояд дар бораи сабабу натиҷаи ҷиноят ва камбудиҳои дар тарбия роҳдодаи волидон низ ёдовар шавем.

Бо назардошти он, ки зуҳуроти хушунат дар шаклҳои гуногуни он падидаи омӯхтанашуда  нест, коршиносон эътироф мекунанд, ки намуди паҳншудатарини он зӯроварии хонаводагӣ мебошад, ки вақтҳои охир дар натиҷаи тадбирҳои маҳдудкунандаи бо сабаби сирояти коронавирус ҷоришуда шиддат ёфтааст. Дар ҳолати махсусан осебпазир боз ҳам намояндагони ҷинси латиф қарор доранд.

Оё ба занони Шарқ озодӣ лозим аст?

Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), ҳар сеюмин зан ҳадди аққал як маротиба дучори зӯроварии ҷисмонӣ ё шаҳвонӣ мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки заноне, ки аз ҷониби шавҳарони худ гирифтори хушунат шудаанд, метарсанд, ки ба ягон кас шикоят баранд ва дар бораи бадбахтии худ нақл кунанд. Онҳо метарсанд, ки бо ин кор вазъро дар оила боз ҳам бадтар мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо сардори оила бераҳмии зиёдтарро раво мебинад, метавонад, ки кӯдаконро кашида гирад, “нима”-и худро бе манзилу маблағ гузорад. Маҳз дурнамои афтидан ба ҳолати ноилоҷӣ занонро ба қурбонии ҳолатҳо табдил медиҳад, зеро онҳо дар танҳоӣ наметавонанд ниёзҳои худ ва фарзандонашонро таъмин кунанд.

 “Таҳаммул кардан лозим нест…”

Бо назардошти нозук будани мушкили барои ҷомеа муҳим дар доираи “16 рӯзи муборизаи фаъолона бар зидди зӯроварӣ нисбати занон” ва Рӯзи байналмилалии маҳв кардани зӯроварӣ нисбати занон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор шуд ва мушкилоти баробарии ҷинсӣ дар кишвар баррасӣ гардид.

Олимони шинохта ва ходимони сиёсӣ – Марҳабо Олимӣ, Насиба Содиқӣ, Муҳиба Муҳаммадҷонова, олимаҳои ҷавон – ширкаткунандагони мизи мудаввар масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар бахши баробарии ҷинсӣ, хушунат, муносибати ҷомеа ва дин, ва ғ-ро ба миён гузоштанд.

Оё ба занони Шарқ озодӣ лозим аст?

Доктори илмҳои фалсафа Зулайхо Усмонова дар рафти суханронии худ қайд кард, ки бояд муносибати устуворро дар бобати роҳ надодан ба зӯроварӣ ташаккул дод. “Зӯровариро таҳаммул кардан лозим нест: шумо бояд сухан гӯед, дар бораи он фарёд занед, кӯмак пурсед”, – гуфт вай. – Худшиносӣ, эҳтиром ба шахсияти худро инкишоф додан лозим аст. Дарки арзиши шахсият ва зиндагӣ муҳим аст”.

Ба суоли он, ки чӣ бояд кард, то ҷабрдидагон ба сухан дароянд, З.Усмонова посух дод: “Нахуст бояд аз тарбия оғоз кард – на ҷабрдидагон, балки шахсони озоду ҷасурро, ки худ ва дигаронро ҳимоя мекунанд, тарбия бояд кард. Бо ҷабрдидагон кори равоншиносиро бояд ба роҳ монем. Ин кор барои он лозим аст, ки дар ниҳоди озордида эҳтиром ба худ, дарки он ки ӯ низ ҳама ҳуқуқҳоро дорад ва озордиҳанда ҳақ надорад ки ӯро озор диҳад ва бояд барои кораш ҷавоб диҳад, пайдо шавад”.

Оё ба занони Шарқ озодӣ лозим аст?

Ба ақидаи Сайидо Назаров дар аксари кишварҳои ҷаҳон инзивоъ (карантин) ба хурӯҷи хушунати хонаводагӣ оварда расонд, зеро зӯроварон ва ҷабрдидагон вақти зиёди худро дар фазои  пӯшида мегузаронанд. Дар ин давраи барои иқтисоди аксари кишварҳои ҷаҳон мураккаб даромади нокифоя мардонро хеле асабонӣ, ғазабнок ва ноором мекунад, ки оқибат бисёр вақт ба ҳодисаҳои номатлуби падидаи зӯроварӣ мебарад.

Масалан, таҳлили қиёсӣ нишон медиҳад, ки мардони тоҷик одатан хеле меҳнатдӯст, бомасъулият дар назди оила ҳастанд, аммо дар давраи коронавирус бисёрии онҳо кори худро аз даст додаву даромади пештараашон як баробар коҳиш ёфааст. Бино бар ин, имрӯз онҳо наметавонанд, ки оилаи худро таъмин кунанд. Ва ин ҳолати мураккаби иқтисодӣ ба ташаннуҷи иловагии хонаводагӣ сабаб мешавад”.

С. Назаров иброз дошт, ки аз қадимулайём ҷомеаи Шарқ, бахусус, аксари мардон далелҳои зӯровариро эътироф намекунанд ва инро ҳамчун як чизи муқаррарӣ қабул доранд. Ба вижа, зӯроварии равонӣ, ки ба он ҳамчун назорат ва сӯистифода аз ҷониби мардон нисбати занон муносибат карда мешавад. Чунин намуди хушунат сараввал мумкин аст, ки ноаён бошад ва инро ҳатто худи таҳмилкунанда эҳсос намекунад. Зеро ин ҳолати муқаррарӣ ҳисоб мешавад, ки зан амалан дар бораи ҳар сонияи зиндагиаш дар назди шавҳараш ҳисобот диҳад, суоли “ту дар куҷо будӣ?”, хоҳиши “ман навиштаҷоти туро хонам”, ибораи “ба ман маъқул нест, ки бо ҳамин дугонаат муносибат мекунӣ” низ барои онҳо чун меъёр қабул шудааст.

Ва ин анъана аз қадим омадааст, ки зан бояд комилан ба мард итоат кунад.

Касе ин корро як бор кард – боз такрор мекунад…

Оё ба занони Шарқ озодӣ лозим аст?

Ба ақидаи фаъолзан Фирӯза Бердиева, чун одат зан ба мард на аз рӯи эҳтиром, балки аз тарси қурбонии зӯроварии ҷисмонӣ шудан итоат мекунад. Баъзан чунин мешавад, ки барои ҳар як гуноҳ – дар вақташ тайёр нашудани хӯрок, харҷи нодурусти пул зан “дарси адаб” мегирад. Ва ин ҳолат барои зӯроварон мавриди қулайи худсафедкунӣ мешавад, ки барои рафтори худ масъулият ҳис намекунанд.

Онҳоеро, ки ғояи баробарҳуқуқиро эътироф мекунад, ҳамоно феминистка, занони хашмгин меноманд, ки дар ҳаёти шахсӣ ноомадиҳо доштаанд.

Ф.Бердиева исрор мекунад, ки ҳама гуна зӯроварии мардонро сафед кардан номумкин аст. Агар мард як бор зӯроварӣ кард, пас гумони ғолиб ин аст, ки онро бори дигар содир мекунад. Чун одат, лаҳзаҳои хушунат танҳо як бахши улгуи рафтори назораткунанда мебошад.

Анъанаҳоро риоя кунем ё бо Аврупо баробар шавем?

Тавре ки З.Усмонова қайд кард, зӯроварӣ ва анъанаҳо – ду чизи гуногунанд. Ҳеҷ кас аз занон талаб намекунад, ки аз оила рӯй тобанд, хӯрок напазанд, бар зидди анъанаҳои оилавӣ шӯриш бардоранд, аммо лозим нест, ки мардону занонро ба ду гурӯҳи нобаробар ҷудо кунем, ки дар он мардон ба ҷомеа хизмат мекунанду нақши зан бо чорчӯбаи оила маҳдуд мешавад.

Оё ба занони Шарқ озодӣ лозим аст?

Аммо С.Назаров чунин мешуморад, ки лозим нест бо Аврупо баробар шавем ва дар бобати  мустақилияти занон ҳуввияти онҳоро нусхабардорӣ кунем.. “Ин кор ягон ҷои хубӣ надорад, зеро баробарҳуқуқии пурраи ҷинсҳо набуд, нест ва нахоҳад буд. Дар Шарқ ҳамеша ҷое ҳуқуқи мардон баланд буду ҷое ҳаққи занон. – Маҳз тақсимоти нобаробари ӯҳдадориҳо  ҳуқуқ дод, ки мардон ҷинси пурқувват ва занон ҷинси латиф номида шаванд. 

– Дар ёд дорам, ки модари ман ва ҳамаи ҳамсолони ӯ шавҳарони худро иззат мекарданд, на аз тарс дар ҳама бобат эҳтиромашонро ба ҷо меоаварданд. Онҳо хушбахтии худро маҳз дар ғамхорӣ нисбати сарвари оила, фарзандон, дар фароҳам овардани роҳат, муносибати боэҳтиромона ба пайвандон медиданд”.

Ба фарзандон муҳаббат ва эҳтиром ба занонро талқин кунед

Ҳамаи гуфтаҳои болоро хулоса карда ва ба мавзӯи қасди куштани модарро кардани духтар баргашта, қайд кардан бамаврид аст, ки маҳз тарбияи нодуруст насли имрӯзаро чунин бераҳм ва хашмгин кардааст. Зеро қолабҳои аввалин ва асосиии муносибат ба зиндагиро кӯдак аз модараш меомӯзад. Дар ин росто,барои он ки зӯроварӣ рушд накунад, зарур аст, ки ба кӯдакон ҳисси муҳаббат, эҳтиром нисбат ба занонро талқин намоем, бо қадамҳои нахустин онҳоро дар рӯҳияи мардони ҳақиқӣ, муносибати ғамхорона ба ҷинси латиф тарбия кунем.

Хотирнишон месозем, ки барои мубориза бо хушунат ва иттилоънок кардани аҳолӣ дар бораи ин мушкил ҳамасола дар ҷаҳон маъракаи “16 рӯзи амалҳои фаъолона бар зидди зӯроварӣ нисбати занон” баргузор карда мешавад. Ин иқдом дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби созмонҳо ва шахсони алоҳида ҳамчун стратегияи сафарбаркунанда барои баромадҳо бо даъвати пешгирӣ ва нест кардани зӯроварӣ нисбати занону духтарон истифода карда мешавад.

Лутфия Эшонқулова

Оцените статью:

Оё ба занони Шарқ озодӣ лозим аст?  “Одамон ҳар хел мешаванд ва ман бовар намекунам, ки арзиши ахлоқии як шахс бештар аз ахлоқи каси дигар аст” – мегӯяд қаҳрамони як филм. Ин суханони ӯ ба одамоне дахл доштанд, ки бартарии нажоди худро бар дигарон зӯран бор мекарданд. Аммо дар зиндагии муқаррарӣ зӯроварӣ метавонад на танҳо дар муносибати нажодҳову мардумон зуҳур ёбад. Он […]
1.67 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *