Ҷои оббозӣ куҷост?

Танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар обҳои ҷумҳурӣ 34 нафар ҳалок гардид, ки аз онҳо 14 нафар кўдакону наврасони то 16-сола буданд. Аммо мавсими оббозӣ нав сар шудааст ва омори ғарқшудагон рўз то рўз зиёд хоҳад гардид.

Наҷотбахшон ба аҳолӣ тавсия медиҳанд, ки танҳо дар ҷойҳои махсус таъингардида дар канори дарёю обанборҳо истироҳат кунанд, аммо сокинон мегўянд, чунин маконҳои дастрас қариб тамоман вуҷуд надоранд. Ва боз, тавре коршиносон қайд мекунанд, аксари тоҷикистониҳо ба андозаи кофӣ малакаҳои шиноварӣ надоранд, ки ин оқибатҳои фоҷеавӣ дар пай меорад.

Омори ғамангез

Бо фарорасии тобистон ва рўзҳои гармо истироҳат канори обҳо ба яке аз машғулиятҳои асосии аҳолӣ, хоса миёни бачагону наврасон табдил меёбад. Дар робита ба ин шумораи ҳодисаҳои ғарқшавии одамон рў ба афзоиш мениҳанд.

Бино ба суханҳои котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ, наҷотбахшони Кумита фаъолияти доманадор оид ба пешгирӣ аз ҳалокати одамон дар обҳоро тавассути чорабиниҳои ташвиқу таблиғотӣ, гаштзанӣ дар соҳилҳо ва навбатдории шаборўзӣ дар соҳилҳо ба амал меоранд.

-Ба ин тариқ, 27 майи соли ҷорӣ ба КҲФ занги изтироб расид, ки дар дарёи Душанбе, дар наздикиҳои маҳаллаи 63-юм наврасе ғарқ мешавад. Ба ҷойи ҳодиса расида, наҷотбахшон муайян намуданд, ки наврасро ҳангоми оббозӣ ҷараёни сахти об аз соҳил 15-20 метр дур кашидааст ва ў дар яке аз иншоотҳои такягоҳии дарёи сард дармондааст. Наҷотбахшон бо истифода аз арғамчин то наврас расиданд ва шиновари ноуҳдабароро аз дарёи пуртуғён бароварданд. Ў сокини 15-солаи пойтахт будааст, ки аломатҳои манъи оббозӣ дар дарёро сарфи назар карда, ҳаёти худро ба хатари калон дучор кардааст. 1 июни имсол дар вақти навбатдорӣ дар соҳили дарёи Сири шаҳри Хуҷанд наҷотбахшони КҲФ одамонеро диданд, ки ғарқ мешуданд. Инҳо сокинони 25, 14 ва 10-солаи ноҳияи Расулов буданд. Наҷотбахшон дар дақиқаҳои башумор ба ҷои ҳодиса расиданд ва онҳоро ба соҳил бароварда, ёрии аввалияи тиббӣ расонданд. Ба шарофати амалҳои саривақтӣ аз фоҷеа пешгирӣ намудан муяссар гардид,- хабар дод Юсуфӣ.

Ҷои оббозӣ куҷост?

Мутаассифона, бо вуҷуди чораҳое, ки андешида мешаванд ва даъватҳои сершумор ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об ва ҳушдор аз оббозӣ кардан дар ҷойҳое, ки барои ин пешбинӣ нашудаанд, одамон нисбати амнияти худ беэътиноӣ карданро идома медиҳанд ва дар оқибат теъдоди ғарқшудагон зиёд мешавад.

Мувофиқи иттилои КҲФ, танҳо дар 5 моҳи соли 2021 дар обҳои кишвар дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ 34 шаҳрванд ғарқ шуд, ки аз онҳо 14 нафар кўдакон ва наврасони то 16-сола буданд.

Ба ин тариқ, рўзи 6 май дар ҳавзи Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе сокини 12-солаи пойтахт ғарқ шуд. Ў ҳамроҳи дўстонаш дар ҳавзе, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудааст, тасмими оббозӣ кардан гирифт. Ба об даромада, писарак ҳамон замон зери об рафт, дўстонаш натавонистанд ба ў ёрӣ расонанд. Наҷотбахшон бо ёрии ғаввос ҷасади кўдакро аз қаъри об бароварда, ба наздиконаш супориданд.

Ҳодисаи дигар дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, дар соҳили дарёи Кофарниҳон рўй дод. Замони бозӣ дар соҳил сокини 7-солаи Душанбе ба дарё афтид. Маҷрои тунд дар сонияҳои баҳисоб ўро зери об кард.

7 май ду сокини 9-солаи шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ ба ғарқшавӣ оғоз карданд. Бо талошҳои сокинони маҳаллӣ як кўдакро наҷот додан муяссар гардид, дигарӣ, мутаассифона, ҳалок гардид.

1 июн ду сокини ҷавони вилояти Суғд дар об вафот намуданд.

-Сабаби марги кўдакон оббозӣ дар ҷойҳои муҷаҳҳазношуда, надоштани малакаҳои шиноварӣ ва беэътиноии волидон аст, ки кўдаконро дар соҳилҳо бе назорат мемонанд. Калонсолон дар обҳо бештар аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ, ба об дар ҳолати мастӣ даромадан, ҳамчунин ҳангоми садамаҳои автомобилӣ дар наздикии кўлу дарёҳо ғарқ мешаванд,- иттилоъ дод Юсуфӣ.- Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандони боисрор хоҳиш мекунад, ки ҳангоми дар наздикии обанборҳо қарор доштан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд. Кумита ба волидон хотиррасон мекунад, ки кўдаконро бе назорат намонанд, қатъиян қоидаҳои рафтори бехавфро дар соҳилу обҳо риоя намоянд.

Аз сабаби риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву обанборҳои ҷумҳурӣ соли гузашта 107 нафар ғарқ шуданд. Кормандони КҲФ 55 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Дар куҷо оббозӣ кунем?

Дар ҷустуҷўи ҷавоб ба ин савол мо қарор додем аз он ҳавзу кўлҳои пойтахт хабар гирем, ки дар онҳо бехавф оббозӣ кардан мумкин бошад ва дар сурати зарурат наҷотбахшон ба ёриат шитобанд.

Тавре маълум гашт, шумораи чунин обанборҳо зиёд нест. Ба ҳавзҳои як замон миёни кўдакон маъруф дар маҳалҳо кайҳо боз хок бор кардаанд, дар ҷои онҳо манзилҳои иқоматӣ, нуқтаҳои савдо, таваққуфгоҳҳои мошинҳо бунёд гаштаанд. Замоне кўдакон тамоми тобистонро дар лагерҳои пионерӣ мегузаронданд, ки онҷо ба онҳо аз ҷумла шиновариро меомўзонданд. Акнун аз он замонҳо танҳо хотираҳо боқӣ мондаанд.

Ҳукуматдорони кишвар кўшиш мекунанд масъалаи оббозӣ дар ҳавзу кўлу дарёҳоро ҳал намоянд. Дар кўли Варзоб аквапарки калонтарин дар Осиёи Марказӣ бунёд гашт, дар соҳили чапи Сирдарё дар Хуҷанд пляжи нави замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар Душанбе ду аквапарк, инчунин якчанд ҳавз фаъолият мекунанд, маҷмўаи варзишии калон бо ҳавзҳо дар кўчаи Карамов сохта шуд. Ҳавзҳо дар дигар маҷмўаҳои варзишии пойтахт низ вуҷуд доранд.

Ҷои оббозӣ куҷост?

Аммо аксарияти аквапарку ҳавзҳо, ба иқрори сокинон, барои онҳо нархи гарон доранд.

-Чанде пеш ман бо тарофаҳои аквапарку ҳавзҳои Душанбе ошно шудам,- нақл мекунад сокини пойтахт Ҷамшед Баҳриддинов.- Ҳамаи онҳо пулакианд. Нарх барои як бор аз 40 то 100 сомониро ташкил медиҳад. Ман хизматчии давлатӣ мебошам, андак зиёдтар аз 2000 сомонӣ маош мегирам. То ки се фарзанди ман ба ҳавз рафтан тавонанд, ман бояд нисфи маоши худро диҳам. Бо 1 ҳазор сомони як моҳ чӣ хел зиндагӣ мекунем? Писари ман аллакай 15-сола аст, лекин то ҳол шино карда наметавонад. Ин дуруст нест, вале ман намедонам ин масъаларо чӣ хел ҳал кунам.

Замоне кўдакон ва калонсолон ройгон метавонистанд дар кўли Комсомол (акнун Ҷавонон)-и Душанбе оббозӣ кунанд. Дар солҳои 90-ум ин макони дўстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт ба гўшаи фаромўшӣ дода шуда буд. Маркази наҷотдиҳандагони беназоратмонда макони ҷамъшавии нашъамандону бесарпаноҳон шуд ва сипас тамоман тахриб гашт. Катерҳои наҷотдиҳандагонро фурўхтанд ва худи кўл ба ботлоқзор табдил ёфт.

Солҳои охир боғро пурра таҷдид намуданд, кўлро аз ифлосиҳо пок карданд, ба соҳил рег оварданд, душ ва ҷойҳои тағйири либос насб намуданд. Аммо масъалаи бехатарии истироҳаткунандагон ҳанўз ҳалли худро наёфтааст. Мавзўи тозагии соҳил ҳам чандон бемушкилӣ нест.

-Кўдакон саргарми оббозӣ шуда, аз соҳил дур мераванд. Ман маҷбур мешавам ҳама вақт фарёд занам, ки пас гарданд. Инҷо марде мегардад, мисле ки наҷотдиҳанда аст, аммо танҳо кораш фурўхтани камераҳо барои оббозӣ асту ба кўдакони даруни об аҳамият намедиҳад. Дар манораи наҷотдиҳанда умуман касеро надидаам. Барои мо нархи ҳавзҳои пулакӣ гарон аст, аз ин рў маҷбурем инҷо биёем,- шиква мекунад модари ду писар.

Ҷои оббозӣ куҷост?

Мо аз дигар обҳои кушода – дарёи Душанбе, Мехкарйер, канали Ҳисор ҳам дидан кардем. Шумораи оббозон, бо вуҷуди хатарҳо- сангу оҳанпораҳои қаъри об – зиёд аст. Оби сард ва маҷрои сахт низ дар худ хатарҳо дорад. Аксари талабгорони ғўтазанӣ ба оби сард кўдаконанд. Онҳо иқрор мешаванд, ки пинҳонӣ аз волидон оббозикунӣ меоянд. Сабаби асосии интихобашонро чунин шарҳ медиҳанд – «инҷо бепул оббозӣ кардан мумкин аст».

Ҳавзи “Текстил”: арзон, аммо бекарон не

Зоҳиран, яке аз намунаҳои ҷойҳои амну дастрас барои оббозӣ ҳавзи Мактаби варзишии кўдакону наврасони захираҳои олимпии №4-и воқеъ дар паси Корхонаи нассоҷии маъруф чун «Текстил» аст.

Бино ба суханони директории мактаб Муҳаммаддилкушод Таваров, ҳавз ба қабули меҳмонон аз 1 июн шурўъ намудааст.

Ҷои оббозӣ куҷост?

-Тамоми тобистон сокинони шаҳр ва кўдакони онҳо метавонанд ба ҳавзи мо ташриф оварда, барои сиҳатии худ ва буҷаи оилавӣ нигарон набошанд. Чор наҷотбахш бехатариро назорат мекунанд. Бунгоҳи тиббӣ дорем. Ба бачаҳо мураббиёни шинохтае мисли Раҳмат Мирзоев, Алишер Чингизов, Екатерина Измайлова ва Дилбар Очилова дарси шиноварӣ медиҳанд. Нарх дар мо аз ҳама дастрас аст – ҳамагӣ 5 сомонӣ. Ҳарчанд ки ба ин нарх дар ҳолати лозима нигоҳ доштани ҳавз душвор аст, мо қарор додем онро боло набарем. Ба мо Ҳукумати шаҳр ёрӣ мерасонад, худи мо ҳам кўшиш мекунем онро дар тозагӣ ва тартиб нигоҳ дорем,- нақл кард директории мактаб.

Кормандони ҳавз мегўянд, рўзе то 250 нафарро қабул мекунанд. Ин барои шаҳри якмиллиона албатта қатраи обе дар биёбонро мемонад…

Қоидаҳои бехатарӣ дар обро аз хурдсолӣ ёд бояд дод,- мегўяд Муҳаммаддилкушо Таваров.- Пешниҳоди мо сохтани ҳавзҳо дар ҳар маҳаллаи шаҳр, ҳар мактаб ва қисми ҳарбӣ мебошад. Мураббиёнро бояд тайёр кард. Ин хеле муҳим аст. Лоақал ҳавзҳои кушода бошанд, барои ин маблағҳои калон лозим нестанд. Ҳатто бисёр аз калонсолон, то ҷое мебинам, ба андозаи кофӣ шиновариро наметавонанд. Масалан, як ҳолати маъмулӣҷавон мехоҳад аз як соҳил ба соҳили дигар шино кунад. Аммо дар оғоз хаста шуда, дар байни об якбора бемадор мешавад ва дигар ақиб ҳам гашта наметавонад. Агар кўдакон аз сабаби шино карданро натавонистан ғарқ шаванд, калонсолон ба неруву тавони худ нодуруст баҳо медиҳанд. Ва ҳам шиновариро ба қадри кофӣ ёд нагирифтаанд. Масалан, вақте хаста шудӣ, метавонӣ ба пушт гардӣ ва шино кунӣ. Ин техникаро аз худ кардан муфид ва зарур аст, то ки дар об вақти хасташавӣ истироҳат кардан тавонед. Сипас, ба худ омада, метавонед худро ба соҳил расонед.

Аз гармо дар куҷо халосӣ ёбанд?

Иншоотҳои калон ва гаронарзишро барои шиноварӣ бунёд намуда, ҳукуматдорон ҳанўз барои бунёди ҳавзу кўлҳо барои шаҳрвандони одӣ, бо назардошти маошҳои пасти онҳо, намешитобанд. Ин барои сохторҳои тиҷоратӣ ҳам манфиатовар нест. Аз ин сабаб аксари сокинон ҳар ҷое рост омад, оббозӣ мекунанд. Ва ғарқ мешаванд. Аз ҳама ҳузнангез дар ҳавзҳо ғарқ шудани кўдаконе аст, ки хатари ин ҳолатро ҳанўз ба пуррагӣ дарк намекунанд. Онҳо танҳо дар ин рўзҳои гарми тобистон андак салқинӣ ва хурсандӣ меҷўянд…

КҲФ тавсия медихад

Ҷои оббозӣ куҷост?

Тибқи суханони мутахассисони КҲФ, фоҷеаҳоро дар об пешгирӣ кардан мумкин аст, агар қоидаҳои зерин риоя гарданд:

-на камтар аз 1,5-2 соат баъди истеъмоли ғизо оббозӣ кунед;

-дар обанборҳои кушода ҳангоми камтар аз 15°С будани ҳарорати об оббозӣ кардан тавсия намешавад, зеро эҳтимоли ногоҳ беҳуш шудан аз шок вуҷуд дорад. Ба рўй додани шок бисёр вақт гармшавии барзиёди бадан пеш аз оббозӣ ва сипас якбора ба об ғўта задан мусоидат мекунад;

– дар ҷойҳои ношинос оббозӣ накунед: дар қаъри об мумкин аст сангҳо ё ашёи дигар бошанд;

-барои оббозӣ интихоб намудани ҷойҳои махсус барои ин пешбинигашта дуруст аст;

-дар ҷойҳои ботлоқӣ ва онҷо, ки обгиёҳҳо зиёданд, оббозӣ накунед;

-баъди дар офтоб гарм шудан ба об набояд даромад, ҳамчунин баъди сардшавии барзиёди бадан обро тарк бояд намуд;

-ба об дар ҳолати мастӣ даромадан қатъиян манъ аст;

-агар шиновариро натавонед ё малакаҳои шиновариатон суст бошанд, рўи камераҳои автомобилӣ, матрасу бозичаҳо шино накунед.

– дар танҳоӣ оббозӣ накунед, зеро дар сурати ба миён омадани хатар касе ёфт намешавад, ки ёриатон расонад;

-ҳеҷ гоҳ ба гирдоб наздик нашавед.

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Ҷои оббозӣ куҷост? Танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар обҳои ҷумҳурӣ 34 нафар ҳалок гардид, ки аз онҳо 14 нафар кўдакону наврасони то 16-сола буданд. Аммо мавсими оббозӣ нав сар шудааст ва омори ғарқшудагон рўз то рўз зиёд хоҳад гардид. Наҷотбахшон ба аҳолӣ тавсия медиҳанд, ки танҳо дар ҷойҳои махсус таъингардида дар канори дарёю обанборҳо истироҳат кунанд, […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *