Навбатпоӣ дар нуқтаҳои чиптафурўшӣ ва нархи гарон: то кай?

Қариб як моҳ мешавад, ки эълони барқароршавии парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистону Русия даҳҳо нафарро ба назди нуқтаҳои чиптафурӯшии шаҳри Душанбе овардааст. Сокинон, ки бештарашон муҳоҷиронанд, бо умеди бозгашт ба Русия барои хариди чипта меоянд, вале ноумед бармегарданд. Дар нуқтаҳои чиптафурўшӣ мегўянд, чипта нест ва ё агар бошад ҳам, нархаш дандоншикан аст. Ҳарчанд мақомот мегўянд, аз ширкатҳое, ки иҷозаи парвоз доранд, талаб намуданд, ки нархро баланд накунанд, тавре мушоҳида шуд, бо ин огоҳӣ масъала ҳал нашудааст.

Ҳоло ки мавсими кори муҳоҷирон дар Русия оғоз шудааст, аксарият мехоҳанд бо ҳар роҳ худро ба ин кишвар расонанд, лекин аз сабаби гаронии чипта на ҳар кас қуввати харидории онро дорад. Дар нуқтаи чиптафурўшии «Агентии алоқаи ҳавоӣ», ки танҳо он иҷозаи фурўши билетҳои «Сомон Эйр»-ро дорад, гуфтанд, нархи билет 4050 сомонӣ аст, аммо то 15 июн ҳамаи билетҳои самти Русияро фурўхтаанд ва баъди ин сана билет дар фурўш нест.

Дар баробари гаронии билет яке аз масъалаҳои дигаре, ки шаҳрвандонро ба ташвиш овардааст ва шояд сабаби гаронии нарх шуда бошад, кам будани шумораи парвозҳо ба Русия аст. То ҳол аз Тоҷикистон ба Русия дар як ҳафта танҳо ду хатсайр аз «Utair» ва «Сомон Эйр» парвоз мекунад, вале тавре мебинем, талаботи аҳолӣ бамаротиб бештар аст.

Дар мақолаи мазкур кўшиш намудем, сабабҳои зиёд накардани хатсайр ба Русия ва омилҳои баланд будани нархи парвозҳоро баррасӣ намоем.

Дар соли 2021 76% муҳоҷир камтар ба Русия рафтанд

Баста будани марзи Русия дар як соли охир боис шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сафар ба ин кишвар маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли 2019-ум 76 дарсад камтар аст.

Навбатпоӣ дар нуқтаҳои чиптафурўшӣ ва нархи гарон: то кай?
Акс аз Sputnik (Амир Исаев).

Инчунин, мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки марказии Русия, муҳоҷирон соли 2020 ба Тоҷикистон $1 миллиарду 741 миллион фиристодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли 2019-ум $759 миллион камтар аст.

«Барои кор меравем, ки аз гушнагӣ намурем»

Бекориву нодорӣ маҷбур намудааст, ки мардум ҳарчи бештар ба муҳоҷират раванд. Зимни мушоҳида ва суҳбат бо муштариёни зиёде, ки барои харидории чипта омада буданд, маълум шуд, ки бо вуҷуди гаронии чипта ва мушкили дастрасии он умедворанд ба Русия мераванд.

Дилшод Мирзоев, ки се рўз аст барои дастрас намудани чиптаи ҳавопаймоӣ ба Душанбе меояд, вале ноумед бармегардад. Ў гуфт, баъди огоҳ шудан аз билетҳои 4-ҳазорсомона ба нуқтаи билетфурўшии «Агентии алоқаи ҳавоӣ» омад, вале  билетфурўшон гуфтанд, то ду моҳи охир ҳамаи билетҳоро фурўхтаанд.

Ин ҷавони тоҷик мегўяд, дар Русия ҷои кори муайян дорад ва барои таъмини зиндагиаш бояд ба муҳоҷират равад.

– Фаҳмидам, ки гўё Русия як меъёри қабулкунии муҳоҷиронро доштааст ва ҳамин меъёри заруриро қабул намуда, сарҳадро мебастааст. Аз ин рў кўшиш намуда истодаам, ки ҳарчи тезтар ба Русия равам,-гуфт Д. Мирзоев.

Вай интизор аст, ки хатсайри қатора низ боз мешавад ва дар ин сурат нархи билет ҳам арзон мешаваду муҳоҷирон ҳам бо нархи арзонтар ба Русия мераванд.

Сокини шаҳри Хоруғ Нусайрӣ Пирмамадов, ки як ҳафта аст, барои харидани билет назди хазинаҳои билетфурўшӣ меояд, гуфт, фарзандаш бемор аст ва бояд таъҷилан барои табобат ба Русия барад, аммо аз сабаби гаронии нарх наметавонад билет дастрас намояд.

Ў гуфт, ки аз хазинаҳои билетфурўшии «Агентии алоқи ҳавоӣ» ба ў гуфтанд, ҳамаи билетҳоро дигар хазинаҳои чиптафурўшӣ харидорӣ намудаанд, акнун ихтиёрашон аст, ки бо кадом нарх мефурўшанд.

Навбатпоӣ дар нуқтаҳои чиптафурўшӣ ва нархи гарон: то кай?
Акси Мазҳаб Ҷумъа

– Вақте аз билетфурўшони дигар нархи чиптаро пурсидам, аз 10 то 12 ҳазор сомонӣ гуфтанд. Мардум кор намекунад, аз куҷо ин қадар маблағ меёбад?! Мардум ҳам ба Русия барои саёҳат намеравад. Барои кор мераванд, ки аз гуруснагӣ намуранд. Як тартибу низом нест. Мардум намедонад чӣ кор кунад. Мақомот ҳамеша мегўянд, фурўши билетҳоро зери назорат гирифтаанд, лекин ҳеҷ натиҷаашро намебинем. Ҳоло мардум бо пули худаш наметавонад ба муҳоҷират равад, – мегўяд Н. Пирмамадов.

Ҳамсуҳбатони дигари мо ҳам аз нархи гарони чипта ва мушкилоти дастрасии он гуфтанд. Онҳо қайд намуданд, бо вуҷуди он ки нархи чиптаҳои парвозҳо то 500 доллар аст, вале нуқтаҳои чиптафурўшӣ як билетро аз 10 ҳазор сомонӣ зиёд ба мардум пешниҳод менамоянд. Муштариён бо такя ба талаботи аҳолӣ, интизори бештар шудани парвозҳо ба Русия буданд ва бовар доранд, бо зиёд шудани парвозҳо нархи чипта ҳам поин мешавад.

Чаро рейсҳоро зиёд намекунанд?

Маълум аст, ки бо дарназардошти талаботи аҳолии Тоҷикистон ба кор дар Русия ва омилҳое мисли бекориву нодорӣ дар як ҳафта ду маротиба парвоз кардани ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Маскав кифоя нест. Сомонаи «Your.tj» менависад, ки ба ҳар як билети ҳавопаймои Тоҷикистон ба Русия  дар ин хатсайр 1000 нафар талабгор ҳастанд.

Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба «Азия плюс» гуфтаанд, ки зиёд намудани хатсайрҳои маъмулӣ ба Тоҷикистон вобаста нест. Чунин тасмимро ситоди мубориза бо паҳншавии коронавируси Русия гирифтааст.

– Тоҷикистон омодабошии пурраи худро барои барқарор намудани хатсайрҳои маъмулӣ ҳанўз моҳи июни соли гузашта ба ҷониби Русия пешниҳод намуда буд. Аммо Русия тасмими барқарор намудани хатсайрҳоро моҳи апрели соли 2021 ва танҳо барои ду парвоз дар як ҳафта гирифт, – гуфтааст сардори ААГ Икром Субҳонзода.

Навбатпоӣ дар нуқтаҳои чиптафурўшӣ ва нархи гарон: то кай?
Акси Мазҳаб Ҷумъа

Вай таъкид намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон омодаи кушода шудани ҳамаи хатсайрҳо аст.

Аз ин пештар қайд гардида буд, ки роҳандозии хатсайрҳо ба барқарор шудани алоқаи ҳавоии мунтазам байни кишварҳо оғоз бахшида, бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, “бар асоси қарорҳои дахлдор” дар бораи зиёд кардани парвозҳо тадбирҳо рӯи даст гирифта мешаванд.

Коршиносон сабаби зиёд накардани парвозҳо байни Тоҷикистон ва Русияро ба масъалаи сиёсӣ рабт медиҳанд.

Коршиноси мустақили тоҷик Нуралӣ Давлат гуфт, ки сабаби асосии ҳавасманд набудани Русия ба боз кардани роҳҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон номуайян будани шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст.

Чаро нархи парвоз нисбат ба кишварҳои ҳамсоя гаронтар аст?

То кунун чандин навори норозигии сокинон дар мавриди нархи чиптаи парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба Маскав ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки нархи билетҳо ба як самт ва бозгашт аз он (ҳар ду самт) набояд аз 500 доллар зиёд бошад. Аз ин пештар нархи билетҳои парвози чартерӣ ҳам аз 300 то 500 доллар муқаррар шуда буд. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, нархи билетҳо бамаротиб зиёдтар аст. Вақте аз яке аз хазинаҳои билетфурўшӣ нархи билетро барои наздиктарин сана пурсидем, гуфтанд 15 470 сомонӣ аст.

Мақомоти ҳавонавардии кишвар гуфтаанд, чиптаҳои ҳавопаймо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯхта мешаванд ва чӣ гуна онҳо онро мефурўшанд, кори онҳо аст.

– Мутобиқи қонуни амалкунанда, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ бо агентҳои фурўш шартнома мебанданд ва чиптаҳои ҳавопаймоиро мефурўшанд. Ин ба салоҳдиди ширкати ҳавопаймоӣ аст, онҳо худашон нақтаҳои билетфурўширо интихоб намуда, бо онҳо шартнома мебанданд, баъди ин нуқтаҳои чиптафурўши ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки чиптаҳои онҳоро фурўшанд,- гуфтааст И. Субҳонзода.

Ба гуфтаи ў, ширкати ҳавонавардии «Utair» дар чаҳор нуқта билет мефурўшад ва «Сомон Эйр» танҳо дар як нуқта – нуқтаи билетфурўшии «Агентии алоқаи ҳавоӣ» дар Душанбе ба фурўхтани билет машғул аст. Ҷое, ки то охири моҳи июн аллакай ҳамаи чиптаҳо фурўхта шудааст.

Навбатпоӣ дар нуқтаҳои чиптафурўшӣ ва нархи гарон: то кай?
Акси Мазҳаб Ҷумъа

Рӯзи 5-уми апрел дар як ҷаласаи вижа Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, аз роҳбарону намояндагони ширкатҳо ва нуқтаҳои фурӯши билет хостааст, «чиптаҳоро аз нархҳои муайянкардашуда гаронтар нафурӯшанд, вагарна нисбат ба онҳо чора мебинанд». Огоҳие, ки масъаларо ҳал карда натавонист.

То ба ҳол мақомоти қудратии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо «ба таври сунъӣ нархи чиптаҳои ҳавопайморо баланд карданд, ки он боиси хашми шаҳрвандон шудааст». Ҳарчанд гуфтугузорҳо дар мавриди гарон фурўхтани чипта зиёд ҷой доранд.

Расонаҳо сабаби аслии гаронии чиптаро дар Тоҷикистон таҳти монополия қарор доштани соҳа менависанд. Чанде пеш Радиои «Озодӣ» дар як тадқиқоти журналистии худ навишт, ки “Агентии алоқаи ҳавоӣ”, ки танҳо ҳаққи фурӯши билетҳои парвози мунтазами “Сомон Эйр”-ро дорад, ба наздикони роҳбарияти давлат тааллуқ дорад ва якеаз монополистони соҳа аст.

Тавре маълум гардид, нархи парвозҳои маъмулии Тоҷикистон ба Русия нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гаронтар аст. Агар нархи парвоз аз Душанбе ба Москва 4051 сомонӣ бошад, нархи парвоз аз Ўзбекистон ба Русия 1972 сомонӣ, аз Қирғизистон ба Русия 1133 сомонӣ, аз Қазоқистон ба Русия 2295 сомонӣ ва аз Туркманистон ба Русия 2405 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ниҳоят, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дод, ки дар мавриди гарон будани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ хулосаҳои худро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.

Ба ҷои хулоса

Дар як соли охир, ки сарҳадҳо баста буданд, вазъи молии мардуми кишвари мо, ки асосан аз ҳисоби муҳоҷират аст, бад шудааст. Зимни суҳбат бо мо шаҳрвандони зиёде бо як руҳияи бад мегуфтанд, вазъи зиндагиашон хуб нест ва бояд ҳатман ба Русия раванд.

Гаронии нархи чипта низ, тавре расонаҳо ва коршиносон мегўянд, ба монополистони соҳа вобаста аст. Тавре аз мушоҳидаи нархҳои парвоз дар дигар кишварҳо маълум шуд, дар муқоиса бо мо арзонтар аст. Ҳоло ки нархи парвоз расман 4050 сомонӣ асту он ҳам дастрас нест, мушкили дигаре, ки муҳоҷиронро дар Русия домангир аст, ёфтани ҷои кор ва омода намудани ҳуҷҷат аст, ки он ҳам маблағи гаронро талаб мекунад. Аз ин рў, масъулинро зарур аст, ки сари ин масъалаҳо ҳам андеша намоянд ва кўшиш кунанд, шумораи парвозҳоро ба Русия афзоиш диҳанд ва дар баробари ин фурўши чипатҳоро ҳам озод намоянд. Бояд дар амал ғами мардумро хўрд, на ба воситаи шиорпатоиҳои популистиву холӣ.

Мазҳаб Ҷумъа

Оцените статью:

Навбатпоӣ дар нуқтаҳои чиптафурўшӣ ва нархи гарон: то кай? Қариб як моҳ мешавад, ки эълони барқароршавии парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистону Русия даҳҳо нафарро ба назди нуқтаҳои чиптафурӯшии шаҳри Душанбе овардааст. Сокинон, ки бештарашон муҳоҷиронанд, бо умеди бозгашт ба Русия барои хариди чипта меоянд, вале ноумед бармегарданд. Дар нуқтаҳои чиптафурўшӣ мегўянд, чипта нест ва ё агар бошад ҳам, нархаш дандоншикан аст. Ҳарчанд мақомот мегўянд, аз […]
3.75 1 5 4
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *