Норасоии барқ: Бозгашт

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар се соли охир қариб фаромўш карда буданд, ки дар ҳаёти онҳо падидае мисли норасоии неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон вуҷуд дошт. Тарси мардум аз сардиҳо аз байн мерафт, пиронсолон дигар зарурати кўчидан ба хонаҳои пайвандон дар пойтахт ё пеши фарзандони дар Русия ҷойгирифта рахти сафар бастан надоштанд.

Аммо ибораи нороҳатсози «лимити барқ» ба таркиби луғавии мардум баргашт. Чӣсабаб шуд, ки се сол пас кишвар боз ба камбуди барқ дучор гардид?

Қарздоронро аз барқ маҳрум мекунанд?

Зимни фармоише, ки «Радиои Озодӣ» нашр кардааст, ШСХК «Барқи тоҷик» ба бахшҳои худ супориш додааст, ки барқи истеъмолгарони қарздорро қатъ кунанд. Дар баробари аҳолӣ аз барқ маҳрум намудани коргоҳ, корхона ва ташкилотҳое, ки қарзи худро пардохт накардаанд, низ супориш дода мешавад.

Ин гуна амалҳои барқчиёнро дар санад бо ҳадафҳое, аз қабили сарфаи неруи барқ ва таъмини истеъмолгарони боинсоф дар мавсими зимистон рабт медиҳанд.

Дар «Барқи тоҷик» оид ба аслӣ будани санад ва номгўи қарздороне, ки метавонанд бе барқ монанд, шарҳ гирифтан муяссарамон нашуд.

Моҳи июли соли ҷорӣ сардори сарраёсати молияи «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидзода дар рафти нишасти матбуотӣ қайд намуда буд, ки истеъмолгарони неруи барқ аз холдинги энергетикӣ зиёда аз 2,7 млрд сомонӣ қарздоранд.

Аз ҷумла, қарзи аҳолӣ (бо шумули қарзҳои дар солҳои гузашта ҷамъ шуда) беш аз 1 млрд сомониро ташкил медиҳад. Ба қатори қарздорони калон намояндаи холдинги барқӣ муассисаю ташкилотҳои буҷавӣ (90 млн сомонӣ), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (244 млн сомонӣ) ва Ширкати алюминийи тоҷик (415 млн. сомонӣ)-ро низ дохил кард. Вале лозим ба тазаккур аст, ки ширкати алюминий тавассути ВАО дертар барои истифодаи неруи барқ қарзе доштанашро инкор намуд.

Дар қатори қарздорони асосии «Барқи тоҷик» хоҷагиҳои деҳқонӣ ва КВД «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» низ номбар шуданд.

Вазъи таъминот бо барқ

Тоҷикистон дар се соли охир талаботи дохилиро ба неруи барқ, гуфтан метавон, ба пуррагӣ қонеъ мекард ва неруи барзиёдро ба кишварҳои ҳамсоя содирот менамуд. Ин ҳолатро ба оғози истифодаи иқтидорҳои нав алоқаманд мекарданд, аз ҷумла дар пойтахт маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», инчунин ду агрегати нахустини НБО Роғун ба кор даромаданд.

Ба норасоии неру ҷумҳурӣ дар оғози тирамоҳи соли ҷорӣдучор гашт, он замон барзиёдро деҳот аз қатъшавии барқ хабар доданд. Айни ҳол дар минтақаҳо, ба ҷуз шаҳрҳои нисбатан калон, неруи барқ дар як шабонарўз танҳо барои якчанд соат дода мешавад.

Норасоии барқ: Бозгашт
Лайфхак аз фаъоли Facebook аз ш. Конибодом С.Умаров

Дар хусуси эҳтимоли ҷоришавии маҳдудиятҳо дар давраи тирамоҳу зимистон «Барқи тоҷик» ҳанўз моҳи июли имсол иттилоъ паҳн карда буд. Инро ба кам шудани маҷрои об дар дарёи Вахш ва мушкили аз об пур кардани обанбори НБО Норак вобаста мекарданд. Аммо дар оғози моҳи сентябр холдинги барқӣ хабар дод, ки обанбори Норак то ҳадди қобили қабул пур шудааст. Бо вуҷуд, сокинони деҳот ҳанўз он замон аз зуд-зуд қатъ шудани неру шикоят менамуданд.

Дар моҳҳои минбаъда дар ҳамаи минтақаҳои кишвар истеъмолгарон тўли шабонарўз танҳо якчанд соат барқ мегирифтагӣ шуданд (ғайр аз ВМКБ, ки низоми барқро онҷо аз соли 2002 дар асоси шартномаи консессионии бо ҳукумат басташуда ширкати байналмилалии «Помир Энерҷӣ» идора мекунад).

6 октябри соли ҷорӣ«Барқи тоҷик» дар сомонаи интернетии хеш хабареро ҷой дод, ки баъзе маҳалҳо рўзона метавонанд бебарқ монанд. Сабаб гузаронидани корҳои профилактикӣ дар НБО-ҳои калон, зеристгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ гуфта мешуд.

Дар холдинги барқӣ таъкид мекарданд, ки инро «ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҷорӣ кардани лимити барқ алоқаманд кардан» лозим нест. «Корҳои таъмирӣ дар муҳлатҳои кўтоҳтарин ба анҷом расонда шуда, интиқоли неруи барқ пурра барқарор хоҳад шуд», – қайд мекарданд дар «Барқи тоҷик».

Дар ин миён вазъи интиқоли неруи барқ бетағйир мемонд. Ғайр аз ин, ШСХК «Барқи тоҷик» хабар дод, ки аз сабаби камобӣ содироти неруи барқ ба Афғонистон ва Ўзбекистон қатъ гардид, ки бо кам шудани маҷрои об ва бозтақсими шабакаҳо дар Афғонистон низ робита дорад.

Бино ба маълумоти муассиса, ба Афғонистон дар шаш моҳ 546,6 млн. кВт/соат содирот шудааст. Ин нишондод дар мавриди Ўзбекистон 358,3 млн. кВт/соатро ташкил дод.

Мушкилӣдар чист?

Дар яке аз мусоҳибаҳои қарибулвуқўъ бо агентии «Азия-Плюс» мутахассиси соҳаи барқ Камолиддин Сироҷиддинов қайд намуда буд, ки барқкушиҳо бо корҳои таъмирӣ алоқаманд нестанд. Вазъ дар низоми энергетика меъёрист, мушкилӣ танҳо дар норасоии об аст. «Дар моҳҳои охир дар Тоҷикистон борон нест, дар навоҳии баландкўҳ барф меборад, вале ҳарорат манфист ва барф об намешавад, дарёҳо камоб шудаанд. Агар мо айни замон оби обанбори НБО Норакро бошиддат истифода барем, дар моҳҳои феврал-март об тамоман намемонад ва он гоҳ бо мушкилоти бештар рў ба рў мешавем», – мегуфт мутахассис.

Норасоии барқ: Бозгашт

Баъзе сарчашмаҳои ба бахши энергетика наздик иброз медоранд, ки ин тасмими роҳбарияти «Барқи тоҷик» ғайричашмдошт набуда, қобили дарк аст. Гап сари он аст, ки дар обанбори неругоҳи калонтарини Тоҷикистон – НБО Норак, ки аз нисф зиёди ҳаҷми умумии неруи барқро тавлид мекунад, захираи об нисбати солҳои пешин хеле камтар аст.

«Камбуди об дар обанбори Норак бо обпартоиҳои ғайрикорӣбо хоҳиши кишварҳои ҳамсоя дар рафти мавсими обёрӣ робита дорад», – гуфт манбаъ, ки аз эълони номаш худдорӣ намуд.

Қаблан, дар моҳи июли соли ҷорӣ, вазорати хоҷагии оби Ўзбекистон дар сомонаи худ доир ба муоҳада бо барқчиёни тоҷик дар масъалаи гирифтани захираҳои иловагӣ аз ҳавзи Қайроққум баҳри обёрии киштзорҳо дар шароити норасоии об, ки имсол мушоҳида мешуд, хабар нашр карда буд. Зимнан инчунин зикр мегашт, ки барои ин Ўзбекистон захираҳои моддӣ-техникӣ ҷудо кард, ки ройгон ба Тоҷикистон супорида мешаванд.

Дилшод Шарофов

Оцените статью:

Норасоии барқ: Бозгашт Шаҳрвандони Тоҷикистон дар се соли охир қариб фаромўш карда буданд, ки дар ҳаёти онҳо падидае мисли норасоии неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон вуҷуд дошт. Тарси мардум аз сардиҳо аз байн мерафт, пиронсолон дигар зарурати кўчидан ба хонаҳои пайвандон дар пойтахт ё пеши фарзандони дар Русия ҷойгирифта рахти сафар бастан надоштанд. Аммо ибораи нороҳатсози «лимити […]
2.5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *