Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?

Соли рафтаистодаи 2020 шояд ба таърих чун соли бемории ҳамагир ворид мешавад. Вожаи “коронавирус” имсол дар ҳамаи кишварҳо садо дод, ҳар рӯз, дар тамоми расонаҳо, дар ҷои кор, дар хона. Аммо ғайр аз коронавирус, дар ҷаҳон боз ҳодисаҳои зиёде рӯй медоданд.

Nuqta tj. шарҳи худро оид ба рӯйдодҳои муҳими соли 2020 пешниҳод мекунад.

Низоъи байни ИМА ва Эрон

Дар соли рафтаистода ИМА ва Эрон қариб буд ба ихтилофи бузурги низомӣ ворид шаванд, ки оқибатҳояш метавонистанд на танҳо барои ин кишварҳо, балки барои минтақа ва тамоми ҷаҳон  ниҳоят вазнин шаванд.

3 январ ИМА ба Бағдод ҳуҷуми низомии ҳавоӣ анҷом дод, ки дар натиҷаи он стратеги асосии низомии Эрон Қосим Сулаймонӣ ҳалок шуд. Зарба ҳадафнок буд. Дар Теҳрон ваъда доданд, ки ҷавоби “ҳалокатбор” хоҳанд дод ва пас аз чанд рӯз тавассути мушакҳо ба пойгоҳҳои  амрикоӣ дар Ироқ зарба заданд. Тамоми ҷаҳон бошиддат анҷоми ин тирборонро интизор буд. Аммо, ниҳоят хирад дастболо шуд. “Ҳамааш хуб аст!” – вокуниш нишон дод ба ин ҳамла президенти ИМА Доналд Трамп. Пас аз чанд рӯзе маъмурияти ӯ бо шадидгардонии таҳримҳои зиддиэронӣ маҳдуд шуд.

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?
Тазоҳуроти бисёрҳазорнафара дар Теҳрон ба муносибати марги генерал Сулаймонӣ.

Қурбониёни бегуноҳи ин низоъ, чун ҳамеша, сокинони оддӣ шуданд. 8 январ, пас аз чанд соати бомбаборони пойгоҳҳои ИМА дар Ироқ низоми эронии  ПВО дар наздикии Теҳрон Boeing 737-800-и украиниро бо гумони мушаки ҳавоии амрикоӣ сарнагун кард. Ҳамаи 176 сарнишине, ки дохили ҳавопаймои  хатсайри Теҳрон-Киев буданд, ҳалок шуданд. Фалокати ҳавопаймо дар наздикии Теҳрон дар тамоми таърихи авиатсияи Украина бузургтарин садама (аз рӯи миқдори ҳалокшудагон) гардид.

Коронавирус меояд

11 январ дар Чин дар бораи аввалин ҳалокшуда аз навъи нави коронавирус хабар доданд. Марди куҳансоли бо бемории пневмония  бистаришуда харидори бозори маҳсулоти баҳрӣ дар Вуҳан буд, ки “нуқтаи оғоз” барои тамоми инсоният гардид – маҳз дар ҳамин ҷо нахустин хурӯҷи COVID-ро ба қайд гирифтанд. Якуним ҳафта пас мақомоти Чин дар бораи мутатсияи имконпазири вируси нав ва бемории ҳамагир сухан гуфтанд, вале танҳо 11 март Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи оғози бемории ҳамагир эълон кард. Дар он лаҳза 118 000 нафар аз 114 кишвар ба COVID-19 гирифтор шуданд. 

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?

Имрӯз шумораи ҳодисаҳои ба қайдгирифташудаи бемории сироятии коронавирус дар тамоми ҷаҳон тақрибан ба 80 миллион расидааст. Ҳамин тариқ, зиёда аз 1% аҳолии Замин  барандагони  вирус шуданд

Иёлоти Муттаҳида дар бобати шумораи сироятёфтагон дар байни ҳамаи кишварҳои ҷаҳон пешсаф аст (қариб 20 миллион ҳолати ошкоршудаи COVID-19). Ба се ҷои аввал инчунин Ҳиндустон (10 миллион ҳолат) ва Бразилия (7,4 миллион ҳолат) дохил мешаванд. Пас аз инҳо Русия меистад, ки шумораи ҳолатҳои  ошкоршудаи беморӣ ба 3 миллион мерасад. Аз ин беморӣ дар саросари ҷаҳон 1,7 миллион нафар фавтида, қариб 56 миллион нафар одамон шифо ёфтаанд.

Коронавирус дар Тоҷикистон

30 апрели соли 2020 Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман далели сироятёбӣ бо коронавирусро эътироф кард. Дар маҷмуъ он рӯз 15 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда буд. Шубҳаҳо дар набудани вирус дар ҷумҳурӣ то ин вақт ҳам буданд ва дар ин бобат расонаҳои ватанӣ борҳо навиштанд. Рӯзноманигорон кӯшиш карданд, ба ҳар навъе ба вазъ таъсиргузор бошанд, аммо дар натиҷа кор ба ҷое расид, ки ба онҳо дастрасӣ ба иттилоъро комилан бастанд ва ҳатто дархостҳои расмиро рад карданд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 он вақт қарор қабул кард, ки таътили тобистона аз 4 май барои донишҷӯёни солҳои 1-3-и мактабҳои олӣ оғоз шуда, хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳо имтиҳоноти давлатиро бояд то 15 май ҷамъбаст кунанд. Хабар дода шуд, ки ситод сокинони кишварро уҳдадор намудааст, ки ниқобҳои тиббӣ пӯшанд.

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?
Коронавирус меояд. Акс аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон субҳи 25 декабр шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 13 ҳазору 106 нафарро ташкил додааст, 12 ҳазору 583 нафар шифо ёфта, 89 кас фавтидаанд.

Аллакай як сол инҷониб амалан дар ҳамаи кишварҳои олам коронавирус ҳар дам одамонро маҷбур мекунад, ки аз сабаби инзивои умумимиллӣ ё тадбирҳои маҳдудкунанда дар хона бимонанд, аммо то ба ҳол маълум кардан муяссар нашудааст, ки сабаби сироятёбии одамон чӣ буд. Зиёда аз ин, чун дар ИМА ва Россия дар бораи озмоиши бомуваффақияти ваксинаи  COVID-19 изҳорот пайдо шуд, ҳамон замон дар бобати мутатсияи нави ин беморӣ маълумот пайдо гардид.

Brexit

31 январ, дар соати 23:00 бо вақти Гринвич, дар Иттиҳоди Аврупо рӯйдоди таърихӣ ба вуҷуд омад: нахустин бор дар таърих аз ин иттиҳод яке аз кишварҳои узв – Британияи Кабир “канда  шуд”. Як соат пеш аз ин сарвазири кишвар Борис Ҷонсон ба миллат тавассути телевизион муроҷиат намуда изҳор дошт, ки ин “анҷом не, оғоз аст”. Аммо муҳит идона набуд, бисёр бритониҳо дар ин шом дар назди тирезаҳояшон шамъ гузошта, бо ҳамин фаҳмониданд, ки аз ояндаи худ нигаронанд. То охири соли гузаришии 2020, ки дар давоми он дар қаламрави кишвар ҳанӯз қоидаҳои Иттиҳоди Аврупо амал мекарданд, Британияи Кабир натавонист, ки қоидаҳои тиҷорати байниҳамдигариро бо ИА мувофиқа намояд.

Норозигиҳо пас аз ҳалокати Ҷорҷ Флойд

Дар охири моҳи май ИМА-ро мавҷи бетартибиҳо фаро гирифт, ки дар посух ба ҳалокати марди афроамрикоӣ Ҷорҷ Флойд дар Миннеаполис сар заданд. Корманди полис ӯро ҳангоми боздошт буғӣ карда, қариб 9 дақиқа гулӯи он мардро бо зонуяш дар асфалт зер кард. Норозигиҳо ба тезӣ дар кишвар паҳн шуданд, авҷи зӯроварӣ ва ғоратгарӣ онҳоро ҳамроҳӣ мекард.

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?
Тазоҳурот дар ИМА пас аз ҳалокати Ҷорҷ Флойд. Акс аз rollingstone.com

Дар моҳи июн онҳо дар зиёда аз 2000 шаҳр ва 60 кишвари ҷаҳон баргузор шуданд. Ҳаракати зиддинажодии  Black Lives Matter, ки дар доираи он эътирозҳо баргузор мешуданд, дар таърихи амрикоӣ бузургтарин ҳаракат гардид: дар авҷи тазоҳуроти июнӣ дар онҳо аз 15 то 26 миллион амрикоиҳо ширкат карданд.

Интихоботи президентӣ дар Беларус. Рӯзҳои истироҳати пурхавотири Лукашенко

Аз моҳи август дар Беларус ҳар рӯзи истироҳат эътирозҳо баргузор мешаванд, ширкаткунандагони он бар зидди натиҷаҳои интихоботи президентӣ овоз баланд мекунанд. Ин интихобот дар кишвар 9 август баргузор гардид. Аз рӯи маълумоти КМИ, дар он президенти ҳозира Александр Лукашенко бо бадастории 80,1% овозҳо пирӯз гардида, рақиби асосии ӯ Светлана Тихановская каме зиёдтар аз 10%-и раъйро соҳиб шудааст.

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?
Тазоҳурот дар Минск. Акс аз gazeta.ru

Пас аз боздоштҳои оммавии мухолифон Тихановская 11 август ба Литва рафта, аз он ҷо  ҳукуматро ба тақаллуби бузург гунаҳкор кард ва истеъфои Лукашенкоро талаб намуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ифротишавии эътирозҳо хабар доданд, тазоҳурот аз кӯчаҳо  ба ҳавлиҳои биноҳои манзилӣ кӯчид. Боздошту таъқиби мухолифони Лукашенко идома дорад.

Давраи панҷуми президентии Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон 11 октябр рӯйдоди муҳими сиёсӣ – интихоботи президенти ҷумҳурӣ сурат гирифт. Дар он президенти амалкунанда Эмомали Раҳмон пирӯз гардид. Ба ҷонибдории номзадии ӯ 3 млн 837 ҳазору 927 нафар ё ин ки 90,92% интихобкунандагон овоз доданд, изҳор дошт раиси комиссия Бахтиёр Худоёрзода. Эмомалӣ Раҳмони 68-сола бори аввал ба мақоми президенти Тоҷикистон соли 1994 интихоб шуда, то ин лаҳза ба муддати ду сол раиси Шӯрои Олӣ буд.

Сипас, ӯ дар солҳои 1999-ум, 2006-ум ва 2013-ум аз нав президент интихоб шуд. Тибқи натиҷаи ин маъракаҳо ба ягон номзад – рақибони Эмомалӣ Раҳмон муяссар нашудааст, ки ҳадди аққал 10% овозҳоро ба даст орад.

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?
Интихоботи президенти Тоҷикистон. Акс аз Sputnik.tj

Дар интихобот инчунин номзадҳои чор ҳизб аз ҳафт ҳизби дар асоси қонунҳои кишвар амалкунанда низ ширкат карданд. Аз рақибони Эмомалӣ Раҳмон, тибқи маълумоти комиссияи интихоботӣ, роҳбари Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода 3,03%-и раъйи мардумро соҳиб шуд.

Пештар, дар моҳи апрели соли 2020 писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо як овоз раиси палатаи болоии Тоҷикистон (Маҷлиси миллӣ) интихоб гардид. Ҳамин тариқа, ба таври расмӣ, ӯ нафари дуввуми кишвар гардид.

Коршиносон интихоб шудани Рустами Эмомалиро ба вазифаи раиси палатаи болоӣ марҳилаи навбатии омодасозӣ ба интиқоли қудрат шумориданд. Аслан пеш аз интихоботи соли 2020 танҳо як масъала меистод – оё Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли оянда дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд, ё ки раҳбариро ба писараш месупорад?

Интихоботи президент дар ИМА. Дар сарҳад оромӣ мешавад?

3 ноябр дар ИМА интихоботи президентӣ сурат гирифт, ки яке аз интихоботҳои шадидтарин ва пешгӯинашаванда гардид. Ин интихобот ҳамаи рекордҳо оид ба иштирокро пеш гузашт, зеро дар тӯли таърихи кишвар иштирок дар интихобот ҳамеша дар сатҳи паст буд. Новобаста аз шумориши давомдори овозҳо, 7 ноябр расонаҳои амрикоӣ пирӯзии номзади Ҳизби демократ Ҷозеф Байденро эълом доштанд, ки бори аввал дар таърих 80 млн раъйро ба даст овардааст. Трамп дар посух изҳорот дод, ки дар интихобот тақаллуб ҷой дошт ва онро барои кишвар шармандагӣ номид. Ҷумҳурихоҳон барои бозшумории овозҳо дар иёлатҳое, ки фарқи байни Трамп ва Байден кам буд,  даъвоҳо пешниҳод карданд. Дар аксари иёлатҳо шикоятҳо ба зудӣ рад карда шуданд.

14 декабр овоздиҳии коллегияи интихобкунандагон баргузор шуд, ки пас аз он номи ғолиб ба таври расмӣ эълон гардид. Ҷозеф Байден пирӯз шуд.

Бар сари қудрати ИМА омадани Байден ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсиргузор буда метавонад?

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?

Аввалан – рӯйдодҳои Афғонистон. Он ҷо толибон амалиёти ҷангии худро фаъолона идома дода истодаанд ва аллакай қаламрави назаррасеро дар марз бо Тоҷикистон ишғол кардаанд. Трамп ба наздикӣ эълом дошта буд, ки нерӯҳои асосии худро аз ин кишвар хориҷ  мекунад. Дар оянда чӣ мешавад – номаълум аст, ҳарчанд бисёр коршиносон ягон чизи хубро пешбинӣ намекунанд. Оё Байден қарори президенти пешинаро тағйир медиҳад ё не – ин ҳам алҳол равшан нест.

Сониян, дар замони Трамп, Иёлоти Муттаҳида “Стратегияи ИМА барои Осиёи Марказии 2019-2025: мусоидат ба соҳибихтиёрӣ ва шукуфоии иқтисодӣ” -ро риоя мекард. Авлавияти сиёсати амрикоӣ нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳалли масъалаи ҳифз ва тавсеаи субот дар Афғонистон тавассути ташвиқи робитаҳои иқтисодии байни он ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳисоб мешуд.  Ин сиёсат тавассути формулаи “C5 + 1” амал мекунад, ки дар он “C” – панҷ ҷумҳурии минтақа ва “+1” – Иёлоти Муттаҳида мебошанд. Ин идея наздикшавии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро таҳти назорати ИМА ва минбаъд табдил додани ин сохтори геополитикӣ ба минтақаи бехатари давлатҳои соҳибихтиёр бо иқтисоди бозорӣ, низомҳои дунявӣ ва кушоди ҳукумат пешбинӣ мекунад.

Оё Иёлоти Муттаҳида таҳти роҳбарии Байден минбаъд низ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад ва ё бозиро ба дигар бозигарони бузурги минтақавӣ – Чин ва Русия вогузор менамояд, вақт нишон хоҳад дод.

Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ. Озарбойҷон тантана дорад, Арманистон эътироз

Субҳи 27 сентябр миёни Озарбойҷон ва Арманистон муноқишаи мусаллаҳона шуруъ шуд. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар бораи ҳамлаи Озарбойҷон ба Қарабоғи Куҳӣ хабар  дод. Мақомоти Озарбойҷон дар навбати худ амалиёти Қарабоғро посух ба паррондани низомиёни худ номиданд. Дар ҷараёни амалиёт қӯшунҳои озарӣ як қатор минтақаҳоро озод намуда ба Степанакерт (Ханкенди) наздик омаданд. Низоъ бо он анҷом ёфт, ки аз шаби 9 ба 10 ноябр Озарбойҷон бо Арманистон бо миёнаравии Россия дар бобати оташбаси комил созишнома бастанд. Боку ва Ереван дар мавқеъҳои ба даст овардаашон истоданд, дар қаламрави Қарабоғи Кӯҳӣ нерӯҳои сулҳофари Россия  ҷойгир шуданд. Ғайр аз ин, тибқи созишнома, Арманистон якчанд минтақаҳои тасарруфшударо дар атрофи ҷумҳурии эътирофнашуда таҳти назорати Озарбойҷон баргардонид. Дар бораи талафот то ҳол маълумоти дақиқ нест.

Баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ сокинони Озарбойҷон ба кӯчаҳо баромада ин рӯзро ҳамчун рӯзи ғалаба дар ҷанг ҷашн гирифтанд. Дар Арманистон низ одамон ба кӯчаҳо баромаданд, аммо бо талаби истеъфои Пашинян, ки ӯро ба мағлубшавии кишвар дар ин муноқиша айбдор мекарданд.

Октябри хунин дар Бишкек

Қирғизистон дар Осиёи Марказии пасошӯравӣ ягона кишваре боқӣ мемонад, ки дар он рӯйдодҳои сиёсӣ қариб ҳар сол ва ҳатто баъзан якчанд бор дар як сол сурат мегиранд.

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?

Имсол низ ин ҷо нуқтаи доғ буд. 5 октябр ҳазорҳо одамон ба майдони Ала-Тоои Бишкек баромаданд. Онҳо талаб мекарданд, ки натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ лағв шавад. Шабона тазоҳуроти дар назар оромона бо забти “Қасри сафед” анҷом ёфт.

Зимни ин ҳодисаҳо садҳо одамон зарар дида, сокини 19-солаи пойтахт ҳалок шуд. Роҳбарони пешинаи КДАМ ва ВКД фирор карданд.

Шаби 6 октябр аз зиндонҳо бисёр зиндониён раҳо шуданд, аз ҷумла президенти пешина Алмосбек Отамбоев, сарвазири собиқ Сапар Исақов, раиси шаҳр Албек Ибраимов, вакили мардумии собиқ Содир Жапаров ва дигарон ба озодӣ баромаданд. Дертар аксари онҳо боз ба зиндон баргаштанд.

Бетартибиҳо дар Бишкек даҳ рӯз идома кард. Дар ин муддат анбӯҳи одамон муассисаҳои давлатиро тасарруф, худро раиси шаҳр, прокурори генералӣ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ эълом мекарданд.

Натиҷаи ҳодисаҳои октябрӣ ба сари қудрат омадани Содир Жапаров ва тарафдорони ӯ гардид. Мансабҳои калидиро дар кишвар дӯстону наздикони ӯ соҳиб шуданд.

Ҷашнгириҳо лағв шуданд

Бо сабаби пандемия лозим омад, ки рӯйдодҳои аз ҳама дурахшону деринтизор: мусобиқоти варзишӣ, фестивалҳо, маросимҳо  лағв ва ё ба таъхир гузошта шаванд.

Яке аз ҳамоишҳои муҳимтарини варзишӣ – Бозиҳои Олимпии соли 2020 бояд тобистони ҳамин сол дар Токио баргузор мешуд, аммо бо сабаби бемории ҳамагир ба соли дигар гузошта шуд. Барои бисёр варзишгарон ба таъхиргузории Бозиҳо зарбаи ҷиддие шуд. Ҳам барои миллионҳо мухлисон, ки рӯйдодҳои дурахшонтарини варзиширо интизор буданд. Ҳамчунин имсол дӯстдорони футбол низ аз иди бузурге маҳрум шуданд.  Мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо оид ба футболро, ки садҳо ҳазор мухлисонро ҷамъ меовард, ба соли 2021 ба таъхир гузоштанд.

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?

Дар моҳи майи соли 2020 дар Роттердем озмуни анъанавии суруд – Евровидение-2020 бояд баргузор мешуд. Онро низ бо сабаби коронавирус лағв карданд. Ҳамин тавр, яке аз фестивалҳои маъруфтарини мусиқӣ дар ҷаҳон – Coachella низ ба таъхир гузошта шуд.

Яке аз куҳантарин ва машҳуртарин автосалонҳо дар Ню-Йорк бояд моҳи апрели соли 2020 дар Манҳеттен баргузор мешуд. Дар оғози моҳи март ташкилкунандагон дар бораи лағви он хабар доданд.

Ҳамчунин имсол созмондиҳандагони Фестивали 73-юми синамои Канн натавонистанд, ки чорабинии худро ба таври “зинда” баргузор намоянд.

Дар Тоҷикистон  Рӯзи Ваҳдат – 27 июн ва 29-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон – 9 сентябрро ҷашн нагирифтанд.

Тадбирҳои карантинӣ ва маҳдудкунӣ то имрӯз низ идома доранд. Дар тамоми кишварҳои дунё.

Дар Тоҷикистон ҷашнгирии Соли Навро манъ карданд

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус бо мақсади пешгирии паҳншавии ин беморӣ қарор қабул кард, ки чорабиниҳои оммавии солинавӣ ва дигар тантанаҳои ҷашнӣ лағв карда шаванд.

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд?
Душанбе, майдони Дӯстӣ. Арчаи солинавӣ дар арафаи пешвозгирии соли 2020. Акс аз Sputnik.tj

Арчаҳои солинавӣ, сайругашти оммавӣ ва дигар тантанаҳои идона дар робита бо пайдошавии мавҷи дуюми COVID–19 дар ҷаҳон манъ карда шуданд. Ин қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ 18 ноябр ба нашр расид.

Тибқи  қарори Ситод, сайругашти одамон дар боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, хиёбонҳо, гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо назардошти риояи ҳатмии амнияти шахсиву ҷамъиятӣ – истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи 1,5-2 метрӣ имконпазир аст.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ВКД супориш дода шудааст, ки масъалаи гузаронидани корҳои безараргардонии ҳудуди боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, хиёбону галгаштҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро қатъан назорат кунанд. Инчунин ВКД вазифадор шудааст, ки барои тақвияти фаъолияти нозирони қитъавии милитсия оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар ҷойҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.

Ғайр аз ин, Ситод вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илмро уҳдадор кардааст, ки риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти миёнаву умумии ҳамагонӣ, ибтидоӣ, миёна ва оливу касбӣ ҷиддан таҳти назорат қарор диҳанд.

Ҳабиб камарбанди қаҳрамониро ҳифз ва истеъфояшро эълом кард

Номи Ҳабиб Нурмагомедов – қаҳрамони санъати муҳориба, ки таҳти сарпарастии UFC баромад мекард, имрӯз ба миллионҳо одамон дар ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ шинос аст.

Ҳабиб яке аз муҳорибагарони машҳуртарин миёни дӯстдорони муҳорибаҳои омехта дар ҷумҳурии мост. Раҳпаймоии бисёрҳазораи душанбегиён дар хиёбони асосии шаҳр дар моҳи сентябри соли 2019 пас аз пирӯзии бузурги Нурмагомедов бар Дастин Пуарйеи амрикоӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

Нурмагомедов моҳи октябр дар сабқати UFC 254, ки дар Абу-Даби баргузор шуд, бори саввум унвони қаҳрамониро дар вазни сабук ҳимоя намуда, бо усули хафагир бар Ҷастин Гэтжии амрикоӣ пирӯз шуд. Пас аз анҷоми муҳориба қаҳрамони мағлубиятнопазир дар бораи анҷоми фаъолияти худ хабар дода гуфт, ки ба модараш инро ваъда дода буд.

Модари варзишгар муқобили он буд, ки ӯ муҳорибаҳоро бе падар ва мураббиаш Абдулманоф Нурмагомедоа мегузаронад. Падари Ҳабиб дар аввали моҳи июл дар натиҷаи оризаҳо пас аз коронавирус вафот кард.

Дар тамоми давраи фаъолияти худ Нурмагомедов дар муҳорибаҳои омехта (ММА) 29 муҳорибаи тан ба тан баргузор кардаву дар ягонтоаш мағлуб нашудааст.

ФаррухБозоров

Оцените статью:

Коронавирус, интихобот, ҷашнҳои бекоршуда. Соли 2020 чӣ гуна буд? Соли рафтаистодаи 2020 шояд ба таърих чун соли бемории ҳамагир ворид мешавад. Вожаи “коронавирус” имсол дар ҳамаи кишварҳо садо дод, ҳар рӯз, дар тамоми расонаҳо, дар ҷои кор, дар хона. Аммо ғайр аз коронавирус, дар ҷаҳон боз ҳодисаҳои зиёде рӯй медоданд. Nuqta tj. шарҳи худро оид ба рӯйдодҳои муҳими соли 2020 пешниҳод мекунад. Низоъи байни […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *