Мудҳиштар аз COVID-19 чизе нест?

Оё воқеан пандемияи COVID-19, ки ба тамоми олам соли 2020 доман паҳн кард, барои замони мо эпидемияи фавқулода ва беҳамто аст? «Фавтнокии барзиёд» чист ва чӣ гуна талафоти инсонии эҳтимолиро аз коронавирус дар Тоҷикистон инъикос менамояд? Коршиноси мо Михаил Петрушков масъаларо омўхта, назари худро доир ба он ба хонандагони Nuqta.tj пешкаш месозад.

Пандемияи COVID-19 ва инфодемияи мудҳиштар аз он, сарфи назар аз ваксинагузаронии васеъ, шўрашонро дар бисёр кишварҳои олам идома медиҳанд.

Рақамҳо чун хабарҳо аз майдони ҷанг садо медиҳанд: то 7 июни соли 2021 дар дунё 174 054 314 ҳодисаи мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар шабонарўзи охир шумораи беморшудагон 112 648 нафар, ҳодисаҳои фавт 2949 адад афзуданд. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқёфтаи шифоёбии комил аз COVID-19 ба 7 июн дар ҷаҳон 157 337 174-ро ташкил дод, аммо шумораи умумии маргҳо дар оқибати сирояти коронавирус дар ҷаҳон ба 3 миллиону 744 ҳазору 116 нафар расид.

Ин рақамҳо мудҳишу шигифтоваранд ва як қисмро ба вартаи тарсу ноумедӣ меафкананд. Нафарони эҳсосӣ аз наздик омадани охирзамон мегўянд, касони дорои равони устувортар қайд мекунанд, ки бо ин гуна эпидемия башарият дар 100 соли охир дучор нагардида буд.

Аммо оё воқеан чунин аст? Дар ҳақиқкат COVID-19 эпидемияи фавқулодаест, ки ҳамто надорад? Биёед муқоиса мекунем.

«Ошноҳои дерини мо» чўбчаҳои Кох

Яке аз бемориҳои паҳншудатарин, ки ҳарсола садҳо ҳазор ҷонро мерабояд, сил аст. Ин марази одаму ҳайвонро навъҳои мухталифи микобактерияҳо ё чўбчаҳои Кох ба вуҷуд меоранд. Ба ақидаи як қатор олимон, ба сил 1,7 млрд одам сироят ёфтааст, ки 10 маротиба аз COVID-19 зиёд аст. Сарбории умумиҷаҳонии иқтисодии ба сил вобаста аз соли 2000 то 2015 617 млрд доллар арзёбӣ мегардад.

Агар фавтнокӣ аз COVID-19 дар кишварҳои аз ин нигоҳ номусоидтарин ба 7-8% расад, нишондоди фавт аз сили дар муқобили дору устувор то ба 70% дакка мехўрад. Дар 200 соли охир сил ҳаёти беш аз 1 миллиард нафарро рабудааст – зиёдтар аз вараҷа, зуком, нағзак, СПИД, вабо ва тоун дар якҷоягӣ.

Омори дигарро низ назар меандозем: дар маърўзаи «Рўзи ҷаҳонии мубориза бо сил-2021» як қатор рақамҳои ҷолиб оварда шудаанд. Соли 2019 10 миллион нафар ба сил гирифтор шуда, зиёда аз 1,5 миллион фавтид ва тақрибан ним миллион нафар ба сили дар муқобили дору устувор гирифтор шуд.

Ҳар рўз 28 ҳазор нафар ба сил гирифтор мешаванд ва қариб 4 ҳазор ҳалок мегардад.

Бино ба арзёбии СҶТ, дар давраи байни солҳои 2000-2019 талошҳо дар самти мубориза бо сил имкон доданд ҷони 63 миллион нафар наҷот дода шавад.

Пас, соли 2020 вазъ чӣ гуна тағйир ёфт? Пандемияи COVID-19 ва ҳама пайомадҳои он – маҳдудият дар ҳаракатҳо, коҳиш ёфтани таваҷҷуҳи низоми тандурустӣ ба бемориҳои дигар ва боз бисёр оқибатҳои марбут ба вазъи эпидемиологӣ ба сил дар олам чӣ таъсире доштанд?

Мувофиқи ахбори СҶТ, ки дар беш аз 80 кишвар ҷамъ оварда шудааст, соли 2020 теъдоди беморони гирифтори сил, ки табобат гирифтаанд, тақрибан 1,4 миллион нафар ё 21% дар муқоиса бо соли 2019 коҳиш ёфтааст. Шумораи аз сил фавтидагон соли 2020 500 ҳазор нафар афзудааст.

Бино ба арзёбиҳои СҶТ, мушкилиҳои ба COVID-19 вобаста дар дастрасӣ ба табобат аз сил ва чораҳои худдуркунӣ дар солҳои наздик ба бемор шудани иловатан 6,3 миллион нафар боис мегарданд, ки тибқи баъзе пешгўиҳо, эҳтимол дорад аз ин ҷумла то 1,4 миллион нафар дучори марг гардад, зеро ин ҳолатҳо сари вақт ташхис ва табобат нахоҳанд шуд.

Пандемияи COVID-19 ва «фавтнокии барзиёд»

Пандемияи COVID-19, ғайр аз инфодемия, бо худ бозиҳои то ин замон нодидаро бо омори тиббӣ овард. Дар бархе кишварҳо шумораи беморшудагон ва фавтидагон, бино ба маълумоти ВАО, аз будаш зиёд нишон медиҳанд, дар кишварҳои дигар, баръакс, кам. Ва гоҳо то ба ҳадди рақамҳои аз мантиқ берун. Ҳамаи мо дар соли 2020 шоҳиди изҳороти зиддунақиз аз вуҷуд надоштани коронавирус дар баъзе кишварҳо, ҳисоботҳои мутантан аз ғалабаҳои комилу бечунучаро бар COVID-19 дар як қатор давлатҳо, қайд нагардидани ҳодисаҳои нави беморшавӣ ва ғайра будем.

Сенсатсияҳо дар атрофи коронавирус яке паси дигар садо медиҳанд. Тасаввуре ба миён меояд, ки COVID-19 вируси роҳҳои нафас неву чизест мутлақо нав, ки дар шароити лабораторияҳо тавлид шуда, сифатҳоеро дорост, ки ҳеҷ вирусе то ин замон надоштааст.

Дар ҳоле бисёр фейкҳо (ва гоҳо фактчекинг низ) аз ҳақиқат ҳаққонитар ба назар мерасанд, аз забони рўзноманигорон мафҳуми «фавтнокии барзиёд» ба истифода даромад. Ва маҳз дар асоси таҳлили фавтнокии барзиёд рўзноманигорон, коршиносон ва мутахассисони мустақил хулосаҳои худро доир ба вазъи воқеии марбут ба COVID-19 ва ҳолати тандурустии ин ё он кишвар ташаккул медиҳанд. Барои мисол метавон матлаберо дар РБК бо номи «Фавтнокӣ дар Русия дар шароити пандемия дар даҳ соли охир рекордӣ шуд» овард.

«Фавтнокии барзиёд»-2020 дар Тоҷикистон

Барои касе пўшида нест, ки хурўҷи COVID-19 дар кишвари мо ба семоҳаи II ва III-и соли 2020, яъне ба давраи аз моҳи апрел то октябр рост омад. Ҳам изҳороти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва ҳам посту матлабу шарҳҳои сершумор дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ зимнан бозгўяндаи ин буданд. Инҷо ҳадс задан мантиқӣ мебуд, ки омори фавтнокии барзиёд дар соли 2020 маҳз дар ҳамин семоҳаҳо якбора боло рафтааст (эзоҳи муаллиф: дар асоси маҷмўаи омории «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳо», №4-2020). Муқоисаи омори фавт дар семоҳаҳои I ва IV-и солҳои 2019 ва 2020 бояд, тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, фарқи начандон калони натиҷаҳоро нишон диҳад.

Фавтнокӣ дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали ду соли зикргардида тахмини пешовардаро тасдиқ мекунад: 8951 нафар дар семоҳаи аввали с. 2019 ва 8932 нафар дар ҳамин давраи с. 2020, ки ин 0,21% коҳиш ёфтани омори марг аст.

Мудҳиштар аз COVID-19 чизе нест?

Шумораи фавтидагон дар минтақаҳои ҶТ дар семоҳаи I.

Тахмини моро болоравии омори фавтнокии барзиёд дар Тоҷикистон дар семоҳаҳои III ва IV-и соли 2020 низ тасдиқ мекунад: 

  • 7997 нафар дар семоҳаи дуюми 2019 ва 9883 нафар дар семоҳаи дуюми 2020 г. Афзоиши омори фавт – 23,58 %.
Мудҳиштар аз COVID-19 чизе нест?

Шумораи фавтидагон дар минтақаҳои ҶТ дар семоҳаи II.

  • 8032 нафар дар семоҳаи III -юми с. 2019  ва 10 082 нафар дар семоҳаи III-юми с.2020. Афзоиши омори фавт – 25,5 %.
Мудҳиштар аз COVID-19 чизе нест?

Шумораи фавтидагон дар минтақаҳои ҶТ дар семоҳаи III.

Ба ин тариқ, метавон тахмин кард: хурўҷи COVID-19 дар Тоҷикистон фавтнокии барзиёдро ба миқдори 3936 нафар дар семоҳаҳои II ва III с. 2020 дар пай овард.

«Хуб, магар бояд дигар хел бошад?»- шояд пурсад хонанда. Ин натиҷаҳо мантиқианд-ку.

Аммо ғайричашмдошт нишондиҳандаҳои фавтнокии барзиёд дар семоҳаи IV соли 2020, замоне, ки COVID-19 дар кишвар аслан маҳв шуда буд, якбора боло мераванд.

Тибқи омори мазкур, дар маҷмўъ дар Тоҷикистон афзоиши омори фавт қариб 60%-ро ташкил дод (аз 8114 нафар дар семоҳаи IV соли 2019 то 12 846 дар соли 2020).

Дар минтақаҳои ҷудогона вазъ аз ин ҳам ногувортар буд: болоравии омори фавтнокии барзиёд дар семоҳаи IV соли 2020 дар маҷмўъ дар НТҶ 61,72%, дар вилояти Суғд 80%, дар ноҳияи Лахш 105,56%, дар ноҳияи Сангвор аз ин ҳам беш – 121,43%-ро ташкил дод.

Мудҳиштар аз COVID-19 чизе нест?

Шумораи фавтидагон дар минтақаҳои ҶТ дар семоҳаи IV.

            Ба фавтнокии барзиёд дар семоҳаи IV-и соли 2020 чӣ боис гардид? Таъсири «думи дарози Ковид»? Ё ин оқибати ваҳм, худтабобаткунӣ, набудани ёрии лозимаи ихтисосмандона ба ҳамаи гурўҳҳои беморони гирифтор ба касалиҳои музмин дар замони хурўҷи коронавирус дар Тоҷикистон буд?

Мудҳиштар аз COVID-19 чизе нест?

Болоравии омори фавти барзиёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаҳои II, III ва IV с. 2020.

Аз ҳисоби кадом бемориҳо афзоиши фавтнокии барзиёд маҳз дар семоҳаи IV-и соли 2020 рўй дод? Ва сабабҳои воқеии фавтнокии барзиёд дар Тоҷикистон дар маҷмўъ дар соли 2020 кадомҳоянд? Дар соҳаи тандурустии кишвар чӣ ҳолате ба вуҷуд омадааст?

Мудҳиштар аз COVID-19 чизе нест?

Фавтнокӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (нафар).

Ба бисёр суолҳо агар посухҳои дақиқ ҳам набошад, фарзияву тахминҳои муътамадеро метавонист дастрасии коршиносон ва ҷомеаи васеи тиббӣ ба омори тиббии Тоҷикистон ба вуҷуд орад. Аммо, афсўс, дар сомонаи Вазорати тандурустӣ иттилое нест. Ҳатто бо вуҷуди он ки ин хилофи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо дар шабакаи Интернет аст.

Ин ҳол ба супориши Пешвои Миллат оиди ба аҳолӣ пешкаш кардани маълумоти дақиқ, комил ва муътамад дар бораи хурўҷи COVID-19 дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он барои тандурустӣ ва зиндагии аҳолӣ низ мухолиф аст.

Ба назар мерасад, барои касе роҳаттар аст, ки кулли маълумоти алоқаманд ба сиҳатии тоҷикистониён, аз ҷумла, маълумот дар бораи COVID-19, «сирре паси ҳафт қуфл» боқӣ монад. Ва дастрасӣ ба ахбори ҷории оморӣ низ, ки дар асоси он тасаввуре доир ба вазъи воқеӣ дар низоми тандурустӣ ҳосил намудан мумкин мебуд, насиби мутахассисони соҳавӣ аст, на ҷомеаи васеъ.

Ҳатто хавфи пайдо шудани овозаҳои воҳимаангез, фейкҳои гуногун, ки сабабашон дастрас набудан ё нопурра ва носаривақтӣ пешкаш шудани иттилооти пурраи расмӣ аст, сарфи назар мешавад. Хуб мебуд, бархе курсинишинон, ки иттилоотро аз ҷомеа пинҳон медоранд, ҳикматеро ба ёд меоварданд: сухани дурўғ мисли зарби шамшер аст – захмаш шифо меёбад, аммо пайаш боқӣ мемонад.

Михаил Петрушков

Оцените статью:

Мудҳиштар аз COVID-19 чизе нест? Оё воқеан пандемияи COVID-19, ки ба тамоми олам соли 2020 доман паҳн кард, барои замони мо эпидемияи фавқулода ва беҳамто аст? «Фавтнокии барзиёд» чист ва чӣ гуна талафоти инсонии эҳтимолиро аз коронавирус дар Тоҷикистон инъикос менамояд? Коршиноси мо Михаил Петрушков масъаларо омўхта, назари худро доир ба он ба хонандагони Nuqta.tj пешкаш месозад. Пандемияи COVID-19 ва […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *