Куштор, латукӯб, шиканҷа ва оташзаниҳо

Хронологияи муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 10 соли охир (2011-2020)

Ҳодисаҳои 28-30 апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро метавон авҷи тамоми таърихи муноқишаҳои наздимарзии миёни ду кишвар номид. Ҳеҷ гоҳ то ин замон низоъҳои ҳамсоягон ба ин шумора талафоти инсонӣ боис нагардида ва ҳеҷ кишвар ба наздикии марз ҷузъу томҳои калони низомиро накашида буд. Nuqta.tj мониторинги сомонаҳои ватанӣ ва қирғизӣ, инчунин хадамоти гуногуни Радиои Озодиро дар солҳои 2011-2020 баргузор кард, то хронологияи бархўрдҳои марзиро тартиб диҳад, ки барои ҳодисаҳои охири хунин замина сохтаанд. Ҳадаф дарк кардани он буд, ки чӣ тавр баҳсҳои маишӣ ду халқи бародарро ба низои низомӣ кашиданд. Ҳадаф аз таҳқиқоти мо таҳрик додани «хунгармон» ба ҳамлаҳо зидди ҳамсоякишвар нест. Бас аст куштору харобкориҳо!

Тоҷиконро намешуниданд? Ё шунидан намехостанд?

Барои доир намудани чунин таҳқиқот моро ҳамлаҳои иттилоотие таҳрик доданд, ки аз ҷониби ВАО ва шаҳрвандони Қирғизистон сурат мегиранд. «Фашистҳо», «таҷовузгарон», «қотилон» – садо медиҳад ба унвони кишварамон. Дар баробари ин, далелҳои расонаҳо ва блогерони тоҷикро дар хусуси он, ки қисмати бузурги масъулият бар дӯши худи ҳамсоягонамон аст, дар ҶҚ нодидаю ношунида мегиранд.

 Истинодҳо ба ҳамлаҳо, кушторҳо, маҷруҳкунию латукӯбҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби аҳолӣ ва мақомоти қудратии Қирғизистон сарфи назар мешуданд. Хотиррасон мекардем, ки замини Ворух ҳама вақт ба Тоҷикистон мансуб буд ва ҳеҷ гоҳ анклав набудааст, барои исботи ин харитаҳои Шӯравиро пеш меовардем ва ба вуҷуд надоштани ягон санаде ишора мекардем, ки ба Қирғизистон тааллуқ доштани ин хокро тасдиқ намояд, аммо боз натиҷа ҳамон буд. Гуфтаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳҳои қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ бо даъват ба сулҳ, худдорӣ аз тезутунд кардани зиддият ё бо пешкаши далелҳои асоснок бар зидди фиребу дурӯғпароканӣ дарҳол ҳазф ва муаллифон блок мешуданд.

Ҳар касе метавонад иттилоотро такроран бисанҷад

Ба хотири гирифтани пеши роҳи баъзе хунгармон ва даъват ба ақли солим тасмим гирифтем ба таърихи муноқишаҳо дар 10 соли охир рў орем. Агар тоҷикистонӣ ё қирғизистоние (ва ҳар нафари дигар ҳам) ба маълумоти пешкашнамудаи мо шак кунад, метавонад бо истифода аз санаҳое, ки дар матлаб оварда шудаанд, онҳоро бисанҷад.

Таҳқиқи мо танҳо ба хабарҳои қаблан дар интернет нашргардида асос меёбад. Азбаски дар рафти низои охирин ва қаблиҳои наздимарзӣ барои хабарнигорон дастрас кардани иттилооти расмӣ душвор буд, ба ниҳодҳои давлатӣ барои ахбор муроҷиат накардем. Барои мониторинг 4 манбаи электронӣ интихоб гардид: Радиои Озодӣ, Kloop.kg, Asiaplustj.info, хадамоти матбуотии вилояти Суғд.

Инак, таҳлили рӯйдодҳои 10 соли охир – солҳои 2011-2020 (ба истиснои даргирии охири 28-29 апрели с. 2021) нишон медиҳад, ки дар давраи мазкур даҳҳо низоъҳо ба амал омадааст. Аммо мо дар тадқиқоти худ танҳо 27 низои нисбатан ҷиддии калону хурдро дарҷ менамоем. Асосан (21 маротиба) ташаббускорони ин низоъҳо ҷониби қирғиз буд. Осебдидагон ва қурбониён низ дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон зиёдтаранд – 219 нафар.

Мо кӯшиш кардем,ки зарари моддиро ҳисоб кунем, аммо ин кор ба мо муяссар нагардид. Дар сарчашмаҳои болозикр мо тавонистем. ки танҳо 3-4 қайдро дар бораи зарари моддии расонидаи ҷонибҳоро дарёфт кунем. Аммо сатҳи умумии зарарро (дар муодили миқдорӣ ва ё пулӣ) аз рӯи ин қайдҳо муайян кардан номумкин аст.

Омори ҷамъбастӣ аз рӯйи ин 27 ихтилофи марзӣ дар солҳои 2011-2020 чунин аст:

Куштор, латукӯб, шиканҷа ва оташзаниҳо

Иттилои расмиро доир ба ҳаҷми умумии осебҳои моддӣ, ки ҷонибҳо бардоштаанд, мо дар ихтиёр надорем. Дар манбаъҳое ҳам, ки болотар номбар кардем, ахбор хеле кам аст ва на ҳама солҳоро фаро мегирад. Чизе, ки дарёфт кардем, дар зер меорем.

Куштор, латукӯб, шиканҷа ва оташзаниҳо

Маблағи зарари умумии шаҳрвандони ҶТ дар ин низоъҳо оварда намешавад.

Куштор, латукӯб, шиканҷа ва оташзаниҳо

Бино ба арзёбии ҷониби қирғиз, зарари онҳо 7 миллион сомро ($140 ҳазор) ташкил дод, ки аз ин миқдор ба лаҳзаи омода шудани матлаб ҷониби тоҷик $100 ҳазорро ҷуброн намуда буд. Намояндагони Тоҷикистон низ гуфтанд, ҷониби қирғиз ҳам ба шаҳрвандони ҶТ ҷубронпулӣ пардохт намудааст, вале номгӯи зарарҳо ва маблағи умумии онҳо оварда намешавад.

Зимни ҳамон матлаб Бишкек исрор мекунад, ки дар як соли охир (2013-2014 дар назар аст – эзоҳи муаллиф) дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон наздики 30 муноқиша ба вуқӯъ пайвастааст, ки ба кишвар 11 миллион сом ($220 000) зарар овардаанд. Ҳаҷми зараре, ки дар давраи мазкур қирғизҳо ба Тоҷикистон расонидаанд, зикр намегардад.

Низоъҳои хурд боиси фоҷиаи бузург шуданд

Аксари низоъҳои марзӣ, чи тавре мо дар оғоз зикр кардем, низоъҳои хурд буданд. Бо вуҷуд, вазъ торафт тезутунд мешуд ва дар ниҳоят бо задухӯрди васеъ бо шумораи зиёди қурбониҳо ва талафоти дигар барои ҳарду кишвар дар соли 2021 анҷомид.

Куштор, латукӯб, шиканҷа ва оташзаниҳо
Ин аксҳо аз навори бардоштаи низомии қирғиз гирифта шудаанд ва он навор дар тамоми олам мечархад. Низомӣ аз ҳуҷуми артиши пирўзиовар таҳти садоҳои тирпаронии мошини ҷангии БМП хурсандӣ мекунад. Пас чаро баъди ин боз расонаҳои қирғизӣ хабари таҷовузи аҳдшиканонаи Тоҷикистонро дар ҷаҳон паҳн мекарданд? Магар ин кадрҳо исбот намекунанд, ки аҳдшикани воқеӣ кист? Телеграм.

Иттилооти вобаста ба муноқишаҳои марзиро, ки дар асоси ҷамъбасти онҳо натиҷаҳои боло ҳосил шудаанд, пешкашатон месозем. Ошно шавед ва худ хулоса бароред.

Соли 2011

6 апрел

Дар посгоҳи Оқсой, дар роҳи нақлиётии байни деҳаҳои Сомониёни ноҳияи Исфара ва Яккауруқи Бодканд муноқиша рух дод. Сабаби он боздошти ғайриқонунӣ ва латукӯби як ҷавони исфарагӣ аз ҷониби милисаи қирғиз гуфта мешуд. Он рӯз садҳо сокини тоҷику қирғиз дар канори посгоҳи қирғиз таҷаммуъ карданд. Бо дахолати мақомоти ҳар ду ҷониб рухдод то ба задухӯрди ҳамдигар нарасид.

8 апрел

Дар натиҷаи боздошт ва иҷозаи гузаштан надодан ба як ҷавони исфарагӣ аз сўи  марзбонҳои қирғиз дар посгоҳи миёни деҳаҳои Оқсойи Қирғизистон ва Ворухи Тоҷикистон байни сокинони наздимарзӣ муноқиша сар зад. Назди посгоҳ садҳо нафар аз сокинон ҷамъ шуда, ба шӯр омаданд. Онҷо мақомоти тоҷику қирғиз ҳозир шуданд ва бо ёрии кӯҳансолони мавзеъҳои наздимарзӣ муноқиша хотима ёфт.

Соли 2012

Июн

 Сокинони наздимарзии ноҳияи Бодканди Қирғизистон 17 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар бозори «Равоти кабуд»-и Бодканд савдо мекарданд, гаравгон гирифтанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба хотири иваз кардани се шаҳрванди Қирғизистон, ки 20 июни соли 2012 дар ҳудуди Тоҷикистон бо 103 кг симоби сурх дастгир шуда буданд, гаравгон гирифтанд. Дар натиҷа, баъди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ гаравгонон озод карда шуданд.

Август

Марзбонони қирғиз 6 шаҳрванди Тоҷикистонро барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба қаламрави кишвари худ боздошт ва латукўб кардаанд. Нозири вақти минтақавии корҳои дохилаи ҷамоати Ворух Фаррух Тӯхтаев гуфт, марзбонони қирғиз дар минтақаи Санги Шикоф ин ҷавонҳоро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд. Пас аз анҷоми расмиёт боздоштшудаҳоро дар посгоҳи Чорчинор ба марзбонони тоҷик доданд.

Соли 2013

27 апрел

Миёни сокинони деҳаҳои Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон муноқиша рух дод. Сабаби муноқиша бунёди роҳ аз сӯи қирғизҳо дар минтақаи баҳснок дар канори деҳаи Ворух буд.

Гурӯҳи сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд 20 шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифтанд. Инчунин, онҳо 17 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, муовини вақти раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимов  ва панҷ корманди мақомоти қудратиро латукўб намуданд. Ҳамчунин, сокинони деҳаи Оқсой замони муноқиша 7 воситаи нақлиёти шаҳрвандони тоҷикро шикаста, қисман хароб карданд. Дар натиҷа бо роҳи гузаронидани гуфтушунид бо сокинони деҳаи Оқсой ҳамаи гаравгонони тоҷик озод карда шуданд.

Мақомоти ду ҷониб барои ҳалли мушкил ду дафъа мулоқот карда ва санадеро барои қатъи ҳама гуна фаъолияти низоъбарангез ба имзо расонданд. Масъала ҳамчунин дар дидори президентони ду кишвар дар Бишкек баррасӣ шуд.

31 май

Дар ноҳияи Бодканд байни сокинони наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рух дод. Сабаби муноқиша боздошт ва латукўби ду шаҳрванди Тоҷикистон – Аслонбек Сулаймонов ва Азим Одинаев аз ҷониби марзбонҳои қирғиз буд, ки гуфта мешуд, марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд. Ин ҷавонон баъд аз чанд соати асорат бо дахолати мақомоти Исфара раҳо шуданд. Дар натиҷаи муноқиша панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Баъди чанде ба сарҳадбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон муяссар шуд, ки муноқишаро хотима бахшанд.

15-17 декабр

Муноқишаҳои навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. Шаби 15 декабри соли 2013 афроди номаълум мағозаи шинаҳои мошинҳоро, ки ба сокини Чоркўҳи Тоҷикистон тааллуқ дошт, оташ заданд. Дар натиҷаи сўхтор беш аз 200 шина ба коми оташ рафта, зиёда аз 30 ҳазор доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Дар бораи омилони сўхтор ва ҷуброни он иттилое нест.

Ҳамчунин, шаби 15 ба 16 декабр ду сокини деҳаи Самарқандаки Қирғизистон дар деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон боздошт шуданд. Онҳо барои вайрон кардани режими сарҳади давлатӣ аз ҷониби марзбонони тоҷик ҳангоми кандани сутунҳо аз хатҳои кӯҳнаи интиқоли марбут ба “Киргизтелеком” боздошт шуданд. Пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор шаҳрвандони Қирғизистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Бодканд супорида шуданд.

Соли 2014

11 январ

Дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара миёни марзбонҳои Қирғизистону Тоҷикистон тирпаронӣ рух дод. Ҷониби Тоҷикистон далели задухӯрдро аҳдшикании қирғизҳо дар масъалаи идомаи сохтмони роҳи “Коктош-Оқсой-Тамдик”дар замини Тоҷикистон номид. Дар натиҷа 2 марзбони тоҷик маҷрўҳ шуданд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 5 марзбонаш хабар дод. Бегоҳи 13 январ ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба тавофуқ расиданд, ки барои ба эътидол овардани вазъ нерӯҳояшонро аз деҳаҳои наздимарзӣ дуртар мебаранд. Баъди ин вазъ дар марз ором шуд.

15 феврал

Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шаби 15 ба 16-уми феврал дар роҳи асосии Исфара-Ворух, назди дидбонгоҳи дуввуми сарҳадии Қапчағайи Қирғизистон, ки дар ҳудуди деҳаи Оқсой ҷойгир аст, рух дод. Чор қирғиз дар ҳолати мастӣ бе ягон асос автомашинаи сокини Ворух Мулломасъуд Бобоевро, ки аз ҷониби Исфара ба Ворух меомад, сангборон карда, ўро боздошт намуданд. Баъди муроҷиат ба мақомоти қудратӣ, ба хотири бад нашудани вазъ, ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ бо тартиби корӣ ба мақомоти Қирғизистон барои баррасӣ дода шуданд.

7 май

Баҳси байни сокинони рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо сокинони рустои Ӯртабузи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ба занозанӣ ва сангборони якдигар печид. Бар асари ин ҳодиса беш аз 60 нафар аз ҳарду ҷониб ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Нуҳ сокини Қирғизистон ва ҳашт сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон дар бемористон бистарӣ шуданд. Сабаби муноқиша сангборони як мошини сокинони ҷамоати Ворух аз сўи як гурўҳи қирғизҳо дар ҳолати мастӣ буд. Гуфта мешуд, ки қирғизҳо пас аз зӯҳр дар маҳалли ҳодиса санг ҷамъ карда, ба муноқиша омодагӣ дида буданд. Пас аз чанд соат ба кормандони амнияти ду кишвар муяссар шуд, ки вазъро таҳти назорат гиранд.

10 июл

Дар муноқишаи навбатӣ дар маҳалли Бедаки ҷамоати Ворухи Тоҷикистон аз тири марзбонони қирғиз як шаҳрванди Тоҷикистон- Сафоиддин Шаропов кушта шуда, 7 шаҳрванди дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳодиса замоне рух дод, ки тоҷикон тариқи ҳашар мехостанд дар ҳудуди Тоҷикистон лӯлаи обгузар хобонанд. Дар ҳамин ҳолат марзбонҳои қирғиз ба тарафи мардум тир кушодаанд. Аз ҷониби Қирзистон дар ҷараёни ин ҳодиса касе осеб надид.

Баъди гуфтугўи телефонӣ ва гуфтушунид дар Исфара байни муовинони сарвазирони ду кишвар ва сардорони раёсатҳои сарҳадбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъ дар марз ором шуд.

2 август

Сабаби муноқишаи навбатӣ байни сокинони деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати Чоркўҳи Исфара ва сокинони деҳаи наздисарҳадии Оқсойи ноҳияи Бодканд анҷом додани корҳои кишоварзӣ – ҷамъоварии ҷуворимакка аз ҷониби сокинони Ворух дар ҳудуди заминҳои Қирғизистон гуфта мешуд. Дар натиҷа шаҳрвандони ду кишвар дар ин макон ҷамъ омадааанд ва байни онҳо задухӯрд оғоз ёфт. Дар муноқиша касе осеб надидааст. Дертар сарҳадбонони ду кишвар ба  ҷойи ҳодиса омада, вазъи низоиро ба таври осоишта ҳаллу фасл карданд.

25 август

Аз ҳудуди ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сўйи сарҳадбонон ва аҳолии осоиштаи Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров аз силоҳ тир кушоданд. Бар асари ин ду шаҳрванди Тоҷикистон – сардори гурўҳи сарҳадбонӣ Азамат Азимов ва сокини ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нуъмонҷон Набиеви 25-сола ба ҳалокат расида, 7 тани дигар захмӣ шуданд. Сабаби муноқиша дар шафати кўпрукчаи обченкунии болои канал аз ҷониби Тоҷикистон бунёд кардани посгоҳ мебошад. Дар пайи ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача алҳол ситод таъсис ёфта, вазъи минтақа зери назорат гирифта шуд.

Соли 2015

6 июл

6 июл

Дар пайи муноқишаи навбатӣ дар марзи миёни Исфара ва Бодканд аз тири марзбонҳои қирғиз сокини 18-солаи Исфара Боборизо Ризоев ҳалок ва як марзбони тоҷик захмӣ шуданд. Даргирӣ ҳангоми ҳаракати марзбонҳои тоҷик аз деҳаи Лангар ба самти ҷамоати Чоркўҳ сурат гирифтааст. Мошини марзбонҳои тоҷикро марзбонони қирғиз манъ намуда ва иҷозаи убур аз деҳаи марзии Лангарро надодаанд ва дар натиҷа муноқиша бархоста, марзбонони қирғиз ба тарафи афсари тоҷик тир кушодаанд. Ҷониби Қирғизистон сабаби муноқишаро ба он рабт дод, ки гӯё шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз хатти марзи Қирғизистон убур карда, ба мошинаҳое, ки ба шаҳрвандони он кишвар тааллуқ доштаанд, сангпартоӣ кардаанд.

Баъди ин ҳодиса, 9 июл марзбонҳои Тоҷикистону Қирғизистон қарордодеро имзо кардаанд, ки ба сӯйи мардуми одӣ ва ҳарбиёни ду тараф оташ нахоҳанд кушод.

4 август

Дар пайи тирпаронӣ аз силоҳи шикорӣ ва партоби “коктейлҳои Молотов” аз сӯи сокинони маҳаллаи Коктоши Қирғизистон ба сӯисокинони деҳаи Сомониёни Тоҷикистон 6 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуданд. Ҳодиса замоне сар мезанад, ки истиқоматкунандагони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бо мақсади обёрӣ намудани маҳаллаи номбурда бо оби нӯшокӣ дар наздикии дарёи Исфара ҷамъ омада, қубурҳои обгузар мегузарониданд. Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Роза Усарова,вакили мардумӣ аз ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистонро ҳамчун “таҳрикдиҳандаи муноқиша” номида буд.

Соли 2017

22 январи

Се сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, ки пас аз бозии футбол миёни ҷавонони навоҳии наздимарзии ҶТ ва ҶҚ бармегаштанд, аз ҷониби гурӯҳи 15-нафараи ҷавонони деҳаи Коктоши Қирғизистон латукӯб шуданд.

Сипас сокинони Коктош автомашинаҳои нозирони минтақавии деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло, инчунин кормандони милитсияи ШКВД-и дуюми шаҳри Исфараро сангборон карданд. Дар рафти муноқиша ҳамчунин сардори отряди марзбонии «Исфара» ҷароҳат бардошт.

Соли 2018

4 июн

Дар мавзеи «майдони футбол»-и деҳаи Овчӣ Қалъача, ки ба ҶТ тааллуқ дорад, марзбонони тоҷик кӯшиш намуданд аз амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони қирғиз пешгирӣ намоянд. Отряди таъйиноти махсуси КДАМ Қирғизистон, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд, баногоҳ ба марзбонони тоҷик ҳамла кард, бо таҳдиди силоҳ онҳоро латукӯб намуд ва зӯран ба ҳудуди ҶҚ бурд. Марзбононро як шабонарӯз пас озод карданд. Тӯли тамоми ин муддат онҳо латукӯб ва шиканҷа шуда, осебҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

12 сентябр

Бар асоси як барномаи Бунёди Оғохон сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух ба кашидани хатти лӯлаи об машғул буданд ва аз ин кор  қирғизҳо норозигӣ карда, бо трактор омада, ҳамаи корҳоро хароб карданд. Дар натиҷа аз Бунёди Оғохон гуфтанд, бунёди лӯлаи обгузар дар ҷамоати Ворухи Исфара муваққатан ба таъхир гузошта шуд.

Соли 2019

13-14 март

Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тири сарҳадбонони қирғиз муаллими ҷамоати Чоркўҳ Ҳусейн Ҳакимов ва сокини дигари деҳаи Тоҷикони Ворух Рафоиддин Тешаев ба ҳалокат расида, 11 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, аз ҷумла нозири калони минтақавӣ Саидшариф Авеззода ва сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ Аҳтамов Мақсадҷон ва Раҳим Аюбов захмӣ шуданд. Мақомоти қудратии Қирғизистон ҳамчунин сокинони Ворух – мусофирони 2 автомашинаи тамғаи “Газел”-ро бо 30 нафар мусофир гаравгон гирифтанд. Сокинони Қирғизистон инчунин анбори Абдумаҷид Муллоҷонов, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро оташ заданд. Аз ҷониби Қирғизистон дар ин муноқиша ду нафар маҷрўҳ шуд. Сабаби муноқиша аз ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба оғоз шудани сохтмони роҳи “Коктош-Оқсой-Тамдиқ” гардид.

Баъди ин ҳодиса сарвазирон ва президентони ду кишвар суҳбати телефонӣ намуданд. Дар натиҷа вазъ дар марз ором гардида, комиссияи махсус барои таҳқиқи ҳаводиси мазкур ва пешгирии чунин муноқиша дар оянда созмон дода шуд.

22 апрел

Дар минтақаи марзии Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд миёни сокинон моҷаро бархост. Сабаби муноқишаи навбатӣ гўё боздошти ғайриқонунии як писари 8-солаи сокини деҳаи Оқсойи Бодканд аз ҷониби шаҳрванди тоҷик мебошад. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, сокини Исфара он шаҳрванди Қирғизистонро барои шикастани шишаи экскватори худ боздошт карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таслим намудааст. Дертар писарбача ба тарафи қирғиз супурда шудааст. Мақомоти марзбонии Исфара ва Бодканд дар ҷои муноқиша мулоқот карда, аз эҳтимоли бузургтар шудани муноқиша ҷилавгирӣ кардаанд.

4 июн

Бошандагони деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон барқасдона монеи ҳаракати мошини Шаҳбоз Ғанизода, сокини 28-солаи Исфара, ба самти Ворух шуда, баъдан ӯро барои роҳ надодан ба мошини КАМАЗ муттаҳам ва мошинашро сангборон кардаанд. Дар ҳамин ҳол баъзе аз расонаҳои Қирғизистон ҳодисаро садамаи нақлиётӣ қаламдод кардаанд.

22 июл

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон замоне сар зад, ки сокинони Ворух мехостанд ба муносибати сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сари роҳ парчамҳои Тоҷикистонро овезон кунанд. Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба ин мухолиф баромада, дар ҳудуди Тоҷикистон худсарона заминро кофта, парчами миллии худ ва лавҳаи “Оқсой”-ро насб карданд. Сокинони Ворух ба ин муқобил баромаданд ва дар натиҷа баҳс ба занозанӣ кашонид. Дар натиҷаи муноқиша омўзгор Ҷалолиддин Қароев кушта ва 7 тан, аз ҷумла Фаррух Тошхӯҷаев, корманди шуъбаи милисаи Ворух ва Абдурасул Шомирсаидзода, сардори Маркази иттилоотии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, шадидан захмӣ шуданд.Расонаҳои қирғизӣ гуфтанд, ки дар муноқишаи мазкур 17 шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд. Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Исфара ва масъулони мақомоти қудратии кишвар барои ба эътидол овардани вазъ бо ҳамтоёни қирғизи худ гуфтушунид намуданд.

16 сентябр

Дар натиҷаи задухӯрди навбатии марзӣ дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ҳаммарз бо Қирғизистон се марзбони тоҷик – подполковник Рустам Убайдуллоев ва сарбозони қаторӣ Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов кушта шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби Тоҷикистон 12 низомии дигар захмӣ шуданд. Қирғизистон аз кушта шудани 1 марзбони худ ва аз захмӣ шудани 13 нафар хабар дод. Сабаби муноқиша бар хилофи созишҳои пешина дар майдони варзишии маҳаллаи Баҳор шурўи сохтмони иншооти номаълум аз ҷониби Қирғизистон буд.

Баъди гуфтугўи телефонии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ва ташрифи мақомоти расмии ду тараф дар маҳалли ҳодиса вазъ ба эътидол оварда шуд.

Соли 2020

24 май

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, аз ҷониби Тоҷикистон сарбози қаторӣ Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захм бардоштааст. Аз тарафи Қирғизистон касе осеб надид.

Муноқиша баъди он сар зад, ки чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзӣ даст заданд.

Ҳар ду тараф эълон карданд, ки намояндагони идораҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карда, сабабҳои сар задани ҳодисаро таҳқиқ доранд.

27 май

Шаҳрванди Қирғизистон Соатбек Бахтибоев ба сӯйи сокини 25-солаи ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон Шукрона Шарофова оташ кушода, ўро захмӣ намуд. Мақомоти Қирғизистон дар ин бора чизе нагуфтанд. Намояндагони прокуратура, идораи умури дохилӣ ва мақомоти марзбонӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, қазияи захмӣ шудани Шукрона Шарофоваро баррасӣ карданд.

6 август

Дар натиҷаи тирандозӣ дар сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон дар 1-километрии марз бо вилояти Бодканд сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ Воҳид Ваҳҳобови 65-сола, боғбони бригадаи рақами чаҳори ҳамин ҷамоат, аз тири ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расид.

Дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, аз тири силоҳи шикории шахси номаълум захм бардошт.

Мақомоти дахлдори ду кишвар ба ҷойи ҳодиса рафта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада дар байни аҳолӣ корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳиро гузаронданд.

Соли 2021

28-29 апрел

Дар пайи муноқишаи навбатӣ  аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расида, 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон аз маҷрўҳ шудани 189 нафар ва ҳалоқати 36 нафар хабар дод. Дар муқовимати низомӣ аз тарафи Тоҷикистон 14 хонаи истиқоматӣ пурра хароб шуда, 2 хона, 1 иншооти ёрирасон, бинои 1 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 1 хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон низ қисман тахриб шудаанд.

Ҷониби Қирғизистон гуфт, дар муноқишаи ахир 78 хона қисман ё пурра тахриб шудааст. Ҳамчунин 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 8 мағоза, 3 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 2 мактаб, бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон ва бинои ШКД-и маҳаллӣ тахриб шудааст.

Ба ҷойи охирсухан

Бори дигар такрор кардан мехоҳем, ки ҳадаф аз таҳқиқоти мо таҳрик додани «хунгармон» ба ҳамлаҳо зидди ҳамсоякишвар нест. Бас аст куштору харобкориҳо!

Баръакс, мо кўшидем холисона ва ҳақиқатнигорона маълумоти дарёфтаро арз намоем. Ҳамчунин хеле мехостем ба ҳамсояҳо нишон диҳем, ки дар асл низоъҳоро пеш аз ҳама онҳо сар мекарданд. Ҳукуматдорони ҶҚ агар ошкоро дастгирӣ накунанд ҳам, ҳадди ақал пеши роҳи ин амалҳоро ба хотири ҳадафҳои популистии худ намегирифтанд. Мехостем ҳарчи зудтар корҳо оид ба муайянсозии хатти марз ба анҷом расида, ба ихтилофҳои сершумор хотима бахшида шавад ва минтақа ором гардад. Мо, тоҷикон, тарафдори сулҳем!

Таҳияи Мазҳаб Ҷумъа.

Сарчашмаҳои иттилоот: Радиои Озодӣ, Kloop.kg, Asiaplustj.info, хадамоти матбуотии вилояти Суғд.

P.S. Идораи портали таҳлилӣ “Нуқтаи назар” (Nuqta.info) аз ниҳодҳои давлатӣ ва шахсони алоҳида барои пешкаши ахбори муътамади ҷузъӣ ё комили марбут ба низоъҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сипосгузор хоҳад буд.

Оцените статью:

Куштор, латукӯб, шиканҷа ва оташзаниҳо Хронологияи муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 10 соли охир (2011-2020) Ҳодисаҳои 28-30 апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро метавон авҷи тамоми таърихи муноқишаҳои наздимарзии миёни ду кишвар номид. Ҳеҷ гоҳ то ин замон низоъҳои ҳамсоягон ба ин шумора талафоти инсонӣ боис нагардида ва ҳеҷ кишвар ба наздикии марз ҷузъу томҳои калони низомиро […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *