“Инқилоби Зойиров” чӣ дод?

Шӯрои сиёсӣ метавонад раиси Ҳизби сосиал – демократи Тоҷикистонро аз раҳбарӣ боздорад

Дар муҳити сиёсии Тоҷикистон як ҳолати аҷиб ва то ҷое нодир пеш омад. Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сосиал – демократи Тоҷикистон ба истеъфо рафт. Воқеан, то имрӯз кам шудааст, ки раиси ягон ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба ихтиёри худ истеъфо дода бошад ва он ҳам бе сару садо. Чанд ҳолате, агар ҷо дошт, ба “сабабҳои хос” иртибот мегирифт: зиндонӣ шудан, марг ё баҳсҳои дохилӣ…

Танҳо мансабдорони ҳукумат  курсиҳоро “кафшер” накардаанд

Дар Тоҷикистон аз солҳои тӯлонӣ дар мақомҳои худ ҳифз шудани мақомдорони пуртаъсир, ё аз як курсӣ ба курсии дигар интиқол шуданашон (ротатсия) зиёд мегӯянд. Зимнан, воқеият нишон медиҳад, ки танҳо мансабдорон нестанд, ки курсиҳоро “кафшер” кардаанд. Дар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумлаи аҳзоби сиёсӣ ҳам чунин ҳолат бармалост. Дуруст, дар муқобили мансабдорони давлатӣ, ки аз буҷаи кишвар маош мегиранд, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз нигоҳи қонун масъул нестанд, ки то ин ҳад сахтгирӣ нисбаташон барои ҳифзи курсӣ сурат гирад. Агар оинномаи ҳизб иҷозат диҳад, як нафар метавонад солҳо дар раҳбарӣ бошад. Аммо дар ҷомеаҳое мисли мо, ки курсиҳоро ба осонӣ ва ба зудӣ аз даст додан намехоҳанд, намунаҳое аз ҷомеаи шаҳрвандӣ шояд фикрҳоро дигар кунад. Ҳарчанд ба ин бовар кардан ҳам осон нест…

“Инқилоби Зойиров” чӣ дод?
Олимҷон Бобоев

Аз рухдодҳои ахири холӣ кардани курсӣ аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо як ҳолат ба хотир меояд: пешопеши интихоботи парлумонии соли 2020 раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев аз раиси ин ҳизб истеъфо дод. Ӯ дар ин мақом аз соли 2005, ки ҳизб ташкил шуд, яъне 15 сол фаъолият мекард. Воқеан, дар анҷумани ҳафтуми Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки 15 декабри соли 2019 баргузор шуд, асосан масоили ташкиливу кадрӣ ва рӯйхати номзадҳои ҳизб ба интихоботи парлумонии  1 марти соли 2020 баррасӣ шудаанд. Аммо Олимҷон Бобоев  гуфтааст, ки на танҳо аз ин пас раисии ҳизбро ба ӯҳда намегирад, балки дар рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон низ нахоҳад буд. Рустам Қудратови 60 сола , ки баъдан раиси ҲИИТ интихоб шуд, дар мусоҳибааш бо инҷониб зикр намуд, ки Бобоев гуфтааст “акнун мехоҳанд роҳро ба сӯи ҷавонон кушоянд ва аз раисӣ рафт”.

Олимҷон Бобоев, ҳарчанд як нафари рӯ ба ҳукумат ба ҳисоб мерафту замоне аъзои он ҳам буд, махсусан вақтҳои охири пеш аз истеъфоаш ба сиёсатҳои иқтисодии ҳукумат интиқоди ҷиддӣ дошт. Аз ин хотир, рафтани ӯ ҳам сару садо ва шаку гумонҳоро ба миён овард. Ҳарчанд худи ӯ дигар ба ин мавзӯъ ва ҳатто ба ҳизб барнагашт. Ба ҳизбе, ки асосгузори он худро медонист…

Аслан рафтану омадани раҳбарони ҳизбҳо дар Тоҷикистон ҳамеша пурсару садо буд ва ихтиёрӣ ба истеъфо рафтани онҳо тақрибан ёд нашудааст. Танҳо 18 апрели соли 1998 Абдумаҷид Достиев – раиси Ҳизби халқии Тоҷикистон аз мақоми худ истеъфо доду Эмомалӣ Раҳмонро раиси он, аммо бо номи нави Ҳизби халқии демкоратии Тоҷикистон ба роҳбарӣ овард.

“Инқилоби Зойиров” чӣ дод?
Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков. Акс аз радио Озоди

Роҳбарони ҳизбҳои сиёсии мухолиф, ба монанди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ё ба зиндон афтодаанд, ё мисли Шодӣ Шабдолову (аз Ҳизби коммунист) Мирҳусайн Назриев (аз Ҳизби сотсиалист) то ҳанӯз иддао доранд, ки дахолат ба корҳои ҳизбии онҳо аз берун иттифоқ афтода, нафарони ба ҳукумат моил акнун раҳбарии ҳизбро ба зимма гирифтаанд.

Ҳолатҳои сеюми аз раисии аҳзоб рафтан бо қарори Суди Олии Тоҷикистон аст, ки фаъолияти ин нерӯҳи сиёсиро манъ кардааст.

ЗОЙИРОВ ҲАМ “БЕ ГАП” НАРАФТ

Раиси ҲСДТ сабаби асосии аз раҳбарии ҳизб рафтанашро дар сӯҳбат бо хабарнигорон “ба вазъи саломатӣ” рабт дода гуфтааст:

“Якчанд сол поям бисёр ғам дод. 20-уми сентябри соли гузашта зарбаи сахт хӯрдам. Аз он замон дарди пой гум нашуд. Барои ҳамин, ба Шӯрои сиёсӣ ариза навишта илтимос кардам, ки анҷуман баргузор нашуд, маро озод кунанд. Ман бояд табобат кунам”.

Зимнан, ҳади аққал 6 соли ахир аз Ҳизби сосиал – демократии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Зойиров ба ӯҳда дошт, ба сифати ягона нерӯи, аз рӯи меъёрҳо мухолифи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ном бурда мешуд. Аз ҳамин хотир истеъфои ӯро гуногун шарҳ доданд.  Беморӣ ва латукӯб ҳам ба ӯ бори аввал набуд. Раиси ҲСДТ пешопеши интихоботи парлумонии ахир (соли 2020) дар сӯҳбат бо инҷониб гуфта буд, ки дар 5 соли ахир 8 бор ба ҷонаш сӯиқасд сурат гирифт, ки охиринаш ноябри соли 2017 буд. Бар илова, аз моҳи декабри соли 2013 ба ин сӯ мегуфт чаҳор ҳамла ба дафтари ҳизби онҳо сурат гирифтааст.

Аз Зойиров, сабабҳои чунин “таваҷҷӯҳи махсус” –ро ба ӯву ҳизбаш ҳам пурсида будем, ки дар ҷавоб гуфт:

  • Дар чеҳраи мо лидер ва муҳаррики (генератори) асосии нерӯҳои сиёсиро мебинанд – ва ишора кард, ки мушкилоти молиявӣ ва саломатӣ дорад:
  • Дар интихоботи парлумонии соли 2015 ман қарздор шудаму маҷбур ба хориҷи кишвар барои кор рафтам, то қарзҳоро баргардонам. Яъне то соли 2018 анқариб дар Тоҷикистон набудам. Соли 2019 бошад, тақрибан барои ман соли табобатӣ буд. Саломатиам ба дараҷае бад буд, ки мегуфтам дигар дар интихоботҳо ширкат намекунам. То дараҷае, ки ба як нотариуси шиносам васият кардам, ки молу мулкамро байни зану фарзандон аз рӯи адолат тақсим намояму пас аз ман байни онҳо норозигие пеш наояд. Шукри Худо аз августи соли гузашта саломатиам барқарор шуд.

Зимнан, ӯ ишора кард, ки “вақти муборизаҳои сиёсӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ Худованд бароям қувват медиҳад ва худро бардам ҳис мекунам”.

Пас чӣ иттифоқе пеш омад, ки раиси ҲСДТ ниҳоят ба истеъфо рафту дар байни ҳамҳизбону ҷонибдоронаш, ки зиёд ба назар намерасанд, ихтилоф ба миён овард?

“ЗОЙИРОВИ БЕВАФО”?

Зойиров на танҳо аз ҷумлаи аввалинҳоест, ки аз раисии ҳизб истеъфо медиҳад. Ӯ ҳамчунин аз ҷумлаи камтарин мақомдорони ҳукумат ҳам буд, ки замоне мансаби худро канор гузошт. 26 июни соли 2003 Раҳматилло Зойиров аз масъулияти мушовирии калони ҳуқуқии Президенти Тоҷикистон истеъфо дод. Ин истеъфоаш пас аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон сурат гирифт ва аз  ин хотир сару садое ба дунбол дошт.

Истеъфои як мансабдор дар Тоҷикистон камназир аст. Ба амалкарди Зойиров фақат Маҳмудҷон Қосимовро метавон баробар донист, ки масъулияти худро ҳамчун муовини аввали вазири меҳнат аввали солҳои 2000 канор гузошт. Воқеан, Қосимов дар соли 2013, ки Зайд Саидов нияти созмон додани ҳизби “Тоҷикистони нав” –ро эълон намуд, ба сифати муовини раиси ҳизб ёд мешуд.

Аммо истеъфо рафтан ва интихоби раиси нав дар ҲСДТ низ гапи нав нест. Шокирҷон Ҳакимов, муовини то ҳол аввали ӯ дар сӯҳбатҳояш гуфтааст, ки Зойиров чандин бор аст, ки ваъда медиҳад аз раисӣ меравад, аммо ба қавлаш вафо накард.

Бори ахир чунин иттифоқ дар анҷумани ҳизбии онҳо пеш омад, ки ин маърака дар ҳавои тоза, дар даромадгоҳи хонаи Зойиров ва идораи ҳизбашон баргузор гардид.  Анҷумани онҳо бо иштироки хеле ками одамон дар чунин муҳит ба он хотир сурат мегирифт, ки сосиал – демократҳо мегуфтанд ниҳодҳои ҳукуматӣ барои пайдо кардани толор мушкил пеш меоранд ва соҳибони толорҳо розӣ намешаванд, ки онҳо анҷумани худро барпо кунанд.

“Инқилоби Зойиров” чӣ дод?
Рахматилло Зоиров. Акс аз Facebook

Дар анҷумани соли 2018, вақте масъалаи истеъфои Зойиров пеш омад, ӯ гуфт, ки ҳоло вақти истеъфо нест. Аммо онро шарҳ надод. Баъдан зимни мусоҳиба бо инҷониб гуфт, ки “дар анҷумани навбатии соли 2023 даъвои раисӣ нахоҳам дошт ва ҳар аъзои фаъоли ҳизб бояд номзади арзандаи худро пешниҳод кунад. Барои мо меъёр як чиз аст: содиқ будан ба арзишу принсипҳои ҳизбӣ! Аммо он замон чаро ба истеъфо нарафтам? Зеро аксари аъзои Шӯрои сиёсӣ гуфтанд, ки агар Зойиров аз раисӣ меравад, мо ҳам меравем”.

ШӮРОИ СИЁСӢ БА ЗОЙИРОВ НОБОВАРӢ ЭЪЛОН МЕКУНАД?

Ҳоло номаълум аст, ки чаро асосгузори ҲСДТ сахт мутмаин аст: баробари рафтани ӯ эҳтимолан ҳизб пароканда мешавад.

Новобаста аз ин моҳи марти имсол дар сафҳаи фейсбукиаш мисли эълон барои бархе ҷонибдорони раҳдураш дар Россия навишт, ки рӯзҳои наздик анҷуман баргузор карданианд ва пурсид, ки онҳо ба Тоҷикистон омада метавонанд?

Ҳич анҷумане баргузор нашуд. Аммо дертар хабарҳое расонаӣ гашт, ки Зойиров ба ҷои худ нафари дигари дар муҳити сиёсӣ ноошноро “таъин” кардааст. Ҳамсафони раиси ҲСДТ ӯро маҳкум карданд ва гуфтанд, ки ин кор бо фишори ҳукумат сурат гирифтааст. Бархеҳо ӯро ба “хиёнат” ҳам маҳкум карданӣ шуданд.

Аммо масъала танҳо маънавӣ ва сиёсӣ нест. Ҳуқуқӣ ҳам ҳаст. Зеро Оинномаи ҲСДТ мисли ҳар асноди дигари ҳизбҳои сиёсӣ тартиби таъинотии раису муовинҳоро муқаррар накардааст.  Дар банди 3. 3 –и Оинномаи ҲСДТ ҳам равшан гуфта мешавад, ки “Ҳамаи мақомоти роҳбарӣ, иҷроия ва назоратии ҲСДТ интихобӣ мебошанд”. Ба таври мушаххастар банди  9. 1 муқаррарот дорад: “Анҷумани ҲСДТ раиси ҲСДТ, муовини аввал ва муовинони ӯро интихоб менамояд”.

Зойиров, ки аз ҷумлаи ҳуқуқшиносони шинохта ва олими соҳа аст, бо истифодаи таъбири “таъинот” чиро дар назар дорад, шарҳ намедиҳад.

Агар фишоре аз берун буд, оё гуфтан мумкин аст, ки дар оянда Зойировро ин усули рафтан раҳо мебахшад?

Сентябри соли 1992 Раҳмон Набиев ҳам бо фишори сахт аз Президентии Тоҷикистон рафт. Вале моҳи ноябри ҳамон сол дар иҷлосияи 16 худро ҳифз карда натавонист.

Ҳоло ихтилофоте дар байни ҳамсафони Зойиров низ эҳсос мешавад. Дар ин сурат, тибқи банди 11.4 –и  Оинномаи ҲСДТ Шӯрои сиёсии ҳизб ҳақ дорад “ваколати Раиси ҲСДТ –ро барои дағалона вайрон намудани Оинномаи ҲСДТ бо гирифтани аз  се ду ҳиссаи овози шумораи умумии аъзои Шӯрои сиёсӣ боз дорад”.

Ин варианте, ки дар дохили ҳизб метавонанд истифода намоянд. Аммо, агар дар ин қазия “дасти берун” эҳсос мешавад, роҳҳои дигар ҳам вуҷуд доранд.  Таҷрибаи ҳизбҳои дигар мухолиф онро чандин бор исбот кард.

Зойиров пешопеши интихоботи парлумонӣ мегуфт, ки агар онҳо онро таҳрим эълон мекарданд, пеш омадани мушкилот дар ҳизб имкон дошт. Иштирок карданд. Ҳарчанд ҲСДТ ягона ҳизбе гашт, ки намояндааш ба парлумон раҳ наёфт. Дар интихоботи президентӣ бошад, ширкат накарданд ва гуфта мешуд онро таҳрим ҳам эълон намуд.  

Пас гуфтан мумкин аст, ки Зойиров бо як иқдоми аз доираи оиннома берун худро барканор ва ҳамин тавр ҳизбашро ҳифз намуд?

Аммо, ин нерӯи камтаъсир ва дар айни замон “ягона мухолифи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон”, ҳамон тавре онро муаррифӣ мекунанд, бо боқӣ монданаш чӣ ҷойгоҳе хоҳад дошт?

Таҳлилгарон дар бораи ояндаи муваффақонаи ҲСДТ сахт мутмаин нестанд. Журналисти таҳлилгар Иршод Сулаймонӣ, аз ҷумла мегӯяд:

– Бо рафтани Зойиров, ҲСДТ фикр мекунам аз миён меравад, ё барои дуборасозии он корҳои зиёде бояд сурат бигирад, ки мутаассифона дар Тоҷикистон муҳит барои сохтани дубораи он тақрибан вуҷуд надорад.

Ҳамин тавр, дар зери тасими пурмуаммои Раҳматилло Зойиров ҳоло чизеро фаҳмидан душвор аст. Ҳизбе, ки дар паи фаъолиятҳои сахт мухолифонааш қурбониҳо ҳам дошт. Бигзор ҷонӣ не. Аммо ҳодисаҳои ба мушкилоти ҳуқуқӣ дучор гардидани чандин фаъолони ҲСДТ кам набуданд. Аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов дар соли 2013, пештар аз ин, пас аз интихоботи парлумонии соли 2005 – раҳматии Файзинисо Воҳидова ва Бахтиёр Насруллоев як муддат пушти панҷара буданд.

Худи Зойировро аввал ҳамчун “агенти Ӯзбекистон” муаррифӣ мекарданд, пеш аз интихоботи президентии соли 2013 бошад гуфтанд, ки аз ҷониби шахсияти таъсиргузори Русия қабул шудаву фаромиши онҳоро иҷро мекунад. Яъне ӯро ҳамеша “бегонае” нишон медоданд, ки гӯё иҷрогари фармоишоти хориҷист.

Ҳамин тавр, ин ҳам номаълум боқӣ мемонад, ки агар Зойиров аз саҳнаи сиёсӣ меравад, бо чӣ бағоҷе онро тарк хоҳад кард?

Зимнан, дар Барномаи ҲСДТ таъбири ҷолибе ҷо дорад:

“Инқилоби Фаронса озодӣ дод, вале баробарӣ надод. Инқилоби Октябр баробарӣ дод, вале озодӣ надод”.

Пас шояд онҳое ҳам пайдо шаванд, ки мепурсанд: Инқилоби Зойиров чӣ дод?

Раҷаб Мирзо

Оцените статью:

“Инқилоби Зойиров” чӣ дод? Шӯрои сиёсӣ метавонад раиси Ҳизби сосиал – демократи Тоҷикистонро аз раҳбарӣ боздорад Дар муҳити сиёсии Тоҷикистон як ҳолати аҷиб ва то ҷое нодир пеш омад. Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сосиал – демократи Тоҷикистон ба истеъфо рафт. Воқеан, то имрӯз кам шудааст, ки раиси ягон ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба ихтиёри худ истеъфо дода бошад ва он […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *