Ислоҳот ё муъҷиза?

Ба назар чунин мерасад, ки соли 2020 барои иқтисодиёти Тоҷикистон соли аз ҳама вазнин омад. Аз як тараф, идомаи пандемия, баста будани роҳҳо ба хориҷи кишвар, бозгашти муҳоҷирон ба ватан вазъи иқтисодиро мушкил гардонида бошад, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои зиёди ватанӣ, муваққатан ба рухсатии дарозмуддат фиристодани кормандони ширкатҳои зиёди сайёҳӣ, тақрибан то 90 дар сад аз парвоз мондани ҳавопаймоҳо ва фаъолияти фурудгоҳҳо ва даҳҳо омилҳои дигареро номбар кардан мумкин аст, ки вазъи буҳрониро амиқтар кард. Ин ҳама боис ба он шуд, ки ҳатто иҷрои нақшаи буҷа номумкин гардид.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҶТ дар 9 моҳи соли равон бештар аз 17,6 ҳазор субъектҳои хоҷагидор тарки фаъолият кардаанд, ки аз ин шумора 652 ададро шахсони ҳуқуқӣ ва 16,9 ҳазорро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд. Соли 2019 бошад 26 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ тарки фаъолият карда буданд, ки аз онҳо 1,4 ҳазорашро ширкатҳо ва 24,4 ҳазорро соҳибкорони инфиродӣ ташкил дода буданд Дар ду сол ин шумора бештар аз 46 ҳазорро ташкил дод, ки ин барои кишвари хурде чун Тоҷикистон хеле зиёд аст. Тибқи маълумоти расмӣ дар 5 моҳи соли 2020 танҳо шумораи ширкатҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон 14,2% кам шудааст.

Сабаби асосии аз фаъолият бозмондани ширкатҳои зиёдро мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ дар он медонанд, ки пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон душвор аст. Тибқи иттилои ин ниҳод дар пешбурди сабукии соҳибкорӣ Тоҷикистон дар миёни 190 давлати ҷаҳон ҷои 183-ро ишғол мекунад.

Дар чунин шароит масъулини бахши иқтисодии ҳукумат бояд чораҳоеро рӯи даст гиранд, ки боиси наҷоти кишвар аз буҳрон ва афзоиши ҷойҳои нави корӣ гардад. Аксар коршиносон бар он андешаанд, ки дар чунин шароит танҳо муъҷиза метавонад иқтисоди Тоҷикистонро аз буҳрон наҷот диҳад ва барои ба даст овардани ин муъҷиза ва наҷоти буҷа кишвар ба як ислоҳоти хеле ҷиддӣ ниёз дорад. Гуруҳи иқтисодии «Фейсбук» бо номи «Экономические новости Таджикистана» (ENT) бар он андешаанд, ки «дар Тоҷикистон зарур аст, на танҳо ислоҳоти иқтисодӣ, балки нақшаи таъҷилии  наҷоти иқтисод ва баромадан аз буҳрон тартиб дода шавад».

Ба назари банда, гузаронидани ислоҳот дар шароити буҳронӣ роҳи асосӣ барои пешрафти Тоҷикистон мебошад. Ислоҳот пеш аз ҳама, бояд ба рушди соҳибкорӣ нигаронида шавад. Зеро маҳз ислоҳот барои беҳбудии фаъолияти соҳибкорӣ пойбандӣ аз хориҷаро кам карда, боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ мегардад.

Пас, суоле ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, то даромади кишвар дар соли оянда воқеан боло бурда шавад ва таъсири фарогири буҳрони иқтисодӣ. ки бо зуҳури пандемия авҷ гирифт, камтар гадад?

Паст кардани сатҳи андозбандӣ

Ба назари коршиносон мушкилоти асосии тиҷорат дар Тоҷикистон ин андози баланд ва харҷи вобаста ба он аст, ки маҳз ҳамин ба сатҳи баланди коррупсия дар кишвар асос гузошта, дар пешбурди тиҷорат мушкилӣ эҷод мекунад. Аз ҷиҳати баландии сатҳи андозбандӣ дар ҷаҳон дар айни замон Тоҷикистон бо 83,7% дар ҷои сеюм баъд аз Аргентина ва Боливия қарор дорад. Тибқи ин раддабандӣ андозсупорандагони мо 83,7% андоз месупоранд.

Ислоҳот ё муъҷиза?

Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки на танҳо дар даврони пандемия, балки барои ҳамешагӣ сатҳи андозбандӣ то ба сатҳи андозбандии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Қирғизистону Ӯзбекистон поён оварда шавад. Зеро агар дар чунин шароити буҳронӣ ҳаҷми андозбандӣ нисбатан поён оварда шавад, на танҳо соҳибкорони мо ба кишарҳои ҳамсоя камтар рӯ меоранд, балки сармоягузорони кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд тиҷорати худро ба Тоҷикистон кӯчонанд.

Эълони моратория барои санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ

Ҳукумати Қирғизистон аз моҳи январи соли 2020 барои ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ моратория эълон ва муҳлати онро то 1-уми январи соли 2022 дароз кард. Ба андешаи ман, Тоҷикистонро низ зарур аст, ки барои ҳарчӣ бештар ҳавасманд кардани соҳибкорон ба муҳлати на камтар аз 3 сол ба санҷиши ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ  моратория эълон намояд. Дар чунин шароит эълони моратория барои санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ, кори соҳибкоронро хеле осон мекунад ва имкон медиҳад, ки онҳо вақти зиёди худро на барои санҷишгарон, балки барои тиҷорат харҷ кунанд ва сатҳи фасод дар кишвар хеле поён равад.

Дастгирии муҳоҷирон

Муҳоҷирон таъминкунандагони асосии буҷаи Тоҷикитон ба шумор мераванд. Соли равон бинобар авҷи пандемия даромади муҳоҷирон кам шуд ва маблағи ирсолмекардаи онҳо низ коҳиш ёфт. Дар баробари ин бозгашти бештар аз 200 ҳазор нафар муҳоҷирон ба ватан сафи бекоронро дар кишвар афзоиш дод. Новобаста ба он, ки маблағи ирсолмекардаи муҳоҷирон хеле кам шуд, вале ҳанўз ҳам муҳоҷирон, ки шумораи расмии онҳо дар Русия зиёда аз 1 миллион нафар нишон дода мешавад, бахши асосии таъминкунандаи оилаҳо ва баландбардорандаи сатҳи зиндагӣ дониста мешаванд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар нишасти матбуотии моҳи июл садо дод, муҳоҷирони тоҷик дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳамагӣ 999 млн доллари амрикоӣ ба ватан ирсол намудаанд, ки ин маблағ аз маблағҳои сармоягузорикардаи бонкҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ бештар аст. Маблағи умумии ба иқтисодиёти кишвар ҷалбкардаи ҳамаи бонкҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ дар 9 моҳ 10,4 млрд. сомониро ташкил додаст, ки ин 920,3 млн долларро ташкил медиҳад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо  пулҳои интиқолӣ 75% асъореро ташкил медиҳад, ки барои воридоти мол ва маҳсулот истифода мешавад.

Ислоҳот ё муъҷиза?

Бо назардошти ин, моро зарур аст, ки ҳама гуна иқдомҳоро барои дастгирии моддӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирон рӯи даст дошта бошем, то онҳо дар лаҳзаҳои душвор аз тарафи давлат дастгирӣ ёбанд.

Озодии соҳибкорӣ

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки пандемия ба иқтисоди кишвараш таъсири ҷиддӣ расонид, роҳи ягонаи наҷоти иқтисодиёти Русияро дар замони пандемия додани озодии бештар ба соҳибкорон мешуморад. Барои Тоҷикистон низ дар ин давраи мушкил пеш аз ҳама, зарур меояд, ки ба соҳибкорон озодии бештар дода шуда, бо ин роҳ ба рушди соҳибкорӣ замина фароҳам оварда шавад. Зеро, айни замон соҳибкорӣ бинобар дахолати мақомоти гуногун ва буҳрону вазнинии андоз душвор буда, ҳатто корхонаҳои бузурги кишвар дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд. Бахусус корхонаҳои давлатӣ. Мо бояд соҳибкорони дохилӣ ва истеҳсолкунандагони ватаниро, ҳам дар миқёси минтақа ва ҳам дар миқёси мамлакат дастгирӣ намоем. Зеро рушди соҳибкории хурду бузург метавонад кишварро аз буҳрони шадид берун кунад, на маҳдудкунии ҳуқуқҳои онҳову буғӣ кардани ин бахши муҳими ҷомеа.

Ислоҳот ё муъҷиза?

Бештар кардани масъулияти корхонаҳои давлатӣ

Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли 2020 бештар аз 372 миллион сомонӣ камомад кард ва қарзи умумӣ ба буҷет ба миллиард сомонӣ наздик мешавад. Раиси Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода қайд кард, ки «ин пеш аз ҳама ба вазъияти ба амаломада ва вазъияти молиявии корхонаҳо вобаста аст, ки натавонистанд дуруст фаъолият кунанд. Аз ҷумла, корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, бахши хизматарсонӣ, ширкатҳои ҳавоӣ ва ширкатҳое, ки ба онҳо хизмат мерасониданд, марказҳои бузурги савдо, бозорҳо ва дигар корхонаҳо аз пандемия сахт зарар диданд ва натавонистанд, ки уҳдадориҳои андозии худро иҷро кунанд». 

Дар Тоҷикистон буҷет оид ба суғурта ва нафақа низ иҷро нашуд. Тибқи маълумоти Кумитаи андоз бахши асосии  қарзи андозӣ ба ширкатҳои давлатӣ ва шахсони хуқуқӣ тааллуқ дорад, ки 438 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки тақибан  40% -и он ба ширкатҳои давлатӣ тааллуқ дорад. Қарзи умумии «Барқи Тоҷик» дар айни замон бештар аз 2,8 миллиард доллар аст. ҶСК «НБО Сангтӯда -1» (115,6 млн сомонӣ), ҶСК «НБО Роғун» (43,2 млн сомонӣ), ҶСК «Ширктаи алюминии тоҷик» (22 млн сомонӣ), ҶСК «Тоҷиктелеком» (18,8 млн сомонӣ), фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавоӣ (67,8 млн сомонӣ).

Бастаи назоратии аксияҳои қарздорони асосӣ дар ихтиёри давлат қарор дорад. Аз ҷумла, бастаи назоратии саҳми ҶСК «НБО Роғун» (95%), ҶСК «Талко» (100%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), фурудгоҳ (100%), ширкати «Тоҷик Эйр» (100%).

Бояд дар мавриди саҳмгузории бештари корхонаҳои воҳиди давлатӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон чораҳои фаврӣ андешида шавад. Агар фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатӣ чунин идома ёбад, вазъи буҳронӣ боз ҳам буҳронитар хоҳад шуд. Бояд масъулияти корхонаҳои мазкур бештар карда шавад ва ё сиёсат дар ин самт куллан тағйир дода шуда, масъалаи хусусигардонии онҳо баррасӣ карда шавад.

Ҷалби сармояи хоричӣ

Як паҳлуи асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — ин ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон аст, ки ҳам дар вохўриҳои гуногун ва ҳам дар сафарҳои хориҷӣ ба ин самт хеле таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Бояд ба назар гирифт, ки ҷалби сармояи хориҷӣ нисбат ба солҳои пешин хеле кам шуда, ширкатҳои зиёди хориҷӣ сармоягузориро ба иқтисодиёти Тоҷикистон кам ва ё тамоман қатъ намуда истодаанд. Шояд кам шудани сармояи хориҷӣ пеш аз ҳама ба он вобаста бошад, ки мо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ инфрасохторҳои ҷалбкунанда кам дорем  ва андоз дар кишвари мо нисбат ба дигар кишварҳои узви ИДМ хеле баланд аст. Зеро, он гуна, ки коршинос дар соҳаи фаъолияти инвеститсионии ширкатҳои бузурги байналхалкӣ Леонг Чунг Чи (Малайзия) иброз медорад, «сармоягузорони хориҷиро пеш аз ҳама шароити тиҷорат дар минтақа ва имконияти ба даст овардани даромад ба ҳар минтақа ҷалб мекунад.

Ислоҳот ё муъҷиза?

Барои ҳамин, ҳар кишваре, ки мехоҳад сармояи хориҷиро ҷалб намояд, бояд нахуст барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо бунёди инфрасохторҳо шароит муҳайё намояд, масъалаҳои заминро ба танзим дарорад, то ширкатҳои сармоягузор боварӣ ҳосил намоянд, ки заминро давлат аз онҳо ногаҳон бозпас намегирад, ҳамкории мутақобилан судманди байни давлат ва бизнес ба роҳ монда шавад. Дар акси ҳол, ҳама гуна таклифҳо дар бораи сармоягузорӣ бенатиҷа анҷом хоҳанд ёфт».

Дар шароити Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ бояд нахуст ба ширкатҳои дохилӣ имконият дода шавад, ки бо ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ дар ҷалби сармояи хориҷӣ мустақил бошанд. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки ширкатҳои хориҷӣ ба хотири пешгирӣ аз хавфҳои гуногун аз кушодани ширкатҳои алоҳида дар хориҷа худдорӣ мекунанд ва бештар кўшиш ба он мекунанд, ки бо ширкатҳои муваффақи дохилӣ ҳамкорӣ намуда, ширкатҳои муштарак кушоянд.

Таъмини рақобати солим

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 декабр дар ҷаласаи даъвати чоруми парлумон таваҷҷӯҳи вакилонро ба риоя нашудани рақобати солим ва мавҷудияти рақобати носолим миёни ширкатҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ ҷалб намуда, қайд намуд, ки чунин вазъият бинобар сабаби батанзимдарории бесамар ва ё беҳаракатии мақомоти дахлдор дар муносибатҳои бозорӣ ба амал омадааст. Рустами Эмомалӣ дар ин ҷаласа ба мақомоти дахлдор дастур дод, ки масъалаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда, рақобати солим таъмин карда шавад.

Эроди  раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ беҳуда нест, зеро дар айни замон кам соҳаҳоеро номбар кардан мумкин аст, ки аз тарафи ширкатҳои давлатӣ ва ё баъзе ширкатҳои ғайридавлатӣ монополия карда нашуда бошад. Ба назари мо барои таъмини рақобати озод пеш аз ҳама қонунҳои зиддиинҳисорӣ бояд дар амал татбиқ шуда, ба монополиякунии соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим хотима дода шавад.

Роҳҳои пулакӣ

Дар тамоми ҷаҳон роҳҳои пулакӣ дар пешравии иқтисодиёт аҳамияти махсусро доранд ва фоидаи хуб ҳам меоранд, ба шарте, ки онҳо давлатӣ бошанд ва ё дар ихтиёри ширкатҳои ватанӣ қарор дошта бошанд. Роҳҳои пулакӣ дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ ба буҷаи кишварҳо маблағҳои зиёдеро ворид мекунанд. Тибқи нишондодҳои оморӣ, давлатҳои бузурге чун Туркия, Италия, Фаронса, ИМА ва Финландия аз ҳисоби роҳҳои пулакӣ буҷаи худро бо даҳҳо миллион евро пур мекунанд. Чаро Тоҷикистон аз ин таҷриба истифода набарад ва бо ҷалби ширкатҳои ватанӣ ба роҳҳои кишвар буҷаи худро бо ин роҳ ғанӣ нагардонад?

Ислоҳот ё муъҷиза?

Агар роҳҳои пулакии Тоҷикистон низ ба ихтиёри давлат ва ё ширкатҳои ватанӣ гузошта шаванд, дар як сол аз ин ҳисоб даҳҳо миллион ба буҷаи кишвар ворид хоҳад шуд, ки аз ин ҳам давлат ва ҳам мардум фоида ба даст хоҳанд овард.

Чи бояд кард?

Ман фикр мекунам, дар ин марҳилаи ҳассос блоки иқтисодии Ҳукуматро зарур аст, ки хеле ҷиддӣ кор кунанд ва дар баробари дастгирии сарчашмаҳои мавҷуда, сарчашмаҳои наверо барои ҷалби сармоя пайдо намуда, ба қавле, нақшаҳои «В» ва «С»-и худро рўи даст гиранд. Вагарна, буҳрон фарогиртар, сафи бекорон торафт бештар шудаву сатҳи зиндагии мардум боз ҳам поёнтар хоҳад рафт

Ба назари банда дар чунин шароити ҳассос бояд якчанд иқдомҳо пиёда карда шаванд, аз ҷумла:

  1. Сатҳи андозбандӣ то ба сатҳи кишварҳои ҳамсоя кам карда шавад.
  2. Тафтиши соҳибкорӣ то ба 3 сол барои ҳама гуна ширкатҳо манъ карда шавад.
  3. Имтиёзҳои андозӣ ё ба ҳама ширкатҳо дода шавад ва ё ба ҳеҷ кас. Танҳо дар ҳамин сурат рақобати солим таъмин карда мешавад. Таҷрибаи ба ширкатҳои алоҳида додани имтиёзҳои андозӣ нишон дод, ки ин вазнинӣ ба дӯши ширкатҳои дигар бор мешавад.
  4. Барҳам додани монополиякунии соҳаҳои гуногун. Дар айни замон кам соҳаеро номбар кардан мукин аст, ки аз тарафи ширкатҳои алоҳида монополия карда нашуда бошанд. Ба ин ҳам соҳаи сӯзишворӣ, доруворӣ, нақлиёт, алоқа, интернет ва даҳҳо мисолҳои дигар овардан мумкин аст. Бояд ба монополиякунии соҳаҳои гуногун хотима дода, ба ҳамаи ширкатҳо имкониятҳо ва имтиёзҳои баробар дода шавад.
  5. Ҷалби ҳуқуқшиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба блоки иқтисодии Ҳукумат ва ғайра.

Ҳамаи ин хулосаҳои як рӯзноманигори оддӣ мебошад, ки даъвои таҳлилгари беҳтарин буданро надорад. Таҳлили дуруст ва амиқро бояд мутахассисон анҷом дода, дар асоси он хулосабарорӣ кунанд.

Холиқи Муҳаммадназар

Оцените статью:

Ислоҳот ё муъҷиза? Ба назар чунин мерасад, ки соли 2020 барои иқтисодиёти Тоҷикистон соли аз ҳама вазнин омад. Аз як тараф, идомаи пандемия, баста будани роҳҳо ба хориҷи кишвар, бозгашти муҳоҷирон ба ватан вазъи иқтисодиро мушкил гардонида бошад, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои зиёди ватанӣ, муваққатан ба рухсатии дарозмуддат фиристодани кормандони ширкатҳои зиёди сайёҳӣ, тақрибан то 90 дар сад […]
3.33 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *