Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: суду зиён барои Тоҷикистон

Чанд сол аст, ки баҳси шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) доғ аст. Гурўҳе ҷонибдори ҳарчи зудтар пайвастани кишвар ба ин Иттиҳод ҳастанд, чун ба бовари онҳо вазъи муҳоҷирон беҳтар ва даромадашон бештар хоҳад шуд. Вале мухолифони ин ақида мегӯянд, Тоҷикистон бахши асосии даромади буҷаашро, ки аз пардохтҳои гумрукӣ иборат аст, аз даст медиҳад.

15 феврали соли 2021 дар нишасти хабарӣ вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи пазириши узвияти кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тағйир наёфтааст.

– Гурӯҳи байниидоравӣ оиди омӯхтани ҳама ҷанбаъҳои ин масъала фаъолият дорад. Ин гурӯҳ минбаъд низ тамоми ҷанбаъҳои ин масъаларо омӯхта ба ҳукумат пешниҳод мекунад. Мавқеи мо дигар нашудааст, -г уфт С. Муҳриддин.

Бояд гуфт, ки чанд сол қабл дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисону мақомот гурӯҳи корӣ таъсис шуд, ки суду зиёни эҳтимолӣ аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро меомӯзанд.

ИИАО с.2014 таъсис ёфт. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд ва расман ба фаъолият оғоз намуд.

Бояд гуфт, ки узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, чаҳор озодиро дар қаламрави кишварҳои узваш ваъда медиҳад:

– Гардиши озоди молу маҳсулот;

– Нерӯи корӣ;

– Сармоя;

– Хадамот.

Бархе кишварҳои узв, мисли Қирғизистон мегӯянд, дар фикри тарки ин созмон ҳастанд, чунки шартҳои созмон дуруст иҷро намешавад. Масалан, коршиносони Қирғизистон, мегўянд, аз чаҳор озодие, ки Русия пеш аз пайвастан ваъда медод, ин кишвар ба пуррагӣ аз ҳеҷ яке баҳравар нашуд. Президенти Беларус Александр Лукашенко низ боре ошкоро гуфта буд, ки кишвараш баъди узвият дар созмон даҳҳо миллиард долларро аз даст додааст.

Русия аз соли 2014 замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо ибораи кӯтоҳи “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем”, посух додааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи майи соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ, дар шаҳри Нурсултон ширкат намуда буд.

Бархе аз коршиносон мегўянд, тўли чанд соли фаъолияти худ иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба натиҷаҳои назаррас ноил нагардид. Вале дар баробари ин, онҳое ҳам ҳастанд, ки аз муваффақияти он сухан мекунанд.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: суду зиён барои Тоҷикистон
Абдуғанӣ Мамадазимов. Акс аз Азия-Плюс

Коршиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов мегўяд, то таҳримҳои кишварҳои ғарб ба Русия ва ҳукумати олигархҳо дар ин кишвар боқӣ мемонад, ин созмон ба дастовардҳои назаррас ноил намешавад. Ў, ба таври мисол, аз кашмакашҳои давлатҳои аъзои он ёдовар гардид ва гуфт, «аксари кишварҳо ҳатто хуруҷ аз ин созмонро эълон намуданд».

Иқтисодшиноси тоҷикҲоҷимаҳмад Умаров, ки яке аз тарафдорони шомил шудани Тоҷикистон ба ин Иттиҳод аст, сухани Мамадазимовро тақивият дода гуфт, «агар таъсирибуҳрони умумиҷаҳонии иқтисодӣ намешуд, он ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардид». Ба гуфтаи ў, дар маҷмўъ, дастоварди Иттиҳод дар тўли фаъолияташ ин аст, ки ба ғайр аз Русия дигар давлатҳои аъзо тавонистанд суръати мусбати иқтисодиётро нигоҳ доранд.

Вале иқтисодшиноси дигартоҷик Аюб Эгамов гуфт,кишварҳое, ки шомили ин Иттиҳод буданд, ба ҳамаи интизориҳое, ки доштанд, ноил нагардиданд. Ў ба таври мисол, аз монеаҳое, ки то ҳол дар дохили Иттиҳод барои содироти маҳсулот мавҷуд аст, ёдовар шуд.

Муовини мудири Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Аброр Мирсаидов ҳам фикри Эгамовро дастгирӣ намуд ва баҳси Беларус ва Русияро мисоли он маънидод кард.

Илова ба ҳама суханҳои, ки дар боло оварда шуд, коршиносон мегўянд, шомил нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳод ба ҳал нашудани ду мушкилоти асосӣ – гардиши озоди мол ва муҳоҷирони корӣ асос меёбад. Аз ин рў, тасмим гирифтем, бо ёрии коршиносон ин ду имтиёзеро, ки Иттиҳод барои кишварҳои узваш ваъда медиҳад, ба риштаи таҳлил кашем, то донем пайвастан ба он то куҷо ба манфиати Тоҷикистон аст.

Гардиши озоди молу маҳсулот

Коршиносони тоҷик мегўянд, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва аз байн бурдани боҷи гумрукӣ барои бархе аз маҳсулот, метавонад боиси арзон шудани нархҳо ва ба фоидаи мардуми кишвар бошад. Вале қисми дигар мегўянд, ки дар ин сурат Тоҷикистон аз як омили асосии пур кардани буҷааш – боҷњои гумрукӣ мањрум мемонад, ки он барои таъмини қисми даромади буҷет таъсири манфӣ мерасонад.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: суду зиён барои Тоҷикистон
Собир Вазиров. Акс аз М.Ҷумъа

Иқтисодшиноси тоҷик Собир Вазиров, ки ҷонибдори шомил шудани Тоҷикистон ба ин Иттиҳод аст, мегўяд, аз кам ситонидани боҷҳои гумрукӣ дар сурати шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳод набояд тарсид, чунки Тоҷикистон, новобаста аз аъзо будан дар Иттиҳод, аз аксари кишварҳои ИДМ боҷҳои гумрукӣ намеситонад.

– Имрўз Тоҷикистон бо бештари кишварҳо низоми озоди савдоро ба роҳ мондааст. Ин наметавонад ба қисми даромади буҷет таъсир расонад. Баръакс, баъди ворид шудан бо Иттиҳод тарифҳои гумрукӣ ягона ва меъёри боҷҳои гумрукӣ баландтар мешавад,- гуфт С. Вазиров.

Ба гуфтаи номбурда, механизми барқарор кардани боҷҳои гумрукӣ дар  Иттиҳод пешбинӣ шудаст, киаз миқдори умумии боҷҳои гумрукии ҷамъшуда як микдор ба кишвари аъзо дода мешавад.

Аброр Мирсаидов мегўяд, шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АврОусиё ҳамкориҳои истеҳсолӣ миёни корхонаҳои кишварҳои узви Иттиҳод, инчунин, рушди бозори истеъмолӣ ва ворид шудани молҳои сифатнок ва арзонро аз бозори кишварҳои узв ба бозори Тоҷикистон таъмин мекунад.

– Як ҷанбаи манфӣ ин аст, ки бахши воқеии иқтисодиёт, махсусан соҳаи саноат рақобатпазир шуда наметавонад ва вақте даромад пайдо накард, заиф мешавад. Ғайр аз ин, боҷи гумрукӣ, ки кишвари мо ба он вобаста аст, аз байн меравад ва буҷети кишвар зарари ҷиддӣ мебинад,-гуфт А. Мирсаидов.

Ба андешаи Абдуғанӣ Мамадазимов ягона ҷанбаи мусбати Иттиҳод дар ҳудуди шимоли қитъаи Авруосиё таъсиси як фазои ягонаи гумрукӣ аст, ки молҳо бемалол дар ҳудудаш дар гардиш мебошанд. Вале, ба гуфтаи ў, тарафҳои манфии ин созмон зиёдтар аст.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: суду зиён барои Тоҷикистон
Аюб Эгамов

– Кишварҳои аъзои созмон аз таҳримҳои кишварҳои  ғарб ба Русия азият мекашанд. Рушди созмон аз кўшишҳои Кремл вобаста буда, ширкатҳои бузурги истеҳсолии Русия барои ворид шудан ва фаъолият бурдан дар қаламрави кишварҳои аъзо ҳавасманд нестанд. Инро мо дар ҷанги Қаробоғ мушоҳида намудем. Баҳсҳои сиёсии кишварҳо –аъзоёни ин иттиҳод зуд ба робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии онҳо монеагиҳо ва мушкилотҳои сахт ва зараровар ба вуҷуд меоранд,-хулоса намуд ин коршиноси тоҷик.

Ба андешаи иқтисодшиноси тоҷик Аюб Эгамов вақте Тоҷикистон шомили Иттиҳод мешавад, қочоқи молу коло аз Чин пешгирӣ мешавад, зеро аъзоёни Иттиҳод, хусусан Русия, намегузоранд, ки маҳсулоти кочоқии Чин бозори дохилиро касод кунад.

– Вале дар ин сурат, воридоти маҳсулот ва технологияҳо берун аз Иттиҳод бо тарофаи баланд сурат мегирад. Воридоти таҷҳизот ва техника барои истеҳсолот, сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра аз берун ба душвориҳо дучор мешавад. Ҳамчунин, воридоти маҳсулот ва технологияҳо, ки воридоти он аз Аврупо ва Амрико ба Русия манъ аст, номумкин мешавад,-гуфт А. Эгамов.

Нерӯи корӣ

Чанд сол пеш назарсанҷии Оҷонси байналмилалии таҳқиқотии “Евразийский монитор” нишон додааст, ки тақрибан 70 дар сади мардуми Тоҷикистон тарафдори пайвастани кишвар ба узвияти Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳастанд. Як сабаби аслии чунин тамоюл ҳам муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия аст, ки маҷбуранд, дар муддати кӯтоҳ ё патент бигиранд, ё ҳаққи кор ба даст биёранд.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: суду зиён барои Тоҷикистон
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ин тасмим вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва Қазоқистонро беҳтар карда дар роҳ ёфтани молҳои Тоҷикистон ба бозорҳои бузурги кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.

Абдуғанӣ Мамадазимов андешаи Умаровро дастгирӣ карда, гуфт, «он имкон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик аз ҳаққи супурдани иҷозатнома (патент) озод шаванд». Ба таъкиди ў, имрўз, ки Русия ба мушкилоти бузурги демографӣ дучор шудааст, мо метавонем бе гуфтушунид оид ба қабули кишварамон ба ин созмон танҳо масоили гусел ва қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои онро ба миён монем.

Вале як иқтисодшиноси дигари тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, далели воридшавӣ ба иттиҳод ба навъе вазъи муҳоҷирони меҳнатиро сабук мекунад, он қадар боэътимод нест. Чунки, ба гуфтаи ў, ба иттиҳод ворид нашуда, дар бораи беҳтар кардани вазъи муҳоҷирон гуфтушунид кардан мумкин аст.

– Муҳоҷирати меҳнатӣ манбаи абадии даромад нест ва ҳукумати Тоҷикистон набояд ба маблағҳои интиқолӣ ҳамчун сарчашмаи дарозмуҳлати рушди иқтисодӣ ва коҳиши фақр дар кишвар назар андозад. Инчунин, беҳтар сохтани вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон барои аз даст додани як қисми соҳибихтиёрӣ ин хеле арзиши хурде мебошад,-мегўяд, ин иқтисодшиноси тоҷик.

Бурду бохти Тоҷикистон аз ИИАО

Абдуғанӣ Мамадазимов мегўяд, дар ҳолати ворид шудани Тоҷикистон ба ин созмон бурди тактикӣ дошта, бохти  стратегӣ мекунад.

– Аз як тараф дар мубориза бар зидди короновирус ва поён рафтани миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷ мо  ба мушкилоти зиёд дар пур намудани буҷаи давлат дучор шудем. Аз ин рў, ҳар чӣ зудтар ба мо бозори калони қабули муҳоҷирони меҳнатӣ лозим, ки инро танҳо Русия пешниҳод карда метавонад,-гуфт А. Мамадазимов.

Аюб Эгамов ҳам гуфт, дар ин сурат, Тоҷикистон дар муддати 5-10 соли оянда бурд, вале дар муддати дарозмуддат бохт мекунад.

– Шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни иҷозатнома дар дилхоҳ кишвари Иттиҳод метавонанд озодона фаъолияти иқтисодӣ намоянд. Мисол, соҳибкорони Русия ва ё Қазоқистон метавонанд бо осонӣ дар Тоҷикистон корхона кушоянд, бонкҳои аъзои Иттиҳод метавонанд дар Тоҷикистон фаъолият кунанд ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Иттиҳод метавонанд озодона дар бозори мо хизмат расонанд.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: суду зиён барои Тоҷикистон
Аброр Мирсаидов

Аммо Аброр Мирсаидов дар мавриди шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё назари дигар дорад. Ў мегўяд, вақте саноаткунонии мамлакат ба охир расида, 22-23 фоизи ММД-и Тоҷикистон аз ҳисоби саноат пур шавад, ба кишвар лозим мешавад, ки ба бозори ҷаҳонӣ мол содирот намояд.

– Айни ҳол барои истеъмолгарон, муҳоҷирони меҳнатӣ нафъ дорад, вале ба нафъи иқтисодиёт нест. Чунки бозори дохилии мо боз ҳам бо маҳсулоти воридотии давлатҳои аъзои Иттиҳод пур мешавад ва дар натиҷа, боз ҳам корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳое, ки ба коркарди ашё машғуланд, аз ҷиҳати рақобатпазирӣ заиф мешавад,-гуфт А. Мирсаидов.

Ба андешаи ў, Тоҷикистон замоне бояд ба Иттиҳоди мазкур шомил шавад, ки ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръатро пурра ба анҷом расонад ва аз зинаи аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ гузарад.

Ба ақидаи як иқтисодшиноси дигари тоҷик, Тоҷикистон бо иқтисоди хурди он дар сурати воридшавӣ ба иттиҳод, манфиатҳои худро ба таври самаранок ҳимоя карда наметавонад ва танҳо барномаи ягонаро риоя хоҳад кард.

– Дар баробари вобастагии қавии сиёсиву иқтисодӣ аз Русия, воридшавӣ ба Иттиҳод соҳибихтиёрии кишварро боз ҳам маҳдудтар мекунад. Бар замми ин манфиатҳои иқтисодии гурўҳҳои гуногуни сиёсиву тиҷоратӣ бо ҳар роҳ воридшавии нохоҳамро ба ин иттиҳод, ки ояндааш тамоман норавшан аст, халалдор месозад ё ба таъхир меандозад, – гуфт ў.

Худдории Тоҷикистон сабаби иқтисодӣ дорад ё сиёсӣ?

Бархе коршиносон мегӯянд, узвият дар ин созмон боз ҷанбаҳо ё пайомадҳои сиёсӣ ҳам дорад, ки вобастагии Тоҷикистонро аз Русия ва ҳамшарикони дигараш бештар мекунад.

А. Мирсаидов мегўяд, ҳарчанд дар ин ҷо ягон ғарази сиёсӣ нест, вале ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ зери назари Русия боқӣ хоҳанд монд.

С. Вазиров ҳам мегўяд, омили асосӣ иқтисодӣ аст, чунки ҶТ бо кишварҳо ва иттиҳодҳои дигар ҳамкорӣ дорад ва аз он ҷо манфиатњои иқтисодӣ мебинад.

– Мо аз таҷрибаи Қирғизистон метавонем гўем, ки баъди шомил шудан ба ин Иттиҳод ҳамкории иқтисодии он бо дигар кишварҳо маҳдуд нашуд. Агар ҷанбаҳои иқтисодии ин масъала рафъ шавад, шомил шудан ба Иттиҳод ба манфиати Тоҷикистон аст,-мегўяд С. Вазиров.

Ба ақидаи иқтисодшиноси дигари тоҷик, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, Тоҷикистон замоне ба ин Иттиҳод ворид мешавад, ки онро маҷбур мекунанд ё ҳамаи кишварҳои минтақа ба ин иттиҳод мепайванданд ва Тоҷикистон ҳам дар канор намемонад.

Тавре маълум шуд, дар мавриди шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё коршиносон назари мухталиф доранд. Қисме манфиати муҳоҷирони кориро ба назар гирифта, ҷонибдоранд, қисми дигар аз сабаби аз даст рафтани як қисми даромади буҷет зидди шомилшавиви Тоҷикистон ба ин Иттиҳоданд.

Вале агар ҷанбаи нерўи кориро бигирем, бояд фикр кард: оё баъди шомил шудани Тоҷикистон қонунҳои Русия нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дигар намешаванд? Ва ё кӣ кафолат дода метавонад, ки имтиёзҳое, ки ба муҳоҷирон дода мешаванд, бо гузашти 10-20 сол дигар намешаванд? Дар ин сурат беҳтар нест, ки Тоҷикистон шароит муҳайё кунад, то мардум худ ҷойи кор офаранд ва дар дохил зиндагии худро пеш баранд?!

Мазҳаб Ҷумъа

Оцените статью:

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: суду зиён барои Тоҷикистон Чанд сол аст, ки баҳси шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) доғ аст. Гурўҳе ҷонибдори ҳарчи зудтар пайвастани кишвар ба ин Иттиҳод ҳастанд, чун ба бовари онҳо вазъи муҳоҷирон беҳтар ва даромадашон бештар хоҳад шуд. Вале мухолифони ин ақида мегӯянд, Тоҷикистон бахши асосии даромади буҷаашро, ки аз пардохтҳои гумрукӣ иборат аст, аз даст […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *