Низои Қирғизистону Тоҷикистон: кӣ ғалаба кард?

Коршиносони рус мегўянд, дар низои Қирғизистону Тоҷикистон ғолиб тарафи сеюм буд, аммо дар ин хусус риояи хомўширо авло медонанд

Дар рафти даргириҳои 28-30-уми апрел миёни иштирокдорони СПАД Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳарду тараф садҳо нафар захмӣ шуданд, 55 нафар ҷон бохтанд,  манзилҳои сокинони осоишта, ҳамчунин иншоотҳои гуногуни хусусӣ ва давлатӣ қисман ё пурра тахриб шуданд. Дар натиҷаи талошҳое, ки тарафҳои низоъ пеш гирифтанд, амалиёти ҷангӣ қатъ гардид, доир ба беш аз 500 км хатти марз мувофиқа ҳосил шуд. Аммо дар маҷмўъ наметавон гуфт, ки вазъ ба андозаи қобили мулоҳиза беҳбуд ёфтааст. Зиддиятҳоро ба пуррагӣ аз байн бардоштан алъон муяссар намегардад ва барои аз муътадил шудани вазъ сухан кардан ҳанўз хеле барвақт аст.

Оташи низоъ паст шуд, аммо ҳанўз дуд мекунад

Ихтилоф ва баҳсҳо дар хусуси мутааллиқии заминҳо ва обҳои марзгузар миёни ду кишвари ҳамсоя решаҳои кўҳан доранд. Ҳанўз дар замони Шўравӣ муноқишаҳо миёни сокинони деҳаҳои тоҷикӣ ва авулҳои қирғизнишин қариб ҳар сол рух медоданд, аммо ба кӣ тааллуқ доштани заминҳои корам, роҳҳои автомобилгард, чарогоҳҳо ва масъалаи тақсимоти обро бо амр аз боло – аз кумитаҳои ноҳиявиву вилоятии ҳизби коммунистӣ ҳал кардан муяссар мегардид.

Бо ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 нуфуси аҳолӣ дар навоҳии баҳсии ду кишвар ба андозаи назаррас афзуд, ки ин зарфиятҳои ихтилофро низ зиёд кард – гоҳо ҳамсояҳо аз истифодаи неруи ҷисмонӣ ба корбурди силоҳ мегузаштанд. Бо вуҷуди давраи 30-солаи истиқлолияти ду кишвар, тақрибан 400 км аз 970 км марзи умумӣ то ҳанўз муқаррар ва аломатгузорӣ нашудаанд. Дар давоми тамоми давраи истиқлол вазъро дар минтақаи наздисарҳадӣ ҷиҳате душвор мекард, ки ҳарду тараф харитаҳои пешин – яке солҳои 1924-1939 ва дигаре 1958-1959-ро эътироф намекард. Боло рафтани теъдоди муноқишаҳо ва тезутундшавии вазъ ба он овард, ки моҳи июли соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар минтақаи наздимарзӣ бо сокинони маҳаллӣ вохўрда, онҳоро даъват намуданд, ки бо ҳамсояҳо дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунанд.

Муноқишаи ҳамсояҳои камбағал дар шароити пандемия

Шоми 1 майи соли 2021 роҳбарони хадамоти махсуси Тоҷикистон ва Қирғизистон С. Ятимов ва К. Ташаев доир ба оташбас ва пас бурдани ҷузъу томҳои махсус ба мувофиқа расиданд. Вале «ҷанги якрўза»-и қатъшуда дарҳол ба майдони иттилоотӣ гузашта авҷ гирифт. Дар он аз ҳарду тараф ҳам ВАО-и давлатӣ ва ҳам зарфиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ истифода шуданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ яқинан  ҷониби қирғиз бартарӣ дошт. Ҳазорон шарҳ ва даҳҳо навори видеоӣ дар бораи талафоту азиятҳои аҳолии мулкӣ, хонаҳои тахрибу сўзондашуда тўли моҳи май ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешуданд. Дар ниҳоят, аз ҷониби қирғиз ҳатто даъватҳо садо доданд, ки ба сокинони наздимарзӣ силоҳ тақсим карда шавад.

Инро мушоҳида намуда, як қатор коршиносон ва шореҳони сиёсӣ ба ақидае моил шуданд, ки барои вусъат додани ихтилоф дар фазои иттилоотӣ бо ҳадафҳои яқинан моҷароангезона воситаҳои ҷиддии молиявӣ сафарбар мегарданд ва ба эҷоди маводу матолиби иғвогарона таблиғгарони ҳирфавӣ ҷалб шудаанд.

Дар баробари ин дар ҷомеаи коршиносон ва рўзноманигорони ҳарду кишвар то ҳанўз якдилона қайд мегардад, ки баҳсу мунозираҳои тарафҳо, ки аз сатҳи деҳаҳои ҳамсоя то ба сатҳи мақомот ва ВАО-и давлатӣ боло рафтааст, хоса, дар пасманзари пандемияи идомаёбанда ҳеҷ оқибати хуше дошта наметавонад, зеро иқтисоди ҳарду кишварро асло наметавон «пуриқтидор» номид.

Ҳарду кишвари ба муноқиша кашидашуда аз лиҳози сатҳи зиндагӣ миёни кишварҳои ИДМ дар ҷойҳои охиранд. Буҷаҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёд (то 30% ва бештар аз ин) ба интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ, дар навбати аввал аз Русия бастагӣ доранд. Дар ҳарду кишвар қарзи давлатӣ рў ба афзоиш аст. Нархҳои маводи озуқа шадидан боло рафтааст. Масалан, нархи халтаи 50-килограммии орди навъи якум аз соли 2016 то имрўз дар Тоҷикистон аз 175 то 245 сомонӣ гарон шудааст.

Низои Қирғизистону Тоҷикистон: кӣ ғалаба кард?
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик, дар яке аз матлабҳои ба наздикӣ дар «Азия-Плюс» нашркардаи хеш қайд мекунад, ки агар бозори меҳнати Русия барқарор нашавад, «иқтисод ва соҳаи иҷтимоии Тоҷикистонро замонҳои душвор интизор аст». Ба ақидаи коршинос, эҳтимоли зиёд дорад, ки афтидани даромадҳои буҷа, нишондиҳандаҳои ММД ва беқурбшавии асъори миллӣ дар соли 2021 низ идома хоҳад кард (соли 2020 он 16,6%-ро ташкил дод). Ҳамчунин болоравии нархҳо, қабл аз ҳама, ба молҳои хориҷӣ эҳтимол дорад ва «вазифаи асосии ҳукумат дар ин шароит пешгирӣ кардан аз болоравии нархҳо ба ҳафт навъи асосии молҳои озуқа – орд, равғани растанӣ, қанд, сабзавот, гўшт, тухм ва биринҷ мебошад, ки асоси ғизои аксари аҳолиро ташкил медиҳанд».

Вазъи иқтисодии Қирғизистон низ аз ин беҳ нест. Пандемия ва табаддулоти навбатии давлатӣ ба он боис гардиданд, ки соли 2020 Қирғизистон ба таназзули бештарини фаъолии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ дучор гашт. Бино ба тахминҳои коршносон, соли 2021 дар кишвар болоравии нархҳо қариб ба ҳамаи молу хизматрасониҳо идома хоҳад ёфт ва сабаби ин боз ҳамон ҳолате мегардад, ки дар Тоҷикистон низ ҷой дорад – вобастагии зиёди кишвар аз воридот.

Роҳи раҳоӣ аз бунбаст

Имкониятҳо ва дурнамои танзими баҳсҳои ҳудудиро баррасӣ намуда, як қатор коршиносон низои шиддатгирифтаро ба баҳсҳои «соягӣ» – интиқоли ҳаҷми калони сўзишвории қочоқӣ аз Қирғизистон ба шимоли Тоҷикистон рабт медиҳанд. Аммо чунин суолгузорӣ ба гумон аст, ки ба ҳақиқат мувофиқ бошад, зеро сўзишвориро Русия ҳам ба Тоҷикистон бо нархҳои қобили қабул таъмин мекунад ва ба гумон аст, ки ҳаҷми сўзишвории қочоқӣ инҷо таъсиргузор бошад.

Усули дигари таҳкими сулҳро дар манотиқи наздимарзии ду кишвар коршиноси шинохтаи қирғиз Қубот Раҳимов пешниҳод кард. Ба ақидаи вай, «нисфи мушкилот дар ин қитъаи марз хусусияти иқтисодӣ дорад – инҷо ҳаракати молҳо бо сатҳи гуногуни қонуният дар ҷараён аст. Агар сухан аз маводи мухаддир наравад, дар ин маҳал «санадгузорикунӣ» иҷро мешавад, яъне молҳои аз Тоҷикистон ғайриқонунӣ воридгаштаро ҳамчун моли Қирғизистон тамға зада, барои савдои минбаъда равона мекунанд. Аз ин сабаб фикр дорам, ки дохилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё метавонист бидуни муболиға ҳаёти одамонро наҷот диҳад».

Низои Қирғизистону Тоҷикистон: кӣ ғалаба кард?
Аркадий Дубнов

Пешниҳоди Қубот Раҳимов ба хоҳиши чандинсолаи Маскав ва шахсан Владимир Путин оид ба ҷалб намудани Тоҷикистон ба ИИА созгор аст. Аммо коршиноси русиягӣ оид ба кишварҳои ИДМ Аркадий Дубнов ба воридшавии эҳтимолии ҶТ ба ин иттиҳод назари хеле шубҳаомез дорад. Ў қайд мекунад, ки Тоҷикистонро ба ин розӣ намудани Маскав маҳол аст ва ақидаи худро асоснок месозад: «Воридшавӣ ба ИИА ба муносибатҳои Тоҷикистон бо Чин сахт зарар мекунанд. Дар Душанбе инро мефаҳманд. Ғайр аз ин, дар ҳоле ба ҳалли низоъ ҳатто узвияти Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) кумак накард, иттиҳоди иқтисодӣ инҷо аниқ корсоз намешавад».

Омили Чин

Фикри дохил шудани Тоҷикистон ба ИИА аз тарафи қисми калони аҳолии кишвар, хоса оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, дастгирӣ меёбад. Вале сарфи назар аз даъватҳои бисёрсолаи Тоҷикистон ба ИИА, то ҳанўз роҳбарияти кишвар ба узвият дар ин созмон ҳатто ба сифати мушоҳидагар ҳеҷ майл зоҳир накардааст. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики калонтарини Тоҷикистон мебошад ва аз рўйи ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ба ҶТ кайҳо аз Русия пеш гузаштааст. Аз ин сабаб дар Душанбе хавф доранд, ки кишвар пас аз дохилшавӣ ба ИИА аз даромад аз воридоти молҳои арзони чинӣ маҳрум мешавад, зеро тарофаҳои гумрукӣ боло мераванд.

Ғайр аз ин, то соли 2020 дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ширкати чинӣ ба қайд гирифта шудааст, дар зимн миёни самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодии кишвар бо Чин истихроҷи тилло, энергетика, саноати маъданҳои кўҳӣ (аз ҷумла, металҳои нодир ва унсурҳое, ки дар истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ ба кор бурда мешаванд), металлургияи ранга номбар мешаванд.

Бино ба суханони коршиноси русиягӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Андрей Захватов, «хоҷагии» Чин дар Тоҷикистон «чунон калон шудааст, ки зарурат ба ҳифзи босамари он ба миён омадааст. То замони ҷорӣ бехатарии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои чиниро пойгоҳи низомии 201-уми Русия ройгон барои Чин таъмин мекунад».

Ба ҷойи хулоса

Ҳамаи ҷангу низоъҳо дер ё зуд бо сулҳ меанҷоманд. Бо гузашти вақт низои тундшудаи ду кишвар тадриҷан маҳдуд мегардад ва дар ниҳоят кишварҳо ба созиш меоянд. Бо вуҷуд, барои дарк ва ояндабинии вазъи геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ чунин суолро ба миён гузоштан муфид мебуд: «Чин ба воридшавии Тоҷикистон ба ИИА чӣ гуна назар дорад?».

Ба назар мерасад, ки сиёсатшинос Аркадий Дубнов ҳақ аст – дохил шудани Тоҷикистон ба ИИА ба робитаҳои кишвар бо Чин ҷиддан таъсир хоҳад гузошт. Ба ақидаи Аркадий Дубнов сиёсатшиноси ҷавони русиягӣ, зодаи Тоҷикистон, унвонҷўи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав (МГИМО) Равшан Хадиров шарик аст:

Низои Қирғизистону Тоҷикистон: кӣ ғалаба кард?
Равшан Хадиров

«Ҳукуматдорони Тоҷикистон беш аз панҷ сол боз бо Федератсияи Русия бо ҳадафи дарёфти шартҳои беҳтари дохилшавӣ ба ИИА гуфтугузор мекунанд. Аммо эҳтимоли калон ҳаст, ки ин рўй намедиҳад. Чин бо тиҷорати бузурги ҳукуматмаоби тоҷик алоқаҳои мустаҳками иқтисодӣ дорад, ҳамчунин 50% қарзи давлатии ҶТ ба ин кишвар бастагӣ дорад. Дохилшавии Тоҷикистон ба ИИА коҳишёбӣ ва дар баъзе соҳаҳо қатъгардии ҳамкориҳоро бо Чин дар пай хоҳад дошт, ки мустақиман метавонад ба вазъи нухбагони сиёсӣ, инчунин ба иқтисодиёти кишвар таъсир расонад. Элитаи ҳукмрони тоҷик бо Чин робитаҳои зичи иқтисодӣ дорад».

Зарфиятҳо барои наздикшавии Маскаву Душанбе ҳеҷ ҷо ғайб назадааст, лекин дар сохтори сиёсии иттифоқчии осиёимиёнагии Русия мавқеи Чин хеле пурзўртар аз он аст, ки Маскав мепиндорад. Ва пас аз низои силоҳноки Тоҷикистон бо узви ИИА Қирғизистон, метавон пешгўӣ кард, ки воридшавии РТ ба Иттиҳоди Авруосиё ба гумон аст, ки соли 2021 ва умуман дар ояндаи наздик рух диҳад.

Анвар Зоҳидӣ

Оцените статью:

Низои Қирғизистону Тоҷикистон: кӣ ғалаба кард? Коршиносони рус мегўянд, дар низои Қирғизистону Тоҷикистон ғолиб тарафи сеюм буд, аммо дар ин хусус риояи хомўширо авло медонанд Дар рафти даргириҳои 28-30-уми апрел миёни иштирокдорони СПАД Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳарду тараф садҳо нафар захмӣ шуданд, 55 нафар ҷон бохтанд,  манзилҳои сокинони осоишта, ҳамчунин иншоотҳои гуногуни хусусӣ ва давлатӣ қисман ё пурра тахриб шуданд. […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *