Касбияти Мирзораҳматов ва Ҳамдамов – намунаи барҷастаи ибрат

С. Мирзораҳматов ва Б. Ҳамдамов эҷодкорони на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ИДМ низ шинохта мебошанд. Онҳо мутахассиси воқеии касби худ ҳастанд. Бо тақозои кор тайи моҳи охир фаъолияти муштараки таҳқиқотии онҳоро оид ба Афғонистон пайгирӣ мекунам. Барои хонандагони рус мехоҳам онҳоро муаррифӣ намоям. Ин ду нафар рӯзноманигор ва нависанда Саломиддин Мирзораҳматов ва қаламкаши моҳир Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири рӯзномаи «Минбари халқ» Тоҷикистон мебошанд. Онҳо якдигарро пурра мекунанд. Ба қалами ишон як қатор матолиби таҳлилӣ тааллуқ дорад, ки нигарониашонро аз қазоватҳои яктарафа дар масъалаи Афғонистон ифода мекунанд.

Мирзораҳматов намояндаи журналистикаи советӣ (шӯравӣ), ҳамчунин муаллифи як силсила китобҳо дар мавзуи азхудкунии водии Вахш, бахшида ба шахсиятҳои таърихӣ Н. Махсум, О. Латифӣ, Ш. Шотемур, Б. Ғафуров, В. Коган мебошад, ки ба сохтмони зербунёди Тоҷикистони муосир хиштҳои худро гузоштаанд. Ҳамдамов ба силсилаи рӯзноманигорони насле тааллуқ дорад, ки рушди ҳирфавии онҳо бо даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Ӯ дар маъбараи журналистикаи имрӯзаи ҶТ мавқеъ гирифтааст. Дар заминаи пойгоҳи васеи иттилоотӣ-таҳлилӣ  ҳирфаият намоиш дода, коршиносони номбурда ҳаводиси Афғонистонро дар ВАО-и электронӣ моҳирона бозтоб медиҳанд. Бо дарки он ки «чор рӯзнома метавонад беш аз артиши садҳазорнафара зиён расонад» (Наполеон), онҳо кӯшиш барои он харҷ медиҳанд, ки халоро бо иттилооти боэътимод пур карда, ба ҷаҳониён манзараи алтернативии фаъолияти низомеро аз рӯйхати террористони СММ, ки ба таври сунъӣ ба мардум бор мекунанд, нишон диҳанд.

Таҳлилҳои дар ҳамдастӣ омодакардаи онҳо дар мавзуи Афғонистон, ки дар ВАО ба табъ мерасанд, аз ҷониби шарқшиносон ҳамчун шоҳкориҳои ҳунари таҳлил арзёбӣ мегарданд, ки вазъро бо дарназардошти усулҳои муосири ояндабинӣ тасвир мекунанд. Бо такя ба масали маъруфи «Афлотун дӯсти ман аст, аммо ҳақиқат азизтар аст» муаллифон қиссаҳои бофтаву бардурӯғеро, ки аз толибони «мусичаи бегуноҳ» тавсиф менамоянд, ки тухми душманиро миёни халқҳои Афғонистон ҳаргиз намекоранду аз бадахлоқии ҷаҳонсозони имрӯза истифода карда, ба амалҳои террористии худ ҷомаи хушнамо пӯшондан мехоҳанд, барбод медиҳанд. Даст ба наслкушии аҳолии Панҷшер, Бағлон, Кописо, Кобул зада, толибон, тибқи арзёбии рӯзноманигорон, амалиёти васеъмиқёси низомиро дар маҳалҳои зисти тоҷикон, ӯзбекҳо, ҳазораҳо ба роҳ мондаанд. Тандеми таҳлилии Мирзораҳматов-Ҳамдам бо далелҳои раднопазир мушкили яктарафа будани назари баъзе коршиносони толибгаро ах хориҷаи дуру наздикро, ки аз сабаби тангназарӣ беихтиёр ба террористон минбар медиҳанд, фош менамояд. Онҳо дар ақидае ҳамраъйанд, ки ин навъ коршиносони ноуҳдабаро дар ҳолати буҳронӣ аз назарҳо ғайб зада, дар зимн минтақаро сӯйи ҷанги нав тела медиҳанд. Назари танқидӣ ба Афғонистони толибӣ як қатор сабабҳои табиӣ дорад, ки пеш аз ҳама ба чунин махсусиятҳои рушди кишвари шарқии мазкур алоқаманданд:

Аввалан, агар касе аз доираҳои журналистӣ ҳанӯз шубҳа дошта бошад, толибон ба худи мавҷудияти тоҷикон на танҳо дар Афғонистон, балки дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар маҷмуъ низ таҳдид мекунанд. Ин алалхусус дар танг карда баровардани сокинони қонунӣ аз маконҳои зисти ҳазорсолаашон дар шимол ва шимолу шарқи ин кишвар ифода меёбад. Таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ваҳшигариҳои ҳукуматдорони нави Афғонистон ҷалб намуда («Ҳамагӣ якчанд рӯз пеш дар ду деҳаи ғасбкарда дар вилояти Панҷшер толибон 130 сокини осоиштаро паронда куштанд. Ва чанд хонаро оташ заданд. Дар байни қурбониҳои онҳо занон, кӯдакон, мӯйсафедон буданд”), муаллифон аз имкони ояндаи хатарнок барои минтақа ҳушдор медиҳанд.

Дуюм ин ки лоббии толибгаро ба хотири розигии “қабилаҳо аз ҷануб” таърихи минтақаро сарфи назар мекунад. Аммо таърихнигорон дар ёд доранд, ки ба Афғонистон омадани издиҳоми қабилаҳои пашту, дақиқ гӯем, қавмҳои дурронӣ ва ғилзай дар оғози асри 20 тибқи “Барномаи ноқилин” (муҳоҷиркунӣ) амалӣ шуда буд, ки ташаббуси пешвоёни пашту Абдураҳмон ва амири кӯдакмиҷоз Ҳабибулло буд. Онҳо ин корро ба хотири ба таври оммавӣ кӯчондани паштуҳо аз кӯҳистони Сулаймони воқеъ дар Балуҷистони Ҳиндустон ва бо ин роҳ тағйир додани таркиби миллии ба манфиатҳояшон зид карданд. Сабаби ҳиҷрати мазкур ҳам шароити табиӣ ва ҳам душмании қабилаҳои мухталифи ба ҳам хеш буд, ки замин надоштанд ва сирф ба ҷангҳои байниқабилавӣ машғул буданд. Маҳз ҳамон вақт дар ҳудуди Мовароуннаҳр резерватсияҳои маҷбурӣ ташкил гардиданд, ки аз қабилаҳои кӯчӣ иборат буданд ва аз миёни онҳ паштуҳо бо муҳофизакорӣ ва ҳам ҳаракатнокии худ, чун чорвопарвар буданд, фарқ мекарданд. Дар чарогоҳҳо ва маҳалҳои барои молпарварӣ мувофиқ ҷой гирифта, онҳо бо мурури замон заминҳои тоҷику ӯзбекҳоро барои истифодаи муваққатӣ ишғол карданд. Дертар соҳибону муздурон ҷойиваз шуданд.

Сеюм: «Ҳама дар назди қонун баробаранд. Кор барои ҳама. Роҳ сӯйи таҳсил ва фарҳанг барои ҳама боз аст. Ба одамон бояд манзилҳои қулай пешниҳод шаванд» (Мандела). Ба ибораи дигар, наметавонад 70% аҳолии форсизабони Афғонистон зери зулми ақаллияти террористӣ қарор гирад, ҳарчанд ин террористон ба назари дипломатҳои аз касби худ бехабар аз хориҷаи наздик хубаку дилкаш нанамоянд,

Ташаббусҳои таҳлилии Мирзораҳматов ва Ҳамдамро дастгирӣ намуда, мехоҳем қайд намоем: коршиносоне, ки афкори ҷамъиятиро ба эътироф намудани ҳукумати толибон моил кардан мехоҳанд, аз рӯйи хусусияти далелҳои пешоварда бо муносибатҳои таърихӣ бо Афғонистон вориди ихтилоф мешаванд. Онҳо кулли масъалаҳои марбут ба Афғонистонро бар хилофи манфиатҳо бозтоб медиҳанд. Мантиқи онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба воқеияти рӯз мувофиқ намеояд, барояшон алоқаҳои самимии халқҳо як тангаи пуч ҳам арзиш надорад, онҳо мехоҳанд сарбастагии корпоративии паштуҳоро васф намуда, аз бадбахтии дигарон ба худ фоида гиранд. Хуб мебуд, аз хотир набароранд, ки «Ҳар ҷанг бар зидди ғосибони аҷнабӣ кори қонунӣ ва қарзи ҳар халқ аст» (Ф.Стендаль). Зеро фалсафаи шуури тағйирёфтаи қабилаҳои ҷанубӣ чунон аст, ки Михаил Лермонтов фармудааст:

Ваҳшиянд қабоили он дараҳои танг,

Худои онҳо озодист, қонуни онҳо – ҷанг».

                                                                                      Сергей Раҳимов,

коршиноси масоили гуманитарӣ

Оцените статью:

Касбияти Мирзораҳматов ва Ҳамдамов – намунаи барҷастаи ибрат С. Мирзораҳматов ва Б. Ҳамдамов эҷодкорони на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ИДМ низ шинохта мебошанд. Онҳо мутахассиси воқеии касби худ ҳастанд. Бо тақозои кор тайи моҳи охир фаъолияти муштараки таҳқиқотии онҳоро оид ба Афғонистон пайгирӣ мекунам. Барои хонандагони рус мехоҳам онҳоро муаррифӣ намоям. Ин ду нафар рӯзноманигор ва нависанда Саломиддин Мирзораҳматов ва қаламкаши […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *