Корҷўӣ тариқи интернет

Пандемияи коронавирус, басташавии сарҳадҳо ва камбуди ҷойҳои корӣ бо маоши кофӣ сабабгори афзудани шумораи бекорон дар Тоҷикистон гардид. Мардум дар ҷустуҷўи кор торафт бештар ба сомонаҳои интернетие рў меоранд, ки онҷо ҷойҳои кори холиро пайдо кардан мумкин аст. Хабарнигори Nuqta.tj қарор дод муайян намояд, ки кадом сомонаҳо дар ҷумҳурӣ кор пешниҳод мекунанд ва чӣ бартарию камбудиҳо доранд.

Омори ногувор

Соли сипаришуда барои бисёр оилаҳои тоҷик вазнин буд. Аз сабаби баста шудани марзҳо рўзирасонҳои оилаҳо натавонистанд ба муҳоҷирати корӣ раванд ва дар ватан монда, аксаран ба сафи бекорон пайвастанд.

Бино ба омори Агентии омори ҷумҳурӣ, ба оғози сентябри соли 2020 теъдоди бекорони расман ба қайд гирифташуда дар ҶТ 50,8 ҳазор шаҳрвандро ташкил дод. Аз ин шумора 49,2% занҳо буданд.

Ишора мешавад, ки моҳи августи соли 2020 дар робита ба корҷўӣ ба хадамоти шуғли аҳолӣ 7,4 ҳазор нафар муроҷиат карданд. Адади мазкур аз ҳамин давраи соли 2019 1,6% зиёд аст.

Корҷўӣ тариқи интернет
Акс аз интернет

Дар натиҷаи ин пайдо кардани кор ба 6 ҳазор шаҳрванд муяссар гардидааст. Аммо тавре коршиносон мегўянд, ин рақамҳо манзараи воқеиро инъикос намекунанд.

«Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати ҶТ, дар соли 2020 ба муҳоҷират 129 800 нафар рафт, ки ин дар қиёс бо соли гузашта 76% кам аст. Аз онҳо 117 ҳазору 910 нафар ба Русия сафар кардаанд, 4750 нафар – ба Қазоқистон.

Марзҳоро дар оғози баҳор – маҳз он замоне, ки одатан бисёр тоҷикистониҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, қуфл заданд. Дар натиҷа, тавре аз иттилооти Вазорати меҳнат бармеояд, наздик ба 100 ҳазор шаҳрванди мо маҷбур гаштанд дар ватан монда, ба ҷустуҷўи кор машғул шаванд. Агар ба ин рақам боз 50,8 ҳазор бекори сабтиномшударо илова намоем, ҳамчунин теъдоди номаълуми аз ин номгў берунмондаро ба назар гирем, омори ҳузнангезе ҳосил мешавад»,- мегўяд ҷомеашинос Гулчеҳра Назирова.

Ба ақидаи коршинос, бекорон зиёд ба ёфтани ҷойи кор аз тариқи хадамоти шуғли аҳолӣ умед намебанданд. Аммо ҳатто аз онҳое, ки ба ин хадамот муроҷиат мекунанд, маъмулан на зиёда аз 20% кор пайдо мекунанд. Яке аз сабабҳои ин пешниҳод шудани маоши паст аст.

Интернет мададгоратон

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ҷустуҷўи кор ба воситаи интернет торафт маъмултар мешавад.

“Сарфи назар аз нархҳои баланд ва суръати паст, аз интернет имрўзҳо зиёда аз 3 миллион муштарӣ истифода мекунад, – мегўяд мутахассиси IT Шаҳром Муҳиддинов.- Дар замони мо зиёд суолҳои марбут ба ҷустуҷўи иттилоот, аз ҷумла ҷустуҷўи корро метавон аз хона набаромада ҳал намуд. Айни ҳол дар интернет миқдори кофии сомонаҳое амал мекунад, ки доир ба вазифаҳои холӣ ахбор пешкаш менамояд ва шаҳрвандони мо беш аз пеш ба онҳо бо умеди дарёфти кори муносиб рў меоранд».

Чанде пеш HR-менеҷер Гулпарӣ Давлатова дар сафҳаи фейсбукии худ доир ба сомонаҳое, ки ҷойҳои кори холӣ пешкаш менамоянд, маълумот дод. Аксари сомонаҳои номбаршударо пайгирӣ намуда, ошкор намудем, ки аз ҳама маъруф миёни онҳо www.somon.tj мебошад, ки ба ҷуз эълони хариду фурўш доир ба вакансияҳо низ иттилооти зиёд ҷамъ овардааст. Дар сомонаи мазкур вакансияҳои воқеӣ дар самти дилхоҳ, хоса марбут ба тиҷорат зиёданд. Масалан, дар боби «Агентиҳои кадрӣ» 1255 ҷойи кори холӣ, дар «Фурўш, савдои чакана»- 550, «Ресторандорӣ, ошпазҳо, пешхизматҳо» – 540, «Коргарони ҳаркора» – 323, «Маориф, фарҳанг, ҳунар» – 208, «Нақлиёт, логистика, анбор» – 187, «Маркетинг, таблиғот, дизайн» – 184, «Муҳосибот, молия, адлия» – 183 ҷойи кор дида мешавад.

Корҷўӣ тариқи интернет
Акс аз интернет

Дар байни тоҷикистониён аз маъруфият нусхаи электронии «Рекламная газета» дар www.rg.tj низ бархурдор аст.

«Тибқи эълонҳои қабулшаванда, феълан талаботи зиёд ба коркунон дар соҳаи савдо ва хўроки ҷамъиятӣ вуҷуд дорад, – нақл мекунад Рухшона Бадалова, менеҷери “Рекламная газета”. – Барои ихтисосҳои менеҷери савдо, фурўшандаи мушовир, курйер, ошпаз, пешхизмат ва ғайра низ пешниҳодҳо бисёранд».

Бино ба суханони Бадалова, баъзе муштариён ба ғайр аз ҷустуҷўи кор ба роҳи дигар низ рўй меоранд – худ дар боби «Кор мекобам» эълон медиҳанд.

«Аксаран инҳо кадбонуҳо ва ё мутахассисони касбҳои гуногун мебошанд – сар карда аз масҳгарон то ҳуқуқшиносу табибони дипломдор»,- мегўяд ў.

Сомонаи қулай ва фаъоли дигар www.babolo.tj мебошад, ки дизайни хуб ва тақсимоти дақиқ аз рўйи категорияҳои кор дорад (рўзи кории пурра, бастӣ, графики озод ва ғ.).

Корҷўӣ тариқи интернет
Акс аз интернет

Дар сомонаи www.hotjob.tj ҳаҷми маълумот калон нест, лекин эълонҳои тозаи сершумор дар саҳифаи асосӣ ҷой дода шудаанд, ки ҷустуҷўро барои онҳое, ки талабгори дастрасии сабуктар мебошанд, осон мекунад.

Дар ҷустуҷўи кор гоҳ-гоҳ ба гурўҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ назар кардан ҳам мумкин аст. Масалан, дар «Фейсбук» аз соли 2013 гурўҳи «Работа, вакансии, резюме, поиск работы в Таджикистане» амал мекунад, ки беш аз 20 ҳазор аъзо дорад. Ба ҷуз ин, дар гурўҳҳои “ВАКАНСИЯ.tj” ва “Работа в Таджикистане” бисёр вақт эълонҳои ҷойи корро мегузоранд. Ба “Ngo.tj” муроҷиат карда, дар сектори созмонҳои ғайридавлатӣ ҷойи кор пайдо кардан имкон дорад.

Дар «Телеграмм» гурўҳи tajwork – бозори онлайни меҳнат амал мекунад, ки барои ҷавонон зиёд кор пешниҳод менамояд, дар «Инстаграм» – @work_in_tajikistan.

Ҷойҳои кории ҷолиби байналмилалиро дар Тоҷикистон тариқи шабакаи иҷтимоии «LinkedIn» пайдо метавон намуд, ки барои корбарони кордон мубрам аст.

Агар шумо касби муайяне, масалан, дар соҳаи бонкдорӣ дошта бошед, ҳар сари чанд вақт ба сомонаҳои ширкату идораҳои молиявӣ рў овардан бароятон муфид хоҳад буд.

Зиёд эълонҳоро дар хусуси қабул ба кор дар сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ – http://kor.tj/vacancy пайдо кардан мумкин аст.

Дар Тоҷикистон кор пайдо нашуд – ба Аврупо рў оред

Агар шумо аз сарчашмаҳои номбаршуда барои худ шуғл пайдо накарда бошед, тавсия медиҳем, ки сомонаҳои байналмилалиро пайгирӣ намоед. Яке аз онҳо www.devex.com. мебошад. Devex майдончаи расонаии иҷтимоӣ аст, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ, фаъолияти хайриявӣ, таҳлили тиҷоратиро ба ҳам мепайвандаду маълумот пешкаш мекунад, инчунин бо онҳо ҳамкорӣ мекунад. Дар ин сайт ҷойҳои холиро дар созмонҳои байналмилалӣ метавон пайдо кард, ки ба онҳо CV равон кардан мумкин аст, ҳамчунин аз пойгоҳи онҳо мутахассисон аз кишвари дигарро интихоб кардан имкон дорад. Обуна пулакӣ аст. Дар сомонаи СММ https://tajikistan.un.org/en/jobs ҳам ҷойҳои кории холӣ ҳастанд. Дар ҳамин ҷо дастрасӣ ба ТҒД ва созмонҳои байналмилалиро низ пайдо карда метавонед.

Glassdoor.com сомонае аст, ки аз манбаъҳои гуногун вакансияҳоро меёбад. Сомонаҳои www.upwork.com ва www.freelancer.com имкониятҳои хубро муҳайё мекунанд.

Ба воситаи Интернет дар дилхоҳ кишвари олам кор пайдо намудан ва бо корфармо сирф дар Шабака тамос гирифта, номгўи васеи корҳоро иҷро кардану ба суратҳисоби бонкӣ маош гирифтан мумкин аст. Намунаҳои чунин ҷойҳои корӣ хеле зиёданд – сар карда аз ҳуруфчинии одӣ дар барномаи Word ва то сохтани ҳаргуна маҳсулоти дастӣ.

Бурду бохтҳои коркобӣ дар интернет

Ҳамагӣ чанд вақт пеш корҷўӣ маънои харидани чанд рўзнома, бо қалам ба доирача гирифтани пешниҳодҳои ҷолиб, занг задан ба онҳо ва ё пиёда идора ба идораву корхона ба корхона гаштанро дошт. Ин усул вақту қувваи зиёди корҷўёнро мегирифт. Аммо акнун ба шарофати интернет корро аз хона набаромада ёфтан мумкин аст.

Лекин пайдо кардани кор тариқи интернет метавонад ҳам бартариҳо дошта бошаду ҳам бархе камбудиҳо.

«Ҷиҳати манфии коркобӣ дар интернет, масалан, он аст, ки ҳангоми омўзиши вакансия корҷўй наметавонад бо корфармо шахсан суҳбат намояд. Ин ҳам метавонад камбудӣ ҳисоб шавад, ки баъзе ҷойҳои кории холӣ то лаҳзаи муроҷиат метавонанд банд шаванд»,- ақида дорад Шаҳром Муҳиддинов.

Корҷўӣ тариқи интернет
Акс аз интернет

Ба андешаи коршинос, ҳангоми ҷустуҷўи кор ҳамчунин аз қаллобон бояд эҳтиёт буд. «Масалан, дар интернет эълонҳоеро аз қабили «Ташкилоти байналмилалӣ корманд ҷамъ мекунад», «Барои кор дар Аврупо мутахассис ҷамъ мекунем» ё «Барои тиҷорати муштарак шарики тиҷоратӣ меҷўем» вохўрдан мумкин аст. Дар ин гуна ҳолатҳо саросема набояд шуд, маълумотро дар бораи ташкилоте, ки кор пешниҳод мекунад, бояд омўхт, таърихашро ҷуст, фикри дигаронро дар бораи он хонд, дар доираҳои касбӣ машварат кард. Мисоли тоза – муддате пеш Прокуратураи генералии ҶТ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ташкил шудани ба ном «пирамидаи молиявӣ»-ро ошкор намуд, ки созандагони он ба қаллобӣ машғул буданд. Дар рафти амалиёти тафтишотӣ муайян гардид, ки гурўҳи ҷиноятии муташаккилона ба ҳамкорӣ шаҳрвандони ҷумҳуриро даъват намуда, худро намояндаи ширкати хориҷие муаррифӣ мекард, ки ба истихроҷ, коркард ва фурўши тиллою дигар канданиҳо машғул аст. Фоизи баланд ваъда карда, онҳо зиёда аз 300 шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб доданд ва 150 ҳазор долларро бо ин роҳ ба даст оварданд. Ҳангоми суҳбати телефонӣ ё даъват барои мусоҳиба ҳама вақт хавфи инро дар хотир дошта бошед»,- маслиҳат медиҳад Муҳиддинов.

Сарфи назар аз ин имкониятҳо, ба ақидаи аксари шаҳрвандон, ки мо мавриди пурсиш қарор додем, ҷустуҷўи кор тариқи интернет бартариҳои бешубҳа дорад. Аввалан, ин қулай аст. Ба ин шаборўзӣ, дар ҳар фурсати бароятон қулай, ҳатто аз хона берун набаромада, машғул шудан метавонед.

Дуюм, барои ин кори пештараро тарк кардан ё корҳои дигарро як сў мондан шарт нест. Ба омўзиши вакансияҳо дар дақиқаҳои холӣ метавон машғул шуд.

Сеюм, ин ройгон аст. Ба фарқ аз роҳу усулҳои дигар барои коркобии интернетӣ пул додан даркор нест. Роҳкиро дода, ҷое рафтан ҳам талаб намешавад.

Чорум, самаранокӣ. Ҳаррўза дар сомонаҳо садҳо ҷойҳои корӣ пешкаш мешаванд, садҳо корфармоён ба онҳо даромада, резюмеи корҷўёнро меомўзанд ва ба онҳо мусоҳиба таъин менамоянд.

Дар ин манбаъҳо ҳамчунин на танҳо эълонҳои дигаронро омўхтан, балки эълони худро низ доир ба ҷустуҷўи кор ҳамроҳи резюме ҷой додан мумкин аст.

Ва дар охир – дар хотир дошта бошед, ки ҷустани кор раванди пурмасъулият ва заҳматталаб, ҳарчанд ройгон аст. Агар дар роҳи ҷустуҷў муваффақ шудан хоҳед, шояд аз ҳар кори дигари маошдор бештар талош намудан лозим ояд.

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Корҷўӣ тариқи интернет Пандемияи коронавирус, басташавии сарҳадҳо ва камбуди ҷойҳои корӣ бо маоши кофӣ сабабгори афзудани шумораи бекорон дар Тоҷикистон гардид. Мардум дар ҷустуҷўи кор торафт бештар ба сомонаҳои интернетие рў меоранд, ки онҷо ҷойҳои кори холиро пайдо кардан мумкин аст. Хабарнигори Nuqta.tj қарор дод муайян намояд, ки кадом сомонаҳо дар ҷумҳурӣ кор пешниҳод мекунанд ва чӣ бартарию […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *