Нархи барқ: «бознигарӣ» ё болобарӣ?

Дар Тоҷикистон Гурўҳи корӣ оид ба бознигарии тарофаҳои барқ таъсис ёфт… Замони охир ба тоҷикистониҳо қариб ҳар сол аз тасмими боло бурдани нархҳо хабар медиҳанд. Зимнан, истифода аз баъзе ибораву ифодаҳо дар изҳороти «Барқи тоҷик» ба ин маънӣ, ки роҳбарияти ҳолдинг умедвор аст барои ҷайби ҳар истеъмолгар дар алоҳидагӣ ин болоравӣ зиёновар нахоҳад буд, маъмул шудааст.

Nuqta.tj кўшиш намуд равшанӣ андозад, ки тарофаҳои нав воқеан чӣ таъсире ба ҳамаи мо дошта метавонанд.

Тарофаҳои тағйирёбанда

Мувофиқи ахбори расмӣ аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Гурўҳи корӣ, ки барои бознигарии тарофаҳои неруи барқ ташкил шудааст, аз 4 майи соли 2021 ба кори худ шурўъ кард. Бино ба маълумоти мавҷуд,  ибтикори ҷараёни «бознигарӣ»-ро (фаҳмост, ки бознигарӣ на сўйи арзонӣ хоҳад буд) Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ гузошта, онро сарвазири кишвар (бо супоришҳои дахлдор ба вазирону идораҳои салоҳиятдори ҷумҳурӣ) дастгирӣ кардааст.

Сабаби ин иқдом кайҳо боз эълом гардида, пайваста аз ҷониби масъулини «Барқи тоҷик» таъкид мешавад: аз сабаби тарофаҳои пасти неруи барқ ширкат «барои пардохт намудани қарзҳои худ ва иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии инвеститсионӣ» имкон намеёбад.

Маҳз аз ҳамин сабаб тайи 15 соли охир нархи барқ «собитқадамона» боло меравад, ки инро дар диаграммаи зер метавонед мушоҳида кунед.

Нархи барқ: «бознигарӣ» ё болобарӣ?
Диаграммаи 1. Тарофаҳои неруи барқ барои аҳолӣ (Нарх барои 1 кВт бо дирам барои)
(санаи оғози амали тарофа оварда шудааст)
Аз 1 январи с. 2006 то
1 сентябри 2018.

Эзоҳ: аз 1 апрели соли 2006 то 1 январи 2008 барои аҳолӣ ҷадвали 2-тарофагӣ амал мекард, ки барои истеъмоли то 250 кВт энергия дар як моҳ ба сари ҳар муштарӣ нархи пасттарро пешбинӣ менамуд: аз 1 апрели с. 2006 – 1,60 дирам; аз 1 феврали с. 2007- 2,0 дирам; аз 1 июли с. 2007- 2,4 дирам барои 1 кВт.

Диаграммаи 2. Тарофаҳои тиҷоратӣ

Нархи барқ: «бознигарӣ» ё болобарӣ?
Диаграммаи 2. Тарофаҳои тиҷоратӣ
Тарофаҳои неруи барқ барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ (нарх барои 1 кВт, дира (бе ААИ) ((санаи оғози амали тарофа оварда шудааст)
.

Тавре дар диаграммаҳо дида мешавад, аз 1 январи соли 2006 тарофаи неруи барқ барои аҳолии Тоҷикистон аз 1,6 дирам то 22,6 дирам дар сентябри соли 2019 боло рафтааст ва дар ин сатҳ беш аз якуним сол боз қарор дорад. Яъне нархи 1 кВт нерўи барқ барои аҳолӣ дар 15 соли охир 21,06 дирам ё  зиёда аз 1 316% афзоиш ёфтааст.

Болоравии нархҳои 1 кВт неруи барқ барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, ба ибораи дигар, барои соҳибкорони тоҷик, аз он ҳам зиёд аст. Аз 1 январи соли 2002 тарофаҳои неруи барқ барои ин гурўҳи истеъмолгарон аз 2,66 дирам то 55,14 дирам дар сентябри соли 2019 боло бурда шуд ва низ беш аз якуним сол боз дар ин сатҳ аст. Яъне нархи 1 кВт нерўи барқ барои соҳибкорони ватанӣ дар 15 соли охир 52,48 дирам ё бисёртар аз 1 973% афзудааст.

Зимнан, агар соли 2002 1 кВт неруи барқ барои соҳибкорони тоҷик нисбат ба аҳолӣ 1,625 карат бештар арзиш дошт, ба охири соли 2019 ин фарқ ба 2,43 карат расид. Эҳтимол, барои соҳибкорони калон ин тавофут чандон ҷиддӣ ба назар нарасад, аммо барои микросоҳибкорӣ, соҳибкории хурд ва миёна тамоюли болоравии бемайлони нархҳои истифодаи барқ хеле таъсировар аст.

Албатта, барои риояи адл бояд таварруми ҳарсола, болоравии нархҳо, беқурбшавии асъори миллӣ – сомонӣ (қурби сомонӣ нисбати доллар:  1 январи с. 2002 – 1$=2,55 сомонӣ; 1 сентябри с.2019 – 1$=9,68 сомонӣ, 1 майи соли 2021 –  1$=11,32 сомонӣ) ва бисёр лаҳзаҳои дигарро ба эътибор гирем. Бо вуҷуди ин, суръати афзоиши нархҳо, алалхусус барои соҳибкорони тоҷик (ки дар навбати худ сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро дар бозорҳои кишвар, минтақа ва ҷаҳон хеле поин мебарад) таъсирнок аст.

Барои муассисаҳои соҳибкории хурд ва миёна (хоса онҳое, ки дар соҳаи туризм амал мекунанд) арзиши неруи барқ, ки дар дегҳову таҷҳизоти барқӣ бо ҳадафи таъмин намудани биноҳо бо оби гарм ва гармидиҳӣ истифода мешаванд, миёншикан мебошанд: аз 1 сентябри соли 2019 нархи 1 кВт  қариб 1 сомониву 37 дирам (136,62 дирам/1 кВт.) мебошад. Бо ин нархҳо чӣ тавр метавон аз муҳайё намудани хизматрасониҳои матлуб барои сайёҳон аз ҷониби меҳмонхонаҳо гуфт?

Махсусан, агар як лаҳзаи дигари муҳимро эътино кунем: қарор буд, тарофаҳои неруи барқ барои гурўҳҳои номбаршудаи истеъмолгарон аз сабаби пандемияи COVID-19 дар як сатҳ бетағйир нигоҳ дошта шаванд. Дар ҳоле ба камӣ як бор бояд дар соли 2020 боло бурда мешуданд. Он ҳам камаш 10-15%.

 «Хуб, бори дигар тоқат мекунем,- метавонанд бигўянд хонандагон.- Аммо оё чизе дар хоҷагии барқи кишвар дар натиҷаи баланд бурдани нарҳҳо беҳбудӣ меёбад?»

Оё дар соҳаи барқи кишвар пешрафте ҳаст?

Ба ин суол посухи қатъӣ додан барои як шахсе, ки мутахассиси соҳа нест, хеле душвор аст. Мумкин тағйироти мусбат зиёд бошанд, лекин ба назари мушоҳидагари канорие нанамоянд.

Мисли қабл, сокинони нуқтаҳои парешони аҳолинишини воқеъ дар навоҳии баландкўҳ ва дурдасти кишвар ба барқ дастрасӣ надоранд. Иқрор шудан лозим меояд, ки «Барномаи азхудкунии манбаъҳои барққароршавандаи неру ва сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ барои солҳои 2016-2020», ки аз он умедҳои калон доштем, аз сабаби як қатор омилҳои субъективӣ ва объективӣ, аз қабили набудани сармоягузорон, мақоми ҳуқуқии танзимношудаи НБО-ҳои хурд, рушди нокифояи бозори барқ дар Тоҷикистон, монеаҳои бюрократӣ ва ғайраҳо аслан иҷро намешавад.

Нархи барқ: «бознигарӣ» ё болобарӣ?

Дар ҳоле мувофиқи ҳисоби коршиносоне, ки ин Барномаро таҳия намудаанд, иқтидори эҳтимолии дарёҳои хурду миёнаи ҷумҳурӣ ба шарти дар онҳо бунёд кардани НБО-ҳои хурд зиёда аз 30 ҳазор МВт-ро, бо тавлиди солонаи неруи барқ дар атрофи 100 млрд. кВт ташкил медиҳад.

Шунидани посух ба суоле хеле мароқангез мебуд, ки дар Тоҷикистон тавассути манбаъҳои барқароршавандаи неру ва бунёди НБО-ҳои хурд чӣ миқдор неруи барқ тавлид мешавад?

Охир, Барнома, тибқи ҳуҷҷатҳо, бомуваффақият татбиқ шудааст. Ва нақшаҳои оянда чӣ гунаанд? Қатъи назар аз он ки Барнома комёб шудааст ё на (дар ин сурат суолҳо дигар гуна гузошта мешаванд: Кӣ гунаҳгор аст? Ва чӣ бояд кард?).

Вале алъон ба назар мерасад, ки Барномаи мазкур мисли зиёд дигар ташаббусҳои хеле хуби ҳукуматдорони Тоҷикистон дар соҳаи энергетика татбиқношуда боқӣ мемонад. Яке аз сабабҳои асосии ин норасоиҳо дар бахши таъминоти кадрӣ ва идоракунии «Барқи тоҷик» мебошад.

Стратегия ва ташаббусҳо

Таҳиягарони «Стратегияи рушди энергетикаи хурди обии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2007 аз ҷониби мутахассисони Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва идораи Барномаи рушди СММ дар ҶТ омода шуда буд, ҳисобҳои зеринро пеш меоварданд: «арзиши аслии неруи барқ дар сурати истифодаи нормативии низом бо назардошти тамоми давраи истеҳсол, интиқол ва тақсимот дар Тоҷикистон ба 0.9 сент/кВт/с баробар хоҳад буд. Имрўз тарофаи миёнаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ наздики 1 сент барои як кВт/с аст ва зиёд кардани он ба соли 2010 то ба сатҳи 2,1 сент/кВт/с дар нақша аст… Ин аз хеле баланд будани сатҳи даромаднокии низоми барқ гувоҳӣ медиҳад».

 Дар зимн, таҳиягарони Стратегия барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати солимгардонӣ ва тавонбахшии соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро мухтасар тавсиф намуда, марҳила ба марҳила боло бардоштани тарофаҳои неруи барқро аз 2 сент то ба 5 сент барои 1 кВт пешниҳод мекунанд.

Ҳадди 2 сент барои 1 кВт кайҳо боз фатҳ шудааст. Вале оё лоақал натиҷаҳои кутоҳмуддат фатҳ шуда бошанд?

Ба гумон аст: бо вуҷуди он ки Ҳукумати кишвар (дар чорчўбаи Ёддошти бо Бонки ҷаҳонӣ соли 2006 басташуда) сиёсати болобарии марҳилавии тарофаҳои неруи барқро татбиқ менамояд, қарзҳои ШСХК «Барқи тоҷик» зиёд мешаванд.

Моҳияти Ёддошти мазкур дар баланд бардоштани сатҳи даромаднокии соҳаи энергетикаи кишвар, бартараф намудани қарзҳои «Барқи тоҷик», ҷалб намудани сармояҳо ба соҳа, ҳалли мушкили камбуди неруи барқ ва қатъкуниҳои ба ин вобастаи мавсимии барқ барои истеъмолгарони дохилии кишвар аст.

Нархи барқ чанд мешавад?

Чорчўбаҳои замонии «Консепсияи танзими тарофаҳои соҳаи энергетикаи барқии ҶТ»-ро ба инобат гирифта, соли 2021 бояд Тоҷикистон ба марҳилаи дуюми ислоҳот дар соҳаи энергетика қадам мениҳод, аммо як қатор сабабҳое боис шуданд, ки ин рўй надиҳад. Айни замон низ кишвар дар марҳилаи якуми ислоҳот қарор дорад, ки сарфи назар аз ин дар назар дорад, тарофаҳо барои истеъмолгарони ниҳоӣ бояд ба пуррагӣ кулли талаботи истеҳсол, интиқол ва тақсимоту таъминоти энергияи барқро тўли соли тарофавӣ пўшонанд (тибқи «Методологияи ҳисоби тарофаҳо дар давраи гузариш» аз 22 июни соли 2019, № 331).

Агар ба нархи 2,5 сент барои 1 кВт, ки дар Стратегия оварда шудааст, такя намоем, метавон ба хулосае омад, ки нарх барои аҳолӣ бо дарназардошти қурби имрўза (1$=11,32 сомонӣ) бояд аз 22,66 дирам то 28,3 дирам барои 1 кВт (25%) афзоиш ёбад.

Оё аҳолии кишвар ба ин гуна болоравӣ тоб меорад? Гурўҳи корӣ маҳз ҳамин андоза бардоштани нархро пешниҳод мекарда бошад ё вазъи начандон хуби молиявии аксари сокинони кишварро пас аз ҳодисаҳои ҳузновари соли 2020 ба эътибор мегирад? Ва, албатта, оё метавонад болобарии навбатӣ вазъро дар бахши энергетикаи кишвар куллан тағйир диҳад? Ва қарзи беист афзояндаи «Барқи тоҷик»-ро, ки дар маҷмўъ ба қарзи берунаи ҶТ наздик шуда истодааст, рафъ намояд? Вақт инро нишон медиҳад.

Як чиз маълум аст: боло рафтани тарофаҳои неруи барқ ногузир аст. Суол танҳо ин аст, ки нархҳо чӣ қадар боло бурда мешаванд.

Вале алъон тоҷикистониҳои одӣ сўрохи дигаре дар камарбандҳояшон омода карда, то тарангтар баста, ба зарбаи навбатии марбут ба тарофаҳои нави барқ омода бошанд.

Ва аммо умеде дар гўшаи дил ба рўй додани муъҷиза боқӣ мемонад.

Михаил Петрушков

Оцените статью:

Нархи барқ: «бознигарӣ» ё болобарӣ? Дар Тоҷикистон Гурўҳи корӣ оид ба бознигарии тарофаҳои барқ таъсис ёфт… Замони охир ба тоҷикистониҳо қариб ҳар сол аз тасмими боло бурдани нархҳо хабар медиҳанд. Зимнан, истифода аз баъзе ибораву ифодаҳо дар изҳороти «Барқи тоҷик» ба ин маънӣ, ки роҳбарияти ҳолдинг умедвор аст барои ҷайби ҳар истеъмолгар дар алоҳидагӣ ин болоравӣ зиёновар нахоҳад буд, маъмул […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *