Кластерҳои агросаноатӣ барои деҳқонони тоҷик: умеди зинда мондан

Тоҷикистон ҳанўз соли гузашта консепсияи таъсис ва рушди кластерҳои агросаноатиро барои давраи то соли 2040 тасдиқ намуд. Айни замон масъалаҳои ташкилнамоии онҳо дар манотиқи гуногуни кишвар баррасӣ мегарданд. Аслан, муттаҳид кардани хоҷагиҳои аграрӣ бо саноати хўрокворӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-истеҳсолӣ ва муассисаҳои таълимии сатҳи мухталиф, ки барои бахши мазкур кадрҳоро омода мекунанд, дар нақша аст.

Муттаҳидшавӣ ба кластерҳои агросаноатӣ

Имрўз қариб дар тамоми ҷаҳон рушди соҳаи кишоварзӣ бо ташкил намудани кластерҳои агросаноатӣ алоқаманд аст.

Ба ақидаи коршиносон, кластерҳои агросаноатӣ метавонанд мушкили истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии рақобатпазирро дар Тоҷикистн ҳал кунанд.

Тавре таҷриба нишон медиҳад, кластерҳои агросаноатии минтақавӣ, ки соҳаҳоеро аз қабили истеҳсоли таҷҳизот, нуриҳо, химикатҳо, худи хоҷагии деҳот (зироатпарварӣ ва чорводорӣ), коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, илм, тайёрии кадрҳо, логистика ва содиротро ба воҳиди ягона муттаҳид менамоянд, ояндаи калон доранд.

Агар, барои намуна, кластери пахтаро гирем, он метавонад дар ҳайати худ корхонаи пахтатозакунӣ, фабрикаи нассоҷӣ, коллеҷи тайёрии кадрҳо, озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ, пойгоҳи мошину техникӣ, хоҷагии тухмипарварӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ нурӣ ва химикатҳо, анбору биноҳо, ширкати логистикӣ, кооперативҳо ва хоҷагиҳои фермериро муттаҳид намояд.

Тавре раиси хоҷагии деҳқонии фермерӣ Абдулло Сайназриев мегўяд, ў ҳарсола дар 8-10 га замин пахта мекорад. Барои нигоҳдории пахтаи ҷамъоварда ҷой нест, аз ин рў ў кўшиш мекунад ҳарчӣ зудтар маҳсулоти худро бо фоидаи кам фурўшад. «Агар ба ман ба таври муташаккилона бо техника, маводи сўхту молиданӣ, нуриҳо, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва фурўши маҳсулот ёрӣ расонанд, чаро ба чунин кластер ҳамроҳ нашавам?- мегўяд ў.- Аммо мо инро дар мисоли ҳар навъ иттиҳодҳо дидем, ки аз онҳо ба фермер ҳеҷ манфиате нест. Онҳо танҳо ҳаққи аъзогӣ ҷамъ мекунанд, лекин вақте мушкилиҳо, масалан, бо обёрӣ дар авҷи мавсим ё ҳангоми сар задании баҳсҳо бо мақомоти андоз ба миён меоянд, онҳо нестанд». Аз тарафи дигар, фермерҳо метарсанд, ки бо баҳонаи муттаҳидшавӣ заминҳои онҳоро ситондан метавонанд.

Дар бахши чорводорӣ низ вазъ имрўз ба ҳадафҳои амнияти озуқаворӣ ҷавобгў нест.

«Бахш ба куллӣ ба ҷузъҳои аз ҳам канда ҷудо шудааст, – мегўяд зоотехники собиқ Баҳодур Шукуров. – Чарогоҳҳо дар дасти як соҳибкоранд, рамаи гўсфандон – дар дасти каси дигар, ҷойҳои зимистонгузаронии молҳо – дар ихтиёри нафари сеюм. Гўшт, пашм ва пўстро ба таври муташаккилона ба касе фурўхтан имкон надорад. Масалан, пеш идораҳои харид вуҷуд доштанд, ки муттамарказона маҳсулоти деҳотро мехариданд, аммо имрўз нестанд. Хоҷагиҳои зотпарварӣ ба ихтиёри худанд, хадамоти байторӣ мустақилона бо фармоиш кор мебаранд, хўроки чорво ва каҳро аз манбаъҳои гуногун бо нархҳои ноустувор мехаранд. Парешонӣ ба пешрафти бахш халал мерасонад».

Тавре дар Консепсия қайд мегардад, давлат бо ёрии кластерҳои агросаноатӣ мехоҳад ба ҳадафе ноил гардад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз коркарду фурўши он канда набошад ва ба ин тариқ амнияти озуқаворӣ таъмин гардад, ҷойҳои корӣ таъсис ёбанд ва сифати ҳаёти одамон дар маҳалли деҳот баланд бардошта шавад.

Хоҷагиҳои хурд рақобатпазир нестанд, хоҷагиҳои калон -даромаднок

Айни замон дар Тоҷикистон ҳиссаи калони корхонаҳои хурди соҳаи аграрӣ – кооперативу хоҷагиҳои фермерӣ дар давраи буҳронӣ қарор доранд, онҳо дар амал аз занҷираи бавуҷудории арзиши иловагӣ дар канор мондаанд. Барои хоҷагиҳои хурди фермерӣ ба талаботи замон мувофиқ кардани истеҳсолот, ворид намудани технологияҳои нав, васеъ кардани бозори фурўши маҳсулоти худ хеле душвор аст. Онҳо барои сармоягузорон ва ширкатҳои харидор ҷолиб нестанд.

Кластерҳои агросаноатӣ барои деҳқонони тоҷик: умеди зинда мондан

Кластерҳои агросаноатӣ мустақилияти хоҷагӣ ва ҳуқуқии ширкатдорони худро нигоҳ дошта, қодиранд зарфиятҳои тиҷорати хурду миёнаро ба силсилаи ташаккулдиҳии арзиши иловагӣ ҷалб намоянд, ҳудудҳои деҳотро барқарор созанд, амнияти озуқавории кишварро таъмин кунанд ва барои сармоягузорон ҷолиб бошанд.

Ба қитъаҳои хурд ҷудо кардани платформаи ягонаи замин ба он овард, ки хоҷагиҳои дар ҳамсоягӣ ҷойгир ба якдигар халал мерасондагӣ шуданд. Барои мисол, ба қарибӣ дар Турсунзода як ангурпарвар ба ҳукумат барои ҳал намудани баҳсаш бо ҳамсоя муроҷиат кард, ки қарор додааст дар замини худ шолӣ корад. Тавре маълум аст, шолӣ зери об кардани заминҳоро талаб мекунад, дар натиҷа ангурзори шафати он аз сабаби зиёдии об ба хушкшавӣ сар кардааст.

Аммо кооперативу колхозҳои калон фоида намеоранд. Ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар онҳо нисбат ба хоҷагиҳои хурд 2-3 маротиба кам аст. Инҷо гап дар усули идоракунӣ аст, роҳбарон ба рушду пешрафти хоҷагӣ манфиатдор нестанд. Ва хусусигардонии минбаъдаро интизоранд.

Ҷамъиятҳои калони саҳҳомӣ аз қабили «Агросаноат» ба фарқ аз хоҷагиҳои давлатӣ ва ХДФ-ҳои хурд муваффақтаранд. Маҳз ҳамин модел, ки равандҳоро аз кишти зироатҳои хўроки чорво то гирифтани шири говҳо муттаҳид месозад, омили комёбии ширкати «Агросаноат» шуд, ки ҳаррўза ба Душанбе 10-12 мошини шир барои фурўши маҳсулоти худ равон мекунад. Қадами навбатӣ ба роҳ мондани коркарди шир дар хоҷагии худ ва истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ аст. Ба андешаи муаллифони консепсия, тақрибан ҳамин тартиб, аммо дар шакли боз мукаммалу васеътар ҳангоми бунёди кластерҳои агросаноатии оянда ба кор бурда хоҳад шуд.

Монеаҳо дар роҳи рушди саноати кишоварзӣ

Дар бахши аграрии Тоҷикистон ба инкишофи ташкилаҳои интегратсионӣ дар асоси сохторҳои кластерӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҷаззобияти инвеститсионии онҳо ҳанўз баъзе омилҳо халал мерасонанд. Ба қатори онҳо метавон рушди зерсохтори нақлиётӣ ва воситаҳои алоқа дар маҳалли деҳот, гуногунии шаклу навъҳои корхонаҳои кишоварзӣ – ширкатҳои саноати аграрӣ, хоҷагиву кооперативҳои коллективӣ ва давлатӣ, хоҷагиҳои фермерӣ ва хусусии наздиҳавлигӣ, муҳоҷирати аҳолии қобили кор, махсусан ҷавонон, камбуди соҳибихтисосон ва ғайраро номбар кард. Иловатан, корхонаҳои аграрӣ ба норасоии шадиди сармоя дучоранд.

Чун анъана, манбаи асосӣ барои корхонаҳои хоҷагии деҳот маблағҳои шахсӣ боқӣ мемонанд ва меъёрҳои баланди қарзӣ садди роҳи маблағгузорӣ шудани ин соҳа мегарданд.

Вале дарди аз ҳама мудҳиши соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муносибати бемасъулиятонаи заминдорон ба ҳолати майдонҳо аст. Аксари соҳибони замин худ кор накарда, масоҳатҳоро ба иҷора месупоранд. Як гектар замин имрўз вобаста ба ҳосилхезӣ солона аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Иҷорагирон деҳқонҳои воқеӣ ҳастанд, ки аз ин ё он сабаб пас аз бекоршавии сохти колхозу совхозӣ бе қитъаи замин мондаанд.

Бо чарогоҳҳо низ аҳвол ҳамин аст. Моликон ҳарсола онҳоро ба чорводорон ба иҷора дода, худ дар шаҳр зиндагӣ мекунад ва шояд чарогоҳҳои худро ҳеҷ гоҳ бо чашми хеш надида бошад. Таъсиси кластерҳои агросаноатӣ барои ин тоифаи соҳибкорон манфиатовар нест, аз ин сабаб онҳо то охир ба чунин ҷараён гирифтани кор муқовимат мекунанд, то ки қитъаҳои худро аз даст надиҳанд.

Ба агробизнес боз чӣ лозим аст?

Объектҳои зерсохтории муҳимтарин аз мавқеи соҳибкорӣ марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ, иншоотҳои махсуси зерсохторӣ мебошанд, ки барои амали кластер мутобиқи махсусиятҳо ва иқтидорҳои энергетикӣ заруранд. Барои кластерҳои агросаноатӣ масъалаи сохтани комплекси анборҳо, корхонаҳои коркарди ибтидоии маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсолоти хўрока доғ мебошад. Ин қабил иншоотҳо масрафоти зиёди вақт ва маблағҳоро талаб мекунанд, аз ин рў татбиқашон метавонад марбут ба мушкилиҳо бошад. Мушкилоти нақлиётиро низ набояд бо чашми кам дид, зеро дур будани истеҳсолгарон аз шоҳроҳҳо, анборҳои корхонаҳои коркарду нигаҳдорӣ, инчунин истеъмолгари ниҳоӣ сарфу харҷи молиашонро хеле бештар мекунад ва дар оқибат арзиши аслии маҳсулот боло рафта, рақобатпазириашро коҳиш медиҳад.

Набудани кормандони ихтисосманд ва имкониятҳо барои такмили ихтисоси онҳо, бешак, садди ҷиддӣ дар роҳи инкишофи ширкатҳои иштирокдори сохторҳои кластерӣ аст. Инро бояд ҳам мақомоти давлатӣ, ки ба масъалаи ислоҳи сохтори кишоварзӣ машғуланд ва ҳам иштирокдорони кластер аз дидгоҳи дастрасӣ ба манбаъҳои кормандони соҳибихтисос, яъне мавҷудияти мактабҳои олӣ, курсҳои такмили ихтисос, барномаҳои таълими кормандон ба эътибор гиранд.  

Дар сурати ҳалли ин мушкилот, дар давоми ду даҳсолаи минбаъда соҳаи кишоварзии тоҷик тадриҷан намуди бештар замонавӣ, мисли кишварҳои рушдкарда мегирад ва ҷумҳурӣ ба талаботи давлати индустриалӣ-аграрӣ бештар ҷавобгў хоҳад шуд.

Мазхаб Ҷумъа

Оцените статью:

Кластерҳои агросаноатӣ барои деҳқонони тоҷик: умеди зинда мондан Тоҷикистон ҳанўз соли гузашта консепсияи таъсис ва рушди кластерҳои агросаноатиро барои давраи то соли 2040 тасдиқ намуд. Айни замон масъалаҳои ташкилнамоии онҳо дар манотиқи гуногуни кишвар баррасӣ мегарданд. Аслан, муттаҳид кардани хоҷагиҳои аграрӣ бо саноати хўрокворӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-истеҳсолӣ ва муассисаҳои таълимии сатҳи мухталиф, ки барои бахши мазкур кадрҳоро омода мекунанд, дар нақша аст. Муттаҳидшавӣ ба […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *